Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > «Cим-сим» дарро кушо!

«Cим-сим» дарро кушо!

Чанд рӯз аст, ки дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии баҳси миёни Вазорати адлия ва муассиси нашрияи «Пайкон»- ТҶ БМСТЖ идома дорад.

Вазорати адлияи Тоҷикистон дар охири моҳи январи соли ҷорӣ аз додгоҳ аввал хостори боз доштани фа­ъолият, баъд қатъи фаъолияти Ташки­лоти ҷамъиятии Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ гардид.

Масъулони Вазорати адлия Бю­рои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ташкилоти мустақили рӯзноманигорӣ ва муасси­си ҳафтаномаи «Пайкон»-ро ба он да­лел ба додгоҳ кашиданд, ки ин созмон суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, ба мақомот хабар надодааст.

Ҳамчунин, ба даъвои Вазорати адлия ин ниҳоди рӯзноманигорӣ дар қайди мақомоти андоз набудааст.

Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ки соли 2008 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ, 16 ошёнаи 1, сабти ном шудааст, ҳоло дар ошёнаи 14-и ин бино муваққатан фаъолият мекунад.

Вале ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ ин даъвоҳои Вазорати адлияро беа­сос хонда, таъкид менамоянд, ки онҳо муваққатан ба ошёнаи 14 бо ҳайати эҷодии ҳафтаномаи «Пайкон» фаъоли­ят намуда истодаанд ва аз моҳи фев­рали соли 2009 дар қайди нозироти андози ноҳияи Фирдавсӣ меистад.

Аз баҳси судӣ рӯзноманигорон тамоман огоҳ нестанд. Чунки он паси дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Ҳафтаи гузашта ҳам, кӯшиши журна­листон барои дар маҷлиси судӣ шир­кат варзидан бенатиҷа монд. Чунки кормандони суди ноҳияи Фирдавсӣ, аниқтараш дарбонҳояш нагузош­танд, ки рӯзноманигорон вориди маҷлисгоҳи судӣ гарданд. Онҳо суха­нонеро нисбат ба рӯзноманигорон раво донистанд, ки онро подабон намегӯяд. Бе ягон хавотирӣ иброз ме­доранд, ки ин супориш аз «боло» аст. Намедонем, он каси дар боло буда кист ва аз рӯзноманигорон чӣ мехо­хад. Кай дари маҷлисгоҳи судӣ барои рӯзноманигорон боз мешавад?

Аҳлиддини САЛИМПУР,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: