Главная > Uncategorized > Аз «Мовароуннаҳр” кӣ қаҳр дорад?

Аз «Мовароуннаҳр” кӣ қаҳр дорад?

Ё аз Ҷӯрабек Мавродӣ сохтаниянд

 

Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро пас аз ҳама хизматаш дар олами адабиёт ба чашмонаш мил каши­да, нобино карданд… Нақибхони Туғралро ноҷавонмардона пар­ронданд… Садридди­ни Айниро чил дарра зада, тахтапушташро «лолазор» карданд… Боз чӣ қадар шоиру оли­му муборизони роҳи озодиро куштанд ва ё онҳо ватанашонро тарк карда, дар ғарибӣ хору зор шуда, реҳлат наму­данд? Ҳисобашон ба ҳазорҳо мерасад.

Истиқлолият ба Тоҷикистон демокра­тия овард ва ҳар касу дави аспаш шуд. Соҳибихтисосу донишманд чун гавҳар зери «об» шуданду қаллобу беихтисосҳо рӯ-рӯйи об «ҷилвагар» гаштанд. Заводу корхонаҳои азим шахсӣ шуда, аз кор монданд. Ҳатто пашшакушакро аз Хи­той ва себу тухми мурғро аз Эрон мео­варанд.

Дар 10-12 соли истиқлолият соҳаи сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ афтид ва садҳо омӯзгору табиб дигар умеди аз рӯйи навбат гирифтани манзилро фаромӯш карданд. «Командир»-у муштзӯрҳо бо таҳдиди силоҳу фиреб хонаи ҳамватану мардуми ғайритоҷикро ғасб намуданд…

Дар Тоҷикистон ҳам, чун дигар мамлакатҳо шердилоне ёфт шуданд, ки аз рӯйи қонун ба ҷалби маблағи мардум пардохтанд ва корашон хеле пешрав буд. Лекин мақомоте, ки бояд волоияти ин қонунҳоро ҳифз кунанд, аз рӯйи хусу­мат, бахилӣ ва дигар сабабҳои пурғараз ба онҳо «пешпоӣ» заданд.

Кӣ тақдири «Мӯҳрабизнес»-ро аз ёд бароварда? Сарвараш чӣ шуду мухлисо­наш чӣ?

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охонов шахси тасодуфие нест, ки ин ҷамъияти бузур­гро идора кунад. ӯ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ тавонист, ки кормандонашро ба замони истиқлолияти кишвар беосеб ра­сонад, дар замони ҷанги шаҳрвандии мо ба ду корхонаи азим — «Маъдани кӯҳии Анзоб» ва «Тиллои Зарафшон» «ҷон» ато намуда, 147 воҳиди техникии сох­тмониро ҳифз кунад, 6 минизавод созад, то иншоот аз масолеҳи сохтмонӣ таъмин бошад ва аз ҳама асосиаш барои 700 кас ҷойи кор ба вуҷуд овард…

— Шабакаи 1-и ТВТ, ТВС ва дигар ва­соити ахбори омма «Мовароуннаҳр»-ро ба наҳри реклама кашиданд. Дар баъзе маврид ТВТ ва ТВС 5 дақиқа «Ахбор» медоду 10 дақиқа ин ҷамъиятро реклом менамуд,- гуфт марде, ки ҳафтаномаи «Пайкон»-ро варақ мезад.

— Сардори ҷамъият кош дар байни ду наҳр намонад,- ҳарф мезад зане, ки ба назди Прокуратураи Генералӣ бо ду тифлаш омада, аз қисмати ин мард дар изтироб афтода буд…

Баъди ин биноро ба истифода су­пурдан ҷамъияти мазкурро 71 маротиба «тафтиш» кардани мақомоти прокура­тура барои Ҷ. Охонов ду наҳр не, бал­ки «Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ, боз мегӯӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош!» гашт.

Ман Ҷӯрабек Охоновро, ки вусъа­ти корҳои сохтмонияш мардумро ба ояндаи нек дилгарм мекард, аз на­здик намешинохтам. Гумон доштам, ки 705 манзили истиқоматӣ ва 6400 м2 марказҳои фарҳангӣ-фароғатиро шахсе «чанорқомат» ба истифода дода ме­тавонаду халос. Вале аз дур дидам, ки марде будаст қадпасту резаҷусса.

Вақте нома аз зиндони Ҷ. Охонов — «Мовароуннаҳр»-ро кӣ ба наҳр партоф­танист?”,- ро дар ҳафтаномаи «Пайкон» (№03 (86) 01.02.2011) хондам, бовар кардам, ки қонун ба муқобили чунин мутахассисон будааст. О бародарон, му­фаттишон, ин қадар манзил дар чандин кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва берун аз он сохта шудаанд, каманд магар?

Дар Федератсияи Русия чанд сол пеш Мавродӣ ном шахс ҷамъияти саҳомии «МММ» кушод. Мардум фавҷ-фавҷ ин саҳмияҳои ин ширкатро харидорӣ кар­данду рӯзе фаҳмиданд, ки «сӯхтаанд». Қиссаи ин ҳодиса мисли силсилафилми «Санта Барбара» тӯл кашид. Баъд чӣ шуд? Мавродӣ панҷ сол ҳабс шуду ха­лос, вале мардум бо кисаи тиҳитар аз каҷкӯли гадо монданд…

Пас аз соли нав барномаи «Пусть говорят»-и шабакаи аввали телевизио­ни Русия бо Мавродӣ, ки акнун боз як ҷамъияти нави интернетӣ ташкил кар­данист, вохӯрӣ барпо кард. Аз рафти баҳс (махсусан Жириновский) маълум шуд, ки дар 27 КамАз аз офиси «МММ» он вақтҳо пули мардумро бор карда бурдаанд. Куҷо бурданд, маълум нест. Мавродӣ дар ин бора хомӯшӣ ихтиёр дошт. Жириновский бошад гуфт, ки ин маблағҳо дар Русия мебошанд. ӯ илова намуд, ки дар ин амал мансабдорони сатҳи баланд даст доранд…

Мавродӣ ором буд, ба «ҳуҷум»-и ҷабрдидагон танҳо як ҷавоб дод: «Ман аз рӯйи қонунҳои то ҳол амалкунандаи Русия кору фаъолият доштам ва мин­баъд ҳам давом хоҳам дод»…

Дар хусуси баргардонидани маблағҳои халқ бошад, ҳарфе назад…

Ҷ. Охонов баръакс дар маҳбас бо­шад ҳам, ваъда медиҳад, ки қарзашро бо малағ ё хона ба мардуми «ҷабрдида» (агар дар ҳақиқат бошанд) бармегардо­над.

Тафовут аз замин то осмон!…

Дар давраи истиқлолият Бонки Миллӣ «Вомбарг»-у лотореяҳои зиёд ба­роварда бошад ҳам, онҳо дар хонаи мар­дум танҳо чун ёдгорие аз фиреби ину он кас маҳфузанд… Қисмати саҳмияҳои НОБ-и “Сангтӯда” то ҳол равшан набуда, соҳибонашон «туда — сюда» овораанд. Саҳмияҳои НОБ-и “Роғун”, ки бешумор ғун шудаанд, мардумро имрӯзҳо «дил­хун» кардааст, ки оқибат чӣ мешуда бо­шад.

Ба фикри банда, барои ҳақро ба ҳақдор расондан, ин амалҳо бояд пиёда шаванд:

1. Ҷ. Охонов аз маҳбас озод карда шавад, то ӯ ба ваъдаи хеш мардона вафо намояд.

2. Муфаттишон на аз рӯйи овозаҳои кӯчагӣ, балки ба қонунҳои феълии кишвар такя карда, кор баранд.

3. Ба даст овардани аризаҳои бофтаю сохта ва бо роҳи зӯрию ваъда ба муқобили Ҷ. Охо­нов қатъ гашта, ба инобат гирифта нашаванд.

4. Он 705 касе ки соҳиби мазил шудаанд, ба даҳон об на­гирифта, ҳақиқатро дар хусуси Ҷ. Охонов ва ҶДММ «Мовароуннаҳр» ба мақомоти прокуратура иброз доранд.

5. Ҳар мансабдор ва кур­синишине, ки ба ҳабси Ҷ. Охонов сабабгор гаштаанд, муайян карда шаванд ва ҷавобгарон ҷазо би­нанд.

Аз Ҷ. Охонов Мавродӣ сохтан лозим нест!

Ҳотами НАФИС

Даъвои Ҷ.Т.Охонов беқаноат монд

Дар асоси пешниҳоди муфаттиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбат ба директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷ.Т.Охонов ба мӯҳлати 2 моҳ чораи пешакии ҳабс тадбиқ карда шуда буд. Пас аз гузаштани мӯҳлат, боз тибқи пешниҳоди муфаттиши Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мӯҳлат ба 4 моҳи дигар дароз карда шуд. Азбаски бе иштироки айбдоршаванда масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд, Ҷ.Т.Охонов ба зинаи касатсионӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ менави­сад.

Коллегияи судӣ аризаро мавриди баррасӣ қарор дода, даъвои Ҷ.Т.Охоновро бебаррасӣ монд.

Сомони Ҳафиз

Аз «Пайкон». Оид ба ин масъала муфассалтар

дар шумораи оянда мутолиа мекунед.

 

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: