Главная > Акаи Ҷалил > Шер бо шер, қурбоққа бо қурбоққа

Шер бо шер, қурбоққа бо қурбоққа

Додарҳои ҷон, акатон гоҳ-гоҳ аз пеш­пуртакиву пешпаракиву нахӯди пеши қошуқ шудани баъзе ақлаку хурӯсчӯҷаҳо ҳайрон мемонаду пакари ҳот мешавад. Аз раҳматии падарам як насиҳат до­рам: аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ. Ҳозир мебинам, ки мӯйсафеди раҳматӣ беҳуда нагуфта будаст ин гапа.

Мана, меган ки Япония пеш рафт, Хитой ҷойи Америкара мегирам мега. Хайр, мардакҳо меҳнат мекунанд, мағзи дар он теппаи сар хара шудагира кор мефарманд. Ба мо бошад кор не, худо маҳмадоноира диҳаду гапфурӯшиву худнишондиҳира. Кора дигарон ме­кунанд, роҳата ҳам. Барои мо бошад ҳофизомон беҳисоб, шикамҳора қапида, чорта гиз карда хандему даркору но­даркор машлотӣ кунему арғушт равем аз ҳама беҳтар. ё агар вазифаи баланд­тар дошта бошем, аспи ҷангӣ ворӣ гӯшу абрӯра хобонему дӯғу пӯписа. Ана баъд бин ларзаву тарси як барбарша. Баъд меҷӯшад бозори хушомаду лаббай. Ле­кин кор истодаст дар ҷош арвоҳи ланг ворӣ. Қоғази бечора бардошти ҳамара дорад. Менависандаш чанд қадаре, ки барои гап нашунавидан маъқул бошад. Порина ҷамоатмон ҳисобот дод, ки дар Чинораки мо мана ин қадару ин қадар кор иҷро шуд. Гапҳошона гӯш кардаму баъд пурсидам, ки ҳамон корҳои ҳисобот додагӣ дар куҷо иҷро шуданд, ки як бу­бинему хурсанд шавем. Раис гуфт, ки акаи Ҷалил, гизалагӣ накунед, кор-пор несту лекин ҳамин хел қоғаз даркор шу­даст. Аз ин мо на кам мешавему на зиёд. Навишта доданаш мегирем, чӣ хеле ки даркор бошад.

Дар вақташ дар ҷойҳои мо исмоилда­вон гуфтанӣ гап буд. Маънош ҳамин ки як кора ҳарому ҳалол як бало карда буд кардан даркор. Хиёл мекардам, ки дар шаҳр ин калимара намедонанд, не ме­донанд. Як журналист гуфт, ки исмоил­давон ба урусӣ халтура мешавад. Баъд ҳамон журналиста пурсидам, ки хорзом, исмоилдавонша донистӣ, шалақдавонша нӣ медонӣ? Гуфт ки не амакӣ. Баъд нақлаш кардам ҳамон қиссаи Амони шалақдавона.

Дар давраи ҷавонии акатон вақте бузкашӣ мебаромадем, майдон пури одаму асп, ҷойи гаштан намеёфтем. Баъд оҳиста-оҳиста сафи бузкашҳо кам шудан мегирифт. Ҳамон панҷ-шаш буз­каши асосӣ мемонд. Онҳош ҳам ки аз дасти акатон буза кашида гирифтан наметонистанд, лекин ба ҳар ҳол дар болои аспҳо дошт медоданду барои ақаллан як бор линги буза қапидан та­лош мекарданд. Ана дар ҳамин ҳолатҳо як нафар ҳамроҳи бузкашҳо то охир асп медавонду лекин ҳич не ки ба буз на­здик шавад, ҳамон Амони ҷӯрамон буд. Дар баробари ҳама асп медавонад, ле­кин ҳурбаш намерасид, ки дар қура да­рояд. Вақте ки бузкашӣ тамом мешуду бузкашҳо дар хонаи ягон кас шишта, чақ-чақ мекарданд, Амон бари болора мегирифту аз ҳама гапҳои қизиқа ӯ ме­гуфт. Одами нобалад гумон мекард, ки аз ҳама бузкаши зӯр ҳамин аст. Як бор не, ду бор не, доим ҳамин хел, мардаки калон медавонад бар-бари дигарон асп­шаву лекин ҳич ба бузкашӣ намедаро­яд. Дидагиҳо фаҳмиданд, ки бузкашии ӯ ҳамин будааст. Баъд мардум ҳам аз ӯ қарздор намонд. Лақабаш буриданд: Амони шалақдавон.

ӯ журнилисти қиссара шунавидагӣ шикамша қапида хуб хандиду баъд гуфт, ки шалақдавонаш аз исмоилдавон бад­тар будаст-ку!

Ҳозир кору бори баъзеҳора мебина­му ҳамон Амони шалақдавон пеши рӯм меояд. Ришу бурут паст тарошидагӣ, туфлиҳо лок задагӣ, пӯшок дар ҷош, ба номаш кор мекунанду лекин ягон кор нест…

Гап дар бораи чӣ буд? Ҳа, арғушт…

Дар шаҳр дар тӯйи як дохундаи дав­раи бачагим иштирок кардам. Ҳамамона сари стол бароварданд, шиштем. Баъд сар шуд нӯшонӯшу пуфопуф. Дидем, ки дар чеҳраи мардум хун давид, шарми рӯ паридан гирифт, хандаву чакпаронӣ, баъд сар шуд суруду арғушт. Оҳиста-оҳиста мардаку занак ҳама хеста майдон баромад. Яке буд, ки шахси дар рӯ ба рӯм шиштагӣ мега, ки акаи Ҷалил, якҷоя як намеларзонем дар майдон. Ба як қираи чашмам нигоҳ кардам, ки ғайри ҳардуи мо ҳама арғушт меравад. Ба ӯ гуфтам, ки ҳамин арғушт ҳам бояд камтар қадру қимат дошта бошад. Ларзондан бошад, хеста ларзондан мегирем, лекин арғушти мора кӣ тамошо мекунад?

Як шогирди таърихдон дорам, аз гӯр ҳам пурсӣ гап мезанаду аз қиёмат ҳам. Ҷавоби ҳамаи мурдаву зиндара медиҳад. Ҳамон шогирд як рӯз як нақли аҷоиб кард. Дар вақташ амири Бухоро феъли вазифадӯсту хушомадгӯра хуб медони­стааст. Аз Эрон, намедонам тӯҳфаш ме­кунанд ё худаш мехарад, ки як гилеми ҳафтодметра меоранд. Дар ҳамон ҷойи қабулаш, ба гуфти худмон кабинети ко­риш гилема паҳн мекунад. Ана акнун агар касе ба қабулаш биёяд, попӯшиша бадар мекунаду ба зону мезанаду бо таъзиму дигар номаъқулиҳош ҳамин хел ҳафтод метр ба амир наздик мешавад. Амир баъде ки ин ноҷинс ба пешаш ра­сид, бо қавоқи хунукаш як песонда на­зар мекунаду баъд мепурсад, ки ту чӣ мехоҳӣ. Ноҷинс бо гиряву зорӣ таърифи амира ба осмони ҳафтум бардоштаву аз падару модару бобову бобокалони раҳматиш боло гузошта, баъд арзи ҳол мекунад. Амир ҳамаи ин лақидани ӯра шунидаву нашунида, баъд ягон гап мега ё ишораи даст мекунад. Баъд он хӯса боз ҳафтод метр ду даст пеши бару фук дар ноф расидагӣ меравад қафонокӣ. Бояд пушташ амира набинад-да. Баъди ин як умр хурсанд, ки дар қабули амир буду гӯё амир дар бӯстонсарош барои ӯ зиё­фат доду боз сад гапу калочаи дигар.

Ана акнун, додарҳои ҷон, мақсади акатон аз гуфтани ин қиссаи шогирд нақл кардагӣ дигар аст. Ман як умр ба рӯйи ҳамин хушомадгӯву балегӯҳо туф кардагӣ. Ҳамин қиссара шогирд нақл карду як фикр дар сарам зад. Агар ба ҷойи амири Бухоро мешудам, барои қабул як иморати дарозе месохтам, ки дар он тарафаш одам мисли кабкчӯҷа тобад.

(Давом дорад)

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: