Главная > Акаи Ҷалил > Баақлӣ ба калла аст, на ба калӣ

Баақлӣ ба калла аст, на ба калӣ

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Дар як маърака даро-барои бисёр шуду як каса бологу­зар карданд. ӯ касе ки дар паҳлӯш мешишт, ба одамони нав даромадагӣ, ин мардаки бологу­зар шудагира шинос мекард: “ин шӯи Ҳурии биргат”. Ҳамин хел як бор шинос кард, ду бор шинос кард, се бор… Ин шӯи Ҳурӣ даҳан гиз, то вехи гӯш, ҳар гаҳе ки ши­носаш мекунанд, артистҳо ворӣ нимтаъзим ҳам мекунад. Дар кунҷи хона як мӯйсафед шиштагӣ буду ҳамаи ира тамошо мекард. Баъд тоқаташ тоқ шуд, гуфт, ки ин бузбала ғайри шӯи Ҳурӣ будан боз ягон касабаи дигар дорад ё не? Ҳамон ворӣ бисёр фикр ме­кунаму дар назарам метобад, ки ҳамин фикру андешаи мо ҳам мисли ҳамон шӯи Ҳурӣ ҳич ному насаби таъин надорад, аксармон умрмона ба сафсатафурӯшиву гаҷгигӯӣ мегузаронем. Ҳамон раҳматии атам мегуфт, ки ба ақли пайвандӣ куҷо меравӣ?…

Калла ки набошад нолаи нон­та аз даҳанат кашида мераванду дарак намеёбӣ. Дар як деҳаи рай­они ҳамсоя як дохунда доштам, Зокир ном дошту биср одами меҳнатӣ буд. Чанд сол пеш дар хонаи ҳамин ошномон меҳмон шудам. Баъд як ҳодисае шуд, ки мислша ҳамон Абдураҳмони му­аллим дар ким-кадом китобе хон­да будааст. Аз ҳар тараф гап за­дему Зокир дар бораи кӯдакҳош нақл кард. Бачаҳо калон шуданд, якумаш ба зангирира. Лекин ҳич якаш ду намешавад, ки миёнша бандаду дар хонаи духтардор равад. Барои гузаронидани маъ­ракаи хурсандӣ зӯраш намера­сидаст. Хайр, гуфтам, як шишта якҷоя фикр бикунем, мумкин ягон роҳу ростор пайдо шавад. Дар ҳамин вақт аз пушти сандуқи кунҷи хона як кириш-кириш шуду Зокири ҷӯрамон алохун ҳамон та­раф нигоҳ кард. Ман пурсидам, ки чӣ гап аст, гуфт чанд сол шуд аз дасти ин мушҳо амон нест. Аз хона тамоми чизи майда-чайда гум шудан дорад. Қанду қанфита халташ катӣ харида меораму дар як-якуним ҳафта тамом мешавад. Чанд бор кӯдакҳо мушту лағат хӯрданд, лекин бефойда.

Ман даррав пай бурдам, ки ин бояд кори муш бошад. Пурсидам ки аз хона чӣ чизҳо гум мешуданд. Гуфт ки бисёртар хӯрока, латтаву латтапора, ҷирзу ҷиғел. Ба ҳамин наздикӣ ҷойнамозаш ғайб задаст. Боз пурсидам ки фарши ҳамин хо­нара кай рағд карда будӣ. Гуфт, ки даҳ ё понздаҳ сол пеш.

Ман пиёлаи чойма гирифта­му гуфтам, ки белу зоғнул до­шта бошӣ биёру кӯдакҳота бигӯ ҳамаи чизи хонара берун баро­ранд. Дохундам, ки феъли мара хуб медонист, даҳан накушо­ду аз пайи кор шуд. Баъди ним соат кора сар кардем. Дар кунҷи хона як шикофии калон буд. Ду бел зада будам, ки шикофӣ ка­лонтар шуд. Шикофира кандан гирифтем. Панҷ-шаш метр канда рафта будем, ки сӯрохӣ мисли ҳелчаи саг калон шуд. Он ҷо да­ромадем ки боз калонтару дар ду тараф тамоми чизи рӯзгора ёфт мекунӣ. Қанду қанфит дар як ҷо, чой дар як ҷо, собун алоҳида, қуттиҳошон беҷо шудагӣ не, аз шоткаи дандоншӯӣ то қапқони мушқапӣ ҳама ҷо ба ҷо, — хуллас одами нодида бошад, гумон ме­кунад, ки ганҷури таппа-тайёра соҳибхона худаш сохтаст барои рӯзи мабодо. Фармидам, бачаҳои Зокир халтаҳора пур мекарданду мебурданд. Ними ҳуҷра пур шуд. Баъд боз канда дарунтар рафта будем, ки ҷӯраи мушмон шиштаст баҳузур дар болои ҷойнамози Зо­кир. Мора диду яктарафа шуд. Зокир як дил кард бизанадаш, ки ман намондам. Гуфтам чанд сол тоқат карда шиштӣ ҳич гап нашуд. Муш ҳам ризқу рӯзӣ до­рад. Лекин ба моли ту хиёнат накардаст. Аз он ҷо боз як тӯп молу матоъ баромад. Хулоса, ошнои Зокирмон моли тайи чанд сол гумкардагиша ёфт. Вақте ка­тии занаш гирифта ҳисобу китоб карданд, барои як тӯй мерасид. Фақат чорво куштан даркору баъзе майда-чайдаи дигар.

Баъд шиштему хандидем ду­каса. Зокир сарша меқападу мега, ки барои чӣ ин қадар сол муш моли хонара мебурду як бор дар гӯшаи хаёлам наомад, ки ҳамин кора бикунам. Каллара бин-а, гаштам гарангогаранг.

Мана ҳамин хел, додарҳои ҷон, ин теппаи сара дар вақташ кор фармудан даркор, Лекин агар холӣ бошад-чӣ? Холӣ бошад вой бар ҳолу ҷони соҳибаш.

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: