Нашри китоби нави донишманд Луқмон Бойматов — «Таърихзадагӣ»
Китоби нави донишманди тоҷик Луқмон Бойматов бо номи «Таърихзадагӣ», ки нақди бархе аз масоили фалсафаи таърихнигории миллиро дар бар мегирад, аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба табъ расид.
Луқмон Бойматов дар маҷмӯаи худ таърихнигории солҳои ҷадидро ба риштаи таҳлил кашида, аз он изҳори ташвиш мекунад, ки он чӣ ҳам акнун боиси нигаронӣ аст, бемавқеъ ва аз ҳад зиёд ташвиқ ва интишор додани осори сабукбори таърихӣ ва адабист, ки ахиран бегуфтугӯ, теъдодашон дар ҳоли афзудан аст.
— Магар пӯшида аст, ки иддаи зиёде ҳам дар рӯзгори мо таърихнигориро кори бисёр осон мепиндоранд. Ин бардошт ва фикри ғалат дар чанд соли ахир чунон вусъат гирифта, ки гӯӣ ҳар одаме, ки камтар саводи навиштан ва хонданро доштааст, даст ба таърихнависӣ зада, онро гунаи саргармӣ ва ҳикматашро афсонае донистааст,- менигорад муаллиф.
Ба ақидаи ӯ, ҳамакнун вусъати таблиғ ва ташвиқи осори сабукбори ба зоҳир илмиро метавон шуюъи «дарди таърихзадагӣ» ё «таваллуди шабеҳилм» номид.
— Онҳое, ки таърихро бистари огоҳии миллат меноманд, оё боре ҳам фикр кардаанд, ки акнун чӣ гуна, аз чӣ роҳе ва дар ивази чӣ ҷомеа ва миллатро огоҳ месозанд?! Оқибати бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба равишҳо ва наҳваҳои огоҳ намудан чӣ хоҳад буд? Беарзиш кардани мақоми илм ва табдил додани он ба «шабеҳилм» чиро ба худ ҳамроҳ хоҳад овард?,- масъалагузорӣ мекунад муаллиф.
Шарҳи ин масъалаҳоро бешубҳа метавон дар матолиби китоб дарёфт кард.
Дар ин маҷмӯа гулчини мақолот ва навиштаҳои муаллиф дар масоили фалсафаи таърих ва таърихнигории муосир ҷой дода шуда, матолиби он барои муҳаққиқон, муаррихон, донишҷӯёни риштаҳои таърих, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ тавсия дода мешавад.
Фирӯза ГАЗИЕВА
Назар