Главная > Пӯлод Абӯев > «То нафас боқист, золим нест бе фикри фасод…»

«То нафас боқист, золим нест бе фикри фасод…»

Соли нави 2011 оғоз шуд. Соли сипаригаштаи 2010 чӣ хел гузашт, ба мардум аён аст. Боз як соли дигар, ки ҳаёти мардуми кишварро ба ду қисм: қашшоқон, бекорон, мардикорон, аробака­шон аз як тарафу аз тарафи дигар ҳокимону аҳли оилаашон, дигар курсидорони соҳибқудратро аз замин то осмон фарқият дорад, маълум намуд.

Соли сипаришуда, мисли дигар солҳои охир бо қарору қонунҳои маъну маҳдудкуниҳо оғоз шуда, бо намоишҳою худнамоиҳои холӣ бо мардум хайрухуш кард. Ҳар сол барои аз қашшоқӣ баровардани аҳолӣ аз минбарҳо суханронӣ намуда, ваъдаҳои болохонадор медиҳанд. Дар асл, ин ваъдаҳо барои мар­думи чаласавод бисёр гуворо аст. Аммо ба мардуме, ки сиёҳро аз сафед фарқ мекунад, ин ваъдаҳо мардумфиребии рӯйирост асту бас. Соли гузашта пулакӣ шу­дани роҳи Душанбе-Чанак яке аз воситаҳои аз “қашшоқӣ” ба­ровардани мардум буд. Тамо­ми воситаҳои ахбори умум ( ба ғайр аз радиою телевизион ва ҳафтаворҳои ҳукуматӣ) дар бо­раи ғайриқонунӣ пулакӣ наму­дани ин роҳ овоз баланд карда бошанд ҳам, аммо ҳукуматдорон дар ин масъала хомӯширо пеша карданд. Баъди ба кӣ тааллуқ до­штани роҳи пулакиро фаҳмидан, маълум шуд, ки ин набарди ши­шаю оҳан аст.

Воситаи дигари аз қашшоқӣ баровардани мардуми кишвар ин саҳмия ба нерӯгоҳи Роғун аст. Барои амалӣ гардидани ин нақша чандин маротиба намоишҳо ҳам ташкил намуданд. Аз ҳама ҳайратовараш он аст, ки фурӯши ин саҳмияҳоро дар асл маҷбурӣ не, гӯё аз рӯйи хоҳиши мардум аз минбарҳо эълон карданд. Баъди ин эълон раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони донишкадаю муассисаҳо барои дар болотар худро намоиш додан аз ҳама; бе­навоёну мардикорон, аробакашу пирон, донишҷӯён маҷбурӣ ба саҳмияҷамъкунӣ оғоз намуданд. Пас аз чунин саҳмияғункуниҳоро ба зери танқид гирифтани созмонҳои байналхалқӣ, ба хуш­бахтии мардуми бенаво хотима ёфт.

Соли гузашта нарху наво бо­шад, дар ҳамаи маводҳои хӯрока чандин маротиба зиёд шуд. Дар бораи дигар воқеаҳои дар ҷумҳурӣ рӯйдода, масалан, воқеаҳои Рашту Хуҷанд, ки ҳукуматдорон фақат онҳоро ба терроризми исломӣ айбдор карданд, ҳаминро гуфтаниам, ки ин воқеаҳо дигар сабабҳоро ҳам доранд. Яке аз ин сабабҳои норозигии мардум ин гирдиҳамоӣ дар Норак, ки суд чанд ҷавонро ғайриқонунӣ ба маҳбас кашид, мебошад. Ҳар доим дар ҳафтаворҳои мустақил хабару мақолаҳоро оид ба кор­рупсия, пораситонӣ, нодуруст баровардани қарорҳои судӣ ба чашм мерасанд. Аз ин хабарҳо, ки аз 100, 10 фоизи амали органҳои маъмурӣ аён аст, маълум меша­вад, ки ҷомеа то кадом дараҷа ба чоҳи бетагӣ ҳаромтарин амал по­раю коррупсия ғӯтидааст. Ҳамаи ин фасодгарон дар боло пушту паноҳдоранд. Аз ҳама ғамангез дар он аст, ки агар ин амалҳои нопокӣ, ин гуна ҳомиёни қонун кушоду равшан шавад ҳам, касе пишаки онҳоро пишт гуфта наме­тавонад. Ана, мисоли дар шаҳри Хуҷанд бо барқ куштани як мар­ди бегуноҳ аст, ки дар ҳафтавори «Азия-Плюс» манзури хонанда­гон гашта буд.

Дар хусуси манъу маҳдудиятҳои озодию ҳуқуқи мардум бошад ҷойи гап нест. Агар ягон давлати дар ҳақиқат демо­кратии ҷаҳон дар бораи ҳуқуқи инсон қарор қабул кунад, ба зуди ба он пайравӣ мекунем. Аммо он фақат барои намоиш буда, дар амал ҳамон поймолкунии ҳуқуқи инсонро идома медиҳем.

Масалан, масъалаи танзими расму оинро гирем. Дар ин хусус зарбулмасале ҳам ҳаст: «Поятро баробари ҷойгаҳат дароз кун». Охир, мардуми нодор ба монан­ди раисон тӯю маъракаҳои худро аз ҳисоби пораю ғорат, тӯҳфаҳои зердастонашон бо харҷи калон намегузаронанд-ку. Боре як мар­ди нодор тӯй мекунаду мардум 10-15 дақиқа аз вақти муайяншу­да дертар аз ба тӯйхона мебаро­янд. Намояндагии танзим соҳиби тӯйро ба ин гунаҳгор карданӣ ме­шаванд.

Дар бораи чароғҳои камсарф бошад ҳам маҳдудият пурра ҳис карда мешуд. Охир, як чароғи пешина 50 дирам арзиш дошт. Чароғҳои каммасраф бошад 8-10 сомонӣ, ки ҳар ҳафта аз кор меба­рояд, ба ғайри ин зарарнокии он ба саломатии одамон аён аст. Ба мантиқ нигаред. Агар бо зарари ин чароғ шахсе касал шуд, барои муолиҷа ба духтур бояд муроҷиат кунад. Дар бораи муолиҷа ва ба духтур муроҷиат намудан боз чӣ қадар сӯм аз он нодори соҳиби чароғи каммасраф мебарояд, маълум аст. Аз фаррош то сар­духтури касалхона аз ҳисоби киссаи беморони бечора зиндагӣ доранд. Ягон раис, вазир, про­курор, суд, сардорони милиса бо аҳли оилаашон, албатта, ба ягон духтур ягон сӯм намедиҳанд. Духтурон низ дар ҳаросанд аз ин гуна беморон, ки боз ба корруп­сия муттаҳам накунанд. Вақте ки сухан оид ба табобати мардум рафт, ҳаминро таъкид карданиам, ки чанде пеш дар як ҳафтавори мустақил дар бораи зани ҳомилае навишта шуда буд. Занак бо са­баби нодорию бесоҳибиаш ба се таваллудхона муроҷиат меку­наду дар он ҷо зани бечораро қабул намекунанд. Кӯдакро аз даст медиҳанд. Яке аз қонунҳои маъну маҳдудият ин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъи кашидани носу сигор мебошад. Дар назари ав­вал ин қонун ба қонунҳое, ки дар дигар мамлакатҳо қабул шудааст, пайравӣ мекунад. Ҳамон ҷойи ҷамъиятӣ куҷо бошад. Ин қонун гӯё барои саломатии мардум ра­вона карда шуда бошад. Имрӯз аз кӯдак то пири кӯҳансол медонад, ки дар Тоҷикистон духтурони зиёде на ин ки саводи кофӣ до­ранд, табобатгари хубанд, балки қасами Гипократро нею қасами доллару сомонро хӯрдаанд, То онро аз дасти бекорону аробака­шу мардикорон нагиранд, ба та­рафи бемор агар дар дами марг ҳам бошанд, нигоҳ намекунанд.

Фармонҳо оид ба бе гар­данбанд (галстук) ба мактабу донишгоҳҳо омадани хонанда­гону донишҷӯён, либоси якхела барои мактабхонону донишҷӯён. Ҳамаи ин маъну маҳдудият беи­бо, табассуму хандаи касро мео­рад. Охир, ин маъну маҳдудият ба ақли солим рост намеояд. Ё ин ки маҷбурӣ гирифтани риш. Ҳамаи ин то ба кай давом мекунад, касе намедонад. Магар хонандаю донишҷӯй гарданбанд бандад, соҳиби дониши хубу рафтори на­муна мешавад. Ё ин ки марде ки риш гирифт боақлу фаҳми солим мегардад?

Имрӯз маъну маҳдудҳоро нис­бат ба дин сар карданд. Бастани масҷидҳо давом дорад. Мо ҳама шоҳиди ҷанги дирӯзаи тоҷикон будем. Ваҳшонияте ки ин ҷанги тоҷиккушӣ нишон дод, арвоҳи Чингизхонро ба даҳшат меандохт. Ҳамсоя ҳамсояашро, ки аз дигар маҳал буд кушт. Аммо ба ин ҷанг исломиёни асл, онҳое ки дини ис­ломро дар ҳақиқат медонанду аз рӯйи Қуръон амал мекунанд дахл­дор нестанд. Онҳо ваҳшиёне бу­данд, ки худи дини ислом ба онҳо нафрат мегӯяд. Бешаку шубҳа ин қабилон душмани дини исло­манд. Ҳар як дини солим бояд дигар динҳоро мӯҳтарам донад, онро эътироф намояд. Ҳаминро гуфтаниам, ки дар ин масъала бояд ҳукуматдорон роҳеро пеш гиранд, ки он манфиати дутара­фа биёрад. Ҳар як зӯроварӣ, ҳар як манъу маҳдудияти беҷо ба носозию нооромӣ оварда мера­сонад.

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,

Пас фарқ миёни ману ту чист бигӯ.

— гуфтааст ҳаким Хайём. Дар дини ислом, умуман дар дигар динҳо ва талаботи ҳар ақли со­лим ин аст, ки хунро бо хун намешӯянд, ё ки ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб надиҳанд. Умуман , ҷомеаи имрӯзаи мо дар чорроҳаи ноаёне мондааст, ба ғайри ин афсӯс ки аксарият аз илму адаби замонавӣ фарсангҳо дуранд:

Ҷилва нанмояд биҳишт он ҷо, ки ҷисми одам аст,

То нафас боқист, золим нест бе фикри фасод.

(Бедил)

Пӯлод Абӯев,

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон

(Давом дорад)

 

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Февраль 6, 2011 в 6:30 пп

    Maqolada gap nest!

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: