Главная > Иқболи САИДЗОД > Рақобати носолим ва «сотсиалистони хаёлӣ»

Рақобати носолим ва «сотсиалистони хаёлӣ»

Ё худ, чаро «ТАЛКО», «Тоҷирон» ва  «Сементи тоҷик» соҳибимтиёзанд?

Рақобати солим гӯё танҳо дар сухан вуҷуд дорад

Дар назар аст, ки солҳои минбаъда фасли тобистон қимати нерӯи барқ ба­рои бархе аз корхонаҳо тибқи нархно­маи мавсимӣ арзон шавад. Дар ин бора Сайидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо хабар дод. Тибқи маълумотҳо, ҳукумат барои 28 корхо­на дар пардохти андозу боҷи гумрукӣ ва нерӯи барқ имтиёз додааст, ки шир­кати алюминиюми тоҷик — “ТАЛКО”, “Тоҷирон”, “Сементи тоҷик” ва якчанд корхонаи сохтмониву тавлидии дигар дар ин рӯйхат шомил будаанд. Аммо дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳукумат бо дода­ни имтиёз ба баъзе корхонаҳо ва нодида гирифтани манфиати корхонаҳои дигар дар сиёсати бозорӣ рақобати носолимро эҷод мекунад.

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён дар нишасти ха­барии Вазорати рушди иқтисод ва савдо суолеро дар мавзӯи рақобати носолим байни корхонаҳо матраҳ кард ва иброз дошт, ки чаро масъулини ин ниҳод бар ивази ислоҳ баръакс мусоидат меку­нанд? Масалан, нерӯи барқ омили аслии таъмини рушди иқтисод дар Тоҷикистон аст, лекин на ҳама корхонаҳо аз “Барқи тоҷик” онро бо як нарх харидорӣ ме­кунанд. Агар корхонаҳои нассоҷӣ як кВт/соат нерӯи барқро 28 дирам ва аз ин бештар харидорӣ кунанд, ширкати алюминиюми тоҷик як кВт/соатро бо арзиши 8 дирам мехарад. Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо чунин далел меоранд, ки ширкати “ТАЛКО” беш аз 40 фоизи нерӯи барқи дар до­хил истеҳсолшавандаро мехарад ва ҳар корхонае зиёд хардорӣ мекунад, соҳиби имтиёз ҳоҳад шуд. Аммо ба иддаои кор­шиносон, рақобати солим дар он вақт ба вуҷуд меояд, ки давлат ба ҳамаи корхонаҳо, новобаста аз он ки давлатӣ бошанд ё хусусӣ, ҳуқуқу имкониятҳои баробарро қоил бошад.

Пешниҳоди Тӯраҷонзода дар фурӯши “ТАЛКО” дастгирӣ

меёбад

Инчунин, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳамасола камбуди нерӯи барқ эҳсос мешавад ва ҳеч зарурате нест, ки ширкати “Барқи тоҷик”миқдори зиёди барқро бо нархи арзон ба корхонаи алю­миниюм диҳад. Зеро аз ду сар нерӯи барқ харидор меёбад ва мушкили бебарқии аҳолӣ низ то андозае бартараф мегар­дад. Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба ин тарзи фурӯши нерӯи барқ мухолиф аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон барқи зиёдатӣ истеҳсол намешавад, ки онро арзон фурӯшанд. Нархномаҳое, ки барои фурӯши нерӯи барқ таъйин шудаанд, ба меъёрҳои муносибати бозорӣ муғойират доранд. Муносибатҳои бозорӣ нархно­маи ягонаро тақозо мекунад ва новоба­ста аз он ки корхонаи алюминиюм аст ё нассоҷиву нонпазӣ, тариф бояд як хел муқаррар карда шавад.

Омили асосии гуногунии нархномаи фурӯши нерӯи барқ, имтиёзҳои давлатӣ ва рақобати носолимро профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз фасоди молӣ ва манофеи бархе мақомоти давлатӣ дар корхонаҳо медонад. Дар сурати кам будани коррупсия сатҳи рақобати со­лим баланд мешуд. Вале фасод ҳаст, ки қимати нерӯи барқро барои корхо­нае мисли “ТАЛКО” арзон мекунанд ва корхонаҳое ҳастанд, ки муфлис меша­ванду касе парвое надорад.

Тайи ду соли ахир таҳлилгарон дар расонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки корхонаи алюминии Тоҷикистон бар зарар кор мекунад. Яъне ҳам дар айни мӯҳтоҷии мардум ба нерӯи барқ, бо далели аз фаъолият бознамон­дан аҳолиро аз истифодаи барқ маҳрум мекунад ва ҳам ба буҷаи давлат андози ночиз месупорад.

Ҳамин гуна баҳсеро Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатшинос ва яке аз рӯҳониёни маъруфи тоҷик дар мат­буот ба миён гузошта буд, ки боиси сарусадоҳои зиёде гашт. ӯ мегуфт, ки агар фаъолияти «ТАЛКО» бо чунин усул, яъне барзарар пеш рафтан гирад, беҳтар аст онро ба Русия фурӯхта, аз маблағаш нерӯгоҳи “Роғун” бунёд карда шавад. Мавқеи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода то ҳол иваз нашудааст ва ӯ бар ин на­зар аст, ки алюминийро маҳсулоти соди­ротии кишвар мегӯянд, лекин он аслан моли Тоҷикистон маҳсуб намеёбад. Зеро корхонаи алюминий маҳсулотро ҳамчун осиёб коркард карда, ба дасти соҳибаш месупораду танҳо ҳаққи хизматашро ме­гирад. Вай мегӯяд, дар мавзӯи бунёди “Роғун” сад дар сад сиёсати давлатро ҷонибдорӣ мекунад. Зеро фақат “Роғун” Тоҷикистонро аз бунбасти энергетикӣ наҷот медиҳад. Инчунин, “Роғун” мета­вонад дар оянда моли содиротӣ бошад.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбаташ пешниҳоди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар мавриди фурӯши корхона ва арзон харидорӣ кардани нерӯи барқ нодуруст шуморида, гуфта буд, ки дар Русия корхонаи алюминий нерӯи барқро нисбат ба ширкати “Тал­ко” арзонтар мехаридааст. Яъне ин кор­хонаи стратегии давлат аст ва бо ин да­лел давлат ба корхона имтиёз додааст. Ҳамакнун Ҳ. Умаров ҷонибдори он аст, ки масъалаи фоидаву зарари корхонаи алюминиюми тоҷик дида баромада ша­вад. Вай гуфт, ки бояд ҳисобу китоб ку­нем, ки даромади корхонаи алюминиюм чӣ қадар аст ва барои кӣ кор мекунад? Агар корхонаи арзиз бо ҳамин миқдор андозе, ки ба буҷаи давлат месупорад, фаъолияташро идома диҳад, масъалаи барҳам додани он пеш меояд. Яъне ин корхона барои Тоҷикистон даркор нест. Бояд онро фурӯшем ва маблағи ба даст омадаро барои рушди соҳибкории хурду миёна истифода кунем.

Ин дар ҳолест, ки вазири иқтисод Фаррух Ҳамралиев низ дар як нишасти соли 2010 гуфта буд, ки наметавонад пешниҳоди фурӯхтани корхонаро бад унвон кунад. Вале ҷиҳатҳои хубро беш­тар ба сифати далели фаъолият карда­ни корхона мавриди баррасӣ қарор до­дааст.

Рақобати солим вуҷуд дорад?

Ба эътимоди коршиносон, дар чанд соли ахир бо далели мавҷудияти рақобати носолим ҳудуди 40 корхо­наи хусусии хурду миёна фаъолияти худро қатъ карда, ба кишварҳои дига­ри минтақа рафтаанд. Чанд корхона аз сабаби гаронии нерӯи барқ ва ан­дозу пардохтҳои гумрукӣ ва набудани рақобати солим аз фаъолият бозмон­даанд. Соли 2010 дувоздаҳ корхона аз сабаби надоштани имкони пардохти ан­доз муфлис шуда, парвандаи беш аз 20 корхонаи дигарро барои баррасӣ ба суд фиристонидаанд.

Дар мавриди фурӯши барқ Фирӯз Саидов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки “Барқи тоҷик” монополисти ин бозор дар киш­вар аст ва то замоне, ки рақиб пайдо накунад, танзими нарх сурат намеги­рад. Ба андешаи ӯ, нархномаи нерӯи барқ бояд дар фасли тобистон, ки барқ зиёд мешавад, барои ҳамаи корхонаву муассисаҳо арзон шавад ва имтиёзҳои бархе аз ширкатҳо лағв гардад. Дар он сурат имкон дорад, ки то ҳадде рақобати солим ба миён ояд.

Андешае дар илми иқтисод вуҷуд дорад, ки дар шакли комил рақобати солим таъмин буда наметавонад. Сот­сиалистони хаёлӣ сабаби ҳама гуна бадбахтиҳоро дар рақобат медиданд. Тибқи назарияи марксизм, рақобат молистеҳсолкунандагон, ҳунармандон ва дигар табақоти ҷомеаро хонахароб гар­донида, даромади онҳоро кам мекарда­аст. Вале дар шароити имрӯза рақобати солим шакли танзими бозорест, ки руш­ди иқтисодиро таъмин гардонида, сифа­ту дараҷаи истеҳсолотро баланд месо­зад ва қобилияти харидории мардумро боло мебарад. Аммо рақобати солим дар асоси моликияти хусусӣ ва мустақилияти хоҷагидорӣ ба роҳ монда мешавад. Тибқи қонунгузориҳо, монополияи бозор манъ шудааст, вале дар шароити Тоҷикистон шакли рақобати носолим бештар ба на­зар мерасад. Тибқи баъзе маълумотҳо 60 дар сади бозори ҷумҳуриро иқтисоди “сиёҳ” ташкил медиҳад ва аксари ширкатҳои истеҳсолгар аз рӯи шартно­маи олигаполистӣ, яъне бо мувофиқаи ҳамдигар дар тартиби нарху наво дар бо­зор кор мекунанд. Иддае аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки рақобати носолим дар бозори дохилӣ боиси рушди бозо­ри сиёҳ дар ҷумҳурӣ гаштааст. Тибқи маълумоти иқтисодшиносони мустақил, саҳми ин бозор 60 дар сад аст, лекин мувофиқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, бозори сиёҳ 25 дар сади иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тавре коршиносон таъкид до­ранд, танҳо рақобати солим ва бидуни ҷӯрабозӣ метавонад пеши роҳи бозори сиёҳро гирад ва боиси мӯъдадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот гардад. Дар сурати баръакс бештари аҳолии кишвар имкони харидории маҳсулоти ниёзи ав­валро низ аз даст хоҳанд дод.

Иқболи САИДЗОД

�войG��X�w �v танқид ё таҳқири ин ё он нафари муайян нест, балки дар симои Икромӣ нишон додани афродест, ки аз фарҳанги миллии худ дур мондаанд ва муҳаббату эҳтироми эшон ба муқаддасоти миллӣ танҳо дар забонашон аст, на дар қалбу амал!

 

Мунтаҳо, бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои фавқуззикр мешавад, ки ба Кумитаи за­бон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ як пешниҳоди судманде кунем. Яъне бисёр кори хуб мешуд, агар кумитаи мазкур барномаҳои вижаеро ҷиҳати бозомӯзии забони тоҷикӣ барои бархе аз донишмандони забонгумкардаи тоҷик роҳандозӣ мекард. Агар ин пешниҳоди мо аз ҷониби раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ пазируф­та шавад, пас, аввалин шогирди ин бар­номаи бозомӯзии забони тоҷикӣ бешак Ҷонон Икромӣ хоҳад буд!

Нилуфари СОБИР,

Рӯзноманигор

 

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: