Главная > Uncategorized > Рӯзи ошиқон ва манъи никоҳ бо ошиқӣ

Рӯзи ошиқон ва манъи никоҳ бо ошиқӣ

14-уми феврал — Рӯзи ошиқон

Асоси оилаи солиму устуворро муҳаббат ташкил медиҳад. Муҳаббати самимӣ аст, ки инсон ва ҳаёт арзиши боло касб мекунанд. Аз ин нуқтаи на­зар, ҷонталошии Валентини муқаддас баҳри пайвастани ҷуфти ошиқон бепоя набудааст. Тибқи ривоятҳо, ӯ нафаре буд, ки ошиқонро пинҳонӣ бо ҳам никоҳ карда, дасти дуо медод ва барои ин амалаш рӯзи 14-уми феврал ба дор овехта шудааст. Ин аст, ки 14-уми феврал ҳамчун рӯзи ошиқон дар арсаи байналмилалӣ зикр гардидааст. Аксарият таҷлили ин рӯзро нолозим мешуморанд ва онро барои фарҳанги мардуми мо бегона мехонанд. Шояд аз як тараф ин кори дуруст ҳам бошад. Зеро муҳаббат андоза надорад ва на­бояд якрӯза, балки ҳамешагӣ бошад. Ба ҳар сурат, дилдодагони Тоҷикистон дар интихоби қайди он озоданд ва бо тақдими як гул ба дӯстдоштаи худ дар имрӯз ҳеҷ ҷояшон кам намешавад. Аммо, оне, ки дар арафаи ин ид пре­зиденти Чеченистон Рамазон Қодиров издивоҷ бо ошиқиро дар кишвараш манъ кард, тааҷҷубангез аст ва гумон ҳам намеравад, ки он аз ҷониби шаҳрвандон риоя шавад.

Президенти Чечнистон ҳанӯз моҳи октябр маросими қадимаи мардумии дуздидани арӯсро, ки вақтҳои охир дар кишвараш шак­ли тезутунд гирифта буд, манъ кард. Сабаби ғазаби Рамазон Қодиров «арӯсдуздӣ»-и на­вбатии духтараке шудааст, ки дар деҳоти Гел­дагени ноҳияи Курчалоевск ба вуқӯъ пайваст. Бародари духтари дуздидашуда корманди милитсия будааст, ки дар натиҷа моҷарои хешутаборӣ то сатҳи президенти ҷумҳурӣ рафта мерасад. Қодирови ҳаяҷонзада зуд ба ҷаласаи фаврӣ сарвазир Магомед Дау­дов, вазири корҳои дохилӣ Руслан Алханов, муфтии ҷумҳурӣ Султон Мирзоев, сарварони мақомоти ноҳияҳо ва намояндагони рӯҳониро гирд меорад. Президент барои ҳокимияти маҳаллӣ муҷозот муқаррар мекунад. Дар натиҷа имомхатиби масҷиди маҳал, ки ба арӯси «дуздидашуда»-ву домоди «дузд» дуо дода буд ва раиси деҳаи Гелдаген, ки ҳодиса онҷо рух додааст, аз мақомашон барканор шуданд.

Тибқи иттилои фаврӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Гелдаген тариқи зӯрӣ бо мақсади никоҳ бо миёнаравии сокинони ҳамин деҳа Мӯсо Саломов, Наиб Висханов ва Исрофил Латиев бурда шудааст. «Дар натиҷа миёни хешони арӯс ва домоди ноком ҷанҷол бармехезад»,- гуфта мешавад дар маълумотнома.

Вале, ба таҳқиқи рӯзноманигорон, дар асл арӯси «дуздидашуда» ба дузди худ ошиқ будааст ва розӣ шудааст, ки ба ӯ ба шавҳар барояд ва ҳатто ваъда додааст, ки нимашабӣ пиёда аз маҳали зисташ «ба саҳро» мебарояд. Вале, духтарак имкон наёфтааст, ки дар соати мувофиқашуда аз хона оҳиста гурезад. Рӯзи дигар домодшаванда барои шарҳи ин ҳолат омада арӯсашро назди худ мехонад. Барома­дан замон, духтаракро дошта мебаранд.

Тавре манбаъҳо изҳор медоранд, арӯси ҷавон танҳо аз он хотирпарешон аст, ки нагу­зоштанд, то ӯ куртаи зебои арӯсиро ба бар на­мояд ва ҷашни арӯсӣ барпо кунад. Ба ҷуз ин, дар интихоби худ духтарак изҳори пушаймонӣ намекунад. Вале, бародараш ният надорад, ки аз баҳри шикояти худ гузашта, парванда­ро хобонад. Имрӯз арӯси дуздидашуда зани қонунии дузд аст, вале домоди нав аз ҷониби мақомот боздошт шудааст. Агар хешони ҳамсари ҷавонаш аризаи шикоятияшонро нагиранд, барояш аз рӯи моддаи «одамрабоӣ» парвандаи ҷиноӣ боз мегардад.

Табиист, ки маҳз пинҳонӣ ақди никоҳ ба­стани ин ду ҷавон хешу табори арӯсро ба шӯр овардааст ва боиси чунин иқдоми президент шудааст. Аммо магар дӯст дошта, оила бунёд кардан гуноҳ аст? Ҷавоби ҳақ ба ин савол қарори қабулкардаи Президенти Чечнистон­ро инкор мекунад.

Ба андеши ҷомеашинос ва рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмуд, ин тасмим, ки дар яке аз кишварҳои қафқозӣ никоҳ ё худ издивоҷи ошиқиро манъ карда бошанд, як андешаи бо­тил аст ва ҷонибдориро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда намета­вонад.

— Боястӣ, ки ҷавонон қабл аз он, ки бо ҳам ҳамхона ва ё ҳамсар шаванд, якди­гарро бидонанд, бифаҳманд ва андешаи шахсии ман низ ин аст, ки якдигарро шинохта бошанд. Яъне, писанди якдигар бошанд ва хонаво­даи ҳар ду ҷониб низ дар никоҳи онҳо розӣ бошад.

Аз нуқтаи назари ҳам дини ислом ва ҳам аз нуқтаи назари илмҳои дунявӣ, бояд ки ҷавонон пеш ақди никоҳ бастан якдигарро бубинанд, бишносанд. Манзур на ин ки бо якдигар ишқварӣ кунанд, балки дар бораи якдигар иттилоъ дошта бошанд ва дақиқан ядигарро хуб санҷида бошанд ва хулқу атво­ри якдигарро дидаву дониста хонадор биша­ванд. Ин шарти асосист барои онҳое, ки бо якдигар ақди никоҳ мебанданд ва паймони муҳаббат мекунад,- мегӯяд ӯ.

Манзури мусоҳиби мо низ он аст, ки ҷуфти ошиқ, ки бо паймони муҳаббат хонадор ме­шаванд, метавонанд бо меҳру садоқат як ои­лаи солиму пойдоре дар ҷомеа бунёд созанд.

Тавре маълум аст, вақтҳои охир дар ҷомеаи мо издивоҷ бо хориҷиён зиёд ба на­зар мерасад. Агар омили асосии ин издивоҷҳо низ ишқу ошиқӣ мебуд, хуб мешуд. Вале, на ҳамеша чунин аст.

Ба изҳори Хилватшоҳи Маҳмуд, агар аз нуқтаи назари дигар ба ин масъала назар андозем, дар ҷомеаҳои гуногуни ҷаҳонӣ низ ҳамин падида роиҷ аст ва дар кишвари бузур­ги рус низ. Яъне, ҷавонони зиёди тоҷик ба бо­нувони рус хонадор мешаванд ва як оилаеро дар онҷо низ ба вуҷуд меоранд.

— Аз як ҷониб ман зидди ин равия ё па­дида нестам, аммо зидди ба хориҷиёни ғайримазҳабӣ ба шавҳар баромадан ё хонадор шудани ҷавонон, алалхусус ҷавондухтарони тоҷик ҳастам. Бубинед, имрӯз дар Тоҷикистон шумори зиёди шаҳрвандони кишвари бузурги Чин ҳузур доранд ва аҳён-аҳён дар минтақаҳои ҷануби кишвар ва шарқу шимол низ никоҳи духтарони тоҷик бо шаҳрвандони ин давлат ба вуҷуд меояд, ки ба андешаи ман, ба гено­фон­ди миллат зарар расо­ниданаш мумкин аст. Зеро, пас аз чанди хонадоршавӣ онҳо тарки Тоҷикистон меку­нанд ва боз як оилаи бесаробон ва як оилаи берабту низом дар кишвар боқӣ мемонад. Аҳён-аҳён хориҷиёне, ки бо духтарони тоҷик хонавода бунёд мекунанд, сарпарастии хона­водаро бар дӯш мегиранд ва ин падида низ аз сӯйи шаҳрвандони Ҳиндустону Афғонистон аҳён-аҳён ба назар мерасад. Ман фикр меку­нам, ин як раванди номатлуб дар ҷомеаи мо маҳсуб мегардад,- андеша дорад Хилватшоҳи Маҳмуд.

Аммо ӯ меафзояд, ки дар маҷмӯъ зид­ди никоҳи байналмилалӣ, яъне никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён нест, агар онҳо битавонанд як оилаи намунавӣ, муосир ва бо рабту низом бунёд бикунанд.

— Фикр намекунам, ки дар никоҳи байнал­милалие, ки дар Тоҷикистон роиҷ аст, дар ак­сар ҳолат ошиқӣ вуҷуд дошта бошад. Ақдҳои пӯшидаи шаҳрвандони хориҷӣ ҷой дорад. Бо ҳамсар интихоб кардани духтарони тоҷик хориҷиён мехоҳанд роҳат ба сар баранд ва қайди шаҳрвандӣ дарёб кунанд. Барои онҳо муҳим он аст, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва баъди он, ки тоҷикдухтареро ба ҳамсарӣ баргузиданд ва корҳои зарурии ху­дро анҷом доданд, ё тарки Тоҷикистон меку­нанд, ё аз қафои бонуи дигар мегарданд ва занону духтарони тоҷик дар нимароҳ мемо­нанд,- мегӯяд ӯ ва меафзояд:

— Дар маҷмӯъ, ман бори дигар зикр ме­кунам, ки зидди никоҳи байналмилалӣ ва издивоҷи ҷавондухтарону ҷавонписарони тоҷик бо хориҷиён нестам, агар он дар асоси муҳаббати воқеӣ ва самимиву омилҳои асосии ҳаётӣ ва вижагиҳои як оилаи пойдору устувор бошад ва фикр мекунам ақшори рӯшанфикри ҷомеа низ ҷонибдори ҳамин гуна никоҳҳо ҳастанд. Аммо агар он барои манфиатҳои ашхоси инфиродӣ ва гурӯҳӣ ё нафаре равона шуда бошад, ҳеҷ қобили қабул нест.

Дар як нишасти хабарӣ раи­си Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суман­гул Тағоева низ изҳор дошт, ки вақтҳои охир зиёд шудани фурӯпошии оилаҳои ҷавон маҳз нашинохтану нигоҳ надоштани муқаддасоти оила, ки аз қадим хоси мардуми мо буд ва набудани муҳаббати самимӣ миёни ҷавонон аст. ӯ ҳамчунин зиёд шудани шумораи талоқ ва бесаробон мондани оилаҳои ҷавонро ба вазъи бадӣ иқтисодиву муҳоҷирати меҳнатӣ марбут донист. Ба изҳори Сумангул Тағоева, ҷавонони тоҷике, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, як масъулиятеро барои устувор нигоҳ доштани оила ва зану фарзанди худ ҳис намекунанду баробари ба Русия рафтан бо хонуми русе оила бунёд карда, ҳатто меша­вад, ки тариқи телефон ҷавоби ҳамсари худро медиҳанд. ӯ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки фарзандони чунин оилаҳо дар рӯҳияи носо­лим ба воя хоҳанд расид.

Мутахассиси ҳамин кумита Саодат Мӯъминова бар он назар аст, ки издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ на танҳо генафонди миллатро ба нестӣ мебарад, балки фарҳангу тамаддун ва урфу одатҳои моро нобуд ме­созад. Ба андешаи ӯ, ҷавондухтарони тоҷик аксар ҳолат на аз рӯи ишқу муҳаббат, балки вазъи ногувори иқтисодӣ ба хориҷиён, хоса ба мардони чинӣ ба шавҳар мебароянд, ва­гарна ба қавли ӯ, афти бархе ин мардҳоро дида, табъат мегардад, куҷо гап аз ишқу ошиқӣ. Саодат Мӯминова бар он ақида усу­вор аст, ки ҷавондухтарони тоҷик баробари ҳамсарӣ ба хориҷиён ба зудӣ фарҳангу мада­нияти худро аз даст медиҳанд ва дар ҳифзи он ҳеҷ кӯшише намекунад. Аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори он аст, ки агар издивоҷ бо хориҷиён бошад ҳам, бо мардуми ҳамзабону ҳаммазҳабу ҳамфарҳанг ва аз рӯи муҳаббат бошад.

Меҳронаи САБО

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: