Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > АҶАМ:гӯем ё нагӯем?

АҶАМ:гӯем ё нагӯем?

Чаро Додихудо Саймуд­динов аз ин вожа шарм медорад?

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ягона му­ассисаи олиест, ки ак­сари муҳассилини ин даргоҳи маърифат фарзандони ашхоси ба­ландпояи ҷумҳуриянд. Яъне, шояд 70-75 фоизи таҳсилкунандагони ин донишгоҳро «бойбача»-ҳо ташкил кунанд. Зеро дар ҳама ҷо мефаҳмед, ки мегӯянд: «Дар ин донишгоҳ ягон камбағалбача таҳсил карда наметавонад». Ин сухан беҳуда, ҳамин тавр «аз ҳаво» гуфта намешавад. Албатта, дар ин даргоҳ на­фароне таҳсил мекунанд , ки камбизоатанд, вале хеле кам. Ҳатто қисмати зиёди нафароне, ки аз деҳот барои таҳсил ба шаҳр меоянд, то андозае вазъи оилавияшон хуб аст. Яъне онҳо аз оилаи миёнаҳоли ҳамон деҳа, ҷамоат ё ноҳияанд. Нафаре, ки шароит барои таҳсил надорад, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русияву дигар давлатҳо меравад.

Манзур аз ин нигоштаҳо ин нест, ки табақаи «бой»-ю «камбағал»-и ҷомеаи имрӯзаро бо гузашта муқоиса кунем. Ин ҷо сухан дар мавриди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва вохӯрии устодону донишҷӯён бо адибо­ну сиёсатмадорон, мутрибону навозандагон меравад.

Тайи чанд соли ахир дар ин муассисаи бонуфузи ҷумҳурӣ вохӯрӣ бо шоиру нависанда­гон, мутрибону навозандагон, ҳуқуқшиносону сиёсатмадорон, ҷашн гирифтани зодрӯзи усто­дони хидматнишондода, қайд кардани рӯзи мавлуд ё фавти адиб ё устоде ба ҳукми анъана даромадааст.

Чанде қабл дар Толори ка­лони шаҳраки донишҷӯёни ДМТ вохӯрии устодону донишҷӯёни ин даргоҳи маърифат бо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Сай­муддинов баргузор гардид. Сухани муқаддимавиро намо­яндаи донишгоҳ Р. Мирбобоев ифтитоҳ кард. Сипас суханро ба Додихудо Саймуддинов до­данд. Чунон бо эҳсосот сухан мекард, ки ҳеҷ ногуфтанӣ. На­медонам, касе ӯро ранҷонида буд ё табиати ин шахс чунин бошад. Ба ростӣ, дар бораи эҳсосотӣ будани ӯ дар ягон ҷо ҳарфе нашунида будам. Дар суханронии Д. Саймуддинов борҳо, такрор ба такрор номи раиси ҷумҳур гирифта мешуд. Дуруст аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбудии забони тоҷикӣ хидматҳои шоёне кардааст, вале дар ин вохӯрӣ чӣ даркор буд ин қадар исми Президен­тро ба забон овардан? Хидмати раиси ҷумҳурро барои забони тоҷикӣ таърих собит месозад.

Ниҳоят, қисмати саволу ҷавоб оғоз шуд. Додихудо Сай­муддинов, раиси Кумитаи за­бон ва истилоҳот дар рафти суханронияш ба забоншиносон рӯ оварда, гуфт: «Забонишино­сони мӯҳтарам, дигар калимаи «Аҷам»-ро истифода набаред. Мебахшед, вақте шумо ин ка­лимаро истифода мебаред, ман шарм медорам. Аҷам маънои гунгро дорад».

Чаро мӯҳтарам Д. Саймуд­динов як маротиба фикр накар­данд, ки Аҷам ба чанд маънӣ омадааст? Оё метавонем ҳамаи он вожаҳоеро, ки дар фарҳангҳо ба маънои мусбат ва манфӣ омдаанд, истифода набарем? Ин қабил калимаҳо дар забони тоҷикӣ зиёданд. Агар ҳамаи он вожаҳоро инҷо биёрем, сухан ба дарозо мекашад. Мукофот он чӣ дар бадали чизе пардох­та мешавад; подош ва сазои амал( хоҳ нек боша,хоҳ бад)

Аз мукофоти амал ғофил

машав,

Гандум аз гандум бирӯяд,

ҷав зи ҷав.

…Ва аммо ҷуз он бувад,ки на аз қиболи иваз ва мукофот бувад Ибни Сино

Ҳамчун воҳиди фразеологӣ омадааст. Мукофот бар ях на­виштан умедвори мукофот на­будан.мас.аз хасис. (ФЗТ ҷ1.саҳ 724) Магар мешавад,ки ин во­жаро истифода набарем? Ме­шавад гӯем, ки дигар мукофот нагӯед? Албатта, не.

Бояд зикр намуд, ки вожаи «Аҷам» дар фарҳанги забони тоҷикӣ чунин шарҳу тавзеҳ ёф­тааст:

Аҷам (бе ҳамсадои ҳалқии «ъ»)1. а. ҷангал, беша.

Эй ки аз адли ту шери аҷам

оҳубараро,

Бе забон парвардаш дар

даҳони худ гӯ забон.

Бадри Чочӣ.

Аҷам II. (бо ҳамсадои ҳалқӣ) а. Мардумони ғайриараб; қавмҳои форсу тоҷикзабон; 2. мулк ва сарзамини форсу тоҷик.

Басе ранҷ бурдам дар ин

сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин

порсӣ.

Фирдавсӣ.

Воҳиди фразеологӣ. Ҳавои аҷам номи оҳанге аз «шашмақом».

Дар базми мо нишасту ҳавои

Аҷам шунид,

Он кас, ки майли нағмаи

хорогудоз дошт.

Шоҳин

ФЗТ. ҷ.1. саҳ. 123.

Баъзе эродҳои Додихудо Сай­муддинов қобили дастгирист, баъзеи дигар не.Як донишҷӯйи курси чоруми факултаи фило­логия ба он кас суол дод, аммо дар байни ҳама ӯро шарманда кард, ки ту аз куҷойӣ? Чаро бо лаҳҷа гап мезанӣ? Сабаб ин буд, ки донишҷӯ калимаи «қати»-ро истифода бурд. «Саводи хуб надоштайӣ» гуфтани Д. Сай­муддинов маро дар тааҷҷуб гу­зошт. Аҷабо! Савияи дониши ӯро аз куҷо медониста бошанд!? Магар худи Д. Саймуддинов бо лаҳҷа суханронӣ накардаанд? Дар суханронии он кас пурра лаҳҷа мушоҳида мешуд-ку! Эро­дашон дуруст, лекин донишҷӯе, ки савол дод, ҳамагӣ як кали­мааш лаҳҷавӣ буд. Д. Саймуд­динов бошанд, аз аввал то охир бо лаҳҷа сӯҳбат мекарданд. Ма­гар дар суханронияшон забони Эронро таблиғ намекарданд? Эшон неву ишон нагуфтанд?

Ман ба мӯҳтарам Д. Сай­муддинов ягон хусумати шахсӣ надорам. Эроди ман ин аст, ки вақте раиси Кумитаи забон ба забони ноби тоҷикӣ озодона суханронӣ карда наметавонад, пас аз мардуми одӣ чӣ гуна та­лаб кунем, ки бо забони адабӣ сӯҳбат намо!

Як донишҷӯй даст боло кар­да, ба Додихудо Саймуддинов суол дод, ки «вақте рӯзномаи СССР-ро мутолиа мекунӣ, пур аз ғалат аст. Оё нисбати чунин нашрияҳо чораҷӯйӣ намеку­нед?». Дар посух раиси Куми­таи забон бо ифтихор мегуфт, ки «навбати СССР ҳам мера­сад». Шояд ӯ чанд ҳафтаномаи басташударо дар назар дошт. Хуб мешуд,ки нисбати ғалатҳои матбуоти даврӣ чораҷӯйӣ мекарданд,вале баста шудани ин ё он нашрия на дар дасти раиси кумитаи мазкур асту на дар дасти мо.

Ба назари банда, аксари устодону донишҷӯён мушоҳида карданд, ки қисми зиёди саволҳо ба ректори донишгоҳ пешниҳод шуда буд. Бояд қайд кард, ки назар ба раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ректори ДМТ хуб­тар ва бо забони адабӣ озодона сӯҳбат кард. Ва ин суханҳо бе тамаллуқ гуфта мешавад.

Ин ҷо суоле посух мехоҳад, ки донишҷӯён аз ин гуна вохӯриҳо ба худ чизе меги­рифта бошанд ё не? Ҳамзамон, мақоли халқие ба ёд меояд: «Муллоя гапаша гиру кораша накун». Ва ниҳоят, як суоли по­сухталаби дигар ба устодони мо ва дигар зиёиён, ки «вожаи «Аҷам»-ро истифода барем ё не?». Умед дорам, ки нафаре аз миёни рӯшанфикрони тоҷик пайдо мешаваду ба ин суол по­сух мегӯяд.

Азимҷон БАДАЛОВ,

БМСТЖ

 

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: