Главная > Uncategorized > То ба кай ширро “сиёҳ”-у ангиштро “сафед” мегуфта бошанд?

То ба кай ширро “сиёҳ”-у ангиштро “сафед” мегуфта бошанд?

Мӯҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Пас аз андешаҳои зиёд рӯйи ниёз ба Шумо оварда, хостам тариқи матбуот арзамро расо­нам. Чунки роҳи ягонаи ҳалли ин қазияро, ки имкон дорад тамо­ман бо ҳафт нафар фарзандам бесарпаноҳ монам, дар дахолати бевоситаи Шумо мебинам. Ба аризаҳои ман дар зинаҳои Суди олии иқтисодӣ баҳои холисона намедиҳанд ва хилофи талаботи қонун санади судӣ қабул намуда, бо ин роҳ маро тамоман аз ягона манзили зистам маҳрум намуда­ниянд. Агар мақомоти судӣ дар асоси талаботи қонун масъаларо ҳаллу фасл менамуданд, ягон ҳоҷати ба Шумо муроҷиат кардан набуд.

24-уми декабри соли 2007 байни корхонаи ҶДММ «Комерс­лизинг», директори генералиаш Р. Сотиволдиев ва ҶДММ «Конкорд», ки директораш ман мебошам, шар­тномаи иҷораи молиявӣ баста шуд. Ба иҷора осиёб барои ордбарорӣ, ки маблағи иҷораи молиявиаш 135000 доллари ИМА буд, шартно­ма ба мӯҳлати ду сол баста шуд. Корхонаи мо то моҳи июни соли 2007 фаъолият карда, иҷораи мо­лиявии шашмоҳаро пурра пардохт намуд. Баъдан бинобар набудани маҳсулот корхона аз кор монд.

Бо мактуб ба ҶДММ «Комерсли­зинг» муроҷиат намудем. Ин шир­кат аз болои мо ба Прокуратураи генералӣ ариза дод ва моро даъват карда баёнотҳоямонро гирифтанду ҷавоб доданд.

Баҳсҳои мо ду сол боз дар Суди иқтисодӣ идома ёфта, пас аз 15-уми ноябри соли 2010 фаҳмидам, иҷораи молиявие, ки ҶДММ «Ко­мерлизинг» бо мо бастааст, қаблан ҳамин таҷҳизотро (осиёб) дар са­наи 15-уми июни соли 2007 «На­хустлизинг» ба ҶДММ «Маркетинг» бо маблағи 68000 доллари ИМА иҷораи молиявӣ бастааст, ки дар ҳамон замон директори ҶДММ «На­хустлизинг» Р. Сотиволдиев будааст. ҶДММ «Нахустлизинг» ба ман иброз намуд, ки ҶДММ «Маркетинг» аз онҳо 46000 доллари ИМА қарздор аст ва барои ҳамин ба таҷҳизоти мо­лиявие, ки ба мо тааллуқ дошт, яъне осиёбро онҳо бо мактуб манъ наму­даанд, ки осиёб аз ҶДММ «Нахустли­зинг» мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки Р. Сотиволдиев як таҷҳизотро ду­бора ба иҷораи молиявӣ медиҳад.

Ҳамаи ин чизро асос наму­да, ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ ба ҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъу­лияташ маҳдуди ширкати лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душанбе, ҳамҷавобгарии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Ва­зорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани шартно­маи гарав аз 27-уми декабри соли 2007, шаҳодатнома дар бораи саб­ти давлатии шартномаи гарав таҳти №8Р-162/01 аз 18-уми январи соли 2008 ба Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе муроҷиат намудем.

Ҷавобгар — Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ширкати лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ ба ҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъу­лияташ маҳдуди «Конкорд»-и шаҳри Душанбе дар бораи рӯёнидани маблағи иҷораи молиявӣ ба ан­дози 120000 сомонӣ аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 13-уми октя­бри соли 2010 аризаи даъвогии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Конкорд»-и шаҳри Ду­шанбе қонеъ карда шуд. шартно­маи гарави амволи ғайриманқули байни Ҷамъияти дорои масъу­лияташ маҳдуди ширкати лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Конкорд»-и шаҳри Душан­бе аз 27-уми декабри соли 2007 ва шаҳодатнома дар бораи сабти дав­латии шартномаи гарав таҳти № 8Р-162/01 аз 18-уми январи соли 2010, ки ба манзили истиқоматӣ ба гарав гузошта шуда, дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фир­давсии шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, бекор карда шу­дааст.

Аризаи даъвогии Ҷамъияти до­рои масъулияташ маҳдуди лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душанбе ба ҷавобгарии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Конкорд»-и шаҳри Душанбе дар бораи рӯёнидани 120000 сомонӣ аз ҳисоби амволи ба гарав гузош­ташуда рад карда шуд.

Ҷамъияти дорои масъулия­таш маҳдуди лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душан­бе бо ҳалномаи суди марҳилаи якум розӣ нашуда, бо шико­ят ба марҳилаи аппелятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, пурсидааст, ки ҳалнома бекор карда шавад. Дар зинаи аппелятсионӣ аризаи даъвогии Ҷамъияти дорои масъу­лияташ маҳдуди ширкати лизинги «Комерслизинг-и шаҳри Душанбе пурра қонеъ карда шуд. Ба қарори суди марҳилаи аппелятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15-уми ноябри соли 2010 розӣ на­шуда, бо шикояти кассатсионӣ ба марҳилаи кассатсионии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.

Бо қарори марҳилаи кассатсио­нии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2011 қарори марҳилаи аппелятсио­нии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бетағйир ва шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда шуд.

Ба қарор розӣ нашуда, ба Раё­сати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем, ки қарори марҳилаи аппелятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15-уми ноябри соли 2010 ва қарори марҳилаи кассатсионии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2011 бекор карда шуда, ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 13-уми октябри соли 2010 дар қувваи қонуниаш монда шавад.

Мувофиқи талаботи қонун, судя бояд ба далелҳо аз рӯйи эътиқоди ботинии худ, ки он ба таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра, беғаразона ва бевоситаи далелҳои дар парван­да мавҷудбуда асос меёбад, баҳо диҳад. Лекин суди марҳилаи аппе­лятсионии Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе ва суди марҳилаи кассатсио­нии Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводҳои дар пар­ванда мавҷудбуда ҳаматарафа, пурра ва беғаразона баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, баҳсро яктарафа баррасӣ намуда, санадҳои судии ғайриқонунӣ қабул карданд.

Ҷамъияти дорои масъулия­таш маҳдуди «Конгорд»-и шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ширкати лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душанбе санаи 24-уми декабри соли 2007 таҳти №1 шартномаи иҷораи лизингӣ баста, пас аз се рӯз шартномаи гарави манзили истиқоматиам ва Ҷамъияти дорои масъулияташа маҳдуди лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душанбе баста шудааст.

Мувофиқи шартномаи мазкур, лизингдеҳ — Ҷамъяти дорои масъу­лияташ маҳдуди лизингии «Комерслизинг»-и шаҳри Душан­бе ӯҳдадор шудааст, ки ба лизинг, яъне Ҷамъияти дорои масъулия­таш маҳдуди «Конгорд»-и шаҳри Душанбе заводи хурди истеҳсоли орди осиёбро харидорӣ намуда, ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Конгорд»-и шаҳри Душан­бе бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ барои идоракунӣ ва истифодаи муваққатӣ медиҳад.

Суди марҳилаи аппелятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе хулосабарории беасос намудааст. Зеро суд рӯёндани маблағи пули­ро на аз ҳисоби амволи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Конгорд»-и шаҳри Душанбе, балки аз ҳисоби моликияти шахсии ман рӯёнданист, ки ғайриқонунӣ мебо­шад.

Ваҷҳҳои моро дар бораи он ки роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъу­лияташ маҳдуди ширкати лизинги «Комерслизинг»-и шаҳри Душанбе бо роҳи сӯистифода аз боварӣ ман­зили истиқоматии маро ба гарав гирифт, дар суд тамоман муҳокима накарданд. Ҳол он ки, муқаррар кардани ин ҳолат барои парванда аҳамияти муҳим дошт. Чунки шар­тномаи гарави манзил бо роҳи сӯистифода аз боварӣ баста шуда­аст. Таъкид намуданиам, ки ҳангоми ба гарав гузоштани манзилам уму­ман ҳамсарам хабардор набуд.

Мӯҳтарам Ҷаноби олӣ!

Ин аст қиссаи ман, ки ба доми фиреб гирифтор шуда, қариб аст та­моман бе манзили истиқоматӣ мо­нам. Судиҷрочиёни Суди иқтисодӣ аз ман талаб карда истодаанд, ки манзиламро холӣ намоям. Вале касе ба арзи ман гӯш карданӣ нест. Охир, то ба кай ин судяҳо ширро “сиёҳ “-у ангиштро “сафед” мегуфта бошанд?

А. ШОҲИНОВ,

раиси Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Конгорд”

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: