Главная > Uncategorized > Ихтирои Эйнштейн ӯро Худо накардааст!

Ихтирои Эйнштейн ӯро Худо накардааст!

Имрӯз дар кишва­ри мо мадҳсаройиву саногуйӣ ба як одат ё беҳтараш суннат табдил шудааст. Аз шаҳрванди одӣ сар карда, то коркунону мақомоти давлатӣ дар ин амр бо ҳам мусобиқа гузошта, ҳар кадом аз якди­гар сабқат мегиранд. Ифрот дар ин кор рӯҳи одамиро озур­да мегардонад ва таҳаммули онро ба камтарин ҳадди им­кон мерасонад. Имон доштан ва сари таъзим фуруд овардан дар баробари Худо воҷиб аст, аммо парастиш дар баробари касе ширк овардан ба Худо аст. Аммо бадбахттар ва зиёнкортар он касест, ки ҳамойиши худситойӣ ба ҳамроҳи гурӯҳе аз чоплусон роҳандозӣ мекунад, ки на суде барои дунёяшон дорад ва на охираташон, зеро боиси мазҳакаи мардум мешаванд.

Бархе тоҷикон ба зоҳир одат кардаанд, ки ҳамвора барои худситоии хеш барномаҳое дошта бошанд ва ин бисёр бад аст. Дар за­мони Шӯравӣ вазъ ин гуна буд ва шоиста аст, ки ин суннат дар давлати соҳибистиқлоле пас аз ҷанги шаҳрвандӣ аз байн биравад. Дар ахбороти телевизионӣ мебинӣ макта­беро, ки соли гузашта ва ё чанд сол қабл сохтани он оғоз шудааст ва ҳанӯз корҳои ав­валияи он ба поён нарасидааст. Бо вуҷуди ин, дар телевизон мактабҳоеро, ки ҳанӯз дар ҳоли сохтанд, таблиғ мекунанд. Албатта ҳазорон намуна аз ин даст «кӯҳсозиҳо» ҳаст, ки маҷоли гуфтан нест.

Гоҳо мебинем, ки мардум аз нафари бо­ломартабае ситоиш карда, тамаллуқ меза­нанд ва ӯро ба ҳангоми ташриф шеърхонон пешвоз мегиранд. Ин гуна одоби пазиройӣ муҷиб мешавад, ки инсон хору паст гардад ва суде барои истиқболшавандагон надошта бошад. Коре аст беҳудаву зиёнбор ва акнун ин худситойӣ ва ҳамойишҳое аз ин даст низ ҳамонанди суннати нописанд ва ойини ноду­русти истиқболи анборӣ мебойист канор гу­зошта шавад. Зеро на ба дарди дунёи эшон мехӯрад ва на охират.

Фарзанди инсонро бо мадҳсароиву фахрфурӯшӣ чи кор? ӯ ки дар оғоз нутфаи гандида ва дар поён мурдори бадбӯ аст, на метавонад рӯзии хештанро фароҳам кунад ва на маргро аз худ дур намояд! Инсон дар тӯли таърих дастовардҳои зиёде доштааст. Аммо нашояд, ки Эйнштейнро ба хотири кашфи ядрову нафари дигарро ба хотири ихтироъи ҳавопаймову сайёраи нав аз Худо тарҷеҳ дод. Зеро ҳар коре анҷом диҳад ҳам, инсон ба мартабаи Худо нест. Аз ин рӯ, бояд ба кори ҳар нафаре, хоҳ вазир бошаду хоҳ кабир ё шахси одӣ, бояд бо якрӯӣ назар кард. Зеро агар вазир як коре анҷом додааст ва онро дар таърихи инсоният нодиртарину беҳтарин унвон медиҳанд, ин маънои онро надорад, ки аз ӯ бояд парастиш кард. Чун аз назари воқеӣ вай масъулияташро анҷом до­дааст, на аз ин бештар. Ҳар кас дар доираи масъулият ва имконияташ метавонад кореро анҷом диҳад, аммо анҷом додани коре на ба он хотир бояд бошад, ки миннат гузорад ё аз он таърифу тавсиф шавад. Зеро ҳар ама­ле, ки бо миннат анҷом шавад, онро некӣ гуфтан ҷоиз нест. Чун дар ин сурат миннат метавонад манфиати шахсиро аз манфиати миллӣ боло гузорад. Пас дар ҳар коре, ки ба манфиати миллат анҷом мепазирад, миннат кардан чӣ маъно дорад? Набояд як нафарро сутуни миллат ва миллатро ба яке вобаста донист. Чун агар мавҷудияти миллат танҳо ба нафаре вобаста бошад, метавон ин гуна бардошт ҳосил кард, ки бо марги он нафар як миллат низ аз байн хоҳад рафт.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

 

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: