Главная > Uncategorized > “Маро фашист накушту худиҳо куштаниянд…”

“Маро фашист накушту худиҳо куштаниянд…”

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллоев

Ман ҳамчун адиб ва рӯзноманигор бо тақозои касбу кор дар

миёни мардум зиёд мегардам. Дар ин асно андешаеро аз ҷониби мардум дарк кардам, ки аксари шаҳравандон аз

фаъолияти бархе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Танҳо як мисол: ҳафт-ҳашт сол боз бо қазияи хонаи баҳсии ма­ъюби гурӯҳи 2, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини кӯчаи Саъдии Шерозӣ 7-и шаҳри Ваҳдат Пир Ашӯрови 85 сола дар саҳифаҳои матбуот он қадар баромад кардаам, ки он мисли шеъри «Олуча гули бодом» азёд шудааст.

Инак, ин пири бемор дар як даст дорухалта ва дар дасти дигар аризаи зерини шикоятӣ ба номи раиси Суди Олӣ бо ман вохӯрд:

«Аризаи № 99

Мӯҳтарам Раис, ҳарчанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро обод гардонда, дар арсаи ҷаҳон машҳур сохта, ба собиқгардонии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, ятимону маъюбон диққату кӯмаки беандоза мерасонад, баъзе мансабдорон, вазорату идораҳо, суду прокуратураҳо бо беадолатӣ бо­варии халқро ба ояндаи нек барбод медиҳанд.

Қазияи манзили баҳсии ман ҳам аз рӯйи ин амал аз соли 2000-ум боз роҳи ҳалли боадолатонаи худро наёфта ис­тодааст.

Мувофиқи ҳалномаи суди ноҳияи Кофарниҳон аз 24-уми ноябри соли 1973 никоҳи ман ва Р. Ашӯрова бекор карда шуда, бо назардошти дар тарбия­ааш мондани 6 фарзанди ноболиғамон аз 4/3 ҳиссаи хонаи истиқоматӣ ба ӯ монда шуда, аз 4/1 ҳиссаи хонаи баҳсӣ, ки 1083 суми ҳамонвақтаро ташкил ме­дод, ба ман дода шуда буд. Ҳамаи фар­зандон дар хонаи баҳсӣ тарбия гирифта, оилаҳои худро барпо намуда баромада рафтанд, танҳо Қ. Ашӯров бо ҳамроҳии модараш Р. Ашӯрова монда, соли 1986 ба А. Ашӯрова хонадор шуда, соҳиби 3 фарзанд гардид.

Дар хонаи баҳсӣ (кӯчаи Умари Хай­ём 18-и шаҳри Ваҳдат) модараш Р. Ашӯрова доимо моҷаро бардошта, онҳоро оқибат аз хона пеш кард. Ҳоло онҳо то инҷониб бо ҳамроҳии ман дар як ҳуҷра зиндагӣ доранд.

Гарчанде ки дар хонаи баҳсӣ ҳиссаи мо вуҷуд дошта бошад ҳам, Р. Ашӯрова бе розигии мо хонаро ба шаҳрванд М. Наҷмуддинов фурӯхта, онро 5-уми мар­ти соли 2003 бо шиносномаи техникии сохта ба расмият даровардааст.

Дар аризаи дигарам аз прокурату­раи шаҳри Ваҳдат талаб карда будам, ки барои ба Р. Ашӯрова шиносномаи техникии қалбакӣ додан, Боғигул Фат­тоева (собиқ корманди МБТИ-и шаҳри Ваҳдат) ва Сафар Раҳмонов (корманди идораи нотариати шаҳри Ваҳдат) низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ша­ванд. Вале…” прокурормулло”-и шаҳри Ваҳдат чун пештара мумкин боз чунин «маслиҳати ҳуқуқӣ» дода бошад: «Бо­бои Пир, рӯ ба қибла гардонда, бахшад­шон…»

Дар ҳамаи аризаҳоям мепурсидам, ки шартномаи хариду фурӯши хонаи баҳсӣ бекор карда шуда, ҳавлӣ аз рӯйи саҳмҳо байни моён тақсим карда шавад. Аммо суди ноҳияи Файзобод даъвои маро беасос рад кард. Ҳамаи асосҳое, ки оид ба ғайриқонунӣ будани ҳалномаи суди ноҳияи Файзобод ба коллегияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда будам, беасос рад гашт.

Дар ҳуҷҷатҳои хариду фурӯши манзили баҳсӣ Р. Ашӯрова ва М. Наҷмуддинов нархи манзилро 2500 сомонӣ гузошта, дар нотариати давлатӣ дар вақти ба расмият даровардани ҳуҷҷати хариду фурӯш аз рӯйи ҳамин маблағ боҷи давлатӣ супурдаанд. Дар асл ҳавлӣ 15 ҳазор доллари амрикоӣ савдо шудааст. Магар ин ба чашми дав­лат хокпартоӣ нест?

Дар ҳалномаи суди ноҳияи Фай­зобод дарҷ шудааст, ки ҷавобгарҳо А. Ашӯрова ва Қ. Ашӯров дар соли 1999 аз қайди манзили баҳсӣ баромада ба Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, баъди аз он ҷо баргашта омаданашон, ба қайди он хона гузошта нашудаанд. Ҳарчанд, ки маълумотномаю шиносномаи А. Ашӯрова ва Қ. Ашӯров (замимаҳои 1-4) акси ҳолро нишон диҳанд ҳам, ин хуло­саи бардурӯғи суди зинаи аввалро кол­легияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ кардааст.

Гарчанде ман аз ягон бонк (замимаи 5) қарздор набудам. А. Ашӯрова акте (замимаи 6) тартиб дода, гӯё қарзи маро (293 сӯму 44 тинро) бо маблағи ҳиссаи ба ман ҷудокардаи суд (1083 сӯм) пар­дохта карда бошад, ҳарчанд ӯро ман ва­колатдор накардаам. Дар ин акт имзои ман нест ва аз Бойгонии маркази Дав­латии ҶТ ба пурсишам ҷавоб (замимаи 7) додаанд, ки чунин акту квитансия (№ 32 аз 30.03.1976 сол) мавҷуд нестанд. Агар Р. Ашӯрова гӯё 293 сӯму 44 тинро пардохт карда бошад, пас боқимонда маблағи ҳиссаи ман куҷо шуд? Ва чаро ба ҷойи 293 сӯму 44 тин 1083 сӯм пар­дохт шудааст?

Раискунандаи коллегияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Қ. Қодиров дар таъиноти аввалӣ (замимаи 8) ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдатро ба фоидаи мо бекор карда, бо таъиноти баъдӣ (за­мимаи 9) ҳалномаи суди Файзободро ҷонибдорӣ кардааст.

Ваҷҳҳои овардаи таъиноти колле­гияи дар боло зикршуда ба ваҷҳҳои дар таъиноти коллегияи пештара, оид ба ҳамин баҳс тамоман мухолифат меку­нанд. Чунончӣ дар таъиноти коллегияи судии аввала масъалаи ғайриқонунӣ аз ҷониби ҷавобгарҳо мавриди ха­риду фурӯш гаштани сохтмонҳое, ки даъвогарҳо Қ. Ашӯров ва А. Ашӯрова бе иҷозати мақомоти дахлдор дар ҳавлии ҷавобгар Р. Ашӯрова сохта шуда буд, зикр шудааст. Аз рӯйи ари­заи даъвогарҳо дида мешавад, ки онҳо барои ин манзилҳои сохтаашон зиё­да аз 15 ҳазор сомонӣ сарф карда бу­данд, аммо ҷавобгар ин сохтмонҳоро ба ҳамҷавобгар М. Наҷмуддинов фурӯхтааст. Суди зинаи аввал ин масъ­аларо насанҷида, баҳои ҳуқуқӣ на­додааст, ки ин сохтмонҳо худсарона сохта нашуда, мувофиқи қарори № 166 аз 12.06.1957-и Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Орҷоникидзеобод бино шудаанд.

Аммо ба ҳамаи ин қонуншиканиҳо на ду зинаи аввал, яъне суди ноҳияи Файзобод ва коллегияи судӣ доир ба корҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон баҳои ҳуқуқӣ надо­да, ҳалномаи суди ноҳияи Файзободро бетағйир мононда, шикояти кассатсио­нии маро беқаноат мононданд, ки ба фикрам ин ба ягон чорчӯбаи қонун рост намеояд.

Ба ҳамаи аризаҳои ман ягон мақомот аҳамият надода, ягон ваҷҳҳои дар аризаҳоям нишон додаро насанҷида, баҳои ҳуқуқӣ надода, онҳоро беқаноат мононданд. Дар шӯъбаи умумии Суди Олӣ гӯё бинобар гузаштани мӯҳлати пешниҳоди шикояти назоратӣ шикоя­ти моро бебаррасӣ монданд. Ин дар ҳолест, ки ман чандин бор бо ариза ба Суди Олии кишвар шикоят карда бо­шам ҳам онҳо «ин масъаларо дигар на­мебинанд» гӯён аризаҳоямро қабул на­мекарданд.

Мӯҳтарам раис, пас аз 70 соли якҷояшавии ГДР ва ФРГ немисҳо за­мин, корхона, мағозаю хонаҳои пада­рию бобояшонро соҳиб шуданд-ку. Дар Тоҷикистон чӣ хел қонун будааст, ки шахсе хонаашро қулф карда, ба хориҷа раваду дигаре онро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ соҳиб шавад ва он одам пас аз 5-6 сол баргашта, хонаашро талаб ку­над, «мӯҳлати даъво гузаштааст» гуфта, хонаро ба «тӯҳфа» мекунем?!

Маълум аст, ки мувофиқи моддаи 3-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» шикоят ё аризаи такро­рии шаҳрвандон ба як мақомот, ки до­рои далелҳои нав намебошанд ё дар онҳо ҳолатҳои нав ошкор нашудаанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар натиҷаҳои тафтиши мукаммал мавҷуд бошанд ва ба шаҳрванд пурра ҷавоб дод а шуда бошад.

Мӯҳтарам раис, агар шикояти та­крории шаҳрванд ба як мақомот, ки далелҳои пешинаро бо ҳолатҳояш насанҷида, тафтиши мукаммал набур­да, ҷавоби нопурраи қонеъкунанда на­дода, бошад, пас чӣ бояд кард?

Мӯҳтарам раис, ба Шумо охирин бор чун ба сарчашмаи поку зулоли қонун ва ягонаи умедам муроҷиат карда,

ХОҲИШ МЕНАМОЯМ:

Доир ба бекор намудани ҳалномаи ғайриқонунии суди ноҳияи Файзобод аз27-уми майи соли 2004 ва таъиноти коллегияи судӣ доир ба корҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдат аз 1-уми июни соли 2006 барои эъти­роз овардану боадолатона ҳал шу­дани ин қазия кӯмаки худро дареғ надоред»…

— Чаро ба аризаатон № 99 мондед, — пур­сидам, пас аз он, ки Пир Ашӯров чанд дору истеъмол кард.

— Писарам, ман аз зиндагӣ сер шудам, нафақаи хуб гирифта, назди сандалӣ гарм шуда шинам мешавад, лекин ман аз арсаи ҷанг ярадор шуда баргаштаму бо «душман»-и нав – қонуншикании баъзе аҳли қонун сар ба сар шудаам. Дар фронт фашисте натавонист, ки маро кушад. Ба хаёлам дар Ватани ободу ҳуқуқасос бо «шири сафед сиёҳ аст» гуфта, чу­нин ҳомиёни қонун маро куштаниянд. Вале ман тан намедиҳам, охираш ба ягон кори бад даст мезанам. Мумкин он вақт қазияи маро аз рӯйи адолат дида бароянд…

— Астағфуруллоҳ гӯед, — таскин додам мӯйсафедро, агар судяҳо чунин амал дошта бошанд, Тоҷикистон президенти оқилу ғамхор Эмомалӣ Раҳмон ва раиси собиқадори Суди Олии кишвар Нусратулло Абдуллоев дорад ва иншоаллоҳ нусрат хоҳед ёфт…

— Кошкӣ…

Ваҳҳоби Латиф

махсус барои «Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: