Главная > Uncategorized > Нашри китоби нави донишманд Луқмон Бойматов — «Таърихзадагӣ»

Нашри китоби нави донишманд Луқмон Бойматов — «Таърихзадагӣ»

Китоби нави донишманди тоҷик Луқмон Бойматов бо номи «Таърихзадагӣ», ки нақди бархе аз масоили фалсафаи таъ­рихнигории миллиро дар бар мегирад, аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба табъ расид.

Луқмон Бойматов дар маҷмӯаи худ таърихнигории солҳои ҷадидро ба риштаи таҳлил кашида, аз он изҳори ташвиш мекунад, ки он чӣ ҳам акнун боиси нигаронӣ аст, бемавқеъ ва аз ҳад зиёд ташвиқ ва интишор додани осори сабукбори таърихӣ ва адабист, ки ахиран бегуфтугӯ, теъдодашон дар ҳоли афзудан аст.

— Магар пӯшида аст, ки иддаи зиё­де ҳам дар рӯзгори мо таърихниго­риро кори бисёр осон мепиндоранд. Ин бардошт ва фикри ғалат дар чанд соли ахир чунон вусъат гирифта, ки гӯӣ ҳар одаме, ки камтар саводи на­виштан ва хонданро доштааст, даст ба таърихнависӣ зада, онро гунаи саргармӣ ва ҳикматашро афсонае до­нистааст,- менигорад муаллиф.

Ба ақидаи ӯ, ҳамакнун вусъати таблиғ ва ташвиқи осори сабукбо­ри ба зоҳир илмиро метавон шуюъи «дарди таърихзадагӣ» ё «таваллуди шабеҳилм» номид.

— Онҳое, ки таърихро бистари огоҳии миллат меноманд, оё боре ҳам фикр кардаанд, ки акнун чӣ гуна, аз чӣ роҳе ва дар ивази чӣ ҷомеа ва миллатро огоҳ месозанд?! Оқибати бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба равишҳо ва наҳваҳои огоҳ намудан чӣ хоҳад буд? Беарзиш кар­дани мақоми илм ва табдил додани он ба «шабеҳилм» чиро ба худ ҳамроҳ хоҳад овард?,- масъалагузорӣ мекунад муаллиф.

Шарҳи ин масъалаҳоро бешубҳа метавон дар матолиби китоб дарёфт кард.

Дар ин маҷмӯа гулчини мақолот ва навиштаҳои муаллиф дар масоили фал­сафаи таърих ва таърихнигории муо­сир ҷой дода шуда, матолиби он барои муҳаққиқон, муаррихон, донишҷӯёни риштаҳои таърих, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ тавсия дода мешавад.

Фирӯза ГАЗИЕВА

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: