Главная > Акаи Ҷалил > Баақлӣ ба калла аст, на ба калӣ

Баақлӣ ба калла аст, на ба калӣ

Давомаш.

Мардуми шиштагӣ ҳамаи гӯшу ҳуш тарафи мо. Ғоибуф сара лич кард. Сараш лес, тух­ми пӯсткардагии мурғ ворӣ ягон тори мӯ надорад. Тоқиша аз пе­шаш гирифта дур мондаму баъд пурсидамаш, ки ҳозир ҳамин кал­лаи ту зӯр кор мекунад ё каллаи ман. Гуфт ки ба каллаи ту-ку кор надорам, лекин каллаи ман нағз кор мекунад. Боз пурсидамаш, ки агар ҳозир ягон кас дар ҳамин сари пури мағзи ту ягон чапоти обдор фурорад, чӣ хел аст. Гуфт ки ҳолӣ ин хел одам аз очаш та­валлуд нашудааст. Гуфтамаш ки ин хел бошад, ҳо одаме мебинӣ-ку, дур шиштаст, замина песон­да, Зоғакуф ном дорад, ҳамона фарёд бикун биёяд, баъд гапа давом медиҳем.

Зоғакуфи гуфтагимона номи аслиш Карим буд. Чанд сол пеш дар як идораи ноҳия кор мекард. Ҳамон вақт дар сизони пахтачинӣ ҳар рӯз мебарандшон саҳро. Дар идора Зоғакуф гуфтанӣ як одами харобаи нимҷони бенамуд раиси иттифоқи касаба буд. Раис худаш ба майдони пахта намерафту ба ҳамон Зоғакуф фармида буд, ки ҳар рӯз иштироки коргарҳои корхонара қайд кунаду бегоҳӣ дар ҷамъомад ба ӯ хабар диҳад. Дафъаи навбатӣ мошини шахсии Зоғакуф дар байни замини пахта вайрон мешавад. Карим бисёр устои хуби мошин буд, техника­ра аз овозаш муайян мекард, ки куҷош чӣ бало дорад. Зоғакуф аз Карим илтимос мекунад, ки ту мошини мара соз бикун, ман дар номи ту пахта менависам. Ка­рим як бачаи қадбаланди базеби чор кас медидагӣ, боз кам-кам гӯштин ҳам мегирифту феълаш тез буд, дар як дам алов меги­рифт. Хулоса, дили Карим ба Зоғакуф месӯзаду “майлаш” гуф­та, ба мошин мечаспад. Чандин касали мошин рӯйи об баромад. Карим то бегоҳ беист кор кард. Мардуми пахтачин дар ин байн чанд бор дам гирифт, барвақт кора бас карда, омада шишт дар як соягӣ латифа нақл карда. Ҳама нигаҳ дорад, ки кай Карим кора тамом мекунад. Карима сару либос, дасту рӯш ҳама пури обу арақу хоку чангу рӯғани мошин, дар поҳош фараи рост истодан надорад, оқибат кора ба субут расонду омада ба ин Зоғакуф да­лажит кард. Офтоби доғи байни замини пахта ба худтон маълум. Зоғакуф эълон кард, ки соати шаши бегоҳӣ ҳама дар пеши раис ҳозир мешавед. Баъд худаш дар мошинаш шишту газ дода рафт. Ҳатто ҳамон Карима ҳам савор накард. Дигарҳо дар як автобуси шалақ шишта, аз пушти ӯ ҳаракат карданд.

Дар вақти гуфтагӣ ҳама дар назди раис ҷамъ шуд. Раис рӯйхата аз дасти Зоғакуф ги­рифта, ба натиҷаи пахтачинии онрӯза шинос гашт. Чанд нафара барои кам чиндани пахта ҷанҷол карду баъд дар номи Карим ра­сид. Дили Карим пур, ки Зоғакуф бояд ба номи ӯ пахтаи бисёр на­вишта бошад.

— Карим, чиба имрӯз дар пахтачинӣ набудӣ?,- дод зад раис.

— Будам, Зоғакуф медонад,- гап мегардонад Карим.

— Зоғакуф, ин рост аст?,- раис Зоғакуфа чухт мекунад.

— Не раис, ӯ пахта начиндаст,- тарсида-тарсида ҷавоб мегардо­над ин Зоғакуфи бечора.

— Чӣ, начиндам?,- дар ҳамин нафас аз раис сар карда ҳама аз чашмҳои қариб аз косашон баро­мадаи Карим тарсид.

Карим ҳамон паланге ворӣ ки хез зада, сайдша қапиданӣ меша­вад, мепарад тарафи Зоғакуф. Ин бечора аз тарса худша мезанад суни дару то ҷон доштанша ме­гурезад. Баъд Зоғакуф пешпешу Карим аз қафош медаванд кӯча ба кӯча. Ҷон ширин, Зоғакуф то ҷон дошт давид. ӯра вақап кар­да натонисту Карим омад боз пеши идора. Ин навбат мошини Зоғакуфа ёфта, чанд шаттаву мушту лағат зад, туф кард чӣ қадаре ки метонист дар болошу тирезаҳош.

Баъди ҳамин ҳодиса чӣ меген, ки Карими ҷӯрамон аз Зоғакуф қимоб шуд. То ҷое ки агар раҳматии аташ зинда мешуду яз бор Зоғакуфаш мегуфт, зада маибаш мекард. Чандин касон аз пайи ин мушту лағати Карима ба серӣ хӯрданд. Лекин ин Ғоибуфи гуфтагимон ӯра намешинохт.

— Чӣ хап кардӣ, Зоғакуф гуфта як бор фарёда бикун, хеста мео­яд,- боз Ғоибуфа шерак кардам.

Ғоибуф исту бист накарду бо овози баланд “Зоғакуф” гуф­та фарёд зад. Дар аввал Карим як хавос шуду лекин он қадар аҳамияташ надод. Ғоибуф боз “Зоғакуф” гуфт. Ин сафар ба­ландтару бурротар. Як миҷа таҳ кардан нагузашта буд, ки уқоб ворӣ пайдо шуд Карим болои Ғоибуфу фуровард як чапоти обдор дар сари лесаш. Ғоибуф ба пушт рафт. Карим боз мақсади ягон лағати дигараш ҳам задан дошту лекин ман намондам:

— Каримҷон, якта бас, монда­гиш ягон вақти дигар.

Баъд ба Ғоибуф гуфтам, ки дидӣ, каллаи ту кали лес ҳам бошад, кор намекунад. Аз Ка­рим пурсидам, ки чандсола аст. ӯ гуфт, ки чилупанҷсола. Ман гуфтам, ки дидӣ, Ғоибуф, дар сари ту чапоти обдор мезадагӣ одам чилупанҷ сол пеш таваллуд шудасту ту бехабар, боз даъво мекунӣ ки каллам кор мекунад. Дигар акаи Ҷалилат қатӣ ин хел шӯхӣ накун.

Додарҳои ҷон, чӣ меген, ки Ғоибуфи ақлак аз гапзанӣ монд, чанд кас аз байни маърака “акаи Ҷалил, гапҳот туппа туғрӣ” гуф­та, акатона дастгирӣ карданд.

Як вақти дигар дар сарам як телпаки кори калони пӯсти пи­шаки обӣ доштам. Он вақт ин телпакҳо навбаромад буданду арзишшон калон. Маоши се-чормоҳаи баъзеҳо барои харида­наш намерасид. Он телпак дар сарам, даромадам пеши як ҷӯраи давраи бачагим, ки он вақт идо­рашин буд. Саломуалейк кардем, телпака дуру дароз нигоҳ карду гуфт, ки бисёр базеб аст. Ман гуф­там, ки даркорат бошад, як ҷӯра дорам, якта навша ёфта медиҳад. Пурсид, ки чанд пул меистад. Нархша гуфтам. Як фикр кард, сарша қапиду гуфт, ки ин каллаи ман арзиши ин телпака надорад. Каллаҳои дигар даромад мео­ранд, ҳисобу китоби дуруст меба­ранд, каллаи ман ғайри мушкилӣ чизе наовардааст. Доим киссаҳо холиву калла пури ташвиш. Бо ин хел калла куҷо меравӣ?

Рости гап, дилам бисёр сӯхт, дар ҳамон ҷо телпакма ба сараш пӯшондаму гуфтам, ки каллаи ту ҳам арзиш дорад, ки ҳамин хел масъалаҳора фикр мекунӣ, аз ҳаминаш ҳам намон, ки дар кӯча лингҳота сагҳо мебардоранд. Каллаҳое ҳастанд, ки ҳич чӣ надо­ранд, лекин садошон дар осмони ҳафтум!

Ана ҳамин садоҳо дар осмони ҳафтумаш он қадар хуб не-да. Дар Чинораки мо як муллои кӯҳансол буд, бобои Сафар. Китоби бисёр хондагӣ, донишманд, батамкин, кам гап ме­зад. Замона дигар шуду муллошавҳо зиёд. Баъ­зеш се-чор сурара аз каломи шариф азёд мекунаду мехоҳад, ки ҳама дар рикобаш бо­шанд. Лекин дар пеши бобои Сафар зунукшон гирифтагӣ. Агар бо ӯ баҳс мекарданд, сиршон фош мешуд-да. Бобои Сафар нӣ ира медонист, ки илм мисли майдони набард аст. Агар полво­ни боқуввате ба майдон барояд, кам одаме ёфт мешавад, ки бо ӯ сану ман кунад. Ҳамин ки ин полвон аз майдон берун шуд, то кӯдаку чӯдак ҳама паҳлавон мешаваду гӯштингир. Як рӯз дар ҳамин бора гап задему бобои Сафар як табассуми маҳин кард, баъд гуфт, ки парвардигор ягон рӯз амонатиша мегираду лекин аз як чиз метарсам. Тарси ман аз он аст, ки агар ман мурам, ҳамин деҳаи танг пури мулло мешаваду мардума сарчархак мекунанд.

Ҳамин гапи бобои Сафар ворӣ як рӯз тасодуф як шоири бақуввата дар бозори Баракати Душанбе дидам. Солҳои пеш би­сёр медидамаш дар телевизор. Ҳозир кам мебарояд. Мефоридаш ё не ки рафта базӯр қатиш салом кардам. Баъд гуфтамаш, ки пурси­дан айбе набошад, ту фалон шоир нестӣ. Гуфт ки худи худаш. Аз чор тарафи зиндагӣ як чақчақ карде­му баъд пурсидамаш, ки барои чӣ вақтҳои охир камнамо шудаст. Як даст шапиду баъд гуфт, ки ҳозир замину замон шоир гирифтагӣ. Чу­нон шоироне пайдо шуданд, ки… Қаҳрамонҳошона намеген — одаме намонд, ки васфаш накардаву аз Рустами достон болош нагузошта бошанд. Ба одамҳое ба гуфти худ­шон асар мебахшанд, ки… Найза­зан ҳам як шудасту бевазан ҳам. Гуфтам шеъру шоириш ки ҳамин бошад гузаштам аз баҳраш…

Хулоса, ин мардум ақлу фа­росата аз гапу кори одамон не, аз киссаву суратшон ёфтанӣ ме­шаванду аз манфиати худшон. Каллаи одам чормағз нест, ки шиканиву бубинӣ ки қоғат аст ё кӯрак, пук аст ё мағз дорад. Баақлӣ ба калла аст, на ба калӣ. Лекин ҳамин ақл ҳам ҷову макон дорад. Ҳини бачагӣ ягон гапе мегуфтам, ки ба атам маъқул на­мешуд. Мегуфт, ки гови ҳамсояра гови худам гуфта, дар ҳелакат на­дарор. Гапи гуфтагит гапи ягон каси дигар аст. Медидам, ки на­мешавад, баъд хоида-хоида ягон фикри худма мегуфтам. Ҳозир ба ҳамин синну сол кам вар мехӯрда одамера ки гапаш пухтаву бавазн бошад.

(Давом дорад)

 

Реклама
Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: