Главная > Uncategorized > Атои худову 15 сола зиндон

Атои худову 15 сола зиндон

Дар кунҷи зиндон ниша­ста, ин ҳодисаро бо алам ёд карда истодаам ва барои ба дигарон дарси ибрат шудан онро рӯи коғаз овардам.

Моҳи августи соли 2010, аввалҳои моҳи шариви Рамазон ба шахсе шинос шудам, ки но­машро Азимҷон гуфту зодгоҳашро ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд . Мо дар як ошхона нишаста, хӯрок хӯрдем ва сӯҳтатамон авҷ гирифту Азимҷон иброз намуд, ки аз Қазоқистон ордро бо нархи ҳар тоннааш 350 доллари амрикоӣ ёфта метавонистааст. Ба Азимҷон гуфтам, ки агар бо ин нарх орд ёфта тавонӣ, дар давлати Исломии Афғонистон дӯстони бисёре дорам, онҳо имкониятҳои хубе доранд. Метавонанд бо нархи 500 долла­ри амрикоӣ ҳар як тонна ордро фурӯхта диҳанд. Ман ҳисобу китоб кардам, ки аз ҳар як тонна бо нар­хи имрӯзаи хеле фоида мемонад. Ба Азимҷон гуфтам, ки биё ман дар назди худат ба шиносҳои афғонам занг мезанам ва таклифи туро ба онҳо мерасонам.

Азимҷон посух дод, ки ав­вал ба Қазоқистон занг мезанам ва маслиҳат мекунам ва баъд ту ба Афғонистон занг зан. Азимҷон рақамҳои телефони шабакаи би­лайни қазоқиро гирифта, ҳамроҳи одами қазоқаш ба забони ӯзбекӣ гапро сар кард.Баъзе суханҳои ӯзбекиашро ман фаҳмидам, маслиҳат дар нархи 350 доллар барои як тонна орди навъи яку­ми Қустанай шуд. Азимҷон милла­таш ӯзбек будааст ва гуфт, ки дар Қазоқистон шиносҳои ӯзбекаш би­сёр аст.

Ман ҳам ба Афғонистон, ба шиносҳои афғонам занг зада, баландгӯяки телефон даргиронда маслиҳат кардам. Баъди ин сӯҳбат Азимҷонро гирифта ба хонаам ома­дам.

Аз он рӯз сар карда, Азимҷон ҳамроҳи ман буд ва ҳамаи масрафҳои мекардагиаш аз пули те­лефонаш сар карда, то хурду хӯроку аз ҳисоби ман буду ҷойи хобаш хо­нам. Аввалҳои моҳи октябр ман ба Азимҷон гуфтам, ки ҳар рӯз ду маро­тиба ба Қазоқистон ва Афғонистон мо занг мезанем, лекин корамон ҳеҷ не ки сар шавад. Азимҷон ба пурсишам ҷавоб надода иброз намуд, ки акаи Эшон ту аз ноҳияи Фархор ҳастӣ, Фархор ҳамсарҳади Афғонистон аст, дӯстони афғонӣ би­сёр дорӣ, ба ман як киллограм ге­роин даркор аст. Ман ба Азимҷон ба қаҳр посух додам, ки бале Фар­хор ҳамсарҳади Афғонистон аст ва дӯстони афғонӣ бисёр дорам.Лекин ман ба ин кори ҳаром даст назадаам ва даст заданӣ ҳам нестам,дӯстони афғони ман ҳама одамони вазифа­дори калон ҳастанд ва онҳо ҳам ба ин кор даст намезананд.

Азимҷон гуфт, ки ту ба ин кор даст назан, ҳамаашро худам ме­кунам. Рости гап, дилам ба ҳолаш сӯхт ва боз фикр кардам, ки ман ба афғонҳои дӯстам ваъда карда будам, ки аз Қазоқистон орд равон мекунам, агар гуфтаи Азимҷонро иҷро накунам ваъдахилоф меша­вам.

Ба Азимҷон гуфтам, ки хайр ту роҳи ҳалли коратро ёб ман ба ту кӯмак мекунам. Азимҷон гуфт, ки биё ба назди Сирк меравем, дар он ҷо афғонҳо бисёр мегарданд ва ба шумо ягон афғонро меёбем. Ман ҳамроҳи Азимҷон ба назди Сирк омадем ва ҳамроҳаш сайру гашт мекардем, ки бо ду нафар афғон вохӯрдем, ки бо лаҳҷаи афғонӣ гуфтугӯ мекарданд. Азимҷон рафта, ҳамроҳашон салому алейк кард ва маро ба наздашон ҷеғ зада гуфт, ки инҳо бачаҳои афғонанд. Маро ба онҳо шинос карду гуфт, ки акаи Эшонро ҳамаи афғонҳо мешино­санд ва наход шумо ин касро наши­носед. Дар ҷавоб афғонҳо гуфтанд, ки дар ҳақиқат номи акаи Эшонро шунидаем ва худашро нав меби­нем. Дар ошхонаи пеши Сирк якҷоя нишаста хӯрок хӯрдем ва Азмҷон матлабашро гуфт ва афғонҳо гуф­танд, ки майлаш, мебинем.

Фардояш аз телефонҳои сари роҳ занг заданд ва як афғоне, ки вохӯрда будем ба ман гуфт, ки ба назди Сирк биёям. Дар ҷавоб гуф­там, ки баъд аз ним соат расида меоям,ба Азимҷон гуфтам, ки ба назди Сирк биёяд. Азимҷон гуфт, ки ту рафтан гирам, расида меояд. Ман ба назди Сирк омадам, дар назди Сирк як афғоне, ки дина вохӯрдем нигоҳ карда меистод. Баъди одоби муошират ба ман як халтаи селофа­ниро дод. Ман гуфтам, ки сабр кун, ки Азимҷон биёяд. ӯ ҷавоб дод, ки ту ба Афғонистон рафтуомад дорӣ, ба ту бовар дорам ва ба Азимҷон не. Ман ноилоҷ он халтачаро ги­рифтам ва ба Азимҷон занг задам, ки тезтар расида биё. Баъд аз бист дақиқа Азимҷон омад ва ман он халтачаро ба Азимҷон супоридам. Баъдтар дар УБНОН-и Вазорати корҳои дохила фаҳмидам, ки 972гр. героин будаст.

Баъди иҷро намудани хоҳиши Азимҷон, талаб кардам, ки биё ак­нун тезтар барои орд ба Қазоқистон равем. Азимҷон боз имрӯзу пагоҳ кардан гирифт.

Рӯзи 20-уми октябр Азимҷон ба ман гуфт, ки акаи Эшон ба ман боз 30 кг банги афғонӣ (чарс) лозим аст. Ман бо ӯ ҷанҷол карда гуфтам, ки маро ба ин корҳояш ҳамроҳ на­кунад.

Азимҷон розӣ шуду танҳо илти­мос кард, ки одам ёфта диҳам, ху­даш ҳамроҳаш маслиҳат мекунам. Аввал розӣ нашудам. Баъд фикр кардам, ки ягон нафарро ба ӯ ши­нос мекунаму халос.

Ман як шинос доштам, номаш Аҳмад Жоғараков, бо он шахс маслиҳат кардам, ки 30 (сӣ) кило неву 3 (се) кило чарс ба ин одам ёфта деҳ ва дар назди Азимҷон гӯй, ки 30 (сӣ) кило аст. Рӯзи 28-уми октябри соли 2010 дар назди магазини «Ситора» акаи Аҳмад омаду ба ман гуфт, ки Азимҷонро ҷеғ зан. Ман гуфтам, ки Азимҷон ҳамроҳи ман аст, ҳозир фарёдаш мекунам ва Азимҷонро фарёд кар­дам. Акаи Аҳмад калидҳои мошини ВАЗ-099-ро ба дасти Азимҷон дод ва гуфт, ки дар дохили мошин чарс аст, бурда мошинро холӣ кун ва мошинро оварда деҳ. Азимҷон ка­лидро гирифту ба ман гуфт, ки биё ҳамроҳи ман то маҳаллаи «Водо­насос» равем. Ман ҳамроҳаш дар бари Азимҷон нишастам ва дар маҳаллаи «Водонасос» аз мошин фаромадам. Азимҷон ба ман гуфт, ки ту дар ин ҷо интизор бош, баъд аз ним соат меоям. Баъд аз ним соат Азимҷон омаду гуфт, ки биё ман мошинро бурда ба акаи Аҳмад диҳам. Мо мошинро оварда ба акаи Аҳмад дар назди магазини «Ситора» додем. Ба Азимҷон гуфтам, ки ба ин корҳоят хотима деҳ. ӯ дар ҷавоб гуфт, ки биё ту ба вилояти Суғд рав, ман баъди ду рӯз ба наздат расида меоям. Ман рӯзи 30-уми октябри соли 2010 ба вилояти Суғд рафтам ва ҳар рӯз то 10-уми ноябри соли 2010 ба Азимҷон занг мезадам, ки кай ба вилояти Суғд меояду мо ба Қазоқистон меравем. Рӯзи 10-уми ноябр телефонҳои Азимҷон хомӯш шуданд ва ба ман як шахси дигар занг зада гуфт, ки аз номи Азимҷон ба шумо бояд 200 (дусад) доллар амрикоӣ диҳам. Ман ҳайрон шу­дам, ки ба ман пули Азимҷон чӣ ло­зим. Баъд ба фикрам зад, эҳтимол Азимҷонро дастгир кардаанд ва мехоҳанд, ки ман ҳам ба наздашон равам. Ман метавонистам, ки теле­фонамро тамоман хомӯш кунам ва баромада ба тарафи Қирғизистон равам ва аз он ҷо ба Қазоқистон ё Русия роҳ пеш гирам. Лекин ин корро кардан нахостам ва ба онҳо занг зада гуфтам, ки ман дар меҳмонхонаи «Ленинобод» ҳастам. Баъди як соат ду нафар омаданд ва худро коргарони бахши мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Суғд муаррифӣ карданд. Ман ҳамроҳи ин ду нафар ба ҷойи корашон ома­дем ва бегоҳаш ба шаҳри Душанбе оварданд.

Дар УБНОН-и дар Вазорати корҳои дохила ба ман айб эълон карданд, ки гӯё ман ташкилкунан­даи ин ҷиноят ҳастам ва Азимҷон шахси бовариноки УБНОН аст.

Дар бораи тарзи баёнотгирии ин шӯъба бисёр навиштаанд ва хонандаи закӣ аз ҳамааш бохабар аст. Ҳозир намехоҳам дар ин бора нависам. Баъд аз як шабонарӯз маро ба Вазорати корҳои дохила оварданд ва дар ин ҷо муфаттиш ба ман гуфт, ки бо моддаи 200, қисми 4, боби 2 гунаҳгор ҳастам. Баъд аз ду-се соат маро аз назо­рати духтур гузаронданд. Ба духтур гуфтам, ки дар УБНОН-и Вазорати корҳои дохила бо ман чӣ хел муоми­ла карданд. Духтур ҷавоб дод, ки аз Шумо дида, бадашро ман дидаам, ба худат мушкилот эҷод накун ва ба тақдират тан деҳ.

Ҳамон шаб маро ба ИВС (изоля­тор временного содержания) овар­да супориданд ва иди Қурбонро дар он ҷо гузаронидам ва баъд ба СИЗО-и УИД оварданд. Рӯзи 20-23 январи соли 2011 суд оғоз шуд. Дар суд баромад карда, ҳолати воқеиро гуфтам. Дар суд прокурор ва судя ҳам, ҳамчун “робот” вазифаи худро иҷро карданд. Прокурор 17 сол пур­сид, суд бошад, «раҳмаш» омада 15 сол маро равони зиндон кард.

Ҳамаи ҳодисаро нақл кардам ва мехоҳам, ки шумо хонандаи закӣ худ қазоват кунед.Ҳамроҳи Азимҷон дар моҳи август шинос шудам ва ҳамчун тоҷике, ки урфу одати тоҷикиам ҳаст-меҳмон атои Худовандӣ гӯён Азимҷонро ҳамчун меҳмон қабул кардам ва аз аввал маслиҳати мо барои овардани орд буд ва на чизи дигар. Баъд аз ду моҳ Азимҷон аз ман хоҳиши ёф­тани героинро кард, ҳол он ки ин афғонҳо шиноси худаш буданд. Дар охир аз ман хоҳиш кард, ки шахсе­ро ҳамроҳаш шинос кунам, ки ба Азимҷон чарс ёфта диҳад ва ман ин шахсро ёфта шинос кардам ва аз дасти ман ягон кас на героинро ва на чарсро дарёфт накардааст, ҳамаашро худи Азимҷон гӯё бурда ба коркунони УБНОН додааст.

Хонандаи гиромӣ! Ҳар касе ки дилаш ба ин миллат, ватан месӯзад, ақаллан даҳ дақиқа баъд аз хонда­ни ин мавод ва ҳодисае, ки ба сари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ома­данаш мумкин аст,бояд фикр кунад. Дили ҳар нафаре, ки инсофу имон ва виҷдон дошта бошад, бояд фи­шурда шавад, ки ба сари ин миллат чӣ омада истодааст. Баъзе коргаро­ни мақомотҳои қудратӣ ба хотири худро дар назди ҷомеа нағз нишон додан, ки гӯё мубориза бар зидди маводи нашъадор мебаранд, ба чунин корҳои паст даст мезананд. Одамоне, ки ба тиҷорат ё ба зинда­гии оромона машғул ҳастанд, ба во­ситаи ба ном шахсони бовариноки милиса ба ҷиноят тела медиҳанд. Ин тарзи мубориза аст ё худнамо­ию фиреб?. Дар зиндон ман дида истодаам, ки акарияти зиндони­ён бо моддаи 200 ё 201 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба машғул шудан ба хариду фурӯш ё истеъмоли маводи нашъадор суд шудаанд ё таҳти гумон қарор до­ранд. Мо бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунем. Ба мӯҳлати дароз зиндонӣ кардани одамоне, ки ба воситаи ба ном шахсони бовари­ноки милиса ба зиндон афтидаанд, роҳи ҳалли ин кор нест.Ба фикрам чунин шахсон ба монанди Азимҷон ҳаёти даҳҳо оилаи тоҷикро шикаста истодаанд. Ҳамаи ин одамон пада­ру модар, зану фарзанд доранд ва онҳоро кӣ нигоҳубин ва тарбия ме­кунад? Бояд аҳли ҷамъият сари ин масъала хуб андеша кунад. Чун ки ин ҷо Тоҷикистон аст, на ин ки Ко­лумбия ё Мексика. Баъд аз зиндонӣ шудан, фаҳмидам, ки Азимҷон ба гуноҳи машғул шудан ба тиҷорати маводи мухаддир, қаблан зиндонӣ шуда будааст. Ман бо боварии ко­мил гуфта метавонам, ки ҳозир ҳам, ба ин кори тиҷорати маводи мухад­дир машғул аст ва имрӯзу фардо ба даст меафтад, лекин ҳаёти чӣ қадар одамони дигарро сиёҳ кардааст.

Ба коргарони УБНОН-и Вазо­рати корҳои дохила гуфтаниям, ки ин тарзи мубориза мубориза нест. Шумо агар дар ҳақиқат одами касбӣ бошед, бояд ба ин роҳ мубориза на­баред. Чун ки ин амал на аз рӯйи ин­соф, имон ва виҷдон аст. Ман даҳҳо факту рақами дигар дорам, дар оянда онҳоро рӯӣ саҳифаи рӯзнома меорам. Дар охири мақолаам су­ханони ду нафар коргарони УБНОН оварданиям:”ба падари ҳамин на­муд кор ҳазорҳо бор лаънат, ки ба чунин тарзи номардӣ халқи тоҷикро ба зиндонҳо равон мекунем”.

Саймуҳаммад

Салимзодаи Шарифӣ,

аз зиндон…

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: