Главная > Исфандиёри ХАЛИЛ > Муҳаммадзамони Солеҳ- ринд, зардуштӣ ё сӯфӣ?

Муҳаммадзамони Солеҳ- ринд, зардуштӣ ё сӯфӣ?

60-солагии муаллифи «Девори Хуросон»

Муҳаммадзамони Солеҳ, нависандаи марҳуме, ки бо қолабшиканӣ, навҷӯӣ ва тозакорӣ, рӯ ба таърих овар­дан ва пайванд додани он бо ҳаёти муосири мардуми тоҷик ва таваҷҷӯҳ намудан ба оҳанги миллӣ дар арсаи наср маъруфи­ят дорад, 60-сола шуд. Рӯзи 13-уми январ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки нависандагону оли­мон ва афроди огоҳ аз ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маҳфиле бар­гузор шуд. Дар ин маҳфили ёдоварӣ осору навиштаҳои Муҳаммадзамон мавриди арзёбӣ ва баҳогузорӣ қарор гирифт, ки румони «Девори Хуросон»-и ӯ ба унвони яке аз беҳтарин ва олитарин асари нависанда маъ­нидод гашт. Ҳатто барои соҳиб шудан ба мукофоти Рӯдакӣ ин асар пешниҳод шудааст. Ҳанӯз оғози нобасомониҳои солҳои 90-и асри гузашта ба хоти­ри муттаҳид кардани миллати соҳибтамаддун дар атрофи як ғояи ногусастание, ки бо таъ­рихи ҳазорсола пайвандӣ дорад ва кӯшиши боздоштани мар­дум аз даст ба хунрезӣ задан Муҳаммадзамони Солеҳ асари машҳури таърихии худ — «Дево­ри Хуросон»-ро менависад, ки дар он симои Исмоили Сомонӣ чун намояндаи миллати озо­даи тоҷик ва ҳимоякунандаи манфиатҳои мардум тасвир ёфтаааст. Нависанда бо таъ­лифи ин румон мехост миллати раҳгумзадаи тоҷикро, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нисбати Ленин чун пуштибо­ни пролетариат то андозае бадбинӣ ва нобоварӣ пайдо карда буданд, роҳнамоӣ кунад ва Исмоили Сомониро чун доҳии миллати тоҷик талаққӣ карда, мардумро дар атрофи ин идео­логияи асосӣ муттаҳид созад. Аммо баъд аз оне, ки тоҷикон дар кишвари худ ноогоҳона фи­реби бегонаҳоро хӯрда, даст ба хунрезиву бародаркушӣ заданд, ба рӯҳияи ӯ таъсири хеле манфие гузошт ва баъзе ҳамнишинони Муҳаммадзамон шикастарӯҳии ӯро дар охири ҳаёташ аз ин фоҷеаи бар сари миллат омада медонанд.

Меҳмон Бахтӣ — раиси Иттифоқи нависандагон бар ин назар аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба рӯҳияи Муҳаммадзамон таъ­сири манфӣ гузошт ва сипас ӯ барои эҷодиёт ва зиндагӣ роҳи гӯшанишиниро ихтиёр кард. Урун Кӯҳзод — нависанда ва яке аз устодони Муҳаммадзамон гуфт, ки ӯ дар ҷавонӣ ринд буд, баъдан зардуштӣ шуд, си­пас мазҳабӣ гашт ва дар охири ҳаёташ сӯфии софро мемонд.

Чаро ҷоизаи Рӯдакиро надоданд?

Муҳаммадзамон дар охири ҳаёташ аз ҳамнишинону дӯстон ва мардум канора гирифт ва мисли сӯфиён гӯшаи хилватро интихоб кард. Урун Кӯҳзод нақл кард, ки лаҳзаҳои охири ҳаёташ суханҳои мармуз мегуфт. Боре бо Урун Кӯҳзод нишаста, дар бораи аз шаб то саҳар дар хид­маташ будани малоикаҳо ҳикоят мекунад ва мегӯяд, ки баро­яш аз нуқлу шароб хӯрданиву нӯшиданиҳо меоварданд.

Аммо нависанда Валӣ Самад бар ин бовар аст, ки сабаби шикастагӣ ва марги тадриҷии Муҳаммадзамони Солеҳ ба ӯ надодани ҷоизаи Рӯдакӣ ме­бошад. Зеро барои гирифтани ҷоиза боварии зиёд дошт, аммо ба вай надоданд, ки инро чун қадрношиносӣ хеле бад қабул кардааст. ӯ бо далел аз мақолаи худи Муҳаммадзамон таҳти ун­вони «Ваҳдат бо даҳшат», ки 17-уми сентябри соли 1991 дар «Тоҷикистони советӣ» ба табъ расидааст, ин гуна натиҷагирӣ кард, ки сабаби ба ҷоизаи Рӯдакӣ сазовор надонистани асараш маҳз бо таъсири Ми­хаил Левин будааст, ки аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон бо хоҳиши ӯ ҳар кореро анҷом ме­додаанд. Порчае аз навиштаи Муҳаммадзамонро мисол овард, ки мазмунан чунин маъно до­рад:

— Оё нависандагон дер боз бар ин нестанд, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро Мӯъмин Қаноат не, маҳз Миха­ил Левин идора мекунад. Тӯли 30 соли дар Тоҷикистон зиндагӣ ва ба ИНТ роҳнамоӣ кардан за­бони тоҷикиро наомӯхт, ада­биёти тоҷикиро дар асл хонда наметавонист ва рӯҳи пурваҷду шӯри миллати тоҷикро дарк на­мекард. Оё беҳтар нест, ки аро­баи худаш, кори шӯъбаи адаби­ёти русро кашад? Бесабаб нест, ки барои ин ҳамеша мо Мӯъмин Қаноатро накӯҳиш мекунем.

Вале муовини раиси ИНТ Абдулҳамид Самадов гуфт, ки Левин ба ҷоиза рабте надорад. Ҳарчанд асари Муҳаммадзамон аз ҷониби ҳамкасбонаш баҳои хуб гирифта буд, аммо мақоми ҷоизадиҳӣ кумитаи алоҳидаи давлатӣ асту ба ИНТ вобаста нест. Дар ин кумита ҳудуди 33 нафар, аз ҷумла Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ ва боз бисёре буданд, ки ҳамаи онҳо виҷдонфурӯш набуданд. Ба гуфтаи ӯ ИНТ ба қадри имкон дар замони душвориҳои зинда­гии Муҳаммадзамон дастгириаш кардааст ва баъдан хонаеро низ аз ин ҳисоб барояш додаанд.

Баъзеҳо мегуфтаанд, ки Муҳаммадзамон аз бемории саратон ранҷ мебурдааст ва бемориву афсурдагиаш маҳз ба ин хотир будааст. Риёзату ибодатҳои ӯ барои табобат аз ин беморӣ буда, ҳамзамон бо дурӣ ҷустан аз мардум наме­хостааст, ки касе аз ин «сир» огоҳӣ ёбад. Вале иддаи дигар сӯфигиву ибодати ӯро содиқона медонистанду сабаби аз мар­дум дурӣ ҷустанашро шикаста гаштани ғурури нависандагии ӯ маънидод мекарданд. Яъне дигар ба адлу инсофи одамон, махсусан аҳли адабу фарҳанги кишвар боварияш намонда буд.

Фалсафаи Муҳаммадзамон, васиятномаи Мирзо Боқӣ ва орзуи К омил Бекзода

Гуфта мешавад, ки таълифҳои Муҳаммадзамон бо фалсафа омехта буданд ва ин дар навиштаҳояш эҳсос мешуд. Файласуф Комил Бекзода дар гузоришаш, ки миллатмеҳварӣ, урупомеҳварӣ, исломмеҳварии Муҳаммадзамон ва васияти Мирзо Боқиро дар бар меги­рифт, гуфт, ки навиштаҳои Муҳаммадзамон фалсафаи миллатмеҳварӣ, урупомеҳварӣ ва исломмеҳварӣ дошт. Дар марҳилаи аввал замони Шӯравӣ дар фалсафаи Муҳаммадзамон миллатмеҳварӣ, шӯравимадорӣ ва исломмеҳварӣ дида мешуд, ки аз ҳама зиёд миллатмеҳварӣ дар андешаи ӯ мустаҳкамтар буд. Баъдан, дар давраи бозсозӣ ба фалсафаи нависан­дагони муосир ва файласуфони Аврупо шавқу завқи зиёд пайдо кард. Аз ҷумла китоби «Роҳҳои озодӣ»-ро, ки 1000 саҳифа буд, мутолеа мекард, ки дар он дав­рон касе аз онҳо огоҳӣ надошт. Навиштаҳои файласуфи Ҳинд Багвани Раҷниш (ОШО)-ро низ мутолеа мекард, ки то он лаҳза дар бораи ӯ огоҳӣ надоштем. Дар марҳилаи саввум давраи истиқлол буд, ки исломмеҳварии Муҳаммадзамон боло гирифт ва бештари дӯстонаш инро як ангезаи муаммогуна ва сарба­ставу мубҳам арзёбӣ карданд. Дар ин мавзӯъ шояд суханҳое бошанд, ки ҳоло гуфта нашуда­анд ва гуфтанашон ҳам имкон надорад.

Васиятномаи Мирзо Боқӣ чунин будааст, ки чанд ҳафта пеш номбурда дар ҳузури 10 нафар корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи фанҳои Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки агар аз ҷаҳон даргузарад, ҷасади ӯро ба Масчоҳ баранд. Онҳо васияти Мирзо Боқиро қабул кардаанд. Комил Бекзода ба таври шӯхӣ гуфт, ки намедо­над ҷони ӯ кай мебарояд, вале аз ҳоло пул ҷамъ карда истода­анд. Мирзо Боқӣ дар васияташ баён кардааст, ки гузаронидани 20-у 40-у сол шарт нест. Чун дар азои ӯ 90 дар сад касоне шир­кат ҳоҳанд кард, ки дар зиндагӣ қадршинос набуданд ва баъд аз мурданаш аз рӯи риё азодорӣ мекунанд. Хурсандии 10 на­фар ширкаткунандаи маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар он аст, ки бо баҳонаи мурдаи Мирзо Боқӣ як гӯшаи диёри зебоманзар, ноҳияи Мастчоҳро рафта меби­нанд,- мегӯяд Комил Бекзода.

Падроғ, деҳае, ки ба ҷойи ғалла муаллим «мерӯяд»

Муҳаммадзамони Солеҳ соли 1951 дар деҳаи Падроғи ноҳияи Масчоҳ, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш дар аввал омӯзгор буд ва сипас вазифаи роҳбарии колхозро ба ӯҳда дошт. Ба гуфтаи Мирзо Аҳмадов — устоди Муҳаммадзамони Солеҳ, заминаи маърифату до­ниши ӯ аз ҳамин деҳа оғоз шу­дааст ва сипас чун нависандаи номдор маъруфият пайдо кар­дааст. Мирзо Аҳмадов мегӯяд, ки муаллимони Падроғ ва ду деҳаи поёни Мастчоҳ тамоми деҳаҳои дигари болои ноҳияро таъмин мекарданд ва дар ин бора мақоле ҳам буд, ки «Дар се деҳаи поён ба ҷои ғалла муаллим мерӯяд» ва ин асос дошт. Муҳаммадзамон аз чунин як деҳа таълиму тадрис гириф­та, баъд ба пойтахт омада буд. Дар Душанбе дар телевизиони Тоҷикистон, театри ба номи Лоҳутӣ, рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ва якчанд идораҳо кору фаъолият кардааст. ӯ му­аллифи якчанд асари бадеӣ, аз ҷумла «Сарви кишмар», «Ар­давирафнома», «Кобуси Қобус ё бозори пашшаҳо», «Оҳанги шаҳри ишқ», «Девори Хуросон» ва ҳикояву мақолаҳо мебошад. Соли 2009 ӯ аз олам чашм пӯшид. Ҳоло аз рӯи маълумотҳо дастха­ти асаре аз Муҳаммадзамони Солеҳро фарзандонаш бо худ доранд ва Абдулҳамид Самадов дар мавриди нашри он аз имко­ни дастгирии ИНТ ёдовар шуд. Вале аламовар он аст, ки дар зинда буданаш ба қадри суха­ну истеъдоди ӯ нарасиданд, ле­кин пас аз маргаш қадршиносӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол, қонуни зиндагӣ чунин будааст, ки ба қадри бузургон пас аз марг хоҳанд расид ва инкори бузур­гон ғайримумкин аст.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: