Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар

шумораҳои гузашта

Номи пурраи ин файласуфи озодфикри Марв Абдулҳусайн Аҳмад ибни Яҳё ибни Муҳаммад ибни Исҳоқ Ар-Ровандӣ мебошад. Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ доир ба Ибни Ровандӣ бо ҳам ихтилоф дошта, номашро ба тарзи «Ар-Ривандӣ», «Ар-Ровандӣ» низ сабт намуда, бо иштибоҳе ӯро аз Рованди Исфаҳон донистаанд. Ва ҳол он ки тадқиқоти ба тозагӣ анҷомдодаи доктор Абдуламир Ал-Аъсам «Таъ­рихи Ибни Ровандии мулҳид» (Бейрут, с. 1975) дар асоси мӯътамадтарин ахбори тазкираву сарчашмаҳо ба таври возеҳ нишон дод, ки ин ҳакими озодандеш зода ва парвардаи ҳамин Риванди Марвзамини Хуросон аст, ки дертар ба шакли Рованд машҳур шудааст.

Мавриди таъкид аст, ки дар тӯли таърихи беш аз як ҳазору дусад соли сипаригашта, душманони ғоявии Ибни Ровандӣ ба таҳрифи ақидаҳои ӯ қаноат наварзида, хостаанд, ки ҳатто шахсияти ӯро ҳамчун инсон таҳқир кунанд. Барои ҳамин мақсад гуфтаҳои ӯро бардурӯғ нақл карда, дар борааш афсонаҳои бемаъние бофтаанд, ки гӯё вай шахси аблаҳ ва масхарае мебошад. Ин гуна ҳикоятҳо ҳоло ҳам дар баъзе мамлакатҳои шарқ (хоса Эрону Ироқ) давом дорад, ки дар таърих ба шахсиятҳои мазҳакавии Баҳлул ва Ҷуҳо монан­дие пайдо кардааст. Он нуқта ҷолиби диққат аст, ки душманони ғоявии Ибни Ровандӣ имрӯз ҳам ба муқобили ӯ чун бо шахси дар ҳаётбуда мубориза мебаранд, раддияҳо ме­нависанд ва таҳрифоте ба кор меандозанд. Вале чи тавре ки ҳикматшиносон гуфтаанд «ростиро завол нест» ва он чӣ Ибни Ровандӣ роҷеъ ба динҳо баён кардааст, хоҳ нохоҳ ба дили росткорон роҳ ёфта, дунёи маънавии онҳоро бо некӯтарин афкори озодандешӣ бой мегардонад.

Он чӣ ки то имрӯз доир ба Ибни Ровандӣ навишта шудааст, одатан дар бораи худи ӯ баҳс намуда, таълимоти ӯ, нуқтаи назари илмиашро ба таври бояду шояд мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор надодаанд. Дар су­рате, ки хонанда наметавонад бовар ку­над, ки ин ақидаҳо дар ҳақиқат аз Ибни Ровандӣ ҳастанд ва ё муаллифони мақолаҳо ва китобҳо ба ӯ нисбат медиҳанд. Ибтидо барои аз байн бурдани ин шубҳа зарур аст, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти дар бораи Ибни Ровандӣ мавҷудбударо айнан иқтибос оварем, то худи хонанда доир ба ар­зиши илмии онҳо ҳукм карда тавонад. Ибни Ровандӣ дар китобаш «Фазиҳат-ул-муътазила» (Расвоиҳои мӯътазилиён, Нашри Кембриҷ, соли 1972, с. 113-115) навиштааст: «Мисли он ки ман аз аҳли мӯътазила бошам, онҳо (яъне мӯътазилиён) чун ин китоби маро бихонанд, маро ба ҳамаи ин суханони гуфташуда айб­дор намоянд. Зеро ман аз доираи онҳо берун рафтаам ва аҳли онҳоро бо суханони заҳрогин васф кардаам». Абулҳусайн Абдурраҳим ибни Муҳаммад ибни Усмон ал-Хаёт (вафоташ дар ҳудуди соли 912-и мелодӣ, ин ҳамзамони Ибни Ровандӣ) дар асараш «Китоб-ул-интисор ва-р-рад ала Ибн Ар-Ровандӣ ал-мулҳид» («Ки­тоби ғолибият ва раддия бар Ибни Ровандии кофир»), ки аз муҳимтарин ва қадимтарин сарчашмаи таърихӣ доир ба ҳаёт ва шахсия­ти Ибни Ровандист ва ягона дастхати ин китоб зери рақами 852 (қисми илми тавҳид) дар «Дор-ул-кутуб»-и Миср нигоҳ дошта мешавад, доир ба Ибни Ровандӣ чунин мегӯяд: «Ман китоби он бешарми палидро хондам. Ҳар он чи ки зикр кардааст, ҳамаашро фаҳмидам. Ба назари ман чунин намуд, ки ин китоби шахсест, ки ба аҳли дин ва мусулмонон буғзу кинаи сахте дар дил дорад. Аз номи мусулмо­нон гуфтаҳое нақл мекунад, ки аз мазҳаби онҳо берунанд. Барои дурӯғгӯӣ ва бӯҳтон хеле ҷасоратманд аст. Аҳли мӯътазиларо масхара мекард, аз дин рӯй тофт ва Худои худро инкор кард. Ибни Ровандӣ китобҳои зиёде дар исбо­ти илҳод ва кофирии хеш навиштааст. Ягона­гии Худо ва ҳақиқати «Қуръон»-ро рад намуда, ҳамаи пайғамбарон ва имомҳои исломро масхара ва таҳқир мекард. Китобҳои ӯ наз­ди ҳама маъруф ва машҳуранд».

Ибни Ровандӣ дар асараш бо унвони «Китоб-ут-тоҷ» зиндашавии ҷисмонии одами­ро баъди мурдан инкор намудааст. ӯ мегӯяд, ки ин ҷаҳон ба ҳамаи замину офтобу моҳу ситорагонаш қадим ва азалӣ буда, ҳеҷ холиқу офаридгоре надорад. Ҳар касе ки мавҷудияти Худоро исбот карданӣ шавад, оқибат ба зиддиятҳои фикрӣ ва хулосаҳои бемаънӣ ду­чор меояд. Ибни Ровандӣ дар китоби «Таъдил ва тазвир» мегӯяд, ки «Худо аз ҳама бандаго­ни худ заифтарин ва ранҷуртарин аст. Он чи ки нисбат ба бандагони худ раво дидааст, дар ҳеҷ сурат аз ҳакимӣ ва доноии Худо шаҳодат намедиҳад. Худо ба ҳоли бандагони худ огоҳ ва меҳрубон нест, балки ӯ аз бандагонаш ҳам камбағалтар ва бадбахтар аст. (Муқоиса кунед бо ақоиди Умари Хайём). Агар ӯ медо­нист, ки одамиён ба фармонаш итоат намеку­над, чаро фармон дод? ӯ ҳар касеро ки кофир ва осӣ шавад, ба таври абадӣ ба оташи дӯзах маҳкум месозад».

Ибни Ровандӣ дар китобаш «Зумуррад» навиштаҳои пайғамбарон Иброҳим, Мӯсо, Исо ва Муҳаммадро зикр намуда, мегӯяд, ки ҳамаи онҳо соҳир ва ҷодугаранд. Нависандаи «Қуръон» шахси нодон будааст, зеро дар он би­сёр зиддиятҳо, хатоҳо ва муҳокимаҳои муҳолу номумкине вуҷуд дорад. Ровандӣ китобе доир ба тавҳид навишта, дар он нишон додааст, ки Худо ба зулм ва дурӯғ қодир аст». Ба гуфтаҳои дар боло овардаамон танҳо ҳаминро ило­ва кардан лозим аст, ки душманони ғоявии Ибни Ровандӣ ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ба ҷасорати ӯ, дониши баркамоли ин олим қоиланд. Мувофиқи ақидаи Ибни Ровандӣ, санг ба худии худ ва табиати хеш ҳаракат мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо аз ҳаракат мемонад ва ором мешавад. Об ва оташ низ ҳамчунин. Ҳамаи ҳаракатҳо ва оромиҳои ҷаҳон, пайвастшавиҳо ва ҷудошавиҳо, якрангиҳо ва гуногуниҳо ҳамагӣ бо худии худ ва бе дахолати Худо вуҷуд доранд».

Ин ақидаи материалистии Ибни Ровандӣ аз назари ҳамзамонон ва уламои минбаъ­даи олами исломӣ берун намондааст ва бояд иқрор шуд, ки дар муқобили ӯ аз пояи илоҳиёт он қадар раддия ва китобҳо навиштаанд, ки танҳо овардани номгӯяшон даҳҳо саҳифаро дар бар мегирад. Мо танҳо номи баъзе муал­лифонашро номбар менамоем ва худ равшан хоҳад шуд, ки душманони маънавии Ибни Ровандӣ киҳоянд: Нахустин Ҷоҳиз (776-869 м) аз муаллифони асри IV ҳиҷрӣ (Х мелодӣ), Абдулҳасан Алӣ ибни Исмоили Ашъарӣ (ваф. с. 936, дертар асосгузори мактаби исломии ашъария), Абӯабдулло Ҳусайн ибни Алӣ ибни Иброҳим маъруф ба Коғазӣ, Абулқосими Балхӣ, Абӯалӣ Ал-Ҷабоӣ, Абӯҳошим Ал-Ҷабоӣ, Ал-Бардаъӣ ва ҳатто Абӯнасри Форобӣ ва ди­гарон.

Сабаб чист, ки то имрӯз ҳам баҳс дар атрофи асарҳои Ибни Ровандӣ мисли пешта­ра идома дорад? Аввалан, бо эҳтимоли қавӣ бояд таъкид кард, ки мавзӯи китобҳои Ибни Ровандӣ барои ҳамзамононаш бисёр ҷолиби диққат буд. Сониян, худи Ибни Ровандӣ дар ибтидои фаъолияташ пайрави мӯътазила ва бисёр мазҳабҳои исломӣ буд ва сирру асрори онҳоро хуб медонист. Сеюм, бо ҳамаи пешво­ёни ин мазҳабҳо ошно ва дар назди бисёре аз онҳо таҳсили илм кардааст. Чорум, кито­беро, ки ибни Ровандӣ ҳадафи танқид қарор дод, китоби шарикдарс ва душмани ғоявии ӯ Ҷоҳиз (776-869 м) буд.

Ибни Ровандӣ ақидаи мӯътазиларо мав­риди ҳамла қарор дода, дар баробари он кӯшидааст, ки ақоиди баъзе фирқаҳои ифро­тиро низ ислоҳ кунад. Ин кӯшиши ӯ сабаби он гардид, ки ҳамаи мутаассибони фирқаҳои гуногун ӯро ду ҷазои сахт намоянд, ибтидо, ҳамагӣ аз вай рӯй гардониданд ва сониян, ин ки ӯро аз назди худ ронда, баъд аз вафо­таш ҳамчунон тӯҳмату бӯҳтонро ба номаш пайвастанд, ки дар оинаи хирад намеғунҷад. Вале як нуктаи муҳим ва равшан барои равонфикрӣ хеле аҳамиятнок аст, ки қариб ҳамаи сарчашмаҳои эътимодбахш тасдиқ ме­кунанд: Ибни Ровандӣ “Қуръон”, пайғамбарӣ (қубувват) ва ҳамаи динҳоро танқид кардааст. Аз ин ҳам гузашта ӯ услубҳои сиёсии интихоби халифаро низ рад ва масхара намудааст. Ба ин муносибат бояд хотиррасон намоем, ки дар олами ислом то Ибни Ровандӣ ва баъди ӯ низ касе чунин ҷуръат накарда буд.

(Давом дорад

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Аз ин ҷо, ки миёни фақир ва соири тараққипарварони Бухоро дар боби инқилоби сиёсӣ ва иҷтимоӣ ихтилоф буд, эшон ҳамаи ҳаракаташонро аз ман пинҳон медоштанд. Бинобар ин, аз тафсилоти (шарҳи пурраи) та­шаббусоти онҳо хабаре надорам. Фақат дар қатори оммаи нос (мардум) мешунидам, ки инҳо низ таҳия (ва омодагӣ) доранд. Маншаи ихтилофи фақир ва соири тараққипарварони Бухоро ин буд: Маслаки ман дар боби инқилоби сиёсӣ ва иҷтимоии як ҳукумат ва миллат тадриҷӣ буд.

Бе эҳзори (омодагии) раия (мардум) ва бе танвири (огоҳӣ ва саводи) афкори омма инқилоби нофеъро (фоиданокро) мумкин намедонистанд. Оре! Яқин доштам, ки агар ҳукумат би-т-табъи ва-р-рағбат (ихтиёрӣ) ислоҳотро иҷро карданӣ шавад, метавонад ва рафъи (ислоҳи) бедоду фасодро аз байни аҳолии ҷоҳил ба қуввати истибдод мумкин аст намояд. Лекин дар ин низ яқин доштам, ки ҳукумате, ки солҳои дароз ба ҳаракати худсаро­на одат карда бошад ва арконаш (ҳокимонаш), ки «Ос! Бос! Кес»-ро (Овез? Пахш кун! Бибур!) аз ҷумлаи шавкат ва ҳашамати ҳукумат мешу­мурда бошанд, нахоҳанд ва натавонанд, ки дар як ҳафта ё дар як моҳ ё дар як сол маданӣ шаванд ва ҳофизи ҳуқуқи умумӣ гарданд ва ба ҳуқуқи машрӯаи (қонунии) худ қаноат намо­янд ва дар ҳаққи дигарон таҷовуз накунанд. Оре, (агар) раия ба ҳуқуқи худ доно мебуд, агар аҳолӣ мунаварру-л-афкор (равшанфикр) мебуданд, ба иҷбори (фишори) эшон ҳукумат маҷбур мешуд, ки иҷрои ислоҳот намояд.

Акнун бибинем, оё афкори умумӣ ҳозир буд? Ё фирқаи бузурге, ки ба масоили сиёсиву иҷтимоӣ воқиф бошанд, мавҷуд буданд? Не, не! Ҳеҷ кадоми инҳо дар Бухоро набуд. Маъ­лум аст, ки афкори умумӣ ба воситаи илму маърифат танвир (огоҳӣ) меёбад. Воситаи илму маърифат мактабу матбуот аст. Чӣ буда­ни ҳоли мактаб дар Бухоро ба сафҳаҳои боло гузашт. Акнун ба матбуот як назар андозем. Ба муносибати муҳорибаи умумӣ ҷаридахон (рӯзномахон) дар Бухоро бисёр шуд, то муш­тариёни солона, то ба воситаи кутубхонаҳо ва фурӯши авлия (ҳаррӯза) тахминан ҳар рӯз панҷсад (500) адад ҷарида (рӯзнома) дар Бухоро нашр меёфт. Гирем, ки ҳар ададро бар сабили бадалият (ҳамроҳӣ) ду нафар хо­над, ҷамъи ҷаридахон ҳазор нафар меша­ванд. Ин ҳам маълум аст, ки ҳама ҷаридахон тараққипарвару ислоҳотхоҳони фидоӣ не­станд. Бисёр мешавад, ки ҷаридаро барои «мӯд» ё барои фаҳмидани ахбори муҳориба (ҷанг) мехонанд ва дар манотиқи сиёсиву иҷтимоӣ аслан назар намеандозанд ва ибрат намегиранд. Пас маълум шуд, ки афкори му­наввари бузурге, ки дар вақти лузум (зарурӣ) ба он такя карда шавад, дар Бухоро набуда­аст.

Оре, ба таъсироти инқилоботи замон ва сӯйи идораи (низоми бади) ҳукумат аксари аҳолӣ ҳарфи ислоҳотро ба рағбат (шавқ) ме­шуниданд. Лекин касе, ки ба аҳволи рӯҳии мардуми Бухоро воқиф аст, ба хубӣ медонад, ки ислоҳотхоҳии ин гурӯҳ то куҷост. Аҳолии Бу­хоро ба таъсири тарбияти оила ва обу ҳавои фосиди ин шаҳр бисёр баддилу ҷабин (бадгу­мону тарсу) афтода буданд. Дар ҳар кори нағз, агар ба осудагӣ ба вуқӯъ ояд, толибу роғиб буданд. Ҳамин ки фитнае бархост ва шӯрише пайдо шуд, фавран тарафи акси ҳаракат, ки табиӣ зӯр буд, қуввату ёрӣ медоданд.

Ба ҳамин мудоҳина (хушомад) ва риёкорӣ муҳофизаи шахси худро менамуданд.

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: