Главная > Uncategorized > Эшони Нуриддин рафт

Эшони Нуриддин рафт

Эшони Нуриддин (Эшони Нуриддинҷон) аз рӯҳониёни маъ­руфи кишвар ба шумор рафта, дар хориҷ низ шунавандагон ва дӯстдоронашро касб намудааст. Ин рӯҳонӣ бо шеваи хоси худ амри маъруф намуда, ҷавононро ба покизагӣ ва эҳтиром гу­зоштан ба муқаддасоти динӣ раҳнамун менамуд. Ин кори рӯҳониро қишре аз мардум хуш қабул намуда, сабтҳои наворро аз ҳафтае то ҳафтаи дигар инти­зор мешуданд. ӯ дар хонаводаи рӯҳонӣ ба дунё омада, падараш Эшони Тӯраҷон аз шахсиятҳои маъруфи кишвар ба шумор мерафт. Ахиран рӯҳонии шинох­та Эшони Нуриддин бо хоҳиши худ аз имомхатибии масҷиди «Муҳаммадия»-и шаҳри Ваҳдат барканор рафтааст. Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки 10 имом­хатиби масҷидҳои пойтахт аз вазифаашон барканор шудаанд. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки ин дигаргунӣ на бо дахолати онҳо, балки бо хости худи намоз­гузорон ба вуқӯъ пайвастааст.

Истеъфои Эшони Нуриддин

Нуриддин Тӯраҷонзода, ки чан­де қабл барои як «гуфтугӯи дӯстона» ба Кумитаи давлатии амнияти мил­лии Тоҷикистон даъват шуда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз гашта буд, масъулияти сарварии масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия»-ро бар дӯши бародари худ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода вогузош­тааст. Чунин ранг гирифтани корро Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода — бародари Эшони Нуриддин дар он медонад, ки бародари бузургаш ширкат кардан дар маҷолиси расмиро чандон хуш надорад ва ба ин гуна расмиятҳо одат накардааст. Аз ин рӯ, қарор шудааст, ки Маҳмудҷон Тӯраҷонзода вазифаи имомхатибиро бар дӯш дошта бошад.

Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, яке аз дигар аз донишмандони хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо масъулияти имомхати­бии ин масҷидро ба ӯҳда хоҳад дошт ва бародараш Эшони Нуриддинҷон ҳамчун муовини Маҳмудҷон Тӯраҷонзода фаъо­лият хоҳад кард.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Кумитаи дини Тоҷикистон номгӯи 60 мавзӯъро барои мавъизаҳо ба имом-хатибон пешниҳод кардааст. Дар гузашта бархе аз мавъизаҳои Эшони Ну­риддин рӯҳияи шадид ва интиқодӣ касб дошта, даҳҳо навори чунин мавъизаҳо мусодира ва маҳв шудаанд. Эҳтимол меравад, ин рӯҳонӣ нахоста бошад ба дастури мақомот дар интихоби мавзӯъи сӯҳбатҳои намози ҷумъа итоат кунад.

Фишорболоидиндорон?

Бархе аз коршиносон барканории 10 имомхатиби масоҷиди Душанберо ба талошҳои давлат дар муқобили дин­гароии афзояндаи аҳолӣ ва густариши ақидаҳои тундравонаи мазҳабӣ бастагӣ медиҳанд. Рӯйдодҳои чанд моҳи охир намуна оварда мешаванд, ки баргар­дони донишҷӯёни тоҷик аз мадориси кишварҳои исломӣ, бастани масҷидҳои бидуни сабти ном, таъқибу боздошти ҷавонони ришдор ва барчидани дискҳои мазҳабӣ аз нуқтаҳои савдо, маҳдудият дар пӯшиши либоси исломӣ аз ҷумлаи онҳоянд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сармуҳаррири нашрияи «Наҷот» ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки ба интихо­би озоди имом-хатибони шаҳри Душан­бе бовар надорад. Вай афзудааст: «Мо иттилоъ дорем, ки шаҳрдори Душанбе дар ин замина дастурҳое дода ва бояд ба симати имом-хатибон танҳо нафаро­не интихоб шаванд, ки фармонҳои раи­си шаҳрро комилан иҷро мекунанд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки магар метавон ба интихоботи озоди имом-хатибон бовар кард? Магар дар даҳ масҷид яку якбора тасмими иваз кардани имом-хатибон ги­рифта шудааст?».

Дар ҳамин ҳол, масъулони бахши адёни шаҳрдории Душанбе гуфтаанд, ки табдили имом-хатибон дар масоҷиди ин шаҳр ба санҷиши дониши онҳо ё та­ъйиди салоҳияти онҳо (аттестатсия) ҳеҷ рабте надорад.

Шамсиддин Нуриддинов, раиси бах­ши адёни шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ки ҳоло марҳилаи таъйиди салоҳияти имом-хатибони пойтахти Тоҷикистон фаро нарасидааст. Тибқи иттилои Ку­митаи дини Тоҷикистон, ин санҷиш ҳоло дар миёни имом-хатибони масоҷиди ви­лояти Суғд идома дорад.

Дискҷамъкунӣ

Чанде пеш аз тарафи маъмурони «Тоҷиккино» дар бозорҳои пойтахт рейдҳо гузаронида, дискҳои мазҳабиро барчиданд. Ин рейд барои барчидани дискҳое ташкил шуда буд, ки дар онҳо амали зӯроварию ношоиста инъикос ме­гардид ва метавонист ба ахлоқи ҷавонон таъсири манфӣ расонад.

Боре дар сӯҳбат роҳбари «Тоҷиккино» гуфта буд, ки мо бо ҳамроҳи баъзе кор­мандони мақомоти қудратӣ ва масъулони бозорҳо рейд гузаронида, филмҳоеро, ки дар он хусусияти зӯроварӣ дида шавад, ё дар намоиш мардуми Тоҷикистонро таҳқир карда бошанд, ҷамъоварӣ меку­нем.

Баъди он рейдҳои гузаронидашу­да, яъне имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши дискҳо қариб ки диски мазҳабӣ дида намешавад. Вале филмҳое, ки роҳбари «Тоҷиккино» ба он ишора карда, буд зи­ёданд. Ҳатто тариқи шабакаи телевизи­онаи кӯдаконаи кишвар — «Баҳористон», ки рисолаташ пахши барномаҳои тар­биявист, намунаҳои зиёде аз филмҳои зӯроварию баъзан бӯсобӯсӣ ҳам намоиш дода мешавад.

Шояд таъсири ҳамин амалиёт буд, ки каме баъдтар, соли 2010 оилаи Тӯраҷонзодаҳо сомонаеро бо нишонии http://www.turajon.com ба кор дароварданд. Дар ин сомона амри маъруфҳое ҷой дода мешуданд, ки қаблан ба навор гирифта шудаанд. Ҳамчунин, сабтҳои наве, ки ҳар ҳафта дар намози ҷумъа ба навор гирифта мешаванд, дар ин сомона пахш мегарданд.

ЭшониНуриддинва мақомот

Эшони Нуриддинҷон аз ҷумли воизо­ни маъруфи кишвар аст, ки дар байни мардум аз маҳбубияти хосе бархӯрдор буда, мавъизаву гуфторҳояш ҳаводорони зиёд дорад. Аммо маъмурони амниятӣ ба ӯ гуфтаанд, ки дар мавъизаҳояш тарғибу ташвиқи зиддиқонунӣ ошкор шуда, ду­нявияти сохти сиёсии Тоҷикистон таҳти суол бурда мешавад. Эшони Нуриддин гуфтааст, ки мақомот мавъизаҳои ӯ, аз ҷумла дар мавриди ҳаром будани шароб ва зиноро муғойир ба қонунҳои давлати демократие чун Тоҷикистон арзёбӣ кар­даанд. Вай меафзояд, ҳамчунин мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки мавъизаҳои ӯ ороми­ши ҷомеаро барҳам мезананд ва боиси густариши тундгароӣ мешаванд.

Рӯҳонӣ ҳамчунин мухолифаташ алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро рад карда, гуфтааст, ки аз иқдомоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар маври­ди эълом доштани соли Имоми Аъзам, мавқеъгириҳои байналмилалияш дар мавриди исломро ҷонибдорӣ мекунад.

Баъд аз се даъват барои гуфтугӯ дар Кумитаи давлатии амнияти мил­лии Тоҷикистон Эшони Нуриддинҷон гуфта буд, ки дар сурати идома ёф­тани фишорҳои ҳукумат бар ӯ ва дар ҳоли маҳрум кардани ӯ аз минбараш Тоҷикистонро ба қасди Қазоқистон, ки он ҷо низ ҳаводоронаш зиёданд, тарк хоҳад кард. Инак, ӯ аз минбар маҳрум шуд. Аммо суоле ҷавоб мехоҳад, ки оё ӯ дар ҳақиқат аз ин баъд равонаи Қазоқистон мешавад? Гумон меравад, ки барои чунин як сафари ӯ ҳанӯз барвақт аст.

Ф. Ҳакимов,

Р. Қаҳҳоров,

махсус барои «Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: