Главная > Uncategorized > Чӣ хел духтаронро ба хориҷа мебаранд?

Чӣ хел духтаронро ба хориҷа мебаранд?

Роҳ ба бероҳагӣ

Ин тамоюл дар ҷомеа каме баъдтар аз саросарӣ шудани муҳоҷирати кори мардони тоҷик ба миён омад. Занҳое низ, ки зиндагии душвор доштанд, барои дарёфти рӯзӣ восита ҷӯстан гирифтанд ва зиёд ба чанги даллаҳову «роҳбаладҳои корёб» афтоданд. Шахси роҳбалад ваъда медиҳад, ки нафарони муроҷеъаш дар мулки дигар бо кори пешхизмат, хӯрокпаз, сартарош (парикмахер), мураббии кӯдак, ёрдамчӣ дар хонаи шахси сарватманд машғул шуда метавонанд. Ҳамин тавр онҳоро дилпур менамоянд ва барояшон роҳ ба бероҳагӣ мекушоянд. Одатан ба доми ин гуна ашхос духтарони ҷавон ва занҳои танҳомондае меафтанд, ки ба маблағ ниёз доранд. Зеро барои рафъи ин мушкилот розиянд дур аз кишвар заҳмат кашанд. Мутаассифона, аксарият намедонанд, ки дар асл онҳоро сӯйи он сарзамин ба фоҳишагӣ мебаранд.

Итоат ба «амр»-и сардор

Аз соли 1995 на танҳо аз кишвари мо, балки аз дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ духтарону занҳои ҷавонро бо роҳи фиреб, дар асл барои мақсади ғаразнок ба хориҷа мебурданд. Вақте онҳо ба ин сарзамин мерасиданд, он гоҳ дарк менамуданд, ки ба чи хотир онҳоро ба он ҷо овардаанд. Азбаски ҳуҷҷаташонро аз дасташон мегиранд, онҳо ноилоҷ монда, ба ҳар амри «сардор»-и худ итоат мекунанд. Нафароне пайдо мешаванд, ки роҳи халосиро меҷӯянд, вале то аз ботлоқи фисқу фуҷур раҳо ёфтан чи қадар таҳқиру азобро аз сар мегузаронанд. Дар ин мавзӯъ борҳо дар расонаҳои матбуот хабару қиссаҳо чоп шудааст, рӯйдодҳо мухталифанд. Дар хабар иттилоъ медиҳанд, ки бо гуноҳи қочоқи одам чанд тан ба даст афтода, ҳукми судӣ гирифтаанд. Дар қисса бошад, духтар ё зане дар чунин ҳолат афтода, саргузашташро ҳикоя менамояд, ки чи хел ӯро бо фиреб ба дигар кишвар бурдаанд. Яке аз мавзӯи ин мақолаҳо мӯҳтавояш чунин буд, ки ҷавонмарде бо дӯстдоштаи худ ақди никоҳ баста, баъд аз тӯй ҳуҷҷати даркориро тахт намуда, завҷаашро бо худ ба Аморати Араб мебарад, зеро ҷавон тӯли солҳо он ҷо кор ва истиқомат дошт. ӯ дар асл духтаронро бо ҳар роҳ фиреб дода, ба ин мулк барои танфурӯшӣ мебурдааст. Вай ҳатто ба завҷаи хеш раҳм накарда, ӯро маҷбур менамояд ба фоҳишагӣ машғул шавад. Шахсан худи вай барои завҷааш чанд нафарро пайдо карда, ҳатто баъд аз исқоти ҳамли зан ӯро водор мекунад, ки бо марде ҳамболин шавад. Ҳангоме зан бемори бистарӣ мешавад, бо зориву илтиҷояш мард ӯро бозпас ба назди пайвандонаш меорад. Аз нақли фарзанд ва аз ҷаҳолати мард волидайн ба даҳшат афтода, фавран ба мақомоти дахлдор арз мекунанд. Он гоҳ домоди нохалафро дастгир намуда, ба ҷазо маҳкум менамоянд.

Иддаеро шахси наздик ё шинос ба доми фиреб меафтонад. Вақте шахс ба мулки дигар мерасад, баъдан пай мебарад, ки бо нақли бардурӯғ доманашро бо чормағзи пуч пур кардаанд, аммо барои бозпас гаштан маблағ надорад. Зеро, боз муттаҳамаш низ мекунанд, ки қарздор аст, пули чиптаи тайёра ва ҳуҷҷату раводидро пардохт накардааст. Азбаски дар ҷайбаш маблағ надоранд, маҷбур мешавад фармони шиносашро иҷро кунад.

Сафар ба сарзамини «афсонавӣ»

Занеро бо кӯдак шавҳар тарк менамояд. Пас аз ҷудо шудан ба макони наздиконаш меояд. Воқеан, ӯ дигар ба куҷо ҳам мерафт, ки ғайр аз макони волидайн дигар ҷойи рафтан надошт? Барои бори зиндагиро кашидан ба ӯ лозим меояд дар ду ҷо кор кунад. Маблағи фаррошӣ ба рӯзгораш кифоя намекунад ва аз зиндагии мушкилаш ҳама хабар меёбанд. Дар ҳамин асно хешдухтарашон аз хориҷи кишвар баргашта, ба ӯ пешниҳод мекунад, ки бо ӯ ба хориҷи кишвар сафар намояд. Ба зан ваъда медиҳад, ки барои ӯ дар хонаи шахси сарватманде кори фаррошӣ меёбад. Аз таърифу тавсифи хештухтараш зан моту мабҳут гашта, розӣ мешавад бо ӯ ба хориҷа равад. Вақте ба сарзамини «афсонавӣ» мерасад, он гоҳ мефаҳмад, ки хешдухтараш онҷо чи касбу коре доштааст. Зан аз маҷбурӣ чанд вақт ба танфурӯшӣ машғул шуда, қарзи хешашро пардохт карда, аз ботлоқи фасод раҳо меёбад, аммо мубталои бемории винеретикӣ мегардад.

Гурез аз «сарборӣ»

Аз рӯи шарҳи табибон ва равоншиносон, вақте зан ҳар рӯз бо чанд тан алоқаи наздик дорад, на танҳо ба ҳар гуна бемории винеретикӣ мубтало мегардад, балки ба тафаккураш ҳам таъсир мерасад. Зеро мардон бо ин тоифаи занҳо муомилаи дуруст намекунанд, дағалӣ менамоянд, гапҳои зишт мегӯянд, ҳатто зада ҳам метавонанд. Ин гуна муомилаи зишт дар хотири зан дер гоҳ боқӣ монда метавонад. ӯ нисбати ҷинси мард нафрат пайдо мекунад.

Шахсоне, ки барои ғарази манфури хеш нафари дигареро фиреб дода, ба мулки дигар мебаранд, бо ин амалашон на танҳои ҳаёти шахси ҷабрдидаро барбод медиҳанд, балки пайвандони ӯро низ сархаму ноҳинҷор месозанд. Сари ин мавзӯъ ба наздикӣ дар телевизион филми истеҳсоли Ҳиндустонро намоиш доданд, ки бар хилофи филмҳои дигари онҳо буд. Онҷо афсона не, балки оид ба ҳаёти шахсони дар кӯча монда қисса мерафт, ки кӯдаку наврасони бесоҳибро гурӯҳе аз авбошон ба тасарруфи хеш гирифта, он гоҳ онҳоро ба корҳои зишт ҳидоят мекунанд. Писаронро ба ғоратгарию авбошӣ, духтаронро ба танфурӯшӣ маҷбур менамоянд. Нафаронеро, ки саркашӣ мекарданд, онҳоро ба ҳалокат мерасонданд.

Воқеан тамошои ин навор риққатовар буд. Вақте наврасе ба дасти полис афтода, ба комиссар дар бораи духтари писандидааш нақл менамояд. Мегӯяд, ки маҳз гурӯҳи махсус духтаракро таҷовуз карда, баъдан водор ба ҳамхоба шудан бо дигарон намудаанд. Вақте наврас ӯро пайдо мекунад, бемору заиф гашта буд, дигар қуввати ҳаракат кардан ҳам надошт. Пас аз «корношоям» шуданаш ашхоси авбош ӯро ба ҳалокат мерасонанд, то ки ба онҳо сарборӣ нашавад…

Шикастагии рӯҳӣ

Ба гуфтаи коршиносон, баъзе духтаронеро аз хориҷи кишвар ба ватан бармегардонанд, ки аксарияташон беморанд. Зеро ҳар рӯз бо теъдоди зиёди мардон ҳамболин гашта, рӯҳану ҷисман шикаста мешаванд. Ҳамчунин, дар он кишавар аз рӯи танфурӯшияшон бо онҳо муомилаи хуб намекунанд. Ашхоси бадахлоқ бо онҳо ҳамхоба гашта, бар замми ин нисбаташон таҳқиру зӯровариро раво мебинанд. Ин гуна муомилаи сард ба рӯҳияи ҷинси латиф бетаъсир намемонад. ӯ заифу абгор мешавад. Ҳамчунин, дар дигар кишвар забони эшонро надонистан, бар замми ин ҳуҷҷаташонро аз дасташон гирифтан барои ба Ватан баргаштан мушкилот зам мекунад. Яъне, онҳо мустақилона ба диёр баргашта наметавонанд. Дар ин ҳолатҳо заминае барои кӯмаки чунин фитодагон бояд фаъол бошад, то тавонанд онҳоро то ҷойе аз мушкилот дурр доранд. Тайи чанд сол аст, ки дар кишварамон ташкилоти байналмилалӣ бо номи «Муҳоҷират» амал мекунад. Аз соли 2004-ум ин ташкилот бо ВКД, КАМ, гумрук, суд ва прокуратура ҳамкорӣ менамояд. Ташкилоти номбурда бо шӯъбаи муборизаи зидди хариду фурӯши одамони Раёсати муборизаи зидди ҷиноятҳои мутташакили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон аз шаҳри Дубайи Аморати Араб 13 нафар ҷабрдидаро ба ватан баргардонданд, ки синнашон 20-30-сола аст. Маркази солимгардонии «Шелт» ашхоси ҷабрдидаро аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба нафарони бемор барои саломатияшонро барқарор кардан ройгон ёрии тиббӣ, муоинаи равонӣ мерасонад. Яъне, худи ин ташкилот маблағи онро пардохт менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, таҳти рақами 47 15-уми июли соли 2004 қонун қабул гардид. Дар ҳамин сол шӯъбаи махсус оид ба одамрабоӣ ва хариду фурӯши одамон таъсис медиҳанд. Дар давоми нӯҳ моҳ бо моддаи 103 (хариду фурӯши одамон) ва моддаи 132 (ҷалби одамон барои истисмор) ташкилкунадагонро дастгир намуданд. Бо ин ҷиноят ду нафарро ба мӯҳлати 10 ва 8 сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Алъон бо ин модда 5 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ду ҷиноят ошкор гашта, боқимонда дар таҳқиқ қарор доранд.

Ҳушдор

Ба исботи равоншиносон, одатон ба доми ашхоси «одамфурӯш» фарзандони оилаҳои носолим, камбизоат, занҳои аз шавҳар ҷудогашта бо мақсади дарёфти панҷсад-ҳазор доллар бо нияти соҳиби макони хеш шудан меафтанд. Баъзе аз ноилоҷӣ ба ин роҳ рафта, танфурӯшӣ шуғли доимияшон мегардад. Иддае аз ин амали пасту нангин безор шуда, ба ҳалокат мерасанд. Ба гуфтаи ҳолдонҳо, духтаронеро аз Аморати Араб овардаанд, ки аз истисмори шаҳвонӣ заифу бемор гашта, ба расми ҳуҷҷаташон он қадар шабоҳат надоштаанд. Яъне зоҳири ҷавониро аз даст додаанд. Ин ҳушдорест ба ҳар волидайн, ки нисбати фарзандашон бетафовут набошад ва таъкидест ба худи духтарону занон, то ба гапи ҳар кас бовар накунанду ҳаёташонро зери хатар нагузоранд.

Гулҷаҳон ХОҶАЕВА,

махсус барои «Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: