Главная > Uncategorized > “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”. То ба кай?!

“Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”. То ба кай?!

Ба таваҷҷӯҳи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокини шаҳраки Себистон, ноҳияи Данғара Саъдулло Аб­дуллоев аз қонуншиканиҳои мақомотҳои дахлдор гиламанд буда, солиёни зиёд аст, ки арзу шикоят мекунад. Вале арзи ӯро ба таври дахлдор мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд.

Саъдулло Абдуллоев ҳамроҳи ҳамсараш Гулсунбӣ Саидова бо қарори раиси ноҳияи Данғара қитъаи за­мин аз ҳисоби заминҳои ис­тифодабарии доимии хоҷагии деҳқонии «Себистон» мегирад. Дар асоси ариза ва протоколи маҷлиси саҳмдорони хоҷагии мазкур барҳам дода мешавад. Бо қарори раиси ноҳия аз 12 июни соли 2006 №233 қарори номбурдаи раиси ноҳия беэъти­бор дониста мешавад. Дар ин бора Саъдулло Абдуллоев, ба Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза барои бекор намудани қарори раиси ноҳия муроҷиат меку­над. аризаро барои баррасӣ ба Ҳукумати вилояти Хатлон ир­сол мекунанд. Мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ваҷҳҳои аризаи шикоятии раиси хоҷагии деҳқонии «Себистон»-ро маври­ди таҳлилу санҷиш қарор дода, бо мазмуни зайл ба Саъдулло Абдуллоев ҷавоб мегардонад:

“Ба иттилои Шумо расон­да мешавад, ки аризаатон аз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2010 таҳти №29/А – 148-10 ба Мақомоти Иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 21 январи соли 2010 №А – 58 ворид шудааст, аз тарафи хизматчиёни давлатӣ маврди санҷиш қарор дода шуд. Бояд зикр кард, ки дар он вақт аз фа­ъолият доштани хоҷагии ном­бурда ва тайёр нагардидани парвандаи он тибқи фармоиши тарафҳо сари вақт баррасӣ кар­да нашудааст.

Илова бар ин тибқи маълу­мотномаи Кумитаи заминсо­зии ноҳия аз 18 феврали соли 2010 бо рақами 21 Шумо айни ҳол саҳмдори хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба номи «Абдуллои Валӣ», ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Оқсу» ҷойгир аст, ме­бошед”.

На танҳо масъалаи ташкили хоҷагии деҳқонӣ,балки масъа­лаи дигаре ҳаст, ки боиси нори­зогии шаҳрванд гардидааст.

Рӯзи 1-уми сентябри соли 2005 тахминан соатҳои 9:30 дақиқаи пагоҳӣ ҳамсари Саъдул­ло Абдуллоев- Гулсунбӣ Саидо­ва ҳангоми аз роҳи нақлиётгард гузаштан, ронандаи автома­шинаи тамғаи ВАЗ-21063 М.Х. Шарифов, рақами давлатиаш В75-95 РТ/03, ки ба бародараш тааллуқ дорад, бе ваколатнома ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намуда, ҳангоми аз шаҳраки Себистон ба маркази ноҳияи Данғара ҳаракат карданаш, дар киллометри 24-ум зер ме­кунад. Дар натиҷа Гулсунбӣ Саидова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, гӯяки пойи чапаш меканаду дасташ меши­канад ва пешобдонаш низ захм мебардорад. Аз ҷойи ҳодиса Гулсунбӣ Саидоваро ба бемор­хонаи ноҳияи Данғара интиқол медиҳанд. Гарчанде Г. Саидова барои барқарор шудани салома­тиаш дар беморхонаи ноҳиявӣ хобида бошад ҳам, аммо муроде ҳосил намегардад. Г. Саидоваро ба беморхонаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе мефиристанд. Дар онҷо ҳам саломатии Г. Саидова барқарор намегардад. ӯро ҳамроҳи духтараш Манзу­ра Абдуллоева ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ба­рои аз нав барқарор кардани саломатиаш мефиританд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон таби­бон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, саломатии ҷабрдидаро аз нав барқарор мекунанд. Вале то имрӯз ҷароҳаташ ӯро азоб медиҳад. Суди тиббӣ экс­пертизаи шаҳри Душанбе дар ҳуҷҷатҳои аз 8-уми сентябри соли 2005 таҳти рақами 1631 бо мазмуни зайле муайян карданд, ки ҳақиқатан дар натиҷаи ӯро зер кардани мошин ҷароҳати миёна, яъне зарари миёна ба саломатиаш расонда шудааст. Агар ба ҳуҷҷати тартибдодаи муфаттиши милитсияи ноҳияи Данғара аз назар кунем, бо як тир ду нишон заданро мемонад. Аз ҳуҷҷатҳои тартибдодаи по дар ҳавои М. Ғафуров бармео­яд, ки гӯё Гулсунбӣ Саидоваро Ҷӯрабек Хушвахтов зада маҷрӯҳ кардааст. Дар асл Г. Саидоваро ронандаи нохондаи бе ҳуҷҷати ронандагӣ Муҳиддин Шарифов зада маҷрӯҳ кардаасту муфат­тиш бо усули худ гуноҳро ба Ҷӯрабек Хушвахтов бор кар­данист. То гунаҳгор дар озодӣ кайфу сафо карда гардад. Бояд зикр кард, ки муфаттиш М. Ғафуров ва корманди бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Данғара Ш. Ғаниев нисбат ба Ҷӯрабек Хушвахтов дар маҷрӯҳ кардани Г. Саидова протокол тартиб додаанд, ки ба ҳақиқат рост намеояд.

Шаҳрванд Саъдулло Абдул­лоев аз ноадолатиҳои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ба Дастгоҳи раиси вилояти Хат­лон, шӯъбаи маъмурию ҳуқуқӣ аз бо аризаи даъвогӣ муроҷиат мекунад, вале муроде ҳосил на­мегардад.

Сипас, ба Прокурори Генера­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон нис­бат ба қонуншикании шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара бо аризаи даъвогӣ муроҷиат мекунад. Ҷабрдида бо мазму­ни зайл ҷавоб мегирад: «Ба шумо барои баррасӣ намудан ва таҳлилу тадқиқи чораҳои қонунӣ аризаи ҷабрдида, ҳамсари ӯ Саъдулло Абдуллоев таҳти назорати Прокуратураи Генералӣ қарор дорад, фири­стода мешавад. Хоҳишмандам ваҷҳҳои дар ариза оварда­шударо дақиқкорона таҳлилу тадқиқ карда, ба ҷабрдида му­аллифи ариза ва ба Прокурату­раи Генералӣ бе хотиррасонии иловагӣ то 25-уми майи соли 2009 ахбороти муфассал ирсол намоед».

Аммо на Прокуратураи Генералӣ ва на ШКД-и ноҳияи Данғара ба ҷабрдида посухи аниқ надодаанд. Саъдулло Аб­дуллоев боз шикоят мекунад. Аз мақомоти Прокуратураи Генералӣ боз посух мегирад:

«Муайян карда шуд, ки 1 сентябри соли 2005 тахминан соати 9:30 дақиқа ронанда Ша­рифов Ҷ.Х. ҳангоми ҳаракат аз шаҳраки Себистон ба маркази ноҳия бо автомашинаи тамғаи ВАЗ-21069 ба ҳамсаратон Саи­дова Г., ки аз тарафи чапи роҳ ба тарафи рост мегузаштааст бархӯрдааст, ки дар натиҷа ҳамсаратон ҷароҳати миёна ба саломатӣ бардоштааст. Оиди ин ҳодиса собиқ муфаттиши ШКД-и Данғара майори ми­литсия Ғафуров М. санҷиш гу­заронда, бо қарори худ аз 10 сентябри соли 2005 аз оғоз кар­дани парвандаи ҷиноятӣ нисба­ти Шарифов Ҷ.Х. бинобар саба­би набудани аломатҳои таркиби ҷиноят дар ҳаракатҳояш рад намудааст.

Аз рӯйи аризаҳои шумо Про­куратураи виояти Хатлон чан­дин маротиба маводи аз оғози парванди ҷиноятӣ рад карда­шударо нисбати Шарипов Ҷ.Х. бекор намудааст.

Бори охирин муфаттиши калони ШТ КМ РКД-и вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб Ҳомидов С. баъди таъ­мин намудани санҷиши пур­раю ҳаматарафа бо мавод аз 26 ноябри соли 2009 парван­даи ҷиноятӣ нисбати Шари­пов Ҷ.Х. бинобар набудани аломатҳои таркиби ҷиноят дар ҳаракатҳояш қабул намудааст”.

Холо ҳам Саъдулло Абдулло­ев шикоят дораду намедонад, кай ва кӣ ба арзу доди ӯ мера­санд. То ба кай аз рӯйи мақоли “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал ме­карда бошанд?”

Ҳокими САФАР,

Фирӯза Ҳалимова,

ноҳияи Данғара

 

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: