Главная > Uncategorized > Муборак, истеъфо муборак!

Муборак, истеъфо муборак!

Имрӯзҳо шавқу сурури мардуми мусулмони Мисрро ҳадду канор нест. Зеро, онҳо баъд аз вокунишҳои густурда, тазоҳуроти бардавом ва шиорпартоиҳои тунд муқобили ҳокимияти даври ин кишвар ниҳоят ба он чӣ ки мехостанд, даст ёфтанд. Яъне президенти 82-солаи Миср Ҳуснӣ Муборак, ки ҳарчанд дар роҳи худ устувор ба мушоҳида мерасид, оқибат инони ихтиёрдорӣ кардани давлатро аз даст дод. ӯ чун дид, ки дар муқобили мардуми башӯромада зиёд истодагарӣ карда наметавонад, 11-уми феврали соли ҷорӣ аз вазифаи президентии Миср истеъфо дод.

ӯ кӣ буд?

Ҳуснӣ Муборак ба муддати сӣ сол зимоми умури Мисрро дар даст дошт.

ӯ баъди ноил шудан ба муваффақиятҳои зиёд дар артиши Миср ба унвони муовини президенти ин кишвар баргузида шуд ва пас аз террори Анвар Содот дар соли 1981 пре­зиденти Миср шуд. Вай сиёсати Содотро дар ҳимоят аз муоҳидаи сулҳ бо Исроил идома дод ва ба ҳамин далел, аз муттаҳидони аслии Ам­рико дар минтақа шуд. Ба ҳамин хотир, ҳар сол аз Амрико миллиардҳо доллар кӯмаки низомӣ дарёфт мекард. Ҳуснӣ Муборак дар талош ба­рои ҳифзи суботи Миср дар муқобила бо иф­ротгароёни исломӣ вазъияти фавқулодда эъ­лон кард ва фаъолияти Ихвон-ул-муслиминро мамнӯъ намуд. Гурӯҳҳои ғайримазҳабӣ низ аз вай ба далели рафторҳои хушунатомези пулис, фасоди идорӣ ва истибдод интиқод ме­карданд. Натиҷаи ҳамин гуна интиқодот буд, ки панҷа ба домани ҳокимияти ӯ зад ва раҳо накард, то даст кашиданаш аз роҳбарӣ.

Шодии мардум аз истеъфои Муборак

Истеъфои Ҳуснӣ Муборак баъди тазоҳуроти ҳудудан бистрӯзаи мардуми Миср дар кӯчаҳои марказии Қоҳира ва дигар мавзеъҳои маъмурӣ ба миён омад. Ҳарчанд маълум буд, ки ӯ худ хоҳони ба зудӣ дур шудан аз сари ҳокимият нест. ӯ ҳатто кӯшишҳое низ ба харҷ дод, то ки ба андозае ҳам бошад, аз ғазаби мардум эмин монад ва муддати ҳукмронии худро ба дарозо кашад. Аммо ҳама кӯшишҳо, бахусус баромадҳову тасаллӣ доданҳояш ба­рабас рафт. Мардуми шӯрида дигар таҳаммули ӯву сиёсатҳои ӯро надошт. Сарфи назар аз он, ки дар наздиктарин фурсат — моҳи сентябр бояд интихоботи навбатӣ баргузор гардад ва маълум нест, ки дар натиҷа кӣ садрнишин ме­шавад. Мардуми тазоҳуротгар истеъфои фав­рии Муборакро хостанд. Ба андешаи корши­носони масоили сиёсиву минтақавӣ, мардум дигар намехостанд Миср барин як кишвари паҳноварро мӯйсафеди худкомае идора ку­над, ки 82 сол дорад ва боз бемору ранӯур ҳам ҳаст. Муборак рафт ва зимоми ҳукуматро муваққатан ба артиш супурд. Дар нахустин изҳороти худ артиши Миср эълон кард, ки шароитро барои тағйир ва ислоҳи қонуни асосии кишвар фароҳам хоҳад овард ва дар кӯтоҳтарин фурсат интихоботи президентиро баргузор хоҳад кард. Баъди анҷом пазируфта­ни ин навгониҳо дар давлатдории Миср, чунин ба назар мерасад, ки мардум хеле осуда ва хушҳол шудаанду сари ҳар қадам ҳамдигарро бо шикасти Муборак ва ғалабаи инқилобчиён муборак мегӯянд.

Табрикоти давлатҳо

Муборак ба истеъфо рафт. Ба муносибати рафтани ӯ мардуми бумии Миср якдигарро канор гирифтанду бӯсиданду табрик гуфтанду хушҳолӣ карданд. Баъди ба истеъфо рафтани Муборак ноибаш Умар Сулаймон дар сухан­ронии кӯтоҳе аз тариқи телевизион гуфт: «Дар чунин рӯзҳои мушкил президент ба қароре омад, ки ба истеъфо равад ва ваколатҳои худро ба шӯрои олии артиш супорад». Бино ба гузориши Рейтер, ин шӯро аз ҷониби ва­зири мудофиаи ин кишвар Муҳаммадҳусейни Тантавӣ роҳбарӣ мешавад.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарон ва давлатҳои кишварҳои мухталиф аз канорагирии Мубо­рак истиқбол карда, хостори баргузории ин­тихоботи озод ва одилона дар Миср шудаанд. Пан Ки-мун — дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз тасмими Муборак дар мавриди канорагирӣ аз қудрат шукр намуд ва хостори ҳарчи зудтар гузаштани низоми сиёсии ин кишвар ба арзишҳои демократӣ шуд.

Барак Обамо — президенти Амрико низ таҳаввулоти Мисрро истиқбол намуд ва мар­думи ин кишварро илҳомбахш тавсиф кард. ӯ гуфт, ки мардуми Миср ташнаи тағйир ҳастанд ва ин аввали роҳ аст. Мавсуф афзуд, ки бо оғози тағйирот дар Миср рӯзҳои душво­ре пешорӯи мардуми ин кишвар хоҳад омад.

Давлати Эрон низ канорагирии Ҳуснӣ Му­боракро як пирӯзии бузург тавсиф кард. Ин­чунин давлати Тунис, ки тоза тазоҳуротро аз сар гузаронид, аз мардуми Миср барои бар­канории Ҳуснӣ Муборак ва аз артиши ин киш­вар ба хотири «ҳисси амиқи меҳанпарастӣ» қадрдонӣ кардааст. Бар асоси гузоришҳо, мардуми Ғазза ҳам пас аз шунидани хабари истеъфои Ҳуснӣ Муборак ба шодӣ пардох­таанд. Ҳамос, ки контроли Ғаззаро бар ӯҳда дорад, ин воқеаро оғози инқилоби Миср хон­дааст. Дар Лубнон ҷунбиши Ҳизбуллоҳ низ ин «пирӯзии бузургро» ба мардуми Миср табрик гуфт.

Ихвон-ал-муслимин — ҷунбиши исломии мухолифи Ҳуснӣ Муборак аз ин ки артиши Миср дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ ба қавли худ пойбанд монд, аз он таҷлил карда­аст. Ба гузориши Рейтер, Амрӯ Мӯсо — дабири кулли Иттиҳодияи Араб аз «инқилоби сафед» дар Миср истиқбол кард ва истеъфои оқои Муборакро фурсате барои эҷоди ҳамфикрии миллӣ дар Миср тавсиф намуд.

Ояндаи Муборак

Чун мардум тавонистанд Ҳуснӣ Мубо­ракро батамом аз сари қудрат барканор кунанд, акнун масъалаи ояндаи ӯ нигарон­кунанда аст. Дар мавриди ӯ ва хонаводааш гуфтугузорҳо зиёданд. Бархе мегӯянд, ки вай дар қароргоҳи худ воқеъ дар шарм-уш-шайх аст. Тибқи хабарҳои дигар, вай аллакай ба самти Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз кар­дааст. Аммо чанде пештар Муборак гуфта буд, ки ҷое нахоҳад рафт. «Ман то гулӯ серам. Зарфи ин 62 соле, ки дар хидмати давлат бу­дам, бисёр чизҳо доштам. Ман мехоҳам ра­вам. Вале агар ман имрӯз истеъфо диҳам, бесарусомонӣ ҳоким хоҳад шуд»,- гуфта буд вай чанд рӯз пеш аз истеъфояш. Ва боз илова карда буд: «Ман барои замини Миср мубори­за бурдам, онро ҳифз кардам ва дар он хоҳам мурд».

Гуфта мешавад, ки Ҳуснӣ Муборак баъди сӯҳбат бо вазири корҳои хориҷии Аморати Муттаҳидаи Араб Абдулло бинни Зайд ба ис­теъфо розӣ шудааст ва кафолати таъқиб на­шуди худу аҳли оилаашро баъди истеъфо низ гирифтааст. шайх Абдулло Муборакро барои дастрасӣ ба амнияташ бовар кунонида, гуфта­аст: «Мо бо туем, вале вазъ дигар таҳаммулро намепазирад. Бояд Мисрро ҳифз кард ва вазъро зери назорат дошт. Ҳоло мо дар се маврид аз ту ҳимоят карда метавонем: аввал баргузории гуфтушунид ба хотири таъмини амнияти ту. Дуюм, ба даст овардани ваъдаи ҳуқуқӣ дар ин бора, ки ту ва хонаводаатро баъдан ҳам таъқиб нахоҳанд кард ва сеюм роҳ надодан ба мусодираи амволи ту».

Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки швейтсария аллакай эълон кардааст суратҳисобҳои прези­денти Миср Ҳуснӣ Муборакро аз фаъолият боз хоҳад дошт. Дар ин бора шӯрои федералии аллакай тасмимашро гирифта­аст. Дар асноди интишордодаи ин шӯро ома­дааст, ки бонкҳо бояд фавран на танҳо дар мавриди маблағҳои Муборак, балки дороии атрофиёни ӯ, ки дар ин кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, чораҷӯӣ кунанд. Ин нукта ни­шон медиҳад, ки ҳарчанд Ҳуснӣ Муборак аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб кафола­ти пуштибониву таъмини амнияти молӣ ва хонаводагӣ гирифта бошад, вале ҳолатҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд ин кафолатро халалдор намоянд.

«Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: