Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Артиши Миллии Тоҷикистон аз кӣ иборат аст?

Артиши Миллии Тоҷикистон аз кӣ иборат аст?

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 18-сола шуд. Дар ин 18 сол оё он тавонист ӯҳдадориҳоеро, ки наздаш гузошта шуда буд, иҷро на­мояд? Дар ин 18 сол Арти­ши Миллии Тоҷикистон чӣ бурдбориҳо дошт ва ба кадом масоил расидагӣ карда на­тавонист, ки иҷрояшон зарур буд? Ва аз ҳама муҳим:

Маҳдӣ СОБИРОВ, коршиноси тоҷик:

— Албатта артиш кори осон нест. Артиш сутуни бисёр муҳимест, ки бехатарии миллату ояндаи миллат бар дӯши он аст. Ҳамон халқиятҳое, ки артиш доштанд, масалан туркҳою муғулҳо, бинед, ки чи қадар ҷойҳоро фатҳ карданд. Мо чизе, ки доштем, ҳама чизро аз даст додем. Аз як империяи бузург чизе намонд. Дар миёни се ҳазор сол қисм-қисм ҷудо шудем. Ҳоло вазифае, ки Артиши Тоҷикистон бар дӯш дорад, онро иҷро кардааст. Масалан, ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард. Мо таво­нистем мустақилияти давлати худро то имрӯз нигоҳ дорем. Ва он чизе, ки дар назди Вазорати дифоъ меи­стад, мубориза бо душманони беру­на аст. Ҳоло дар Қувваҳои Мусаллаҳ афсарон аз ҳама қишри ҷомеаи мо ҳастанд, ҳам писарони зиёиён, ҳам аз роҳбарон. Танҳо дар ҳайати сар­бозон 100 фоиз аз қишри камбағали мардум ҷойгир карда шудаанд. Чи хеле мо медонем, имрӯз 58-90 фои­зи мардум дар ҳоли камбағалӣ ба сар мебаранд, яъне ҳанӯз синфи миёна ташаккул наёфтааст. Ин сар­бозон аз қишри камбизоати мар­дум мебошанд. Умед мебандем, ки оянда ҳамаи корҳо хуб шавад. Ин вобаста ба ҳамаи мост, вобаста ба ҷамъият ва миллат аст. Мо ҳамчун миллат вақте ташаккул меёбем, ки якпорчагии давлат маҷбур мекунад артиши худро пурзӯр намоем.

Давлат УСМОН, коршиноси масоили сиёсиву иқтисодӣ:

— Артиши Тоҷикистон дар за­моне ташкил шуд, ки дар кишвар даргириҳо идома дошт ва бояд бигӯям, ки имрӯз он ҳамчун артиш ташаккул ёфта, сохтори артиширо гирифтааст. Аммо тақвияти касбиву нерӯии ҳар артиш вобаста ба тавон­мандии ҳар як давлат аст. Мутаас­сифона, мушкилоти аслие, ки киш­вари мо дорад, ин аст, ки то ҳанӯз артиши мо натавонистааст имко­нотро пурра барои дифоъ аз ватан пайдо кунад. Имрӯз мо метавонем бигӯем, ки мо артиш дорем, артиши мо имкони дифоъ дорад, аммо та­вонмандияш вобаста ба болоравии иқтисоди кишвар, беҳбудии вазъия­ти иҷтимоии худи мардум аст. Зеро аскароне, ки ба хизмат мераванд, агар аз лиҳози иқтисодӣ дар як оилаи хуб тарбия ёфта бошанд, ал­батта солимтар ҳастанд. Мутаасси­фона, хизмат дар артиш ҳамчун як ифтихор шинохта намешавад. Ба он хотир, камбуди иқтисодӣ вуҷуд до­рад. Барои ҳамин, сафи артиш бояд то андозае хубтар бошад.

Нуралӣ ДАВЛАТ, муаррих:

— Артиши Тоҷикистон мисли ҳама дигар артишҳо бояд киш­варро аз ҳамлаи хориҷӣ ҳимоят кунад. Мо танҳо як бор аз хориҷа мавриди ҳамла қарор гирифтем. Ин ҳуҷуми Маҳмуд Худойбердиев — собиқ полковники ҳамин артиш дар соли 1998 буд, ки аз қаламрави ӯзбекистон ҳуҷум овард. Он вақт Артиши Тоҷикистон имконоти зиёд надошт. Артиши Тоҷикистон аз фар­зандони деҳқону коргар ташкил ёфтааст. Ин дуруст нест, зеро ватан ватани бойбачаҳо низ ҳаст ва онҳо низ бояд хизмат кунанд.

Омодасоз Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: