Ихтирои Эйнштейн ӯро Худо накардааст!
Имрӯз дар кишвари мо мадҳсаройиву саногуйӣ ба як одат ё беҳтараш суннат табдил шудааст. Аз шаҳрванди одӣ сар карда, то коркунону мақомоти давлатӣ дар ин амр бо ҳам мусобиқа гузошта, ҳар кадом аз якдигар сабқат мегиранд. Ифрот дар ин кор рӯҳи одамиро озурда мегардонад ва таҳаммули онро ба камтарин ҳадди имкон мерасонад. Имон доштан ва сари таъзим фуруд овардан дар баробари Худо воҷиб аст, аммо парастиш дар баробари касе ширк овардан ба Худо аст. Аммо бадбахттар ва зиёнкортар он касест, ки ҳамойиши худситойӣ ба ҳамроҳи гурӯҳе аз чоплусон роҳандозӣ мекунад, ки на суде барои дунёяшон дорад ва на охираташон, зеро боиси мазҳакаи мардум мешаванд.
Бархе тоҷикон ба зоҳир одат кардаанд, ки ҳамвора барои худситоии хеш барномаҳое дошта бошанд ва ин бисёр бад аст. Дар замони Шӯравӣ вазъ ин гуна буд ва шоиста аст, ки ин суннат дар давлати соҳибистиқлоле пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аз байн биравад. Дар ахбороти телевизионӣ мебинӣ мактаберо, ки соли гузашта ва ё чанд сол қабл сохтани он оғоз шудааст ва ҳанӯз корҳои аввалияи он ба поён нарасидааст. Бо вуҷуди ин, дар телевизон мактабҳоеро, ки ҳанӯз дар ҳоли сохтанд, таблиғ мекунанд. Албатта ҳазорон намуна аз ин даст «кӯҳсозиҳо» ҳаст, ки маҷоли гуфтан нест.
Гоҳо мебинем, ки мардум аз нафари боломартабае ситоиш карда, тамаллуқ мезананд ва ӯро ба ҳангоми ташриф шеърхонон пешвоз мегиранд. Ин гуна одоби пазиройӣ муҷиб мешавад, ки инсон хору паст гардад ва суде барои истиқболшавандагон надошта бошад. Коре аст беҳудаву зиёнбор ва акнун ин худситойӣ ва ҳамойишҳое аз ин даст низ ҳамонанди суннати нописанд ва ойини нодурусти истиқболи анборӣ мебойист канор гузошта шавад. Зеро на ба дарди дунёи эшон мехӯрад ва на охират.
Фарзанди инсонро бо мадҳсароиву фахрфурӯшӣ чи кор? ӯ ки дар оғоз нутфаи гандида ва дар поён мурдори бадбӯ аст, на метавонад рӯзии хештанро фароҳам кунад ва на маргро аз худ дур намояд! Инсон дар тӯли таърих дастовардҳои зиёде доштааст. Аммо нашояд, ки Эйнштейнро ба хотири кашфи ядрову нафари дигарро ба хотири ихтироъи ҳавопаймову сайёраи нав аз Худо тарҷеҳ дод. Зеро ҳар коре анҷом диҳад ҳам, инсон ба мартабаи Худо нест. Аз ин рӯ, бояд ба кори ҳар нафаре, хоҳ вазир бошаду хоҳ кабир ё шахси одӣ, бояд бо якрӯӣ назар кард. Зеро агар вазир як коре анҷом додааст ва онро дар таърихи инсоният нодиртарину беҳтарин унвон медиҳанд, ин маънои онро надорад, ки аз ӯ бояд парастиш кард. Чун аз назари воқеӣ вай масъулияташро анҷом додааст, на аз ин бештар. Ҳар кас дар доираи масъулият ва имконияташ метавонад кореро анҷом диҳад, аммо анҷом додани коре на ба он хотир бояд бошад, ки миннат гузорад ё аз он таърифу тавсиф шавад. Зеро ҳар амале, ки бо миннат анҷом шавад, онро некӣ гуфтан ҷоиз нест. Чун дар ин сурат миннат метавонад манфиати шахсиро аз манфиати миллӣ боло гузорад. Пас дар ҳар коре, ки ба манфиати миллат анҷом мепазирад, миннат кардан чӣ маъно дорад? Набояд як нафарро сутуни миллат ва миллатро ба яке вобаста донист. Чун агар мавҷудияти миллат танҳо ба нафаре вобаста бошад, метавон ин гуна бардошт ҳосил кард, ки бо марги он нафар як миллат низ аз байн хоҳад рафт.
Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Назар