Главная > Uncategorized > Энергияи офтобӣ ва «афсона»-и Мамадшо Илолову «фоҷеаи тапак»

Энергияи офтобӣ ва «афсона»-и Мамадшо Илолову «фоҷеаи тапак»

Рушди ҳама гуна соҳаҳо, баху­сус иқтисоду саноат бешубҳа ба пешрафти энергетика вобасагии зич дорад. Дар мизи мудавва­ре, ки бо ҳамоҳангии Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Азнавбарқароркунии манбаъҳои энергетикӣ ҳамчун васоити те­зонидани рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки на­мояндагони мақомоти болоии кишвар дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенсӣ» баргузор гашт , маҳз ҳамин нукта меҳвари асосии баҳс қарор ёфт.

Дар ҷараёни баҳс вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ибрози назар наму­да, гуфт, ки дар нисбати давлатҳои дигар кишвари мо манбаъҳои табиии тавлидоти нерӯро дорост ва асоси онро манбаъҳои нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ташкил медиҳад. Ба андешаи ӯ, Тоҷикистон дар мавриди захираҳои тавлидоти энергия дар Осиёи Миёна ҷои аввал ва дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол менамояд, ки иқтидори истеҳсоли 528 миллиард кв/соат электроэнергияро дар як сол дорад. Барои ҳамин, Тоҷикистон бояд ҳама воситаҳоро истифода кунад, ки на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон пешбарандаи соҳаи энергетика бошад ва ин самтро рушд диҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров, барои рушди ҷомеа ва пешбурди соҳаи энергетика бояд пеш аз ҳама манобеи хурд истифода шаванд. Ба андешаи ӯ, дар робита ба истифодаи манобеъ ва рушди соҳаву паст бурдани сатҳи камбизоатӣ энергетикаи хурдро бо энергетикаи калон якҷо кардан нодуруст аст. Зеро энернгети­каи хурд масъалаҳои худро дораду энерге­тикаи калон масъалаҳои худро.

— Албатта, дар охир энергетикаи ка­лон низ ба сатҳи зиндагии мардум таъ­сири худро мерасонад. Лек дар энерге­тикаи калон бештар масъалаҳои буҷети давлатӣ, масъалаи воридоту содирот дида мешавад, аммо вақте сухан дар бо­раи энергетикаи хурд, бахусус истифодаи манбаъҳои такроршавандаи барқ меравад, мақсади аслӣ он аст, ки сатҳи зиндагии мардум беҳтар кунонида шавад. Масалан, таҷҳизоти оби гармдиҳанда, ки аз офтоб ғизо мегирад. Агар ба он нигоҳ кунед, дар ягон ҷойи абстарктӣ вуҷуд надорад. Он дар болои боми одамон ё дар рӯи ҳавлӣ ҷой дода мешавад, ба он хотир, ки сифати зиндагӣ беҳтар шавад. Фарз кардем, агар сухан дар бораи як нерӯгоҳи барқӣ-обии хурд равад, он дар паҳлӯи хонаи мардум, дар лаби сойе сохта мешавад ва ба ҳамон касоне, ки онро сохтаанд, бевосита барқ медиҳад. Он имкон медиҳад, ки зиндагии мардум куллан беҳтар кунонида шавад,- мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Ба ақидаи коршинос, барои он, ки нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ созем, мо ба таври кофӣ захираҳои молӣ пайдо карда наметавонем. Инро ҳама медонанд. Ҳама медонанд, ки оид ба ҷамъ кардани пай­са барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» чӣ қадар талошҳо шуд ва боз ҳам натавони­стем ба қадри кофӣ маблағ ҷамъ кунем, чун ин ба ҷайби мардум, ба зиндагии халқ зарар мерасонад. Аммо истифодаи ма­нобеи энергетикаи кӯчак хеле бамаврид асту имкониятҳои фаровон ҳам дорад. Ма­салан, 10 оила, ки намояндаҳояшон дар муҳоҷират ҳастанд, метавонад дар деҳаи худашон як нерӯгоҳи хурд созанд. Зеро, агар геси хурд иқтидораш 10 квт бошад, ҳамагӣ даҳ ҳазор доллар пул даркор аст. Албатта ҳамсояҳо, ки дар як ҳудуди на­здик зиндагӣ мекунанд, имконият доранд ҳамин миқдор пулро ҷамъ карда, чунин як нерӯгоҳро созанд. Агар энергияи тавлид­шуда танҳо манбаи рӯшноидиҳанда бошад ҳам, ин худ як пешравӣ аст. Иқтидори ин гуна нерӯгоҳҳо имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум тағйир ёбад.

Ба иддаои Ҳоҷимуҳаммад Умаров, оне, ки дар мо тапакро ҳамчун сӯзишворӣ ис­тифода мебаранд, барои хоҷагии деҳот фоҷеа аст.

— Дар тамоми минтақаҳои офтобӣ ва манобеи обӣ бо сохта ба истифода дода­ни стансияҳо истифодаи тапак тамоман аз байн меравад ва мо метавонем аз садҳо ҳазор тонна пору дар заминҳои корами худ истифода карда, ҳосилнокии онро боло бардорем,- изҳоро дошт Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Ба андешаи ӯ, дар Тоҷикистон тарҳрезии барномаҳои рушди соҳаи энер­гетика дуруст ба роҳ монда шудааст.

— Дар мавриди аввал, ҳамин қонуни мо дар мавриди рушди энергетика дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ аввалин аст, агар ба инобат нагирем, ки дар Русия қонун дар бораи энергетикаи хурд барои рушди соҳаи энергетика амал мекунад. Агар ба бандҳои Қонун «Дар бораи азнавбарқароркунии манбаъҳои энергетикӣ» таваҷҷӯҳ намоем, мебинем, ки ин масъалаи асосии рушди соҳа ва пеш аз ҳама бо ин васила паст бурдани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Қайд кадан зарур аст, ки дар Тоҷикистон тақрибан 300 рӯзи офтобӣ аст ва иқтидори нерӯи офтобӣ дар Тоҷикистон 545,2 мегаватт мебошад, ки баробар ба ним миллон тонна сӯзишворӣ аст,- мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Ба ақидаи ӯ, чунин имконот дар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон фароҳам аст, ки боз ҳам баландии фоизи мардуми камбизоат маҳз дар ҳамин минтақа ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки ба роҳ мон­дани стансияҳои офтобӣ ва истифодаи манбаъҳои гуногуни тавлидоти энергия ба фарҳангу маданияти мардум низ таъсир мерасонад. Аввалан, онҳо аз технология ва рухдодҳои тозатарини ҷаҳон огоҳ ме­шаванд ва дигар ин ки, сатҳи зиндагияшон беҳтар мегардад.

Мавриди зикр аст, ки чанде пеш дар сӯҳбат бо хабарнигорон Президенти Ака­демияи илмҳои ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов аз пеш рафтани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавриди ба роҳ мондани стансияҳои офтобӣ дарак дода буд. ӯ гуфт, ки соли гузашта, ки соли фарҳанги техникӣ до­ниста шуд, масъалагузориҳо вобаста ба соҳаи астрофизикаву энергетика хеле нишонрас буд. Зикр шуд, ки корҳои ил­миву тадқиқотӣ дар самти коркарди энер­гияи офтобӣ ҷоннок карда шуд, ки пештар тарҳи амалисозии он барои бархе афсона менамуд. Мамадшо Илолов азҷумла гуфт:

— Мутахассисони академияи илмҳо аз соли 2007 сар карда, зина ба зина таво­нистаанд, ки фаҳмиши масъалаи мазкур­ро тағйир бидиҳанд ва то ин замон ба натиҷаҳои назаррас ноил шаванд. Соли 2006-ум мо ду маротиба дар маҷлиси раё­сати Ҳукумати Тоҷикистон ин масъала­ро дидем. Баъзе вазирон мегуфтанд, ки «шумо бекор мондед чӣ? Дигар хел энер­гия набудааст магар? Энергияи офтобӣ куҷову ин гапу кор куҷо?». Яъне, мо гӯё афсона мегуфтаем. Аз ҳамин халос шу­дем. Барои мо дар кишвари кӯҳистон, ки баъзе мавзеъҳояш шояд 100-200 на­фар аҳолӣ дорад, масъалаи энергетикаву барқ хеле муҳим аст. Мо маҳз дар ҳамин минтақаҳо кор мебарем. Барои бурдани корҳои илмӣ, ки дар ҷойҳои дурдасттарин мегузаронему онҷо ягон кас хати барқ на­мебарад, манбаи алтернативӣ даркор, ки он маҳз энергияи офтобист. Ҳозир иститу­ти сесмология бо стансияҳои рақамӣ кор карда истодаанд, ки барои он энергияи зиёд даркор нест, яъне ин энергияи кам­ро аз офтоб ҳам гирифтан мумкин аст. Мо ҳатто дар масъалаи таҳқиқҳое, ки барои коллекторҳои офтобӣ даркор ҳастанд, дар ҳамин Тоҷикистон имконият дорем, ҳатто метавонем аз маводҳои заводи алюминий истифода кунем.

Мамадшо Илолов ҳамчунин ёдрас гашт, ки заводи металлургӣ дар Чин аз ҳисоби энергияи офтобӣ кор мекунад ва бояд таҷрибаҳои онҳоро дида, дар фаъолияти худ истифода кард.

— Маълум, ки саноат хеле энергияғунҷо аст. Барои коркарди маъдан ё фузулоти дигар энергияи зиёд лозим. Коллекторҳое, ки онҳо доранд, дидан даркор. Диаметри якаш 25 метр аст. «Аз чӣ сохтед?» гӯем, аз силитсий, аз рег сохтагӣ. «Чӣ хел сох­тед?»,- гуфта пурсем, ҷавоб ин аст: «Кори шумо не!». Бале, ба ҳеҷ кас сирашонро намегӯянд, чунки ин тадқиқоташон, сарва­ташон аст. Мо низ бояд ҳама воситаҳоро омӯзему кор барем. На фақат Иститути физика ва техника, ки ба ин кор машғул аст, балки дигар институтҳо ҳам бояд имкониятҳои худро дар ин соҳа кор ба­ранд,- таъкид намуд Президенти Акаде­мияи илмҳо.

Баъди ин ҳама масъалагузориҳо суо­ле ба миён меояд, ки айни замон соҳаи энергетика чӣ сон метавонад мардумро аз вартаи нодорӣ берун кашад ва омили аз байн бурдани камбизоатӣ бошад, дар ҳоле норасоии барқ яке аз мушкилоти асосии мардум гаштааст?

Тавре дар мизи мудаввари «Азнавбарқароркунии манбаъҳои энергетикӣ ҳамчун васоити тезонидани рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутахассисони «Барқи тоҷик» изҳор доштанд, корбурди нерӯгоҳи «Норак» бо тамоми иқтидораш, «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», «Помир-1», «Помир-2» ва аз ҳама асосӣ — сохтмони «Роғун» ҳама монеаҳоро дар доштани нерӯи барқ бартараф мекунад ва ҳатто мо метавонем содироти барқро ба кишварҳои хориҷ ба роҳ монда, манфиат ёбем. Аммо, айни ҳол, ба гуфтаи мутахассисон, ҳамон барқи тавлидшуда барои мардум арзиши боло дорад ва бояд сарфакорона истифо­да шавад.

Ба изҳори мақомдорони «Барқи тоҷик», мушкили асосии ин сохтор айни замон сари вақт аз ҷониби истифодабарандагон пардохт нашудани маблағи хароҷоти барқ аст, ки ба фаъолияти пурсамари сохтор таъсири манфӣ мерасонад.

Ба андешаи вакили парлумон Шодӣ Шабдолов, масъалаи барқарорсозии манбаъҳои энергетика на ҳамчун омили рушд, балки ҳамчун васоити молӣ ва асоси пешбарии иқтисоду саноат бояд дониста шавад. Зеро, чун инқтисоду саноат рушд кард, дар ҳама давлатҳо, хоҳ рушдёф­та, хоҳ кишвари рӯ ба рушд, дигар ҳама соҳаҳо худ аз худ рӯ ба беҳбудӣ меоранд.

— Ман зикр мекунам, ки ин масъала проблемаи ҷаҳонӣ аст. Бюрои иттилотӣ оид ба энергетикаи ИМА ҳисоб кардаанд, ки то соли 2035-ум талаботи истифода­барандагони манбаҳои энергия 50 фисад афзоиш меёбад ва чунин талабот бештар ба кишварҳои рӯ ба рушд рост меояд. Ин кишварҳо аз қабили Чин ва Ҳиндустон ҳастанд, ки миллард нафар аҳолӣ доранд. Ин маънои онро дорад, ки талаботи барқ дар тамоми ҷаҳон афзун мешавад ва ма­нобеи энергия бояд пурмаҳсул истифода гардад,- мегӯяд Шодӣ Шабдолов.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Растислав Вребенский аз ҳамкориҳои мақомоти кишвар бо ин со­змон дар мавриди коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешбурди соҳаҳои муҳими таъсиррасон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, омодаанд дар он самт ҳамкориҳоро бо ташкилоту мақомти соҳа тақвият бах­шанд, чунки рушди энергетика ба ҳама соҳаҳо таъсири худро мерасонад ва пеш­рафти ин соҳа метавонад пешбари дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ гардад.

Меҳронаи САБО

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: