Главная > Uncategorized > «Мовароуннаҳр»-ро кӣ ба наҳр партофтанист?

«Мовароуннаҳр»-ро кӣ ба наҳр партофтанист?

Наҳре, ки пур аз «тимсоҳ» аст

Чанд моҳ мешавад, ки масъалаи яке аз бузургтарин ширкатҳои хусусии сох­тмонии Тоҷикистон — ҶДММ «Мовароуннаҳр» баъди ба ҳабс гирифта шудани директори кулли ширкат Ҷ. Т. Охонов мавриди гуфтугӯи аҳли ҷомеа гардидааст. Ҳайати эҷодии хафтанома ҳам ин қазияро пайгирӣ намуда истодаанд. Ба мо нусхаи номаи аз зиндон ба унвони рӯзномаи «Азия-плюс» ирсолнамудаи Ҷ. Т. Охонов расид, ки баъди мутолиаи мақолаи ин нашрия таҳти унвони «К делу «Мовароуннахр»-а привлекают политиков» иншо намудааст. Қарор додем, ки онро манзури муштариёни ҳафтанома гардонем.

«Пайкон»

ҶДММ «Мовароуннаҳр» аз моҳи апрели соли 1990 арзи вуҷуд дорад. Дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ ҳамчун ММ (муассисаи муштарак) — ширка­ти телевизионии «Останкино», Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва киностудияи «Тоҷикфилм» таъсис дода шуда буд. Он ав­валин муассисаи муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Ҳанӯз дар солҳои 1990-1991 дар базаи ҶДММ «Мовароуннаҳр» ҳамроҳ бо ТВ «Останкино» ду варианти фил­ми мушкилтаҳияи (варианти 2, қисмаи намоишӣ, 4 қисми телевизионӣ) таърихии «Ашкҳо ва сипар» дар таҳияи коргар­дон Тоҳир Собиров («Шӯриши Восеъ») ба навор гирифта шуд, ки барои он аз полки ка­валерии «Мосфилм» 2000 асп ва 2000 аскар оварда шуд. Корҳои наворгирӣ дар ноҳияи Балҷувон, дар Калининобод, шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро сурат гирифта, филм маблағи таҳияи худро баргардонд.

Ба ғайр аз ин, дар базаи ҶДММ «Мовароуннаҳр» ҳамроҳ бо ТВ «Останкино» беш аз 50 филми мустанаду хроникавӣ, инчунин филми 4-қисматии детективии «Тарафи чаҳоруми секунҷа» (банаворгирии қиссаи прокурор С. Кенҷаев «Мӯй аз хамир») бардошта шуданд. Филми «Мӯй аз хамир» дар бо­раи ҳаёт ва фаъолияти муфат­тиши ҷавоне, ки мехост барои ҳақиқат мубориза барад, вале ниҳодҳои прокуратура вайро ба маҳбас шинониданд, фар­зандонашро бо заҳри қаттол масмум намуданд, волидайн ва дӯстонашро ба тарки марзи Тоҷикистон маҷбур карданд, нақл мекард.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, бо қарори шӯрои таъсисдиҳандагон «Останки­но» 60 %-и саҳмияҳои худро барои корҳои муваффақона ройгон ба ман дод. Саҳмияҳои боқимондаро банда харидорӣ намудам ва ҳамин тариқ, до­рандаи (соҳиби) ягонаи «Мовароуннаҳр» гардидам.

Ин дар соли 1992 буд. Аз он замон ширкати мазкур та­вассути кӯшишҳоям дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуд ва ман саҳми худро дар пешрафти кишвар гузоштам.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон «Мовароуннаҳр» бидуни таъ­хир ба кишвар захираи моддӣ-техникии корхонаҳои бузур­ги «Маъдани кӯҳии Анзоб» ва «Тиллои Зарафшон»-ро интиқол дод ва ин ду корхона беисту мукаммал кор карданд.

Дар ин солҳо ширкати «Мовароуннаҳр» кормандо­ни худро тайёр намуд, барои худ идора (офис), ҷойҳои корӣ омода кард, васоили сохтмонӣ, аз ҷумла 147 воҳиди техникии сохтмониро ҷамъоварӣ кард, 16 крани борбардори сохтмонӣ, 6 автокран, 12 трактор, 10 экс­каватор, техникаи дар сан­глох (кони санг) коркунанда харидорӣ намуд. Ширкат ин­чунин 6 минизавод (корхонаи хурд) барои истеҳсол ва коркар­даи хиштҳои сементӣ, блокҳои карамзитӣ, хиштҳои маъмули­ро роҳандозӣ карда, коргоҳҳои истеҳсоли маводи инертӣ барои сохтмонро ифтитоҳ намуд ва дар ҳама иншооотҳои кории худ 6 коргоҳи бетонистеҳсолкунӣ, ҷойҳои умумии кориро таҳия сохт. Соли 2005 дар корхона аллакай 700 одам кор мекард.

Дар моҳи декабри соли 2005 бо ташаббуси ҳайати ҶДММ «Мовароуннаҳр» баҳри дастгирии Қарори Ҳукумати шаҳри Душанбе «Дар бораи ба анҷомрасонии сохтмони иншооти пуррасохтанашуда» бо маблағҳои худӣ бори на­хуст дар Тоҷикистон бинои 16-ошёнаи нокомил сохташударо харид, ки он дар вақти худ ба як партовгоҳи ахлот, кушторгоҳ ва макони таҷовузу зӯроварӣ табдил ёфта буд.

Кормандони прокуратура маро намегузоранд, ки дурӯғ гӯям: дар натиҷаи беамалии мақомоти марбута дар тӯли 15 сол чӣ воқеъаҳои нангине дар он сурат нагирифтанд!

Инак, «Мовароуннаҳр» амали худро оғоз намуда, ба сохтану пурра ба истифода додани бинои истиқоматии 16-ошёнаи воқеъ дар кӯчаи Сино бо нархҳои аз 7000 то 20000 доллари ИМА барои мушта­риёне, ки ба «Мовароуннаҳр» бовар карданд, шурӯъ на­муд. Ҳамин тариқ, 120 оила бо нархҳои дастрас соҳиби ман­зили истиқоматӣ шуданд. Дар ҳамин ҳол, то анҷоми сохтмони бино ҳеҷ гуна тафтишоте су­рат нагирифт. Ҳангоми ба ис­тифода додани бино тафтишҳо сар шуданд: дар тӯли солҳои 2005-2006 аз тарафи корман­дони прокуратура 71 (ҳафтоду як) тафтиш ба амал омад ва танҳо туфайли мудохилаи раи­си шаҳри Душанбе мӯҳтарам М. У. Убайдуллоев ва прокуро­ри ҳамонвақта К. Муҳаббатов ин тафтишҳо анҷом ёфтанд ва хона ба комиссияи қабул су­пурда шуд. Дар мутобиқат ба шӯрои шаҳрӣ дар базаи ин бино марказҳои фарҳангӣ-тиҷоратӣ сохта шуданд, ки дар онҳо 250 нафар бо кор таъмин гарди­данд.

Бино ба боло рафтани тала­боти муштариён, асосан қисмати камбизоати он ба манзили истиқоматӣ, бо қиматҳои дастрас «Мовароуннаҳр» бо мутобиқати шаҳрсозиву Ҳукумати шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ чанд намунаи ангораи (эски­зи) сохтмони биноҳои балан­дошёнаи истиқоматӣ бо исти­фодабарии таҳхонаҳои дорои ҷойҳои марказҳои тиҷоративу фарҳангӣ ва дар як вақт дар чанд маҳаллаи пойтахти кишвар сохмони биноҳои истиқоматиро оғоз намуд. Аҳолӣ аз ин ташаб­бус огоҳ гардида, гурӯҳ-гурӯҳ омада, маблағҳои худро ба сифати иштироки ҳамкорона пешниҳод намуданд. Танҳо бо назардошти қишри камбизоати аҳолӣ мо қарор додем, ки хатти вомиро (қарзиро) аввал барои 2 сол (яъне 50 % пешпардохт ва пардохти ҳармоҳаи саҳмҳои баробар) ба роҳ монем. Ҳамин тариқ, мо қарор додем, ки бо розигии муштариён дар асоси боварии тарафайн бо масъу­лияти дутарафа қарордодҳо бандем. Ба ин кор мо касеро маҷбур накардем, фиреб надо­дем, ҳамааш бо ризоияти тара­файн ба роҳ монда шуд. Ба ра­сидани маблағҳои муштариён мунтазир нашуда, мо сохтмони биноҳои истиқоматии бисёро­шёнаро шурӯъ намудем. Ният доштем ин хонаҳоро созем ва ҳанӯз дар соли 2007 бо сарар­хитектураи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ плани генералии сохтмони 30 бинои баландошё­на, 10 бинои 6-ошёна, 2 мактаб ва 2 кӯдакистон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Душанбе ва сохтмони бинои истиқоматии 10-ошёнаву маҷмааи тиҷоратӣ дар гузаргоҳи 3-юми Неъ­мат Қаробоев, 4 блоки бинои истиқоматии 13-ошёна дар кӯчаи Лаби Соҳил мувофиқа намудем. Ба ин минвол мо бад кор намекардему дар мӯҳлати начандон зиёд корҳои зеринро анҷом додем.

Феҳристи манозили истиқоматӣ, ки ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2007 то 9.01.2010 ба истифода до­дааст:

Дар мӯҳлати кӯтоҳ 705 ман­зили истиқоматӣ ва 6400 м2 марказҳои фарҳангӣ-тиҷоратӣ сохта шуд. Дар робита бо вай­рон кардани шартҳои қарордод дар ҳақиқат мо ба 12 муштарие, ки нуқоти шартномаро ҳамеша иҷро намекарданд, манзили зист надодем.

Муштариёни «Мовароуннаҳр», ки ба сабаби пурра напардохтани маблағи шартнома (қарордодҳо 6-уми декабри соли 2007 баста шу­данд) ба мӯҳлати дертар гуза­ронида шудаанд:

Маблағи умумии қарордоди пардохтнашуда 233800 долла­ри ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин дар ҳоле ки қимати манзил барои ҳар як м2 250 доллари ИМА кам карда шудааст.

Ғайр аз ин, беш аз 40 муштарӣ аз ниятҳои баъдии лоиҳаҳои мо огоҳ шуда, қарор доданд, ки аз манзили пешби­нишудаи қаблияшон даст каши­да, манзилҳои нави муҷаҳҳаз дарёфт намоянд ва аз ин рӯ қарордоди онҳо бо ризоята­шон ба дарёфти биноҳои нави истиқоматӣ гузаронида шуд.

То поёни соли 2009 шикояте ба мо сурат нагирифтааст. Вале мо қарор додем, ки аз ҳисоби захираҳои дохилии худ қиммати манзилҳои истиқоматиро тара­файн 450 доллари ИМА барои 1 м2 поён барем. Бо ризояти тарафайн «Мовароуннаҳр» бо муштариён барои 952 манзи­ли истиқоматӣ шартнома баст. Қарордодҳо баста шудаву қисме аз маблағҳо ҷамъ карда шуд. «Мовароуннаҳр» мешукуфт ва халқ ҳам розиву миннатдор буд.

Дар баробари ин, «Мовароуннаҳр» дар тендери оид ба сохтмони бемористо­ни байниноҳиявии шаҳраки Данғара, ки аз тарафи Бонки исломии рушд маблағгузорӣ мешавад (11 480 000 долла­ри ИМА), ғолиб баромад. Дар таҷрибаи Тоҷикистон чунин ҳолат, ки ширкати маҳаллӣ дар тендери байналмилалӣ пирӯз ояд, бори нахуст воқеъ гардид. Ин метавонист роҳи ширкатҳои Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар тендерҳои байналмилалӣ бикушояд. 

Кор бе пардохти пешакӣ оғоз гардид. Барои ин корҳо беш аз 500000 доллари ИМА масраф шуд. Пешпардохт бошад, ба ҷои марти соли 2009 дар 1-уми декабри соли 2009, ҳанӯз та­вассути ҶШСК «Ориёнбонк», ба сабаби набудани замонатпулӣ барои кафолатҳо то 1-уми дека­бри соли 2010 пулҳоро воқеъӣ накарду барои гузаронидани корҳо напардохт. Аз ин сабаб ширкат маҷбур шуд, ки асъори худро ҳамчун замонат гузорад ва аз «Ориёнбонк» бо шарти 24 %-и солона қарз гирад ва дар 3 моҳ ҷиҳати пардохти қарз (кре­дит) ва замонату хидматҳои кассавӣ 1,5 миллион сомонӣ бипардозад. Сипас, ноилоҷ та­моми дороии «Мовароуннаҳр» (100 миллион сомонӣ) гузошта шуд, то 9800000 (нӯҳ миллиону ҳаштсад ҳазор) сомонӣ дарёфт карда шавад. Мӯҳлати пардох­ти қарз 1-уми апрели соли 2011 анҷом меёбад. Дар ҳолати сари вақт насупоридани қарз зарари «Мовароуннаҳр» 80 миллион сомонӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар ин­шооти Данғара ба маблағи 1 400 000 доллари ИМА корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд. Корҳои сохтмонӣ-монтажӣ, тайёр кар­дани таҷҳизоти техникӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ 1 600 000 дол­лари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи «қарордоди паушалӣ» 2 500 000 доллари ИМА дарёфт шудааст, вале ба андозаи 3 100 000 доллари ИМА корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд. 48 %-и корҳои металу бетонӣ иҷро шудааст.

Ҳама қарзҳои бонкӣ бо замонатҳо таъмин шудаанд.

Ба ғайр аз ин, «Мовароуннаҳр» аз рӯи қарордод бо «Тоҷикгосстрой» сохтмони 2 офис дар шаҳраки Данғара ва шаҳри Турсунзода­ро оғоз намудааст.

Дар 2 иншоот, ки корҳо дар онҳо 40 % ва 20 % ба охир расонида шудааст, бо сабаби ҳабси ман корҳо дар ин иншо­от дар ҳоли ҳозир мутаваққиф гардидаанд. Ба ман маълум нест, ки ин масъулиятро кӣ ба дӯш мегирад, дар ҳоле ки дар ин иншоот корҳо ҳамагӣ барои 1,5-2 моҳ боқӣ мондаанд.

Бо вуҷуди сар задании бӯҳрон, мо дар соли 2010 та­вонистем ба маблағи 1 50 000 сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро харидорӣ намоем, ҷиҳати тахрибкории селҳо ба сохтмо­ни манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб 1 миллион сомонӣ гузаронем. Ба сабаби ҳабси ман, сохтмони як бино ба ит­мом ва муҷаҳҳазнамоии 5 хона ба охир расонида нашудааст ва то ҳанӯз механизмҳои корӣ дар қитъаи сохтмонӣ қарор доранд.

Дар баробари ин, ҷиҳати сохтмони хонаҳои басташа­ванда (сборный) бо ширкатҳои сохтмонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Русия ба маблағи 300 миллион доллари ИМА, инчунин шар­тнома барои сохтмони маркази фарҳангӣ-тиҷоратӣ дар маҳалла қарордодҳо баста шудаанд.

Навбаҳори шаҳри Душанбе. Кор ва маблағгузориҳо оид ба ин ду иншоот бояд 1-уми янва­ри соли 2011 оғоз мешуданд. Аз ҳисоби «Мовароуннаҳр» барои бастани қарордодҳо ва тайёр намудани ин қарордодҳо маблағҳои калоне сарф шуда­аст.

Муштариёни мӯҳтарами ҶДММ «Мовароуннаҳр, ҳақиқатан ҳам ман ҳамчун шах­си масъули ширкати мазкур дар назди шумо гуноҳи худро эҳсос мекунам, вале ин гуноҳ натиҷаи қаллобӣ ва бефаъолиятӣ нест. Ин падида муваққатист ва са­бабгори он сабабҳои айние (объективие) ҳастанд, ки ман онҳоро номбар мекунам:

1. Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ.

2. Ду баробар поин раф­тани арзиши аслии майдонҳои истиқоматӣ назар ба сохтмони он.

3. Рақобат — овозаҳои гу­ногуни кӯчагӣ ва кам шудани боварии муштариён ба ширкат, ки дар натиҷа:

а). Тахмин 300 нафар муш­тариёни ширкат барои бозпас гирифтани маблағҳояшон ва гирифтани онҳо дар соли 2009 ва соли 2010;

б). Қисми боқимондаи муш­тариён бино бар боварӣ надо­штанашон овардани саҳмҳои пулиро қатъ намуданд, ки 4,5 миллион доллари ИМА-ро таш­кил медиҳад.

4. Зимистони сарди солҳои 2008-2010, вақти зиёд набудани қувваи барқ ва ғ.

Бо вуҷуди ин, роҳбарияти ҶДММ «Мовароуннаҳр»-ро ин душвориҳо натарсониданд, ҳарчанд он бо таъхир бо­шад ҳам, сохтмони биноҳои истиқоматиро пурра мекард ва дар назди муштариёнаш оид ба ҳама ӯҳдадориҳояш ҷавоб ме­гардонид.

952 хонавода дар натиҷаи сохта шудани ҳама иншоотҳои сохтмонии истиқоматии «Мовароуннаҳр» соҳиби манзилҳои зист хоҳанд шуд ва беш аз 1000 одам аз ҳисоби сохта ба истифода дода шудан аз нуқтаҳои тиҷоратӣ истифода мебаранд.

Худ қазоват кунед: як шах­сро, ки хуб аст ё бад, дар даво­ми 3 сол 705 муштарии худро бо манзили зист таъмин намуда­аст, прокурори генералии киш­вар аз рӯи қисми 4-уми моддаи 247-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаллобӣ муттаҳам мекунад. Маслиҳат бидиҳед, хонандагони арҷманд: агар 0,1 %-и аҳолии кишвари 7-миллионнафарӣ дар тӯли 3 сол 700-манзилӣ созанд (490 000 манзили истиқоматӣ), магар ин қаллобӣ аст? Буби­нед, дар чунин ҳолат дар 9 сол мешавад 1 470 000 манзили истиқоматӣ сохт (490000 х 3) ва агар дар як хонавода ба ҳисоби миёна 4 одам бошад, пас 5 880 000 кас (тақрибан, ҳамаи аҳолии кишвар) дар давоми 9-10 сол бо манзили зист таъмин мегар­данду метавон тамоми хонаҳои кӯҳнаро аз байн бурд.

Магар ин бад аст? Албатта ман беайб нестам ва зидди таф­тиши Прокуратураи генералӣ ҳам нестам. Вале як суол маро ором намегузорад: Чарост чу­нин саросемагӣ? Чаро бояд одамро аз ҷамъият, аз хонаво­да, аз ҳамкорону аз кораш ко­милан ҷудо намуд, агар дигар усулу шеваҳо вуҷуд доранд? Ё ин ҳабскунӣ дар арафаи соли нав, вақте ки мӯҳлати супори­дани дороиҳои «Мовароуннаҳр» (ҳамчун замонат) ва мӯҳлатҳои ба истифода супоридани чанд иншоот наздик мешавад, «супоришӣ» аст? Ин суол барои прокурори генералӣ матраҳ ме­шавад.

Ман омодаам, ки ҳамаашро ройгон диҳам, танҳо дар ҳолати бо муштариён комилан ҳисобӣ кардан ва пок кардани номи худ аз ифлосӣ!

Хуб, акнун худатон бидонед, ки як одам дар тӯли 20 соли охир бо чӣ кор машғул буд.

Аз нашрияи мӯҳтарам хоҳиш мекунам, ки дар саҳифаи худ барои чопи вокунишҳои мар­думи Тоҷикистон ба ҶДММ «Мовароуннаҳр» ва шахсан асосгузори он Ҷӯрабек Тоште­мурович Охонов гӯшаеро ҷудо намоянд.

Мӯҳтарам рӯзноманигорон менависанд, прокурори генералӣ дар нишасти матбуотӣ бештари вақти худро ба мавзӯи якум, яъне «қаллобӣ»-и сарва­ри ҶДММ «Мовароуннаҳр» ме­бахшад.

Ман аз ин хеле хурсандам, вале ҳанӯз сабаби ин қадар шабонарӯз аз ҷомеа ҷудо карда шуданамро (ба ғайр аз суханҳои умумӣ) намедонам.

— Дар куҷо, дар кадом мам­лакат ҷалби маблағҳои мардум хилофи қонун аст? Магар, бар асоси гуфтаҳои вай, қонунҳои Тоҷикистон нодурустанд? Биг­зор онҳоро тағйир диҳанд ва сипас умумӣ гап зананд.

— Доир ба иншооти дар хиё­бони Исмоили Сомонӣ буда он гуна, ки прокурори генералӣ мегӯяд, дурӯғи маҳз аст: дар он ҷо мувофиқи лоиҳа 12 адад манзили 2-ҳуҷрагии ҳар кадом 100 м2 масоҳатдошта, 8 адад манзили 3-ҳуҷрагии 179 м2 масоҳатдошта, 16 адад манзи­ли 3-ҳуҷрагии ҳар кадом 144,7 м2 масоҳатдошта, 16 адад ман­зили истиқоматии 4-ҳуҷрагии 147 м2 масоҳатдошта, майдо­ни тиҷоратӣ бо масоҳати 1500 м2 дар ошёнаи аввали бино ва таҳхонаи қобили истифодаи баландияш 4 метр бо масоҳати 1000 м2 сохта шуданд.

Фоидаи тақрибӣ аз рӯи ин лоиҳа на камтар аз 3,5-4 мил­лион доллари ИМА мебошад. Саҳми ҳукумат на 15 % (тавре ки прокурори генералӣ мегӯяд), балки 5 % аст, яъне ҳамагӣ 3 манзиле, ки вобаста ба он аст.

Лоиҳаи бино ва бо назардош­ти таҳхона ва бинои 9-ошёна болохонадор бо муаллифи лоиҳа, сармеъмории шаҳр, до­нишкадаи САНИОСП, Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат шудаанд.

Инчунин ҳамаи аснод оид ба бозсозии маркази 5-ошёнаи тиҷоратӣ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров ба бинои 9-ошёнаи болохонадор бо ҳама ниҳодҳои марбута (инстанс) мувофиқат кунонида шудаанд ва дар он ҷо 60 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла манзилҳои 1, 2, 3-ҳуҷраӣ хоҳад буд.

ӯ лоиҳаи тасдиқшудаи би­нои маъмулии (типии) бараш 20 метр ва дарозиаш 20 метр (масоҳати умумӣ — 400 м2)-ро дар назар дорад. Бинои дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ буда 1250 м2 (50 м х 25 м) аст.

Бале, ҳақиқатан ҳам, дар назди бонкҳо ва масолеҳрасонандагон қарздорем, ҳамаи онҳо бо за­монат таъмин шудаанд. Аммо, агар дар ҳақиқат ин масъалаҳои марбут ба ҳабси ман идома ку­нанд, пас замонатҳои мо ҳабс карда мешаванд ва фурӯхта мешаванд — ин ба ман маълум нест. Агар имкон даст диҳаду аз ҳабс озод шавам, инро аз про­курори генералӣ талаб хоҳам кард.

Прокурор гуфта буд, ки дар тӯли 4 сол ширкати мо ба аҳолӣ 455 манзил додааст. Ин дуруст нест. Мо 705 манзил сохта су­поридем ва дар ҳоли ҳозир 952 манзил сохта истодаем, 487 қарордод бастаем ва 116 пасги­рифтагон дорем, қисме аз онҳо маблағи супоридаашонро боз­пас гирифтаанд.

Ҳама маблағҳои ба хариди саҳмияҳо ва дигар сохтмонҳо сарфшуда аз тарафи ҶДММ «Мовароуннаҳр» пардохта шудаанд. Пули муштариён танҳо дар сохтмони манзили истиқоматӣ сарф шудааст. Оид ба маслиҳати (рекомендация) прокурори генералӣ, ки сохтмон ба дастони дигар дода шавад, барои ман маълум аст. Чунин пешниҳодҳо хеле зиёд буданд. Инчунин, таҳдидҳо буданд. Бегоҳии рӯзи ҷумъаи 7-уми ноябри соли 2010 ба ман як дӯсти наздики худи прокурори генералӣ телефонӣ занг зада, баъди соати 19 хоҳиш-талаб намуд, ки як иншооти сохтмо­ниро интиқол диҳам. Ман қабул накардам ва ӯ таҳдид кард, ки агар не, пас рӯзи душанбе ҳабс хоҳам шуд. Ман ба ин бовар накардам ва гӯшии телефонро гузоштам. Агар имконият даст диҳад, ман насаби он одамро дар суд хоҳам гуфт.

Тақдири баъдии ҶДММ «Мовароуннаҳр», Директори генералии он, оила, фарзан­дон, муштариён, хешу табор ва дороии ширкатро танҳо халқи азизи Тоҷикистони ман бо воку­ниши шаҳрвандии худ, ё танҳо дахолати Ҷаноби Олӣ ҳал кар­да метавонанд. Дар акси ҳол, танҳо дар он олам Худованди аъзам.

Ҷ. ОХОНОВ,

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр»

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: