Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Рӯзбеҳ марде бовафо буда, бо вуҷуди ин нармдил, ширинсухан ва хушмуоми­ла будааст. ӯ аз ҳама гуна шаририҳо ва бадиҳо нафрат мекард. Дар зиндагии шахсӣ сахӣ ва дасткушод буда, дар ин роҳ шахсан ҷидду ҷаҳд мекард. Танҳо ҳаминаш аст, ки дар масъалаи арабҳо бо тақозои рӯҳи шуубии худ, онҳоро бо лаҳни латифе масхара мекард. Мазҳаби сиёсии Рӯзбеҳ аз рӯйи ақида набуд. ӯ аз рӯйи равиши рӯзгор мавқеи худро ишғол мекард. Маса­лан, ӯ шоҳиди ҳодисоти иҷтимоии зерин буд: Муборизаи бани Умайя, зӯригариҳо ва золимиҳои бани Аббос, дастзӯрии арабҳо ба муқобили миллатҳои дигар. Рӯзбеҳ чунин мавқеъро ишғол мекард: ӯ ботинан арабҳоро бад медид. Бо ҳамроҳии маволӣ ё худ миллатҳои ғайриараб худро тарафдори бинни Аббос вонамуд мекард, вале қалбан бо Аббосиён набуд. ӯ дар дил ҳавои аббосгирӣ ва майли арабӣ надошт. Балки ӯ сиёсати алавӣ (Алипарастӣ) ва майлу рағбати форсӣ дошт. ӯ худро дӯсти бани Аббос вонамуд карда, аз бадиҳояшон канораҷӯӣ мекард.

Ҳамин тавр кӯшиш кард, ки барои мил­латаш кори аз дасташ меомадагиро анҷом диҳад. Мехост бо нашри адабиёт, сиёсати он ва таърихаш миллати худро зинда ку­над. ӯ айбҳои системаи иҷтимоии замони худро медонист. Барои ислоҳи онҳо даъват мекард. Тартиботи давлатдории форсҳоро барои татбиқ кардан интихоб карда буд. ӯ дар зинда кардан ва ислоҳи мероси мил­лати худ маҳорати аҷибе зоҳир карда буд. Яъне дар зоҳир ба таври сунъӣ худро моил ба аббосиён ва арабҳо вонамуд карда, дар амал ба ин восита мақсадҳои форсии ху­дро иҷро карданӣ мешуд.

Доир ба мазҳаби динии Рӯзбеҳ то ку­нун олимон ба ду ақида тақсим шудаанд: Гурӯҳи аввал мегӯяд, ки Рӯзбеҳ мусулмо­ни ҳақиқӣ шуд ва исломро аз самими қалб қабул намуд. Гурӯҳи дуюм ақида доранд, ки Рӯзбеҳ зиндиқ буд ва зиндиқ монд.

Вале ақидаи олими муосири араб Ҳанно Ал-Фохурӣ ба ҳақиқат наздиктар аст. ӯ мегӯяд, ки «Рӯзбеҳ аз гурӯҳи он одамонест, ки ба дин бо назарии ақли холис нигоҳ мекунанд. Ин қабил одамон дар ин масъала ҳайронӣ мекашанд ва из­тироби сахтеро аз сар мегузаронанд. Аз ин ҳам гузашта бояд пиндорем, ки Рӯзбеҳ ба мазҳаби Монӣ майл карда ва аз таълимоти ӯ рӯҳи худро ором кардааст. Баъд чунон ки таърих гувоҳӣ медиҳад, исломро қабул на­мудааст. Вале мусулмонии ӯ аз рӯйи ақида набуда, балки муросое бо аҳли замон буд. Дар китобҳои «Ағонӣ» ва «Вафаёт-ул-аъён» доир ба зиндиқии ӯ ахборот оварда шудааст. Аз тарафи дигар, боби «Барзайҳ» дар китоби «Калила ва Димна» аз ақидаҳои динии муаллифи он шаҳодат медиҳад. Ба ҳар ҳол, осори Рӯзбеҳ аз ақидаҳои илоҳии китобҳои осмонӣ (динӣ) дуранд. Ақидаҳои ӯ доир ба табиат ва камоли инсонӣ асос ёфтаанд».

Доир ба зиндиқ (даҳрӣ) будани Ибни Муқаффаъ қадимтарин китоби таърихӣ осори Ҷоҳиз мебошанд. ӯ мегӯяд: «Ибни Муқаффаъ, Мутеъ ибни Иёс ва Яҳё ибни Зиёд дар дини худ муттаҳам карда шуда­анд».

Ибни Халликон (ҷ. 1, саҳ. 211) овар­дааст, ки гӯё Маҳдии Халифа гуфтааст: «Нависандаи зиндиқеро ба ҷуз Ибни Муқаффаъ пайдо накардам».

Ба ақидаи Аҳмад Амин — муҳаққиқи муосири мисрӣ, адовати шахсие, ки байни Рӯзбеҳ ва Суфиён ибни Муовия буд, са­бабгори бисёр нақлу ҳикояҳо гардидааст. Зиндиқии Рӯзбеҳ дар он зоҳир шудааст, ки гӯё аз назди оташкадае гузашта мегӯяд: (Мазмунан аз шеъри Аҳвас): «Эй оташка­даи Отика, каси аз ту дуршуда ҳам, дилаш ба ту пайваст аст. Ба ту қасам мехӯрам, ки бо ҳама ин монеаҳо ба ту дар дил майл дорам».

Чанде баъд донишмандоне аз қабили Боқилонӣ ва Қозӣ Аёз ӯро бо мухолифат бо «Қуръон» муттаҳам донистаанд. «Рӯзбеҳ,- мегӯяд Аҳмад Амин,- аксари ҳаёти худро зоҳиран ва ботинан ба тариқи маҷусӣ гу­заронд. ӯ танҳо дар охир ҳангоми котиби Исо ибни Алӣ таъйин шуданаш, исломро қабул намуд. Баъди мусулмон шуданаш зиёд умр надид. Пеш аз ислом қабул кар­данаш, албатта, ӯро бадгӯӣ намекарданд. Ҳар коре шуда бошад, баъди мусулмон шу­данаш қобили вуқӯъ буд. Ровиён дар бо­раи гуфтаҳои зиндиқона ва асарҳои ӯ баъ­ди мусулмон шуданаш чизе нагуфтаанд. Ҳодисаҳое, ки метавон ба ҳақиқати онҳо бовар кард, иборат аз адовати шахсии ӯ бо Суфиён ибни Муовия ва зиёрат карда­ни оташкадае беш нестанд. Вале доир ба зиндиқии ӯ муболиға кардаанд».

Кор ба дараҷае расидааст, ки Ибни Таммом дар «Девони ҳамоса» аз Ибни Муқаффаъ ду байте зикр намуда, Саъ­лаб мегӯяд, ки дар байти охир ақидаи мазҳабии Рӯзбеҳ зикр шуда ва ин маъно­ро таъкид мекунад, ки «хайр бо шарр ва шарр бо хайр омехта аст». Дар сурате, ки дар он байт чунин маъное пайдо кардан муҳол аст.

Рӯзбеҳ умри кӯтоҳ (ҳамагӣ 36 сол) дида бошад ҳам, таъсири ӯ ба тамоми осори озодандешию фалсафӣ, дидакти­кию инсондӯстӣ, адолатхоҳию некбинӣ ва иҷтимоию сиёсии қаламрави исломнишин ба таври возеҳ ба назар мерасад. Тамас­хури латифи Рӯзбеҳ нисбат ба маросимо­ти ислом, тақвопарастии баъзе ашхоси таърихӣ, минбаъд ба як ҳаҷвиёти лати­фу пурнамаки шоирону ҳакимони борик­бин сабзида расидааст. Он нукта ҷолиби диққат аст, ки Рӯзбеҳ тавонист дар умри кӯтоҳи хеш осори фарҳангӣ, таърихӣ ва фалсафии ниёгонамонро ба наслҳои оян­да бипайвандад ва ин мерос бо ҳамин инкишофи қонунии афкори пешқадами тоҷикон то имрӯз боқист. Вақте ки «Калила ва Димна» аз рӯйи нусхаҳои тарҷумаи ара­бии Рӯзбеҳ боз ба забони тоҷикӣ баргар­донида шуд, ҳар кас метавонист ифтихор кунад, ки маҳз бобҳое, ки Рӯзбеҳ ҳангоми тарҷума аз паҳлавӣ ба арабӣ бо он аз ди­гар асарҳои фалсафӣ илова карда буд (ма­салан, ақидаҳои боби «Барзавайҳ») боиси шӯҳрати дубораи он гардид. Гузашта аз ин, маҳз тавассути «Калила ва Димна» ва ба назм овардани он аз ҷониби устод Рӯдакӣ дар нахустин поягузории адабиёти класси­кии тоҷику форс ин адабиётро сифатан аз як тараф ба ҳикмат, панду насиҳат ва аз тарафи дигар ба озодфикрию зиндадилӣ, танқиди тақвою инъикоси задухӯрдҳои бузурги иҷтимоӣ-сиёсии замонҳо пайванд кард.

2. Ибни Ровандӣ

Ибни Ровандӣ (тахминан солҳои 825-864 мелодӣ) зодаи сарзамини бостонии Хуросон буда, дар деҳаи Риванди назди Марв ба дунё омадааст. Бояд таъкид кард, ки нақши Марв дар бунёди фарҳанги мил­лии мо, ба таври бояду шояд омӯхта нашу­дааст. Ҳарчанд мадракҳои (маълумотҳои) археологӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ ба таври назаррас собит намудаанд, ки дар тӯли солҳои 500-1100-и мелодӣ ин шаҳр ва ноҳияҳои он барои бисёр нобиғаҳо (ма­салан, ибтидо Борбад ва Ибни Ровандӣ дар асрҳои VII-IХ)-и олами санъат, илму адаб ва фалсафа зодгоҳ ва илҳомбахши эҷодиёти онҳо (масалан, Кисоии Марвазӣ ва Умари Хайём дар асрҳои IХ-ХI) гар­дидааст, он гоҳ равшан тасаввур кардан метавон, ки Марвзамин (дар луғот бештар «Марврӯд») дар этногенези тоҷикон чӣ хидматҳо кардааст.

(Давом дорад)

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Ҷарида хондани мардум ба манфиа­ти давлат чӣ халал мерасонад? Билъакс (баръакс), мо ба чашми худ дидаву ба гӯши худ шунидем, ононе, ки ҷарида наме­хонанд ва аз ҳоли оламу ҷуғрофия бехабар буданд, дар соли 1915 ҳукм мекарданд, ки Петрограду Маскав ба дасти Олмон таслим ёфтааст. Агар касе сухани инҳоро такзиб кунад, тарафдори Рус ва ходими сиёса­ти Рус гумон карда, дашном медоданд ва фӯҳш (ҳақорат) мегуфтанд. Натиҷаи ин гуна эҳтисоботи (назорати) бемаънӣ ин буд, ки филҷумла одамони аз дунё боха­бар аз ин гуна ҳаракоти маъмурони рус ба ҷон омада, биттабъ (фавран) нафрат ме­карданд. Ин буд дӯстхоҳии амсоли Шулка ба ҳукумати Рус (саҳ. 151).

Зотан, ҳаракатҳои маъмурони рус бо ҳукумати Бухоро муаммои сарбаста буд (саҳ. 155).

20

Воқеаи Инқилоби Русия

ва фоҷеаи Бухоро

(Охири феврал) — аввали марти соли 1917 мутобиқи охирҳои ҷамодуюл аввали соли 1335 ҳиҷрӣ Инқилоби Кабири маъ­лум дар мамлакати Русия воқеъ шуда, дар зарфи се рӯз аҳолии Петрограду аксар ҳукумати мустабиддаи Рус ва арконашро аз император Николай гирифта, то вуза­рояш ба хоки мазаллату хорӣ заданд (саҳ. 156).

Ҳукумати Бухоро, ки ба зери ҳимояти намояндаҳои ҳукумати мустабиддаи Рус ба осудагӣ мезист ва роҳи ҳар гуна ислоҳу танзимро ба дилҷӯии намояндагони рус баста, ба ин як мушт раияи (шаҳрванди) фалакзада ба мутлақияти тамом амру фар­мон медод, ба ин хабари даҳшатасар якбо­ра сарриштаи кори худро гум карда, поро аз сар намешинохт; метарсид, ки фирқаи аҳрор (озодихоҳ) ва аскари Русия мабодо табдили асоси ҳукумати Бухороро хоҳанд (амир ва ёронаш низ) мисли Николай ва атбоаш (тобеонаш) аз беху бунёд барҳам зананд (саҳ. 157). Бинобар ин, ба ҳар ранге, ки мумкин бошад, ҳифзи ҳукумати ҳозираро, агарчи ба қадре гузашту ислоҳ ҳам муяссар шавад, аз муғтанамот (хуб ва ғанимат) мешумурд. Аркони элчихонае (сафоратхонае), ки он вақт иборат аз Мил­лер, Шулка ва Введенский буданд ва аз маъмурони намоёни ҳукумати мустабидаи (мутлақияти) Рус ба шумор мерафтанд, низ аз ин Инқилоб саросема шуда буданд. Раия (оммаи мардум) ва аскари Русия ҳар куҷо маъмурони собиқро «мустабид» гуф­та, мезаданд ва мекуштанд, ҳабс мефар­муданд ва нафй (бадарға) мекарданд.

Тараққипарварони Бухоро музокироти амиру вазир ва аъзои элчихонаро шуни­да, ба билфеъл (амалан) воқеъ шудани ислоҳот умедашон баркамол буд. Дар бай­ни тараққипарварон ташаббусе ва кӯшише низ барои ислоҳот мерафт.

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: