Главная > Uncategorized > Кофирӣ дар мусулмонии кист?

Кофирӣ дар мусулмонии кист?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар су­ханронии хеш «фарзанд бояд хушхулқу баодоб, до­нишманду соҳибҳунар бо­шад» оид ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таъ­лиму тарбияи фарзанд» сарчашмаҳои таърихӣ-фарҳангии зиёдеро ис­тифода бурда, роҳҳои тарбияи фарзанди хубро падарвор нишон додааст.

Президент бо далелҳо аз афзудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон (куштор, авбошӣ) ва ривоҷ ёфтани бекоркунии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, як сабаби решаронии ин амалҳои номатлубро аз табаддуло­ту таҳаввулоти тазоданге­зи сад соли охир мебинад, ки ба низоми таълиму тарбия осеб расонда, ба эҷоди он монеаҳо эҷод кардаанд. Мо — насли солҳои Шӯравӣ мушоҳида кардаем, ки бефарҳангӣ, ҷиноят ва номусулмонӣ «мева»-и наслҳои давраи ҷанги шаҳрвандист.

ГАЛСТУК ВААРАҚЧИН

Дар замони Шӯравӣ танҳо зиёиён галстуку кӯлоҳ доштанд, ки рамзи бофарҳангии онҳо буд. Ҳар навҷавон орзу мекард, ки мисли онҳо гардад. Имрӯз бошад, аз боғҳои кӯдакон сар карда, ҳама сар ба сар галстукдор шуду аз фарҳанг дур. Дар танаффусҳо мактаббачагону донишҷӯён аз галстукҳои ҳамдигар дошта, чор тараф «бузкашӣ» мекунанд. Ду-се сол пеш гӯё бо галстук мусобиқа дошта бошанд, арақчин (тоқичаҳои сафед, ки ба милла­ти мо ягон дахл надоранд) пайдо шуданд. Ҷавонҳо рӯзҳои ҷумъа ба китф ҷойнамоз, ба даст тасбеҳ масҷидҳо рафта, «гӯё» Худоро ёд мекунанд ва чун ба кӯча барома­данд, аз ҳамон забоне, ки зикри Оллоҳ карда буданд, дашномҳои гӯшношунид садо дода, даҳон аз олоти ҷинсии мардинаю за­нона «пур» мешавад. Дар кӯчаю нақлиёт ҷавонону баъзан мӯйсафедон ҳам «фашар-фашар» карда, самбӯса мехӯранд, ки ба ягон расму оини тоҷикӣ ва қоидаи ислому инсонӣ рост намеояд.

КОФИРӣДАР

МУСУЛМОНИИ КИСТ?

Имрӯзҳо дар ахлоттӯдаҳо пар­тофтани кулчаҳои равғанину фа­тир, ки маҳсули «мусулмон»-ҳост, бештар ба чашм мерасад. Шояд ҷавонон надонанд, лекин падару модар ва бобою бибиҳояшон дар давраи ҷанги гражданӣ фаромӯш кардаанд, ки шабу рӯз ба сармою гармо аҳамият надода, барои 2-3 бухонка хлеб навбати тӯлониро интизор мешудем?

Тирпарронӣ… Куштор… Хун ҳам фаромӯш шуд. Раҳмат ба Ҳукумати ҶТ, ки дар соли 2010 ворид шудани «хлопушка»-ҳоро хеле ва хеле кам карданд. Ле­кин боиси нигаронист, ки соли сипаригашта ба ҷумҳурӣ туфанг­чаю автоматҳои саққопарронӣ зиёде оварда шуд. Дар аксар нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ мактаббачаҳо (синфи 1-11) шабу рӯз ба як бозӣ — таъқиби шари­ки шартӣ ва аз силоҳҳои гуно­гун «ҳуҷум» карда, оқибат ӯро «маҳв» кардан машғуланд. На­ход он тоҷири «бофарҳанг» ғайр аз силоҳбозичаҳо натавонад, ки бозичаҳои меъморӣ («кон­структор»), бозии «футбол»-у «Хоккей», «шашка»-ю «шоҳмот» ба кишвар ворид кунад? Дар «Ахбор»-и шабакаи якуми ТВТ пас аз торумор шудани гурӯҳи террористӣ лаҳзаеро (ду маро­тиба) ба тамошобин пешкаш карданд, ки дар он ҷасадҳо ху­нолуд мехобиданд ва дасте но­хост сари як мурдаро башаст аз мӯяш боло карда, бо навбат ҳар ду чашми ӯро ба экран наздик оварда, кушод. Бигзор ин лаҳза ин гурӯҳҳоро муваққатан тар­сонд, вале барои миллионҳо на­врасону ҷавон ин боз як дарси бераҳмӣ, амали ғайриинсонӣ ва номусулмонӣ буду бас…

ДАРСҲОИ МАҲВИ БЕСАВОДИЮ БЕФАРҲАНГӣЗАРУР

Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ҳукумати шӯроҳо дар ба­робари дигар амалҳои нек дар сар то сари Иттиҳоди Шӯравӣ барои коргару деҳқонҳо дарсҳои (курсҳои) маҳви бесаводӣ кушод, ки миллионҳо новобаста ба синну сол аз он баҳраи хуб гирифтанд.

Дар 20 соли истиқлолият Ҳукумати ҶТ тавонист, ки ак­сари мактабҳоро бо компютер таъмин кунад, вале сатҳи дони­ши ҷавонону наврасони имрӯза ба «3»-хонҳои се-чор соли пеш аз ба истиқлолият расиданамон баробар нест. Зеро як сари ин компютерҳо ба интернет пайваст набуда, ҷуз бозичае нестанд. Аз ин рӯ, дар шаҳри Душанбе — маркази илму фарҳанг юриши як мактаб ба мактаби дигар, ки оқибатҳои нохуш ба бор меорад, авҷ мегирад.

Наход сарварони мактабҳои №59 ва №32-и ноҳияи Сино, ки задухӯрди хонандагонашон ҳар сол ба як анъана табдил ёфтааст, роҳи халосӣ аз ин бефарҳангиро наёбанд? Солҳое, ки мо дар мактабҳои деҳоти кӯҳистон таҳсил мекардем, ҳар моҳ бо 3-4 макта­би дигар аз футбол, волейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, дави­дану ба дурӣ паридан мусобиқа мегузарондем, озмунҳои ровиён, «Шоҳнома»-хонӣ, расмкашӣ бар­по мегашт.

Сарварони мактабҳои №59 ва №32 бошанд, ғайр аз бо як сатил оҳак об «мактаби №95 зӯр!» ё «Мактаби №32 зӯр!»-ро дар деворҳо сафед кардан дигар кори тарбиявие ёфта наметаво­нанд. «Болои сӯхта намакоб», фарши тахтачабандии толори варзишии мактаби №59 «шуд­гор» шуда, 15-16 сол боз чунин ҳол дорад. Маблағҳое, ки ҳар сол аз шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино ва хонандагон барои «таъмир» ҷамъ мешаванд, куҷоянд? На­ход дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе ҷавонону на­врасони ин мактаб дар мавсими барфу боронгарӣ танҳо шашкаю шоҳмотбозӣ кунанду дигар аз беилоҷӣ ба юриш машғул гар­данд?…

ҲАЗОР ОЗОР АЗ ЯК БОЗОР

Бозорчаи давлатии «Деҳқон», ки филиали бозори «Деҳқон»-и шаҳраки Гипрозем аст, чандин солҳо боз дар маҳаллаи «Дил­шод» (микрорайони 33)-и ноҳияи Сино фаъолият дорад. Растаҳои «Мева», «Сабзавот», «Нон», «Кабудӣ», дӯконҳои «Хӯрокворӣ» ва «Нонвойхонаҳо» низ бо тартиб ҷойгир шуда, аз субҳ то шом кор мекунанд. Зеро бозор реҷаи корӣ надорад. Мардум шабу рӯз аз байни кунгураҳои асосии қисми шимолию ҷанубӣ ва гузаргоҳҳои шарқию ғарбӣ, ки бедарвозаанд, равуо мекунанд. Аз ин рӯ, баҳору тобистон то соати 12-и шаб дар дохили он беҳуда гаштани навра­сону ҷавонон ва ҳатто кӯдакони 4-5-сола мушоҳида мешавад. Аз рӯйи нақли як тоҷир, ҳар сол кор­мандони бозор овоза мекунанд, ки бозор баста мешавад ё қисми «молҳои саноатӣ»-ро хезондан даркор будааст. Роҳи халосӣ аз ин вазъият барои «боло» пул ҷамъ кардан мебошад. Тоҷирон, ки то ин дам маблағро ҷамъ ме­карданд, соли 2009 аз чекчи­ни бозор оид ба ин масъалаҳо супориш ё қарори ҳукуматиро пурсон шуданд… Инак, чанд сол боз «боло» тоҷиронро озор намедиҳад. Фарши бозор аз ҳисоби соҳибкорон бо тахтачаҳои сафолӣ тахту ҳамвор гашта, ран­гу бори пештахтаҳо ҳам ба дӯши онҳост. Чун соли 2011 қадам ниҳод, компютерҳои дӯконеро ба яғмо бурданд ва чанде нагузашта чанд милисаю як ҷавони дар даст блокнот пайдо шуда, бе ҳеҷ асос ҳама дӯконҳоро бастанд. Баъд­тар овоза шуд, ки ҳар як дӯкон бояд дастгоҳи мушоҳидаи беруна харидорӣ кунанд.

Бори нахуст шунидем, ки дар бозори бедарвоза дӯкончаҳо бояд чунин дастгоҳҳои гаронбаҳоро насб кунанд…

ХУЛОСА

1. Дар «микрофони озод»-и телевизиони тоҷик танҳо як мӯйсафед аз ҳама олиму омӯзгору кормандони ҳукумати ин ё он ноҳия дида, хулосаи ду­руст бароварда, гуфт: «Ҷавонону наврасон ва кӯдаконро тарбия кардан лозим мегӯем, вале ба фикри банда, аввал падару мо­дари онҳоро, ки «маҳсул»-и дав­раи ҷанги шаҳрвандиянд, тарбия бояд кард».

2. Дар назди мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ чун давро­ни Шӯравӣ мактабҳои шабонаи маҳви бефарҳангӣ барои падару модар кушода шавад.

3. Дар муассисаҳои таълимӣ устодон ба сифати до­ниш, на сурати доништалаб аҳамият дода, масҷидҳо низ ба наврасон на танҳо хондани оятҳо, балки ахлоқи некро ҳидоят ку­нанд.

4. Дар маркази биноҳои компютерӣ ташкили бозиҳои ба куштор, таркиш ва зӯроварӣ асосёфта манъ карда шавад. Гумрукчиён пеши роҳи воридгар­дии ҳар гуна бозичаҳоеро, ки ба зӯроварӣ, куштор ва бадахлоқӣ заминагузоранд, гиранд.

5. Шабакаҳои телеви­зиони тоҷик ҳаракат кунанд, ки дар намоишҳояшон лаҳзаҳои зӯроварӣ ва бераҳмӣ пайдо на­шавад.

6. Сарварони мактабҳои таълими ҳамагонӣ ба корҳои беруназмактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бо гузарондани мусобиқаҳои варзишӣ дар бай­ни шогирдонашон «юришҳо»-и онҳоро пешгирӣ кунанд.

7. Аҳли ҷомеа, бозору мағозаҳо низ чун нуқтаи тарбия амал кунанд, на чун бетараф. Махсусан бозори обод метаво­над, ки дар ин роҳ амалҳои хуб нишон диҳад.

8. Нозирони минтақавии милиса ва кор бо ноболиғон аз хоби гарон бедор шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шабу рӯз аз мавҷудияти худ хабар диҳанд.

Агар ҳар кас — аз фаррош то академик, аз тоҷир то бонкир, аз муаллим то мулло, аз милиса то генералҳо сар карда, падару мо­дар, хоҳару бародар ва умуман аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас кӯшиш кунанд, шояд дар ин самт таконе ба вуҷуд ояд.

Ҳотами НАФИС

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: