Главная > Иқболи САИДЗОД > Соли нав бо тракторҳои кӯҳна

Соли нав бо тракторҳои кӯҳна

Дар соли 2010 дурнамои шудгори заминҳои кишоварзии Тоҷикистон пурра иҷро нашудааст. Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 368879 гектар замин шудгор шудааст, ки ин танҳо ҳудуди 60 дар сади нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Нарзулло Дадабоев, сардори Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи шуд­гори замин дар соли 2010 нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли қаблӣ 235768 га зиёд мебошад.

Тибқи маълумотҳо, дар ҷумҳурӣ беш аз 900 ҳазор гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз ин миқдор ҳудуди 600 ҳазораш обӣ ва боқимонда лалмӣ мебошад. Вале дурнамои шудгори замини умумӣ дар соли 2010-ро масъулини Вазорати кишоварзӣ 624349 гектар арзёбӣ меку­нанд. Коршиносони масоили кишоварзӣ бар ин назаранд, ки бояд ба замин аз нуқтаи назари воқеӣ-агрономӣ муноси­бат кард. Шудгори саривақтӣ, пошидани нуриҳои минералӣ ба андозаи зарурӣ, нигоҳубину обёрӣ ва ғунучини ҳосил дар вақташ боиси афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мешавад. Деҳқонон мегӯян, ки сари вақт шудгор нашудани замин ва боқӣ мондани кишти тирамоҳӣ ба баҳор начандон оқибати хуб дорад. Заминҳои на он қадар ҳосилхези кишвар ба ҷои серҳосил шудан баръакс камқувват гар­дида, ба шӯразамин табдил меёбад. Сай­фиддин Шарифов, раиси яке аз хоҷагии деҳқонӣ мегӯяд, бар замми он ки трак­тор намерасад ва дар як деҳа як техни­ка шудгор мекунад ё умуман дар баъзе деҳаҳо техникаи шудгоркунанда нест, боз ҳангоми ҷуфт тракторчӣ нархи хо­стаашро мегузорад, ки аз набудани ша­роит баъзе заминҳои деҳқонон шудгор нашуда мемонад. Ҳоло қимати рондани як сотиқ замин аз 4 то 8 сомониро таш­кил медиҳад. Бар замми ин, андоз аз за­мин, аз об, харидани нуриҳои минералӣ, хисороти маҳсулот аз офати табиӣ (сел, малах) ва дигар хароҷот бори га­ронест, ки деҳқон ба ҷои фоида зарар мебинад. Тоҷикистон мамлакати аграрӣ-индустриалӣ мебошад ва оянда низ дар ҳамин шакл мемонад. Чунки дар деҳот 74 фисади аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар фаъолияти бахши иқтисодӣ асосан 60 дар сади аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ банданд. Аз ин лиҳоз, таваҷҷӯҳи ҳукумат ба соҳаи кишоварзӣ бояд беш­тар бошад ва ба кишоварзон имтиёзҳо диҳад,- изҳор медорад ӯ. Аммо масъу­лини Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, ки аз чунин имконият бархӯрдор нестанд. Вале ба гуфтаи коршиносон, дар Чин ҳукумат ба деҳқонон имтиёзи зиёд до­дааст ва аз маҳсулоти кишоварзӣ ягон намуди андоз ситонида намешавад. Дар мо бошад, деҳқон барои шудгори замин трактор намеёбаду дар супоридани ан­доз пул қарз мегирад.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати кишоварзӣ, ҳоло дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ҳудуди 14 ҳазор техникаву трактор мавҷуд аст. Вале бештари ин техникаҳо кӯҳнаву фарсуда шудаанд. Зеро мероси Шӯравӣ буда, баъзеи онро таъмир кар­дан ҳам аз имкон берун мебошад. Аз ин миқдор техника танҳо 2,9 ҳазорро трактори ҷуфтӣ ташкил медиҳад, ки 50 дар сади онҳо корношоям аст. Ин дар ҳолест, ки шудгори тракторҳои коршоям ҳатто чандон босифат набуда, талаботи заминкишткунонро қонеъ карда намета­вонад. Вале дар сурати коршоям будани 50 дар сади тракторҳои ҷутфӣ шумораи онҳо тақрибан 1,5 ҳазор ададро таш­кил хоҳад дод, ки дар қиёс бо 36 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ночиз аст. Ба андешаи Сайфиддин Шарифов, бояд теъдоди тракторҳо зиёд шавад, то рақобат ба миён ояду деҳқонон имкони арзонтар ҷуфт кардани заминро пайдо кунанд. Кишоварзон бояд аз техникаҳои нави пурқуввати ҷаҳонӣ, ба мисли тракторҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истифода ба­ранд. Масалан, тракторҳои калонтарини ИМА-ро Ҷумҳурии Узбакистон 10 сол боз истифода мебарад, ки дар як шабонарӯз то 50 гектар шудгори босифат мекунад. Агар ин тракторҳо шабу рӯз 50-гектарӣ шудгор кунанд, ба Тоҷикистон 100-то аз ин трактор, гарчанде 80-ҳазордолларӣ бошад ҳам, ворид гардад, хеле муфид аст. Ҳозир тракторҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯзӣ 2-3 гектарро шудгор меку­нанду халос. Як трактори амрикоӣ ба ҷойи 15-17 трактори мо кор мекунад. Албатта барои харидани он маблағ лозим аст, ле­кин ҳукумат метавонад аз ҳисоби кӯмаку хайрияи кишварҳои хориҷӣ ва ҳатто аз буҷет маблағ ҷудо кунад. Масъалаи се­лексия, тухмипарварӣ, киштгардонӣ, таъминоти соҳаи кишоварзӣ аз ҳисобии сӯзишвориҳои арзон, химикатҳои лозимӣ ва ҳавасмандкунии деҳқононро бояд фикр кард,- мегӯяд оқои Сайфиддин. Зеро бо он маблағе, ки имрӯз деҳқон кор мекунад, ҳеч вақт маҳсулоти кишоварзӣ зиёд намешавад. Дар сурати таъми­ни босамари маҳсулоти кишоварзӣ, ки кишти он қариб 900 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ба бовари ӯ, то соли 2015 аҳолии Тоҷикистонро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кардан имкон дорад.

Ҳудуди 60 дар сади аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ ба кор ҷалб карда шудаанд. Яъне одамон аз меъёр зиёд ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб гаштаанд ва кори техника-тракторҳо бо қувваи ҷисмонии мардум анҷом меёбад. Ода­мон техникаи нави шудгоркунандаро ме­монанд, вале сифати побел ба шудгори трактор баробар шуда метавонад? Шумо чӣ фикр мекунед ихтиёр доред, аммо ба андешаи ман, ҷойи нигаронист, ки дар асри 21, ки асри техникаву технология номида мешавад, деҳқони тоҷик ҳанӯз аз «техника»-и асри 15, яъне «каланди бобоӣ» истифода мебарад.

Иқболи САИДЗОД

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: