Главная > Пӯлод Абӯев > «То нафас боқист, золим нест бе фикри фасод…»

«То нафас боқист, золим нест бе фикри фасод…»

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Чунин мисраъҳоро рӯйи дафтар оварда, гуф­таниям, ки ҷомеаи мо ҳоло аз бисёр ҷонибҳои умумибашарӣ қафо аст. Боз ҳаминро иқрор шудан зарур аст, ки ин дунёро, ки таъри­хи миллионсола дорад, дунёи дун меномиданд. Агар ин дунё солим мешуд, дунёи оқилу доно меномиданду мардум баробар ва бародарона умри худро мегуза­рониданд.

Қонуни наве, ки президент ҳамчун лоиҳа пешниҳод кардааст, яъне Қонун «Дар бораи масъу­лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», як монеагарӣ ба ҷомеаю ба ҳуқуқи мардум аст. Ба тамоми мардуми рӯйи ҷаҳон маълум аст, ки аз фарзанд дида ба­рои падару модар азиз­тар чизе нест. Наход падару мо­даре ҳам бошад, ки фарзандашро ба дуздӣ, ғоратгарӣ тела диҳад!? Наход падару модаре ҳам бошад, ки одами бо илму маърифат шу­дани фарзандашро нахоҳад!? Ин қонун ҳам боиси нобоварӣ, норо­зи­гии мардум мешавад. Пеш аз ин лоиҳаро ба муҳокима гузоштан, ма­гар ҳукуматдорон фикре накарданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати ин қонун чӣ мегӯяд? Охир, ин қонун обрӯи марду­ми Тоҷикистонро паст мезанад. Ҷомеаи ҷаҳон аз ин қонун ба хулосае меояд, ки мо дар сатҳи пасти илму маърифат қарор до­рем. Ин қонун фақат ҷонибҳои манфӣ дорад. Ин ҷонибҳои ман­фиро ман бо чунин асосҳо шарҳ медиҳам:

Дар замони Шӯравӣ дар донишгоҳҳои олӣ фарзандони мансабдорони калони ҷумҳурӣ бо фарзандони коргарон, деҳқонон, намояндагони зиёӣ (ҳоло ба ҷойи коргару деҳқону зиёӣ синфҳои бекорон, бозор­нишинон, мардикорону аробака­шон пайдо шудааст) таҳсили илм менамуданд. Касе ёд надорад, ки ягон фарзанди мансабдори ка­лон бо мошин ба донишгоҳ биё­яд ё худро аз дигар ҳамкурсон боло донад, ё аз пахтачинию дигар корҳои ҷамъиятӣ рӯй гар­донад. Дар як хонаи бисёрошёна ҳам раис ва ҳам коргару деҳқон умр ба сар мебурданд. Имрӯз дар ин ҷомеаи демократию дунявии мо чунин муносибатро дар хоби шаб ҳам намебинӣ. Фарзандони раису вазирон, бою хешони онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо бо автомашинаҳои қиматбаҳо ома­да, донишҷӯёни камбағалро одам ҳам намешуморанд. Дар ин ҳол, донишҷӯёни камбағал низ ҳамин фикрро доранд, ки касе онҳоро одам намеҳисобад. Ба ғайр аз ин, соҳибмулкон хуб медонанд, ки нахонанд ҳам, омӯзгорон аз тарси ҷон баҳои онҳоро мемо­нанд ва баъди хатми донишгоҳ ба мисли падарҳояшон соҳиби мансабу сарват мешаванд. Касе онҳоро барои ҷиноятҳояшон на­мепурсад.

Дигар ин ки, агар ҳар сол мактабҳои олии кишварро 30 на­фар аз фарзандони мардикоро­ну аробакашон хатм кунанд, оё ҳамаи онҳо аз рӯи тахассус ҷойи кор меёбанд? Дар гумон аст! Ҳол он ки, махсусан ҳамин фарзандо­ни камбағалон аксарияти усто­дони донишгоҳҳоро мехӯронанду мепӯшонанд ва фаъолияти донишгоҳҳо аз пули шартно­маи ҳамин камбағалон барҷой аст. Донишҷӯёни камбағал боз ба ҳамон касби аробакашию мардикорӣ, ки касби падарашон шудааст, машғул мешаванд.

Дар мактабҳои миёна низ аз падару модари фарзандони ҳокимон не, аз ҳамон камбағалҳо ҳар моҳ барои таъмиру дигару дигарҳо пул ҷамъ мекунанд.

Дар ҷомеаи имрӯза ин қонун боз дарди сари ногуворе барои фарзандони нодорҳост. Агар мардум донанд, ки ин қонун ба бойбачаҳо ҳам дахл дорад, пас он таҳкурсии хуб дорад. Дар ин ҷомеа бошад, аз кӯчак то пири ҳаштодсола медонанд, ки ҳамаи қонуну қарорҳо фақат ба камбағалон тааллуқ дошта, ба ҳокимони хурду калону оилаву хешовандони онҳо ягон зарра дахл намекунад.

Ҳамаи ин маҳдудиятҳо фақат ба камбағалон равона карда шу­дааст. Дар ин бора сухани мута­факкири бузурги Чин Ляо-Тзиро оварданиям, ки ҳанӯз садсолаҳо пеш гуфтааст: «Дар кишваре, ки маҳдудиятҳо меафзоянд, дар ин кишвар қашшоқии сахт ба вуҷуд меояд.

Дар кишваре ки қарору қонунҳо зиёданд, дар ин киш­вар қашшоқӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, беҳуқуқӣ то само мерасад».

Ин гуфтаҳои мутафаккири бу­зургро хонда, андаке андеша ку­нед. Оё ҷомеаи имрӯзаи мо ба он мувофиқ нест.

Имрӯз «ватандӯстон»-у «миллатдӯстон» дар бораи рушди ватану боло баровардани мақоми миллат суханрониҳои зиёде ме­кунанд. Тоҷикистон асли маҳал буд, вале баъди Истиқлолият ин беморӣ, ки ба монанди пора бадтар аз вабо аст, то арши кайҳон расида, мардуми бозако­ватро бетараф монда наметаво­над. Соҳибони мансаб аз кадом маҳал, аз оилаю наздикону хешу таборони кӣ ҳастанд, ба фикрам на ин ки ба мардуми ин кишвар, ҳатто ба “Викиликс” ҳам маълум аст. Корхонаҳои калонтарин ба кӣ тааллуқ доранд, ин ҳам аз касе пинҳон нест. Қисми зиёди боигарӣ аз номи кӣ ба бонкҳои дигар кишварҳо ворид мешавад, ин ҳам ба назари ҳама мерасад. Якто-нимто мансабдорон аз дигар маҳалҳо фақат ба нишони вафо­дору содиқ будан ба сардорҳои асосию васфу сано гуфтани онҳо соҳиби курсиянд.

Боз як масъала низ ба ин иқрор шудан зарурият дорад. Дар давраи Шӯравӣ, агар ягон кас худкушӣ менамуд, аз Маскав намонядагони идораҳои дахл­дор барои тафтиш меомад, чанд нафар мансабдорон аз вазифа сабукдӯш мешуданд.

Тамоми воситаҳои ахбори ом­мавии мамлакатҳои ғарб давлати шӯравиро барои поймол наму­дани ҳуқуқи инсон зери тозиё­наи танқид мегирифтанд. Ҳоло бошад, аз рӯйи хабарҳои расмӣ, ҳар сол дар давлати демокра­тии ҳуқуқбунёди мо қариб 800 нафар одам худкушӣ мекунанду садои журналистони ғарб камтар шунида мешавад. Ҳукуматдорон бошанд, сабабҳои худкуширо “бемории рӯҳӣ” медонанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки дар Тоҷикистон аз чӣ сабаб бошад, шумораи касалиҳои рӯҳӣ рӯз ба рӯз меаф­зудааст…

Дар хусуси намоишҳое, ки имрӯз дар ҳаёти ин кишвар ҷою мақоми махсус доранд, чанде хо­тирнишон намуданиям. Боре дар ҳафтаворе аз як ноҳия мақола чоп шуда буд, ки дар он муаллиф раиси ноҳияро барои бардурӯғ ҳисобот додан оид ба истеҳсоли картошка айбдор кардааст. Муал­лифи ин мақола ба ҳукуматдорон таъкид намудааст, ки ҳамин изо­фаю дурӯғгӯии рӯйрост ба кӣ даркор? Ё ин ки сафарҳои прези­дент ба шаҳру ноҳияҳои кишвар. Ин қадар намоиш, баромадҳои консертӣ, ҳамду саногӯӣ ба кӣ даркор аст? Манъи мардум аз до­дани саволҳо оид ба норасоию камбудиҳо ва додани ваъдаҳои пойдарҳаво ба кӣ лозим аст? Ба ҳеҷ кас ва ин муваффақият ҳам нест!

Борҳо дар ҳафтаворҳо оид ба дилбазан будани намоишҳои телевизионӣ суханҳои ҳақиқатнишонро шунидаем. Ҳамаи ин намоишу намудҳо роҳи каҷи пешгирифтаи курсидорони ин замона аст. Дар ин бора Саъ­дии бузургвор гуфтааст:

Чу он роҳи каҷ пешамон рост буд,

Раҳи рост дар чашмашон каҷ намуд.

Ки мард арчӣ донову соҳибдил аст,

Ба наздики бедонишон ҷоҳил аст.

Дар хусуси интихоботи пар­лумонии соли гузашта ҷойи гап ҳам нест. Ҳама медонанд, ки он пурра ғайридемократӣ гузашт. То ҳатто мегӯянд, ки ҳанӯз дар вақти пешбарӣ ба номзадии ва­килони мардумӣ, намояндагони ҳизби ҳоким, онҳое, ки аз тара­фи ҳизб ба вакилӣ пешбарӣ шуда буданд, якдигарро пешакӣ ба вакил интихоб гардиданашон та­брик намудаанд. Чунин буд шаф­фофии интихоботи парлумонии ҳокимони имрӯза.

Ягона ҳизбе, ки барно­маи ҷолиби диққат дорад, ин Ҳизби сотсиал-демократист, ки роҳбараш Р. Зойиров мебо­шад. Барои он ки, раиси ҳизб Р. Зойиров норасоию камбудиҳои ҳукуматдоронро рӯйрост иқрор мешавад. Ҳарчанд, маҳз ҳамин ҳақиқатгӯияш имкон надод, ки дар парлумон намояндаи худро дошта бошад.

Пӯлод АБӯЕВ,

узви иттиҳоди байналхалқии

журналистони Тоҷикистон

(Давом дорад)

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Раҳгузар аз Роҳ
    Февраль 17, 2011 в 2:13 пп

    Бо арзи Салом

    Агар ҳар яки мо ба таърихи итиқлолияти кишварамон аз зарабини инсофу адолат нигоҳ кунем,маълум мегардад,ки таи солҳо гузашта ҳукумат барои баланд бардори шароити иқтисоди ва сатҳи дониш чандо аҳмияти ҷидди намедод.Ва ҳамвора тавасути вазорати Маориф танқидотеро аз ҳар ҷониб мешунид,ҳатто,онро ба мазҳака низ нишон доданд,вале ҳеҷ мақоме аз мақомоти кишвар дар ин бора сухан ба забон намеовард.Ахиран мақомот дарк карданд,ки мардум то андозае доранд огоҳ мешаванд,талош доранд,ки худро аз ин буҳрон берун карда камбудиро танҳо болои волидайн таҳмил кунанд.

    Пас агар суоле карда шавад,ки чаро дар давоми солҳои гузашта ҳукумат дар ин ҷиҳат аҳмият намедод ? Ғолибан посух ҳамоне мебошад,ки диктатурҳо ва ҳукуматҳои худкомаи имруза дар ҳоли саркуб шудан ҳастанд.Яъне ин раванди ҳукуматдори тамоми ҳукуматҳои диктатури аст.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: