Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > 21 сол пас аз баҳманмоҳи хунин

21 сол пас аз баҳманмоҳи хунин

Аз оғози нооромиҳои замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 21 сол пур мешавад. Аз оғози он воқеаҳои мудҳиш, ки бар сари мардуми тоҷик омадаву хуни мардуми бешуморро рехт ва моҳи феврали соли 1990 номи «баҳманмоҳи хунин»-ро гирифт. Чандин модарон аз фироқи фарзандони фавтидаашон то ҳанӯз месӯзанд ва рӯй бо ашк мешӯянд. Бо ашки ҳасрат, ки агар он замон касе ҳозир ме­шуду метавонист ин фалокатро пешгирӣ намояд, шояд хуни мар­думи бегуноҳ намерехт. Инак, аз он рӯзҳои нохуш 21 сол сипарӣ мешавад ва ҳамоно суол барои шоҳидону таърихшиносон ҳамин аст, ки чаро воқеаҳои хунин он за­мон сар заданд?

Муҳиддин КАБИРӣ, раиси ҲНИТ:

-Сабаби аслиро дар он мебинам, ки роҳбарияти он замон омодаи замони нав набуд ва шароити навро ба инобат на­мегирифт. Тоҷикистон, бахусус насли ҷавони он замон комилан дигар шуда буданд, вале роҳбарият ҳанӯз ҳам мисли пешин фикр мекард, ки бо хамон услуб мешавад мардумро идора кард. Вақте гуфтугӯро ҳукумат шурӯъ кард, ки ала­кай дер шуда буд.

Албатта, омилҳо зиёд буданд, вале агар забони гуфтугӯ пайдо мешуд, эҳтимоли зиёд дошт, ки ин ҳодисаҳо рух надиҳанд.

Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих:

-Ҳамаи рӯйдодҳои таърих натиҷаи амалкарди сиёсат ва барномаи давлат аст ва он чӣ рух медиҳад, дар бистари иҷтимоъ рух медиҳад. Дар як навбат ҳамин рӯйдодҳо, чӣ хуб аст ва чӣ бад аст, зояндаҳои ҳодисоти ҷадиде аст. Аз ин рӯ, ҳодисаи солҳои 1990-91-и милла­тро метавон натиҷаи сиёсатҳои пешини давлати вақт (Шӯравии собиқ) ва низ муқаддама ва зояндаи фоҷиаи бузурги миллии қарни бист гуфт. Посух бар ин пурсише, ки оё мешуд ҳодисаи хунинро ҷулӯгирӣ кард, барои муаррих суоли би­сёр сахтест, чаро ки муаррихин ғолибан бо натоиҷи фароянди ҳаводис сарукор доранд. Аммо бар пояи фалсафаи таъ­рих, сареҳан метавон гуфт, ки ҷулӯгирӣ кардани ҳар нав фаҷоеъ ва шикастҳо вазифаи ҷомеа аст. Ба сухани дигар, ҳар фард дар офариниши таърихи хеш масъул аст. Бурузи заъфи масъулиятпа­зирии шахс дар ҷомеа нахустин хишти бадбахтиҳост. Аз назари таърих, сабабҳо ва авомили рух додани ҳар фоҷиа бисёр аст (аз қабили: сабабҳои сиёсӣ, низомӣ иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳатто фарҳангӣ — суннатӣ, авомили дохилӣ, хориҷӣ, ва ғ., пажӯҳишгарон ва коршиносон ва ҳатто сиёсатпардозону сиёсатшиносон борҳо дар ин хусус таъкид мекунанд).

Акнун пӯшида нест, авохири даҳаи 80-и қарни гузашта барои ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ даврони сахт ва дар айни замон марҳилаи муҳими касби худшиносӣ буд. Тоҷикистон ҳам аз ин раванд канор набуд ва натиҷаи амалкарди гурӯҳҳои нисбатан огоҳи ҷомеаи он рӯзгори начандон дур, таъ­мини истиқрори истиқлоли ҷумҳурӣ буд. Муҳимтарин нақс ва мушкилоте, ки ҷомеаи тоҷикон дар он буд, ки аз як сӯ ҳукумати вақт омодагӣ бар ҳазми таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоиро надошт ва аз сӯи дигар тавони фаҳми дигаргу­нии иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳам дар қишрҳои васеъи мардум набуд. Дигар омил, ки боиси густариши нобасомонӣ шуд, ада­ми умқи фикр ва аъмол дар аҳли зиё ва равшанфикрони ҷомеа буд. Агарчӣ, ин қишри огоҳи ҷомеа, маҷмӯан, кори муфидеро ҷиҳати таъмини истиқлоли воқеъии ҷумҳурӣ анҷом дод, вале аз на­зари тактик ва истротежӣ иштибоҳоти, метавонам бигӯям нобахшиданӣ кар­данд. Онон бидуни ин ки масъулияти ло­зимро дарк кунанд, тақрибан ҳамагон ба эҳсосот дода шуданд, то ба мантиқи ду­руст. Пӯшида нест, ҷудо кардани ҷомаеи ноогоҳ ба гурӯҳҳои мухталиф (мисли «динӣ ва ғайри динӣ», ба маҳалҳои «шимолу ҷануб», «тоҷику ғайри тоҷик» ва ғайра, ба ҳадди таассуб), беэъти­ноии гурӯҳҳои дигари аҳли зиё ва рав­шанфикрон бар раванди таҳаввулоти ҷории рӯзгори хеш, мавқеъи маҳаллӣ, қавмӣ ва миллӣ гирифтани гӯруҳе аз фарҳангиёни он рӯзҳо ва ғ. ин аст фақат чанд намунаҳоест аз иштибоҳоти таъ­рихии аҳли зиёи миллии мо, ки аз диди таърихӣ зикр кардам. Борҳо гуфта бу­дам ва боз мегӯям, ки хиёнати аҳли зиёи миллат бештар аз хадамоташ дар таъ­рих ва сарнавишташ аст. Хулосаи таъ­рихи мо, на ба садоқат, балки ба хиёнат тамом мешавад. Магар дирӯзро бо имрӯз ва имрӯзро бо фардо дар иртибот наме­бинед?

Аммо аз назари фалсафаи таърих, ба назарам, иллат ва низ омили аслии ҳар навъ фаҷоеъ, чӣ бузург, чӣ маҳдуд, ноогоҳӣ ва худфиредбии ҷомеа аст. На­заре бар фаҷоеи ҳар миллату ҳар қавм афканед, мебинед, ки ҳар гоҳ, ки мар­дум бар тақдири хеш ба наҳве беэътиноӣ кард, андаке нагзашт, ки бо фоҷиаҳои гӯшношуниде рӯ ба рӯ шуд. Агар миллат ва ҷомеа бихоҳад оромиш дошта бошад, пас аввал огоҳ (ба маънии васеъи фал­сафии калима) бошад ва бад озодиро пос дошта бошад. Чун, озодӣ ва оро­миш бидуни огоҳии лозим ғайри мумкин аст. Дар ҷомеае, ки вуҷуди ин аносир ғайри мумкин аст, бидонед, ки фоҷиаи ғофилгире дар пушти дари сарнавишти миллат камин гирифтааст. Аз оромие, ки ба зоҳир аст ва аз росте, ки бар пояи дурӯғ сохта мешавад, бояд тарсид.

Бузургтарин иштибоҳи ҷомеа ин аст, ки фикр кунад, ки миллат огоҳ аст, дар ҳоле ки равшанфикронаш огоҳиро салб карда бошанд. Огоҳӣ ин нест, ки ҳама чизро бояд донем ва ин ғайри мумкин аст, балки ин аст, ки бояд бидонем, ки бар сари мо чӣ мегузарад ва саранҷоми ин сиёсатҳо ва таҳаввулот ба ояндаи миллат ва ҷомеа чӣ хоҳад овард. Огоҳии миллӣ ин аст, ки миллат саодати хешро мисли фарзанди ширхораш бинад, чаро ки ҳамин фарзанди ширхораш ояндаи ҳастӣ ва саломати на­слаш аст. Ягона роҳи ҷулӯгирӣ аз фаҷоеъ ва шикастҳо огоҳӣ аст ва огоҳӣ бидуни озодӣ ғайри мумкин аст.

Ваҳҳоби ЛАТИФ, рӯзноманигор:

— Метавонист, агар ҳукуматдорони вақт ва уламои дин паси мизи мусолиҳа мени­шастанду милисаҳо бо дуздҳо забон як на­мекарданд.

Нуралӣ ДАВЛАТ, коршиноси ма­соили сиёсӣ:

— Агар воқеаҳои Шӯравӣ сурат намеги­рифтанд, ҳатман дар Тоҷикистон нооромӣ мешуд. Аз як ҷониб Маскав ба ин манфи­атдор буд, аз ҷониби дигар коммунисто­ни Тоҷикистон ҳам намехостанд, ки дар Тоҷикистон тағйирот ба вуҷуд ояд. Авва­лан барои чӣ Маскав? Маскав дар чанд минтақаи калони Шӯравӣ вазъро ноором кард, ба ин хотир, ки баъдан бо баҳонаи он, ки минтақаҳои гуногуни Шӯравӣ ноором шуданд. Яъне, дар Осиёи Миёна, Қафқоз ва Ҷумҳуриҳои соҳили Балтик дар тамоми кишвар вазъияти фавқулодда ҷорӣ мешуд ва озодиҳою ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон маҳдуд гардонида мешуд, умуман як ҳукумати ниманизомӣ қудратро ба дасти худ мегирифт. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон дар остонаи интихобот буд. Баъди ду-се ҳафта дар Тоҷикистон ин­тихобот доир мегардид. Рӯҳияи мардум гувоҳӣ аз он медод, ки коммунистон ши­каст мехӯранд ва парламент имкон до­рад аз нерӯҳое ташкил шавад, ки рӯҳияи зиддикоммунистӣ доранд. Ҳадди ақал теъ­доди бузурги парламент аз нерӯҳои зидди коммунистӣ ташкил меёфт. Ба ин хотир, аз як ҷониб дасти Маскав буд, аз ҷониби дигар коммунистони тоҷик ҳам ба хотири он ки қудратро аз даст надиҳанд, омода буданд дар Тоҷикистон нооромӣ шавад ва ба ҳайси баҳона арманиҳои гуреза аз Боку истифода шуданд.

Омодасоз

Аҳлиддини САЛИМПУР,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: