Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш.

Рӯзбеҳ соли 106-и ҳиҷрӣ мутобиқи 724-и мелодӣ дар деҳаи «Ҷур» таваллуд шуда­аст. Ин деҳаро ҳоло Фирӯзобод мегӯянд. Маънои номаш «муборак» мебошад. Номи падараш Додавайҳ, мутаваллии хироҷи Форс буд. ӯро Ҳаҷҷоҷ таъйин карда, дар Басра барои насупоридани хироҷ чунон зада буд, ки як дасташ хушк шуда буд. Аз ин сабаб ӯро «Муқаффаъ», яъне хушкшу­да номидаанд. Писарашро ҳам ба ин ном хонданд. Вақто ки Рӯзбеҳ ислом қабул кард, Абдуллоҳ ном гирифт ва кунияашро Муҳаммад гузошт. Рӯзбеҳ дар Форс ба воя расид. Майли ӯ бештар ба омӯзиши мада­нияти форсӣ буд. Пайрави дини Зардуштӣ бар мазҳаби оташпарастӣ буд. Баъдтар ба Басра омада, илму адаб ва забони ара­бро дар онҷо омӯхт. Дар рушди маънавии ӯ ду омили асосӣ вуҷуд дошт: яке дони­стани маданияти форсӣ, юнонӣ ва ҳиндӣ ва дуюм фасоҳати забони араб. Ва ҳамаи инро Рӯзбеҳ бо ду аслиҳа — аслиҳаи фикрӣ ва забонӣ пешвоз гирифт.

Муқаффаъ чанд муддате дар хизмати халифаи умавӣ (Марвон ибни Муҳаммад) буд ва дар Кирмон иқомат дошт. Баъдтар ҳангоме ки дар давлати аббосӣ бо аҳли фазлу аҳли давлати он сару кор пайдо кард, зарурате барояш пеш омад, ки оян­даи шахсии ӯро муайян мекард. Ин зару­рият, муносибати ӯ нисбат ба дини ислом буд. Муқаффаъ исломро қабул кард. Дар китобҳои таърихӣ ривоят кардаанд, ки чун Муқаффаъ баъди қабули дини нав, яъне ислом, рӯзе дар пайраҳаи танге мерафт, ки кӯдаке ки ин оятро бо овози баланд ба хондан сар кард: «Алам наҷъалу-л-арза миҳодан ва-ал-ҷибола…», яъне «Оё за­минро барои шумо таҳти хоб наофарида­ем…» Ибни Муқаффаъ боз истод, то кӯдак сураро ба охир расонд. Баъд Муқаффаъ худ ба худ гуфт: «Дар ҳақиқат ин ба гуфтаҳои башарӣ монанд нест». Сонӣ ба назди Исо ибни Алӣ рафта гуфт: «Ислом дар дили ман ҷойгир шудааст. Мехоҳам, ки бо шоҳидии ту мусулмон шавам». Исо гуфт: «Барои ин кор бояд, ки сардорон ва мардум ҳозир бошанд. Агар пагоҳ му­сулмон шуданӣ бошӣ, ҳамаро ҷамъ мео­варем». Рӯзбеҳ ҳамон бегоҳ ба Исо таоми шомро оварда, ҳамроҳи ӯ ба хӯрдан сар кард. Ҳангоми хӯрдан ба равишу одати маҷусиён таом мехӯрд ва замзама мекард. Исо гуфт: «Азми мусулмонӣ дорию боз замзама мекунӣ?» Муқаффаъ ҷавоб дод: «Намехоҳам, ки рӯзеро ҳам бе дин гузаро­нам». Вақто ки мусулмон шуд, ба вазифаи котиби Исо таъйин гардид. Қатъи назар аз ҳамаи алоқамандиҳо ва пайвастагиҳои маънавӣ ва моддие, ки Рӯзбеҳ бо аҳли давлати аббосӣ дошт, ӯ ба он давлат ва бо дини он ихлоси ҳақиқӣ надошт. Майли ӯ ба ҷониби миллати хеш – форс буд ва дар зиндагии илмӣ ва шахсии худ тамасхӯр ва ришханду истеҳзоро нисбат ба араб, аҳли давлат ва дини ислом дареғ наме­дошт. Масалан, дар номае узрхоҳона аз номи хешони халифа Мансур, чунин на­виштааст: «Вақте ки Амир-ал-муъминин ба амаки худ Абдуллоҳ ибни Алӣ ғадр ва ҷабр кард, занҳояш талоқ, ҳайвоноташ маҳбус, ғуломаш озод гашта, мусулмонон ҳуқуқ доранд, ки ба ҷойи он халифаи ди­гаре интихоб кунанд». Мансур дар ҷавоб гуфтааст: «Оё, як кас барои ӯ кифоя на­мекунад?» Дар ин ҳангом Суфиён ибни Муовия ибни Язид ибни Мулаҳҳаб ҳозир буд. ӯ аз пеш нисбат ба Рӯзбеҳ дар дил кинаву адоват дошт. Чунки Рӯзбеҳ ҳамеша Суфиёнро масхара мекард. Суфиён бинии калон дошт. Ҳангоми вохӯрӣ Рӯзбеҳ ба ӯ чунин салом мекард: -Салом ба шумо, ҳарду (яъне ба Суфиён ва биниаш). Ху­лоса Суфиён аз Халифа Мансур иҷозати қатли Рӯзбеҳро гирифта, ба ривояте ӯро дар хонаи худаш (яъне дар хонаи Суфиён) қатл мекунад. Ба ривояти дигаре, ӯро дар чоҳ партофта аз болояш санг мерезанд. Ба ривояти сеюм, ӯро дар ҳаммоми таф­сон ба ҳалокат мерасонанд. Ба ривояти чорум, аъзои бадани Рӯзбеҳро як-як бу­рида ба танӯр мепартояд ва мегӯяд: «Ба модарам қасам, ки туро тавре мекушам, ки касеро накушта бошанд» ва дар охир ба Муқаффаъ мегӯяд:: «Эй фарзанди зиндиқ, туро пеш аз оташи дӯзах, дар оташи дунё месӯзонам» ва ғайра. Бояд гуфт, ки маҳз ҳамин ривояти охирин ба ҳақиқат наздик аст.

Симои маънавии Муқаффаъро дар таъ­рих, бо ҳар ранг нақш кардаанд. Ақидаи гузаштагон ва муосирон доир ба ӯ якранг нест. Аксари мардум ӯро муаллифи «Ка­лила ва Димна» меҳисобанд. Дигарон мегӯянд, ки Рӯзбеҳ яке аз он бузургони маданияти инсонист, ки дар насри арабӣ қадамҳои барҷастае ба пеш гузоштааст. ӯ дар таълифоти арабии худ дорои услуб ва таъбироти махсус аст. Дар олами балоғат ва баён, устоди болодаст буда, эҷодиёти ӯ натиҷа ва самараи ақли борикбин ва дурахшони вай буданд. Дигарон ақида до­ранд, ки Рӯзбеҳ яке аз он мутарҷимонест, ки мақолаҳо ва рисолаҳои навиштаи ӯ ило­ва ба тарҷимаҳои пурқимати ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии замони худ ва баъдтар таъсири фаровонро доро шудаанд. Дар воқеъ, Рӯзбеҳ намояндаи барҳақи замон ва асре буд, ки зиддиятҳои зиёдеро дар си­мои як фарди он таҷассум мекард. Рӯзбеҳ овози мутлақ ва аз банду қайд озодгаш­таи аҳли шуубия буд. ӯ ҳамчунин овоз ва нидои ҳамаи шохаҳои маданияти қадимаи гуногунмиллати пешазисломӣ буд. ӯ як симои форсӣ, аристократӣ, эклектикӣ (гу­стох) дар зиндагии иҷтимоӣ ва эҷодиёти илмӣ буд. Симои ҳақиқии ӯ аз он иборат аст, ки ӯ марди оқил, фалсафӣ, сиёсатдон ва барои адабиёти араб яке аз пешвоёни насри бадеӣ ба шумор меомад.

Хусусиятҳои шахсии Рӯзбеҳ низ, ҳамчун шахсият, ибратомӯзанд. Ба навиштаи му­аррихони гузашта Рӯзбеҳ дорои шахсияти барҷаста будааст. Хусусиятҳои фардии ӯ иборат аз заковатмандӣ, серҳаракатӣ, борикбинӣ, бадоҳати фаврӣ, ҷамоли зебо ва хушсӯҳбатӣ будааст. Аз асли худ, яъне аз миллат форс низ баъзе хусусиятҳо ба меросӣ гирифта буд: Ҳаётдӯстӣ, майли ҳазлу шӯхӣ ва майли ба даст овардани фазилатҳои инсонӣ. Маданият ва маълу­моти ҳамаҷонибаи ӯ илмӣ ва амалӣ буд. Зеро чунон ки мегӯянд «Илми беамал ба мисли дарахти бесамар аст». ӯ дар илми таърих, бо таърихи Форс ва бузургию аза­мати ин миллат меболид ва баҳсу анде­шаро дар ин соҳа барои худ фараҳмандии маънавӣ ҳисоб мекард. Дар илми фалса­фа ақлу забонаш машғули муқоисаҳои мантиқии фалсафаи Юнон буд. Дилу ҷони худро ба самараҳои ширини ҳикмати Ҳинд шодоб мекард.

Китобҳои фалсафа, таърих, ҳикмат ва адабро хонда истода, Рӯзбеҳ кӯшиш ме­кард, ки дар шахси худ беҳтарин сифатҳои наҷиби умумиинсониро таҷассум кунад. ӯ самараи мутолиаҳои худро дар ҳаёти шах­сиаш татбиқ мекард. Муаррихи машҳур Ал-Асмаъӣ ривоят мекунад, ки аз Ибни Муқаффаъ пурсидаанд: «Туро адаб кӣ омӯхт? Гуфтааст: «Худам адаб омӯхтам». Инчунин овардаанд, ки баъди кушта шу­дани Марвон охирин халифаи бани Умайя Абдулҳамид ибни Яҳё барои пинҳон шудан ба хонаи дӯсташ Рӯзбеҳ мегурезад ва дар он ҷо пинҳон мешавад. Одамони халифа омада мепурсанд: «Абдулҳамид куҷост?». Рӯзбеҳ ва Абдулҳамид ҳар ду якҷоя бо як овоз ҷавоб медиҳанд, ки: «Он, ман ҳастам!».

(Давом дорад)

 

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Гуфтам: «Ба китобхона ҳар рӯз ба­рои қоғазу китоб харидану қаламу сиёҳӣ гирифтан меравам. Лекин дар он ҷо нишаста, бо касе сӯҳбат наоростаам». Қӯшбегӣ гуфт: «Сабаб чист, ки шуморо дар байни ин ашхос, боз дар мартабаи саввум навиштаанд?». Гуфтам: «Са­баб дер боз мехонам». Қӯшбегӣ гуфт: «Сабаб маълум шуд. Чаро ҷарида мехо­нед?!». Гуфтам: «Ҷарида чизи мамнӯъ нест. Дар матбааҳои хоки Рус табъ ме­шавад ва аз назари сензори Рус мегу­зарад ва низ танҳо ман намехонам, дар Бухоро ҳар рӯз тахминан ҳазор адад ҷарида омада, ба хонандагон фурӯш мешавад». Қӯшбегӣ гуфт: «Дигарон хо­нанд, сабаби ҳарф намешавад, шумо ки як муллои хатмкардаи маълум ҳастед, ҷарида хонданатон муҷиби муохаза (танбеҳ) мегардад. Шумо китоб хонед! Қуръон хонед!». Гуфтам: «Қуръонро ҳам дар вақташ хонда мешавад, аммо китобҳои кӯҳнаро низ он чӣ дастрас буд, муқарраран (чандин борҳо) хон­дам. Фақир дар мутолиа зиёда ҳарисам (сахт хоҳишмандам), ҳам ҳирсам (шавқу шӯрам) ба дараҷаи ишқ расидааст. Аз бозе, ки ба ҷароид ва китобҳои то­затабъшуда даст ёфтам, сериву пурӣ мутолиа мекунам. Агар як рӯз мутолиа накунам, хафақон (нафасгир) меша­вам»…

Қӯшбегӣ табассуме карда гуфт: «Пас аз шумо мехоҳам, ки то тамом шудани муҳориба ҷарида нахонед». Гуфтам: «Ба чанд ҷарида муштарӣ ҳастем, хоҳ хонам, хоҳ нахонам, ба номам ҷарида меояд». Қӯшбегӣ гуфт: «Ба кадом ҷароид муштарӣ ҳастед?». Гуфтам: «Ба «Вақт», «Тарҷумон», «Шӯро»». Қӯшбегӣ гуфт: «Ба номи мо низ ҷарида меояд (дар пеши зонуи худ ба ҷароид ишора кард), намехонам, гӯед, мурахха­сед!». Фақир ба ҳамин қадар мусоҳиба аз қушбегӣ мураххасӣ (рухсат) ёфта, ба ҳуҷраи худ омадам. Маълум шуд, ки дар ин воқеа Мирзо Саҳбобӣ, Ҳоҷӣ Додхоҳ Ғозибеки туқсоба, писари Мир­зои Урганҷӣ, Ҳоҷӣ Абдусаттори Даллол, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Муҳиддин Махдум, Аминҷон Махдум ва Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ ва ғайруҳум каси би­сёреро навишта будаанд. Қӯшбегӣ ба баъзеи инҳо мисли Абдурауфи Фитрат ва Ҳоҷӣ Абдусаттор хеле ба шиддат муомила карда будааст. Аҷобат дар ин ҷост, ки дар ин ҷадвал номи Мирзо Иззатуллоҳ низ мактуб буд ва ҳол он, ки Мирзо Иззатуллоҳ як моҳ пеш аз ин воқеа ба Маскав ва Макариё сафар кар­да буд. Диққат фармоед! Коргузорони рус ба чӣ дараҷа сарсариёна мардум­ро ташвиш медодаанд. Акнун дар асоси масъала як назар андозем. Аҷабо, амсо­ли ин гуна таҳқиқоту таъқибот дар сиё­сати Рус чӣ манфиат мерасонад?

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: