Главная > Uncategorized > Арзиши мӯҳри «Мовароуннаҳр» чанд аст?

Арзиши мӯҳри «Мовароуннаҳр» чанд аст?

Дар асоси пешниҳоди муфаттиши прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нис­бат ба директори ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷ.Т. Охонов санаи 9-уми ноябри соли 2010 чораи пешакии ҳабс тадбиқ карда шуда буд. Пас аз чанд рӯзи ин ҳодиса Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода тавассути воситаҳои ахбори омма иброз дошт, ки мақомоти прокуратура директори ширкатро ҳабс кардаасту ширкат метавонад фаъолият намояд. Дар ширкати мазкур наздики 600 на­фар коргарон фаъолият доштанд. Пас аз ба ҳабс гирифтани директо­ри ширкат аз тарафи мизоҷон кумита дар ҳайати 15 нафар ташкил карда шуда, барои сарфи маблағҳои супоридашуда ва дар оянда ба талаву тороҷ роҳ надодани моликияти ширкат корҳои зиёдеро ба сомон расондаанд. Онҳо чанд маротиба ба Дастгоҳи иҷроияи Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои расмӣ дар бораи иҷозати фаъолият додан ба ширкатро карда бошанд ҳам, то ба имрӯз ин корхонаи сохтмонӣ фаъолият накарда истодааст. Коргаронаш бекор буда, иншоотҳои нотамоми сохташуда беназорат мебошанд. Чун ки касе барои посбонии биноҳо ва техникаи ин ширкат худро масъул намеҳисобад. Аллакай дар баъзе иншоотҳои сохтмонӣ ҳодисаҳои дуздӣ ба амал омадааст. Дар ин бора бо имзои муовини директори ҶДММ «Мовароуннаҳр» ба мақомоти прокуратура хабар дода шуда, пурсидаанд, ки барои ба талаву тороҷи моликияти корхо­на роҳ надодан, баҳри бо посбон таъмин намудан мусоидат намоянд. Чаро ҶДММ «Мовароуннаҳр» фаъолият накарда истодааст? Пеш аз он, ки ба ин суол посух гӯем, салоҳ донистем, ки ба тарзи боздошти Ҷ.Т.Охонов ва айби ба ӯ эълон намуда назаре намоем.

Дар боло иброз намуда бу­дем, ки дар асоси пешниҳоди му­фаттиши прокуратураи генералӣ суди ноҳияи Сино қарори ҳабси пешакии Ҷ.Т.Охоновро мебаро­рад. Тибқи пешниҳоду муфат­тишу қарори судя гӯё номбурда ба маблағи 346 487 доллари 11 нафар шаҳрвандро бо роҳи фиреб тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш истифо­да бурдааст. Аммо дар бораи ба кадом тарз фиреб кардани мизоҷону ба манфиати шах­сиаш истифода бурдани ин маблағ ягон санади боэътимо­де пешниҳод карда нашудааст. Таъкид намудан бамаврид аст, ки тамоми маблағҳои ба ҶДММ «Мовароуннаҳр» дохил шуда, аз тариқи хазина бо тартиб додани шартномаи тарафайн сурат гирифтааст. Тарафҳо ӯҳдадорӣ гирифтаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани баҳс ме­тавонанд ба суд муроҷиат на­моянд. Дар воқеъ, то ба ҳабс ги­рифтани Ҷ.Т. Охонов мақомоти Прокуратураи генералӣ ба аризаи чанд нафар вобаста ба ҳамин масъала посух додаанд, ки барои ҳалли мушкилоташон метавонанд ба суд муроҷиат кунанд. Яку якбора дар асо­си аризаи шаҳрвандон ба ҳабс гирифта шудани Ҷ.Т.Охонов ҳам як муаммоест. Асос бораи ба ҳабс гирифтани директори ҶДММ «Мовароуннаҳр» ҳам як хел номбар карда намешавад. Баъзан мегӯянд, ки дар асоси аризаи 11 нафар, гоҳи дигар ёдрас мекунанд, ки тибқи ши­кояти 70 мизоҷи ширкат. Вале пас аз 8 рӯзи ба ҳабс гириф­тани Ҷ.Т.Охонов муфаттиши раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокурату­раи генералии ҶТ У.Т.Пулодов ҳангоми бо қарори худ ба Ҷ.Т Охонов айб эълон намудан ному насаби 5 нафарро таъкид намудааст. Мӯҳлати аввала ба­рои ҳабси пешакӣ таъин наму­да 2 моҳ муқаррар карда шуда буд. Дар асоси пешниҳоди му­фаттиши прокуратура суди ноҳияи Сино ба мӯҳлати 4 моҳи дигар мӯҳлати ҳабси пешакии Ҷ.Т.Охоновро дароз намуд. Ба ин қарор ризо нашуда Ҷ.Т.Охонов ба марҳилаи касатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти касатсионӣ навишт. Марҳилаи касатсионии Суди шаҳри Ду­шанбе аризаи Ҷ.Т.Охоновро рад намуд. Ҳангоми баррасии аризаи касатсионӣ як чиз аҷоиб буд, ки судяҳо иброз намуданд. Ба гуфташон онҳо танҳо масъа­лаи дароз намудани мӯҳлатро медидаанд, дар бораи асоснок будан ё набудани тарзи боз­дошт, коре надоранд. Ин ҷо суоле бармеояд, пас масъалаи асосноку қонунӣ будан ё набу­дани тарзи боздоштро кӣ бояд мавриди баррасии ҷиддӣ қарор диҳад? Вақте ки масъалаи до­дани дастур (санксия) аз про­куратура ба суд гузашт, акса­ран шодӣ карданд. Агар судяҳо ба чунин тарз рафтор кунанду гуфтаи мақомоти тафтишотиро «Бо оби тилло нависанд» боз ҳамон аҳмади порина мешавад. Ҳайратовар аст, ки чаро чораи пешакиро нисбат ба Ҷ,Т.Охо­нов танҳо ҳабс таъин намуданд. Магар мумкин нест, ки он ба дигар тарз иваз карда шавад. Масалан, ҳабси хонагӣ, забон­хат барои аз ҷои зист берун на­рафтан.Чаро дар мо танҳо чо­раи ҳабсиро меписанданд? Кай аз ин амалҳои фармоишӣ халос мешавем? Магар мумкин нест, ки бар ивази гарав Ҷ.Т.Охонов озод карда шавад? Охир, ӯ шах­си нодор нест. Пас чаро ӯ дар ҳабс бошад?

Масъалаи ҳабсу дар маҳкама нигоҳ доштани Ҷ.Т.Охонов бо баъзе далелҳо собит мешавад, ки озодии ӯро намехоҳанд. На танҳо озодии ӯ, балки фа­ъолият накардани ширка­тро. Маълум аст, ки ҶДММ «Мовароуннаҳр» дар дар як тендери байналхалқӣ ғолиб омада, сохтмони байниноҳиявии Данғараро шурӯъ намуд. Сох­тмон аз ҳисоби бонки исломии рушд сурат мегирад. Пас аз ба ҳабс гирифтан, Ҷ.Т.Охонов барои идома додани сохтмо­ни ин иншоот ба додараш Т.Т.Охонов боваринома тариқи идораи нотариалӣ тасдиқкарда медиҳад. Аммо барои идома додани кори ширкат мақомоти тафтишот намехоҳанд, ки шахси тибқи талаботи қонун ваколат­дор карда шавад. Чанд мароти­ба аз тарафи мизоҷон, аъзоё­ни кумита ва адвокатҳо барои ба назди Ҷ.Т.Охонов рафтани корманди идораи нотариалӣ муроҷиат шуда бошад ҳам, бе ягон асос иҷозат дода намеша­вад.

Дар мавриди бозгардондани мӯҳри корхона бошад, як саҳнаи мазҳакамонанд пеши назар мео­яд. Дар Прокуратураи Генералӣ гуфтаанд, ки касе нест, то масъулияти пеш бурдани кори корхонаро ба ӯҳда гирад, аз ин лиҳоз мӯҳр дода намешавад. Аъ­зоёни кумита нафари масъулро пешниҳод мекунанду суоли ди­гаре пайдо мешавад: «Мӯҳрро гирифта чӣ кор мекунед? Дар ҳоле, ки дар суратҳисоб ягон тин надоред?». Вақте мизоҷону аъзоёни кумита иброз медо­ранд, ки ин ширкат дар асоси саҳми муштариёнаш фаъолият дошт,Муштариён метавонанд барои фаъолияти ин ширкат маблағ диҳанд. Талаб карда ме­шавад, ки ному насаби нафари маблағгузор ба мақомоти таф­тишот пешниҳод карда шавад. Ба муроҷиати такрор ба такро­ри масъулин ва мизоҷони ҶДММ «Мовароуннаҳр» нигоҳ накарда, мӯҳр баргардонда дода наме­шавад. Ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки муфаттишон рӯи рост иброз менамоянд: мӯҳри корхонаро аз бозор харед ё ягон мӯҳри дигар сохта фаъолият намоед.

Адвокатҳо барои ба ин амал хотима гузоштан ба Прокурори генералӣ муроҷиат менамоянд.Аз номи сардори Раёсати таф­тиши парвандаҳои иноятии мах­сусан муҳими Прокуратураи ге­нералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҷ.М.Сангов чунин посух меги­ранд:

“Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсу­сан муҳими Прокуратураи ге­нералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости шуморо оид ба додани мӯҳри ҶДММ «Мовароуннаҳр» баррасӣ кард.

Мувофиқи маводҳои пар­вандаи ҷиноятӣ айни ҳол дар суратҳисоби ҶДММ «Мовароуннаҳр» маблағҳои пулӣ набуда, шахсони масъули ҷамъият, ки асосаш хешу та­бори наздики айбдоршаванда Охонов Ҷ.Т. мебошанд, имко­нияти мустақилона давом до­дани фаъолияти сохтмониро надоранд.

Дар сурати аз ҷониби айбдоршаванда Охонов Ҷ.Т. ва дигар масъулини ҶДММ «Мовароуннаҳр» пешниҳод гардидани сарчашмаи молиявӣ барои идома додани фаъолияти сохтмонии ин ҷамъяит ба онҳо имконият дода мешавад, ки фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Мовароуннаҳр»-ро ба пуррагӣ идома диҳанд.”

Ин ҷо ҳамон мақоли “Дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ, боз мегӯйи. ки домон тар макун, ҳушёр бош” ба хо­тир меояд.Мантиқи посухро ба хонанда ҳавола мекунем. Танҳо таъкид намуданием, ки ҶДММ «Мовароуннаҳр» шир­кати хусусӣ мебошад.Мақомоти прокуратура аз куҷо медонанд, ки “хешу табори Ҷ.Т. Охонов , имконияти мустақилона давом додани фаъолияти сохтмони­ро надоранд”? Агар наздикони Ҷ.Т.Охонов аз ӯҳдаи кор на­барояд, пас ӯ кист, ки тамоми ӯҳдадориҳои ин ширкатро дар назди мизоҷон ба ӯҳда гирад?

Ш.Қудратов, адвокат

Рубрики:Uncategorized
  1. Апрель 19, 2011 в 3:58 дп

    Додаракони раис! Турабек, Фозилбек, амакбачкошон, чияношон ору номус карда пули халки бечорара чамъ карда диханд. Раис гунох дорад лекин гунохи камтар аст чем гунохи ин шахсон. Дар хонахои сохтаи у одамоне нишастаанд, ки пули хонаро насупурдаанд 100%, аз ин додарош истифода бурда истодаанд. Карзи мардума дихед худованд намебахшад.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: