Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > Ҳукми 12 асраву 29 сола

Ҳукми 12 асраву 29 сола

ё паси дарҳои пӯшида чӣ мегузарад?

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шояд яке аз парвандаҳои мавриди баррасӣ қарордодашудаи пурҳангома дар таърихи системаи судии Тоҷикистон паси панҷара кашидани 46 нафар бо­шад, ки онро судяи Суди Олӣ Б. Р. Му­родов муҳокима намуда, бо ҳукми худ ба судшавандаҳо дар маҷмӯъ 1229 сол ҷазои маҳрумӣ аз озодиро таъин ме­кунад. Пас аз 3 рӯзи хондани ин ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 нафар гурехтанд, ки чанд нафарашон бо ин ҳукм суд шуда буданд.

Баррасии ин қазия ба таври пӯшида дар маҷлисгоҳи маҳбасхонаи тафтишо­тии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргу­зор гардидааст. Чун ба мо волидону наздикони чанд нафаре, ки дар асоси ин парвандаи пурасрору пурсадо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда­анд, муроҷиат намуданд, хостем парда аз рӯи чанд масъала бардорем. Ба мо нусхаи ҳукму дигар муроҷиаташон ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шуд. Он чизе рӯи қоғаз меорем, дар асо­си нишондоди судшавандагон мебошад, ки дар ҳукмнома навишта шудааст. Аз болои ин ҳукм моҳи августи соли 2010 шикояти кассатсионӣ навишта шудааст. Аммо то ҳол он мавриди баррасӣ қарор дода намешавад.

Пешакӣ таъкид менамоем, ки мавзӯи баҳси мо масъалаи ҳамаи суд­шудагон вобаста ба ин парвандаро дар бар намегирад. Танҳо нисбат ба ҷинояте сухан ронданием, ки чанд тан афса­рони КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон со­дир кардаанд. Шарҳи хеле мухтасари ҳодиса чунин аст:

… С. А. Миралиев 17-уми апрели соли 2009 дар рухсатии хизматӣ қарор дошту бо хоҳиши командири қисми ҳарбӣ ба назди фабрикаи «Ширин»-и шаҳри Ду­шанбе омада, аз он ҷо овезаҳои (плакат) барои қисми ҳарбӣ тайёркардашударо гирифтанӣ мешавад. Тахминан соатҳои 08:15 дақиқа ба ӯ собиқ кормандашон За­фар Ҳасанов занг зада, аз ӯ дар куҷо қарор доштанашро мепурсад. С. А. Миралиев ба ӯ ҷойи қарор доштааш ва ба хонаашон, ба ноҳияи Восеъ рафтанашро иброз менамо­яд. З. С. Ҳасанов хоҳиш мекунад, ки ӯро интизор шавад. Дере нагузашта ба наздаш З. Ҳасанов бо автомашинаи тамғаи ВАЗ-21014 омада, С. А. Миралиевро гирифта, ба тарафи бозори «Саховат» ба ҷойи исти автомашинаҳои кирояи ба самти Кӯлоб мерафта равон мешавад. Дар роҳ Зафар аз С. А. Миралиев мепурсад, ки чаро саро­сема аст? С. А. Миралиев посух медиҳад, ки як сарбози қисми ҳарбиашон вафот кардаасту ӯро оварда истодаанд ва ӯ онҳоро бояд дар ноҳияи Восеъ пешвоз ги­рад ва ҷасади аскарро ба ноҳияи Темурма­лик бурда, ба аъзоёни оилааш супоранд. З. С. Ҳасанов пешниҳод мекунад, ки ба истгоҳи автомашинаҳои ба тарафи ноҳияи Данғара мерафта мебарад. Аз он ҷо тез­тар ба манзилаш мерасад. С. А. Мирали­ев розӣ мешавад ва ба тарафи истгоҳи номбурда, ки дар наздикии бозори «Са­ховат» ҷойгир аст, равон мешаванд. Дар роҳ З. С. Ҳасанов мегӯяд, ки се-чор нафар шаҳрвандони Афғонистонро аз сарҳад гу­заронида, ба қишлоқи Хоуни Афғонистон гусел кардан даркор аст. С. А. Мирали­ев мепурсад, ки он нафарони мегуфта­аш ҳуҷҷат доранд ё не? З. Ҳасанов ҷавоб медиҳад, ки ба фикраш ҳуҷҷат доранд. С. А. Миралиев мегӯяд, ки дар ростии қишлоқи Хоуни Афғонистон аз тарафи Тоҷикистон дидбонгоҳи сарҳадии «Шоун» қарор дорад ва ӯ дар он дидбонгоҳ ягон шиносе надо­рад. З. С. Ҳасанов посух медиҳад, ки он нафаронро аз куҷои сарҳад набошад, гу­заронида ба Афғонистон гусел кунад. С. А. Миралиев ба З. Ҳасанов ҷавоб медиҳад, ки ба сарҳад рафта мебинад, агар имконияти он нафаронро аз сарҳад гузаронидан пай­до шавад, хабар медиҳад. С. А. Миралиев тавассути автомашинаҳои кироя тахми­нан соатҳои 15:10 дақиқа ба хонаи худ ба ноҳияи Восеъ, қишлоқи С. Шариф мера­сад. Дар он ҷо ронандаи қисми ҳарбиашон Сайидаҳмад Иноятуллоев бо автомашинаи хизматиаш (тамғаи УАЗ-469) қарор до­штааст. Дере нагузашта ба он ҷо афсари шӯъбаи корҳои тарбиявии қисми ҳарбии 2711 лейтенант Ҷӯрашо Тоатов ҳамроҳи лейтенанти калон Гулобов, ки сардори дидбонгоҳи захиравӣ будааст, бо ду сар­боз меоянд. Сарбозҳоро барои аёдати па­дару модаронашон ҷавоб медиҳанд. Тах­минан соатҳои 18:00 ба С. А. Миралиев З. С. Ҳасанов занг зада, мегӯяд, ки ба тарафи Кӯлоб мусофир бурда истодааст ва баъди тахминан ду соати дигар занг зада меаф­зояд, ки дар назди деҳаи онҳо қарор дорад ва баромада бо ӯ вохӯрад. Азбаски макони вохӯрии таъиншуда дуртару ронанда маш­рубот истеъмол намуда будааст, С. А. Ми­ралиев бо автомашинаи қисми ҳарбӣ бо Ҷ. А. Тоатов ба назди З. С. Ҳасанов меравад. Дар он ҷо З. Ҳасанов бо мошини шахсиаш ва як автомашинаи кирояи дигар, ки ран­ги зард доштааст, онҳоро мунтазир буда­анд. З. Ҳасанов ба С. А. Миралиев мегӯяд, ки ҳамон одамони гуфтаашро овардааст. С. А. Миралиев ҷавоб медиҳад, ки ҳоло бо ягон дидбонгоҳ гапзанон накардааст. Соат тахминан 20:10 дақиқа будаасту З. Ҳасанов хоҳиш мекунад, ки бо мошинашон он одамони овардаашро ба ҷониби сарҳад баранд, бензинашро мерезанд. С. А. Ми­ралиев мепурсад, ки одамон чанд нафар ҳастанд. Ҳасанов З. ҷавоб медиҳад, ки бо фарзандонашон даҳ нафарро ташкил медиҳанд. С. А. Миралиев розӣ мешаваду он одамонро ба автомашинаи қисми ҳарбӣ савор мекунанд. Чун мебинад, ки нафаро­ни ба мошин нишаста либосҳои тоҷикӣ до­ранд, аз З. Ҳасанов мепурсад. З. Ҳасанов посух медиҳад, ки он нафарон либосҳои афғонӣ доранду либосҳояшон дар даруни сумкаҳояшон аст.

Онҳо ба тарафи Дарвоз равон меша­ванду З. Ҳасанов бо автомашинааш аз паси онҳо то шаҳри Кӯлоб меравад. З. Ҳасанов тавассути телефон ба С. А. Мира­лиев мегӯяд, ки онҳо рафтан гиранд, ӯ ра­сида меояд. З. Ҳасанов боз якчанд маро­тибаи дигар занг зада мефаҳмонад, ки аз пасашон омада истодааст. Вақте ки онҳо ба қишлоқи Хирманҷои ноҳияи Шӯробод мерасанд, З. Ҳасанов занг зада мегӯяд, ки дар ноҳияи Шӯробод қарор дорад. Ба дидбонгоҳи «Яхчипун» омада мерасанд, ки қариб рӯз мешавад. Дар наздикии дидбонгоҳи номбурда дар таги як санги калоне «мусофирон»-ро аз мошин мефа­роранд ва таъкид мекунанд, ки ҳамон ҷо истанд.

С. А. Миралиев баъди нисфирӯзӣ бар­гашта ба наздашон меояд. ӯ бо Ҷ. Тоатов баргашта ба ҷониби шаҳри Кӯлоб равон мешаванд. Дар баромади ноҳияи Шӯробод З. Ҳасанов ба ӯ занг мезанад ва Тоатов ӯро бедор мекунаду ӯ аз З. Ҳасанов ме­пурсад, ки дар куҷои Шӯробод қарор до­рад. З. Ҳасанов ҷавоб медиҳад, ки дар до­хили қисми ҳарбии 2931-и СКС КДАМ ҶТ бо афсари калони шӯъбаи тарбиявӣ майор Алишер Розиқов истодааст. Онҳо тахми­нан баъди 10 дақиқа ба наздашон омада мерасанд. Баробари ӯро дидан Зафар ӯро гирифта ба паси автомашинае бурда ме­пурсад, ки одамонро чӣ кор кард. С. А. Миралиев ба З. Ҳасанов мефаҳмонад, ки онҳоро бурда дар наздикии дидбонгоҳи Яхчипун дар таги як санги калоне мон­дааст. З. Ҳасанов бо Розиқов А. ҳамон ҷо мемонанду С. А. Миралиев бо Ҷ. Тоатов ба шаҳри Кӯлоб мераванд. Ҳамон рӯз, яъне 18-уми апрели соли 2009 С. А. Миралиев бо Ҷ. Тоатов тахминан соатҳои 09:10 ба хонаашон ба ноҳияи Восеъ омада мера­санд. Дар хона ронанда С. Иноятуллоев бо ҳамроҳии Гулобов ва капитан Нусрат Шоев нишаста будаанд. Ронанда аз С. А. Миралиев мепурсад, ки ба куҷо рафта бу­данд. Ҷавоб медиҳанд, ки ба шаҳри Кӯлоб рафта омадем.

С. А. Миралиев бо афсарони номбур­да ва аҳли оилааш аз хона баромада ба тарафи шаҳри Кӯлоб равон мешаванд. Ҳангоми дар бозори калони шаҳри Кӯлоб харид карда истоданашон З. С. Ҳасанов ба С. А. Миралиев занг зада мегӯяд, ки дар назди бозори «Сомонӣ»-и шаҳри Кӯлоб қарор дорад ва он ҷо вохӯранд. С. А. Ми­ралиев мепурсад, ки барои аз сарҳад гу­заронидан чандпулӣ медиҳанд. З. Ҳасанов посух медиҳад, ки аз кадом дидбонгоҳе гузаронад, пулашро барои ҳар кадома­шон 50-долларӣ маслиҳат кунад, худашон медиҳанд. З. Ҳасанов боз илова мекунад, ки онҳоро ба он тарафи сарҳад гузаронад, ҳақашро 1000 доллар аз одамонашон, ки дар Тоҷикистонанд, гирифта медиҳад. С. А. Миралиев ба дохили дидбонгоҳ ба­рои бо шиносаш Азиз Качуров, ки муо­вини ҳамон дидбонгоҳ мебошад, барои маслиҳат кардан барои аз сарҳад гузаро­нидани одамон медарояд. Качуров А. дар дидбонгоҳ набудааст. Баргашта ба таги санг рафта, он одамонро хабар гириф­та, таъкид менамояд, ки аз зери харсанг набароянд, ҳамин шаб ё пагоҳаш омада онҳоро аз сарҳад мегузаронад. Роҳашро давом дода, ба Қалъаи Хумб мерасанд. Пагоҳаш, рӯзи 19-уми апрели соли 2009 ӯ бо ронандаи автомашинаи кирояи тамғаи Жигулӣ ВАЗ-2106 бо номи Муаззам ба таги санги номбурда рафта, ду маротиба ода­монро, ки 12 нафар буданд, ба чойхонаи Бобои Ҷамол мебаранд. Барои хизматаш ба Муаззам 140 сомонӣ медиҳад. Ҳамон шаб, тахминан соатҳои 22:23 ӯ дар наз­ди дидбонгоҳи «Куфоб» бо Тоҳирҷон Ҳошимов вохӯрда, мегӯяд, ки агар ҳамин одамонро аз сарҳад гузаронад, ҳар кадо­маш 50-долларии амрикоӣ медиҳанд. Т. Ҳошимов ризо мешавад. 20-уми апрели соли 2009 тахминан соатҳои 16:00 ӯ бо ҳамроҳии Ҷ. Тоатов ба чойхонаи Бобои Ҷамол меоянд. Т. Ҳошимов дар он ҷо ис­тода будаасту одамон ҳам дар даруни боғи чойхонаи номбурда қарор доштаанд. Т. Ҳошимов ба онҳо мефаҳмонад, ки ин ода­мон бо худашон қаиқи резинӣ доштаанд ва ҳангоми аз дарё гузаштани се нафар якеа­аш ба об афтодаасту ғарқ шудааст ва ду нафари боқимондааш баргашта ба соҳили ҷониби Тоҷикистон баромадаанд ва ило­ва мекунад, ки дар он минтақа ягон ши­нос барои аз сарҳад гузарондан надорад. Тахминан соатҳои 19:00 онҳо он одамонро ба автомашинаи тамғаи ВАЗ-2107-и кироя савор мекунанду Т. Ҳошимов ҳамроҳи қисме аз онҳо савор шуда, наздикии дидбонгоҳи якуми “Куфоб”, ки он ҷо хиз­мат мекардааст, мераванд. «Меҳмонон»-ро дар сӯрохии кӯҳ пинҳон мекунад. Мошин баргашта меояду С. А. Миралиев бо Ҷ. Тоатов бо боқимондаи одамон са­вор шуда, ба ҷойи номбурда мераванд. Сипас, онҳо ба қишлоқи Зиғар омада, як автомашинаи ВАЗ-21011-ро киро кар­да, ба назди хонаи истиқоматкунандаи деҳаи Паткуноб бо лақаби «Борман» мераванд. С. А. Миралиев ба «Борман» мефаҳмонад, ки Ҷ. Тоатов 10 нафар одамонро ба хонааш меорад, то пагоҳ ҷойгир кунад. Ба Ҷ. Тоатов 300 доллари амрикоӣ дода, мегӯяд, ки аз ҳамон ода­мон ин маблағро гирифтааст. Мефармо­яд, ки одамонро аз зери кӯҳи шикоф ба хонаи «Борман» оварда монад. Пагоҳаш, 21-уми апрели соли 2009 соатҳои 06:15 Ҷ. Тоатов ба ӯ занг зада мегӯяд, ки ода­монро ба хонаи «Борман» оварда монда­аст. С. А. Миралиев ҳамон рӯз тахминан соати 12:00 ба автомашинаи дидбонгоҳ (тамғаи УАЗ 469, рақами давлатиаш 078 КМ) ба сарбозони дар пост буда хӯрок оварда медиҳад ва даромада дар хонаи «Борман» он одамонро хабар гирифта, таъкид менамояд, ки ҳамин шаб омада, барои аз сарҳад гузаронидан онҳоро ги­рифта мебарад. Худи ҳамон шаб омада, бо автомашинаи сабукрави Муаззам он нафаронро аз хонаи «Борман» ду маро­тиба ба дашти Паткуноб бурда, дар дару­ни боғе дар таги сангҳо мемонад. Худаш ба қишлоқи Ширговад, ки тахминан панҷ километр дуртар воқеъ будааст, рафта, бо Алишӣ Вазиров вохӯрда, хоҳиш меку­над, ки одамони онҳоро аз сарҳад гузаро­над. Алишӣ посух медиҳад, ки имшаб дер шудаасту пагоҳ биёед, одамонашонро аз сарҳад мегузаронад. Тахминан соатҳои 18:30 дақиқа С. А. Миралиев бо мошини Муаззам ба дашти Паткуноб мераванд ва аз дигар тараф Алишӣ низ бо мошинаш, ки тамғаи «Москвич» будааст, меояду онҳо одамонро ба ҳар ду мошин савор карда, ба қишлоқи Ширговад мебаранд. Алишӣ одамонро гирифта, лаби дарё ме­фарорад. Тахминан соатҳои 24:00 Алишӣ ба назди онҳо омада, хабар медиҳад, ки одамонро ба Афғонистон гузаронидааст. Рӯзи 28-уми апрели соли 2009 З. Ҳасанов ба С. А. Миралиев занг зада мепурсад, ки он одамон куҷо шуданд, ки ба назди одамонашон дар Афғонистон нарасида­анд. С. А. Миралиев ҷавоб медиҳад, ки намедонад, лекин аниқ онҳоро аз сарҳад гузарониданд, куҷо шуданашонро ӯ ха­бар надорад. Рӯзи 29-уми апрели соли 2009 командири қисми ҳарбиашон майор Улуғбек Ҷумъаев С. А. Миралиевро ба наздаш ҷеғ зада мегӯяд, ки аз 1-ум то 4-ум дидбонгоҳ тахминан 10-12 нафарро касе ба тарафи Афғонистон гузарони­дааст ва он нафаронро дар Афғонистон дастгир кардаанд…

Агар баъзе ҳолатҳои ҷузъиро ба на­зар нагирем, асли воқеа чунин аст, ки дар асоси он афсарон-хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2711-и КДАМ ҶТ С. А. Миралиев, Ҷ. А. Тоатов ва Т. Х. Ҳошимов бо ҳукми коллегияи Суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.08.2010 сол, бо моддаҳои 36 қисми 5, 335 қисми 2, 391 қисми 3 б. «б» ва 335 прим 1 қисми 2 бандҳои «б,г,д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дони­ста шуда, ба мӯҳлати 25-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Шояд хонанда пас аз мутолиаи ҳодисаи баамаломада ва нақши афса­рон дар содир намудани ҷинояти содир­шуда суол кунад, ки модоме худашон ба гуноҳашон иқроранд, пас чӣ ҳоҷати овозаю ҳангома кардан? Мо ҳам дар ав­вал сари ҳамин андеша будем. Вале пас аз омӯзиш ба хулосае омадем, ки дар ин ҷо талаботи қонуну меъёрҳои он ба на­зар гирифта нашудааст. Бо ҳамин ҳукм 43 нафари дигар барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гунаҳкр дониста шуда, ба мӯҳлатҳои гу­ногун аз озодӣ маҳрум гардидаанд. Ин нафарон, мувофиқи ҳукм ҷиноятҳоеро содир кардаанд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Тавилдара мебошад. Дар амали ин афса­рони КДАМ ҶТ кадом ҳодисаи ба Тавил­дара алоқамандро мебинед? Бори дигар ҳодисаро пеши назар оред. Ягон иртибо­те ба ҳаводиси Тавилдара нест. Пас чаро амали ин афсарону дигар нафарони ба ин ҳодиса шарик якҷоя бо нафарони дар минтақаи Тавилдара дар як пар­ванда муҳокима карда мешавад? Охир, нишондоди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали қонуни ҷиноятӣ дар замону макон барои кист? Маълум аст, ки ин афсарону нафарони дигар дар вақти муайяну макони муайян ҷиноят содир кардаанд. Агар алоқамандии ҷиноятҳоро собит менамуданд, касе чизе намегуфт. Айни ҳол бошад, рафтори афсарони КДАМ ҶТ ва чанд нафари аз сарҳад гу­заштаро ба парвандаи ба истилоҳ «Та­вилдара» ҳамроҳ намудан танҳо як ҳангома асту халос. Ба андешаи мо, яҷоя намудани парвандаи ҷиноятии С. А. Ми­ралиев, Ҷ. А. оатов, Т. Х. Ҳошимов ва 8 нафар маҳкумшудагони дигар бо пар­вандаи ҷиноятии 35 нафар вобаста бо воқеаҳои дар ноҳияи Тавилдара, хилофи талаботи моддаи 166-и Кодекси муро­фиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чунки ин маҳкумшудагон во­баста ба воқеаҳои ноҳияи Тавилдара дар шарикӣ, дар содир намудани як ҷиноят ё якчанд ҷиноят айбдор ё ки гунаҳкр дони­ста нашудаанд, яъне ҳолатҳои содирша­вии ҷиноят вобаста ба айби эълоншуда бо моддаҳои 36 қисми 5, 335 қисми 2, 391 қисми 3, б.»б» ва 335 қисми 2 бандҳои «б,г,д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани ҷиноятро дар шарикӣ, яъне иштироки шахсони мансабдор вобаста ба мусоидат намудан барои гузаронидан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитон содир кардаанд, ки дар дигар макону замон мебошад.

Гарчанде маҳкумшудагон С. А. Ми­ралиев, Ҷ. А. Тоатов ва Т. Х. Ҳошимов сарҳади давлатиро нагузашта бошанд ҳам, ҳаракатҳои онҳо бар хилофи дис­позитсияи қисми 2-и моддаи 335 ва меъёрҳои қисмҳои 2,3 моддаи 39-и КҶ ҶТ бандубаст шуда, ба мӯҳлати даҳсолӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Ба амали афсарони КДАМ ҶТ ҳамчун оқибатҳои вазнини ба миён омада, аз та­рафи мақомоти тафтишотӣ ва суд (мод­даи 391 қисми 3, банди «б»-и КҶ ҶТ), ҳолати ғарқ шудани Маҳмуд ном шахс, ки ҳангоми дар минтақаи марбут ба дидбонгоҳи сарҳадии «Куфоб» шаби 20-уми апрели соли 2009, бо қаиқи резинӣ мақсади гузаштан аз сарҳадро ҳамроҳи Б. Холматов ва Ш. Қурбонов доштанд, эътироф гардидааст.

Танҳо дар асоси гуфтаҳои Б. Хол­матов ва Ш. Қурбонов, коллегияи судӣ ва мақомоти тафтишоти пешакӣ нишондодҳоеро, ки ҳангоми чаппа шуда­ни қаиқ Маҳмуд ғарқ гардидааст, асоснок намудаанд. Вале ғарқ шуда ба ҳалокат расидани ӯро касе муайян накардааст, ҷасадаш ҳам пайдо нест. Ҳатто акси ӯро пайдо накардаанд. Маҳмуд имкон дошт ба Ҷумҳурии Афғонистон гузашта бошад, яъне ҳолати ғарқ шудан ва ба ҳалокат расидани ӯ эҳтимолӣ мебошад, ки ин хи­лофи талаботи қонунгузорист. Эҳтимол, Маҳмуд бо баҳонаи ғарқ гардидан сиҳату саломат гаштааст ва имрӯз ба ҳоли ҳама механдад.

Умуман, аз тарафи мақомоти таф­тишоти пешакӣ шахсияти бо ном шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон «Маҳмуд» муайян карда нашудааст. Дар ҳукми суд нишондодҳои Н.З. Аҷабов мавҷуд мебошанд, ки Аҷабов нишон­дод медиҳад: бо ҳамроҳии Маҳмуд дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст. Онҳо бо якдигар гӯё дар масҷид шинос шу­даанд. Ҳарду шаҳрвандони ӯзбекистон мебошанд. Чи тавре ки аз нишондодҳои Н.З. Аҷабов бармеояд, онҳо дар микро­автобуси «Газел», ки ба Раҳматулло ё Фатҳулло (зодаи шаҳри Хуҷанд), но­машро Аҷабов дар ёд надоштааст, аз шаҳри Новосибирск 10-уми феврали соли 2009 ҳаракат карда, 15-уми февра­ли соли 2009 ба шаҳри Душанбе омада расидаанд. Аз рӯйи гуфтаи Н.З. Аҷабов шиносномаи ӯро дар Қазоқистон кадо­ме барои вайрон кардани телевизор дар ошхонае мегирад. Н.З. Аҷабов на номи шаҳрро иброз медораду ва номи ошхона­ро мегӯяд. Н.З. Аҷабов гӯё аз Қазоқистон то Тоҷикистон бе шиноснома бо кӯмаки ронанда омада расида бошад. Аз тара­фи тафтишот бошад, шахсияти ронандаи автомошинаи «Газел» ва ҳамсафарони Н.З. Аҷабов муайян карда нашудааст. Ҳамин тавр ба нишондоди Н.З. Аҷабов аҳамияти ҷиддӣ дода нашуда, ба «наме­донам» ва дар «ёдам нест» гуфтани ӯ бо­вар мекунанд. Чӣ хел мешудааст, ки дар давоми ин қадар роҳи дуру дароз онҳо ба якдигар аз наздик шинос нашаванд? Гу­заштан аз се марзи давлат (Қазоқистон-ӯзбекистон-Тоҷикистон) бидуни шинос­нома ҳеҷ мушкилие надоштааст-дия?

Ба фикрам ин афсона аст ва набояд ба чунин қиссаҳо бовар намуд. Ҳадаф ҳам бояд, решакан кардани ҷиноят бо­шад, тамоми паҳлӯҳои онро ошкор наму­да, пас тақдири инсонро ҳал кардан ло­зим аст. Барои амалӣ накарда, ҳодисаи оқибаташ номуайян шахсро ба ҷавобгарӣ кашидану ба истилоҳ «говсуд» намуданро таърих намебахшад. Охир, қонун талаб менамояд, ки ҳар як далели дар тафти­шоту дар муҳокимаи судӣ собит нашуда, бояд ба манфиати судшавандаҳо бошад. Пас, мӯҳтарам ҳомиёни адолат гӯед: кай ин афсарон марзи давлатиро убур кар­данд? Канӣ он ҷасади Маҳмуд, ақаллан расмаш, шахсияташ, аз куҷову чӣ кора буданаш, ки дигарон барои чизи набуда, дар назди қонун посух диханд?

Ҷумъаи Толиб,

БМСТЖ

Рӯйхати ашхосе, ки шаби 23-юми апрели соли 2009 аз Тоҷикистон ба Афғонистон ғайриқонунӣ гузашта буданд:

1. Холматов Баҳромҷон Қушбоевич, соли таваллуд: 28-уми апрели соли 1969. Зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Киркудуки ҷамоати Киркудуки ноҳияи Ашти вилояти Суғд, миллаташ ӯзбек. Бо моддаҳои 187 қисми 2; 335 қисми 2 ва 335 (прим.1) қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 27 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

2. Чутанбоева Зулайхо Абдурасу­ловна, соли таваллуд: 1969, ҳамсари Холматов Б.К.

3. Холматов Фирдавсҷон Баҳромович, соли таваллуд: 1991. Бо моддаи 335 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст;

4. Холматов Фаррухҷон Баҳромович, соли таваллуд: 01.09.1993;

5. Холматов Абдуллоҳ Баҳромович, соли таваллуд: 28.07.2001;

6. Имомбердиева Муни­са Расулҷоновна, соли таваллуд: 03.03.1982;

7. Норбоев Фирдавс Дилмуро­дович, фарзанди Имомбердиева Му­ниса Расулҷоновна, соли таваллуд: 01.04.2006;

8. Саидалиев Муҳаммадзокир Са­идвалиевич, соли таваллуд: 14.09.1994. Истиқоматкунандаи ноҳияи Турсунзода, деҳаи НКВД;

9. Қурбонов Шерзод Уктамо­вич, соли таваллуд: 05.08.1978, шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон, истиқоматкунандаи вилояти Қашқадарё, ноҳияи Қумаш, кӯчаи Овайс, хонаи 7. Бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 335 қисми 2 Ко­декси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст;

10. Қамбарова Дилором Фахрид­диновна, соли таваллуд: 29.03.1982. – ҳамсари Қурбонов Шерзод Уктамович;

11. Уктамов Анас (Сайфулло) Шер­зодович, соли таваллуд: 02.12.2007 – фарзанди Қурбонов Шерзод Уктамович;

12. Аҷабов Нормамат Зоиро­вич, соли таваллудаш: 28.05.1968, шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Гузори вило­яти Сурхандарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон. Бо моддаҳои 187 қисми 2 ва 335 қисми 2 КҶ ҶТ ба мӯҳлати 22 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст;

13. Маҳмуд, шаҳрванди вилояти Андиҷони Ҷумҳурии ӯзбекистон, ки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ва судӣ шахсияташ маълум карда нашудааст. Ба ақидаи муфаттишони раёсати таф­тишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё дар вақти гузаштани сарҳад аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар мавзеи «Яхчи Пун» дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.

Рубрики:Ҷумъаи ТОЛИБ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: