Главная > Иқболи САИДЗОД > Тири Ислом Каримов хок хӯрд!

Тири Ислом Каримов хок хӯрд!

Ин дафъа ҳам ғаразҳои сиёсии ӯзбекистон алайҳи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» бенатиҷа монд. Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ дархости ӯзбекистон барои бозрасии асароти зистмуҳитӣ ва кишоварзии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистонро рад кардааст ва дархостро бемавқеъ гуфтааст.

«Дархости ӯзбекистон бемавқеъ аст»

Тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки чунин бозрасие­ро анҷом надиҳад, зеро дархости ҷониби ӯзбекистон бемавқеъ аст. Аз сӯйи дигар, ин ниҳоди молии байналмилалӣ гуфтааст, ки худаш дар чорчӯбаи тарҳи вижае масоили марбут ба сохтмони ин нерӯгоҳро арзёбӣ мекунад. Дархости ҷониби ӯзбекистон аз сӯйи Дилором Фай­зиева — намояндаи парлумони он кишвар, Борӣ Алиханов — раиси созмони “Ҷунбиши муҳити зисти ӯзбекистон”, Саидрасул Сангинов — раиси созмони “Экофорум сивил сосаети” ва аз номи тақрибан сад созмони ғайридавлатии ин кишвар 7-уми октябри соли 2010 имзо ва ба ҳайати бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ ирсол шудааст.

Дар хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ гуф­та мешавад, ки 8-уми октябри соли гузашта аз намояндагони Парлу­мони ӯзбекистон номае дастрас шудааст, ки дар он Бонки Ҷаҳонӣ ба пуштибонӣ аз нерӯгоҳи “Роғун” ва сармоягузорӣ ба баъзе корҳои он айбдор шудааст. Намояндаго­ни ӯзбекистон ҳамчунин Бонки Ҷаҳониро ба он муттаҳам карда­анд, ки ба муроҷиатҳои қаблӣ ва такрории экологҳои ӯзбекистон посух надодааст ва ё бо ҷавобҳои норавшану сода аз сӯҳбати ошкоро фирор кардааст. шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ шикояти экологҳои ӯзбекистонро баррасӣ карда, по­сухи рад додаанд. Аз ҷумла дар он посух гуфта шудааст, ки барномаи баррасии ҳамаи ҷанбаҳои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз тарафи кор­шиносони Бонки Ҷаҳонӣ маънии ҳимояти бонк аз ин тарҳро надо­шта, ба он нигаронида шудааст, ки паёмадҳои манфии он, таъсираш ба муҳити зист ва ҳаёти мардуми кишварҳои поёноб ва ҳамчунин тарафҳои мусбати ин тарҳ, бахусус таъмини мардум бо нерӯи барқ ва рушди иқтисодии минтақаро рав­шан кунад. шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ гуфтаанд, нигаронӣ аз он доранд, ки тарҳи иқтисодии муҳиме, ки метавонад ба ҳамаи кишварҳои минтақа манфиат оварад, дар фа­зои душвори муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва афзоиши миллатгароӣ дар минтақа баҳсу баррасӣ шавад.

Даъвоҳои кӯҳна

дар либоси нав

Экологҳои ӯзбекистон даъво пеш овардаанд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди тарҳи “Роғун” арзёбии яктарафа анҷом медиҳад ва мано­феи кишварҳои поёнобро нодида мегирад. Дар матни дархости онҳо омадааст, ки тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” 40 сол пеш таҳия шуда, мутобиқи меъёрҳои замони имрӯз нест. Онҳо ҳамчунин иддао кардаанд, ки соли 1992, вақте корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ мутаваққиф шуд, меъёрҳои ҳифзи таъсис риоя нашудааст. Ҳамчунин, экологҳои ӯзбекистон на­виштаанд, ки нерӯгоҳи “Роғун” дар минтақаи зилзилахезе бунёд меша­вад ва ба ин далел садди обанбори ин нерӯгоҳро хатари хароб шудан дар сурати вуқӯи зилзилаҳое ба ан­дозаи то 9 дараҷа таҳдид мекунад. Аз ҷумла ҳушдор додаанд, ки дар сурати вайрон шудани садди обан­бори “Роғун” баландии мавҷи об дар Норак то ба 280 метр ва дар Қароқалпоқистон то ба 6-7 метр хоҳад расид, ки ин ба фоҷеа баро­бар будааст. Ба навиштаи муалли­фони ин дархост, дар сурати хароб шудани садди обанбори “Роғун” ҳудуди 700 маҳал дар Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон ва ӯзбекистон бо ҷамъияти беш аз панҷ миллион нафар, ки се миллио­ни онҳоро танҳо аҳолии ӯзбекистон ташкил медиҳад, ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

«Иғвогариҳо»-и Тошканд ва пофишориҳои Душанбе

Ҷониби ӯзбекистон ҳамчунин иддао кардааст, ки дар пайи пур кардани обанбори “Роғун” бо 13 миллиард метри мукааб об, ки 7-8 сол тӯл мекашад, кишварҳои поёноби Омударё бо камбуди ша­диди об барои обёрии майдонҳои кишт рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин даъвоҳои ӯзбекистон нав нест, балки такроран аз кам шудани об ва хатари заминларза ҳушдор медиҳад. Вале чаро ӯзбекистон мехоҳад паҳлӯи манфии масъа­ларо бозтоб диҳад, мавзӯи маъ­луму равшан аст. Зеро ба гуфтаи коршиносони тоҷик, Тошканд бо “иғвогариҳояш”намехоҳад, ки Ду­шанбе ба истиқлолияти энергетикӣ ноил шавад ва аз вобастагӣ раҳоӣ ёбад. Аммо Душанбе дар маври­ди бунёди “Роғун” ҷиддӣ тасмим гирифтааст ва пофишориҳо дорад, ки аз тасмимаш нахоҳад гашт. Вагарна, ба гуфтаи коршиносони тоҷик, паҳлӯҳои манфии масъала­ро ҷӯё шудан гирем, худо накарда, дар як хушксолӣ тамоми пахтаҳои ӯзбекистон нобуд шуда, баҳри Арал беоб мемонад. Ё агар зилзиларо баҳона карданӣ бошанд, дар сура­ти канда шудани банди кӯли Сарез миллионҳо маҳали аҳолинишин дар Тоҷикистону Афғонистон ва ӯзбекистон зери об хоҳад монд. Дар ҳоле, ки барои мустаҳкам кардани кӯли Сарез экологҳои ӯзбекистон ҳеч саҳме надоранд ва онҳоро мавзӯи зилзила ё канда шудани кӯли Сарез ба ташвиш намеандо­зад. Бо вуҷуде, ки хатари Сарез аз “зилзилаи хаёлӣ”-и “Роғун” ба ма­ротиб нигаронкунанда аст. Чаро на­мояндагони Парлумони ӯзбекистон дар ин маврид хомӯшанд ва эҳсоси хатар намекунанд, ки мабодо Са­рез канда шавад ё хушксолӣ шавад, тақдири мардуми ӯзбекистон чӣ мешавад? Зеро ин ҳодисаи табиӣ аст ва дар сурати ба амал омадан аз дасти Каримов ё Раҳмон чизе намеояд. Вале экологҳо ва намо­яндагони Парлумони ӯзбекистон хуб медонанд, ки “зилзила”-и Роғун “баҳона”-и онҳо оид ба эҷоди мо­неа барои расидани Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ ва ба рушди иқтисодӣ ноил шудан аст. Онҳо ин “зилзилаҳо”-ро “ихтироъ” карда баромадаанд, то тавонанд Тоҷикистонро мудом дар муҳосира ва фишангҳои худ нигоҳ доранд.

Нерӯгоҳи Норак воситаи

фишор барои ӯзбекистон

буда метавонад?

Ба андешаи коршиносони тоҷик, мақомоти ӯзбекистон аз он ҳарос доранд, ки Тоҷикистон дар сурати бунёди «Роғун» метаво­над онро ҳамчун фишанг алайҳи ҳамсоякишвар истифода кунад. Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки Тоҷикистон дар 7-8 сол яку якбора обанбори нерӯгоҳи «Роғун»-ро пур карданианд, ки ин боиси камобӣ дар минтақа хоҳад гашт. Воҳидҷон Аҳмадҷонов — масъули бахши тан­зими захираҳои оби Вазорати кишоварзӣ ва оби ӯзбекистон дар мақолае дар сайти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар иддаои Тоҷикистонро, ки обанбори «Роғун»-ро тӯли 17 сол пур мекунанд, бепоя хонд. Вай гуфт, ки Ҳамрохон Зарифӣ ва Раҳмат Бобокалонов, вазири корҳои хориҷӣ ва оби Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки обанбори «Роғун» дар 17 сол аз об пур меша­вад, аммо дар асл он тӯли 7-8 сол пас аз бунёди обанбор аз ҳисоби обҳои зарурӣ, ки барои обёрии майдонҳои кишти минтақа пешбинӣ шудаанд, пур хоҳад шуд.

Вале Мурод Аминҷонов — масъ­ули Пажӯҳишгоҳи об ва обёрии Тоҷикистон даъвои намояндаи ӯзбекистонро ҳарфи пуч хонда, мегӯяд, ки агар намояндаи Вазо­рати кишоварзӣ ва оби ӯзбекистон дар бораи он чӣ ки менависад, та­саввури кофӣ медошт, бояд дарк мекард, ки дар тӯли 7-8 сол танҳо марҳилаи трамбовкаи обанбор пур мешавад. Вай гуфт, ки ӯзбекистон шояд бим дорад, ки Тоҷикистон та­вассути “Роғун” танзими захираҳои обро ба манфиати худ истифода кар­да, фишанги фишоре дар даст хоҳад дошт. Вале агар Тоҷикистон мехост алайҳи манфиатҳои ӯзбекистон аз об истифода кунад, ин корро имрӯз тавассути Норак метавонад анҷом диҳад.

— Масалан, мо метавонем оби тобистонро барои зимистон захи­ра кунем ва ба онҳо об надиҳем, аммо ин амалро ҳеч гоҳ накардаем ва нахоҳем кард. Чун қарордодҳои байналмиллалӣ дорем ва онро ҳамеша риоя мекунем,- мегӯяд оқои Аминҷонов.

Энергетикҳо фақат дар ӯзбекистон мерӯянд?

Яке аз иддаоҳои мақомоти ӯзбекистон ин аст, ки дар Тоҷикистон мутахассисоне, ки тавонанд аз нерӯгоҳи бузурге мисли «Роғун» ба таври зарурӣ нигоҳубин кунанд, вуҷуд надорад, ки инро боиси хатар­нок гаштани вазъият медонанд. Дар ҳамин ҳол коршиноси тоҷикистонӣ Георгий Кошлаков ин даъворо беа­сос хонда, мегӯяд, ки дар воқеъ дар арсаҳои мухталиф фирори мағзҳо доштем, аммо бахши энергетика танҳо соҳаест, ки кадрҳои хуб дар он ҷо боқӣ мондаанд.

Коршиносон баҳонаҳои ӯзбекистон баҳри эҷоди монеа дар бунёди «Роғун»-ро ангезаи сиёсидошта маънидод мекунанд, ки дар он ҳадафҳои муғризонаи ҳамсоякишвар ниҳон аст. ӯзбекистон талош дорад яке аз кишварҳои калидӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ монад, вале нерӯгоҳи «Роғун» метавонад ба як фишанги фишори Тоҷикистон алайҳи ин кишвар табдил шавад, ки ин барои Тошканд писанд нест. «Роғун» дар сурати бунёд шудан аз бузургтарин нерӯгоҳи обӣ дар Оси­ёи Марказӣ хоҳад буд, ки сохтмо­ни он бар асоси тарҳи таҳияшудаи мутахассисони пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Тошканд солҳои 1970 оғоз ёфта буд.

Тибқи тавофуқи Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон, ин ниҳоди мо­лии байналмилалӣ ба баррасии молӣ, фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” оғоз кардааст. Дар охири соли гузашта ширкате барои арзёбии фаннӣ ва молии тарҳи “Роғун” дар як тендер интихоб шуд. Ҳоло натиҷаи баррасии моливу фаннӣ ва экологӣ эълом нашудааст. Бар асоси қарордод, Тоҷикистон аз идомаи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” худдорӣ меку­над ва танҳо ба бозсозии ҷойҳое машғул аст, ки замони шӯравӣ сох­та шуда буданд. ӯзбекистон аз мухо­лифони аслии тарҳи “Роғун” маҳсуб мешавад ва бо ин далел байни Тоҷикистон ва ин кишвар соли 2010 маҳдудиятҳое дар рафтуомади вагоҳои Тоҷикистон аз қаламрави кишвари ҳамсоя ба вуҷуд омад. Бар асари ин монеаҳо хисороти зиёде ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шу­дааст.

Ахиран Викиликс ҳангоми фош кардани барқияҳои махфии сафо­рати Амрико дар Тоҷикистон баъ­зе мушкилиҳо ва мавзӯъҳои доғи Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар он аз ҷумла оид ба проблемаи давомдор ва хусу­мати ду роҳбари Тоҷикистон ва ӯзбекистон гузориш дода шуда буд. Гуфта мешуд, ки ин хусумат ба вазъи иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон асари манфӣ гузоштааст.

Чанд ҳафта пеш Сӯҳроб Шари­фов — директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ гуфт, ки дар сурати сохта ба истифода додани нерӯгоҳи “Роғун” тамоми камбудиҳои президент сарфи на­зар мешавад. То кунун дақиқ нест, ки баррасии тарҳи ин нерӯгоҳ ба нафъи кӣ анҷом меёбад? Тири Ка­римов воқеан хок мехӯрад ё не? Ва ё Бонки ҷаҳонӣ мавқеи худро иваз намекунад? Инҳо суолҳое ҳастанд, ки барои ҷавоб додан ба он ҳоло барвақт аст. Зеро бо як сафари Каримов ба Аврупо мавзӯъ боз ҳам баҳсталаб гашт. Вале пешгӯии Сӯҳроб шарифов ягон маъноеро ифода мекардагист. Бе шамол шохи дарахт намеҷунбад.

иқболи Саидзод, БМСТЖ

  1. Изатулло
    Февраль 28, 2011 в 11:24 пп

    ИншаАллох неругохи оби Ватанамон Точикистон бо розигии Аллох таъоло бунёд мешавад… Мо Точикон аввалан аз Худованди мутаъол ва рохбарои бехтаринамн умед дорам.,…..

  2. Изатулло
    Февраль 28, 2011 в 11:25 пп

    ИншаАллох неругохи оби «РоFун»-и Ватанамон Точикистон бо розигии Аллох таъоло бунёд мешавад… Мо Точикон аввалан аз Худованди мутаъол ва рохбарои бехтаринамн умед дорам.,…..

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: