Главная > Фарангиси МУЗАФФАР > Дард дар шуш, доғ дар дил

Дард дар шуш, доғ дар дил

24-уми март — Рӯзи байналмилалии мубориза бо сил

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар кишварҳои ҷаҳон 24-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил қайд карда мешавад. Дар ин маврид баҳри пешгирии бемории мазкур матолиби зиёд ба чоп ҳам мерасад. Ин беморӣ ҳанӯз аз солҳои 1882 аз ҷониби олими олмонӣ муайян карда шуда, то ҳол вуҷуд дорад. Ҳарчанд аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ омили реша давонидани бемории сил паст бу­дани сатҳи иҷтимоӣ арзёбӣ шуда бошад ҳам, боз чандин омили дигар низ вуҷуд дорад. Танҳо паст будани шароити зиндагӣ сабаби гирифтор шудан ба бемории сил буда наметавонад.

«Водии марг»

Дар дилхоҳ ҷомеа одамоне низ ҳастанд, ки соҳибмансаб ва до­роянд, аммо мубталои ин беморӣ гардиданашон аз эҳтимол дур нест. Ҳарчанд ба ақидаи як нафар ҷомеашинос Фирдавс Ниёзӣ, ин беморӣ «касали камбағалҳост». ӯ мегӯяд: «Решаи аслии ин беморӣ ба таъминоти иҷтимоии оила воба­ста аст. Аз мушоҳидаҳои ман, кулли ашхоси ба ин беморӣ гирифтор аз оилаҳои нодоранд. Ҳамчунин, нафа­роне, ки дар ҷойҳои серчангу ғубор фаъолият мекунанд, ба ин беморӣ мубтало мегарданд. Роҳи асосии пешгирии ин беморӣ истифодаи ғизои солим ва ҳавои тоза аст. Ин беморӣ бештар дар қисмати ҷануби Тоҷикистон паҳн шудааст».

Ба ин андешаи ҷомеашинос, ки силкасалҳо бештар дар қисмати ҷануби ҷумҳурӣ вомехӯранд, ме­тавон розӣ шуд. Зеро чандин сол боз дар мавриди беморони сили мавзеъҳои гуногуни ин минтақа сарусадо ва нигаронӣ ба фалак печидааст. Ҳатто ба он андоза, ки баъзе мавзеъҳо ба худ номи «Во­дии марг»-ро гирифтаанд. Гузашта аз ин, дар як сӯҳбати худ директо­ри Маркази ҷумҳуриявии мубори­за бо бемориҳои сили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдулло Сайдалиев гуфта буд, ки дар минтақаи Кӯлоб вазъ нисба­тан ташвишовартар аст. «Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустӣ аз ин чиз огоҳӣ доранд. Бо пайдоиши имконият соли 2003 дар ноҳияи Восеъ барнома амалӣ шуд ва дар натиҷа чораҳои мушаххас андеши­да шуда, авҷи беморӣ боздошта шу­дааст. Бо назардошти вазъ омӯзиши мутобиқати барангезандаи бемо­рии сил ба роҳ монда шудааст. Алъ­он барномаи нав таҳия карда ме­шавад, ки дар он ба ноҳияи Восеъ диққати махсус дода шудааст».

Доғ дар дил

Аммо ин гуфтаҳо маънои онро надоранд, ки дар дигар манотиқи кишвар гирифторони бемории сил вуҷуд надошта бошанд. Ҳамасола аз афзудани ин намуди беморӣ дар вилояти Суғд низ гуфтугузор ба миён меояд. Инҷо намунаеро пеш меорем, ки ин вабо умри ҷавонеро бебозгашт бурд ва доғ дар дили на­здиконаш монд. ӯ Садорат ном дошт, зан буд. Зани ҷавону танҳо соҳиби як духтар. Аммо чун баъди тавал­луд кардан ба бемории сил гириф­тор омад, шавҳараш аз ӯ ҷудо шуд. Шояд имрӯзҳо вақте сухан аз боби силкасал кушода шавад, наздикони ӯро симои маҳзуни Садорат пеши назар ояд. Садорате, ки рӯз аз рӯз чеҳрааш аз зӯри дард пажмурда ме­шуду умедашро аз зиндагӣ меканд. Ҳар боре аз дармонгоҳи Деҳмойи вилояти Суғд баъди шашмоҳа табо­бат меомад, дар паси дарвозаи хо­наашон менишасту бар даст симҳои жемпирбофӣ таваҷҷӯҳаш ҳамоно ба бофтан буду бас. Шояд мехост хаёлашро ба кор андармон намуда, даме аз ранҷ биосояд. Аммо чӣ осу­дане!? Сулфа ӯро гулӯгир мекард, ба он ҳад, ки ранг аз рӯяш мепарид. Дар як муддати кӯтоҳ ин беморӣ он­чунон фишор овард, ки аз Садорати муаллимаи хушандом қолабе мон­ду халос. Дигар табобат кардани ӯ ғайриимкон буд. Тамоми доруҳои зидди силро истифода мебурд. Бар замми ин, табобати мардумӣ ҳам мекард. Ҳар чизе, ки мефармуданд, истеъмол менамуд. Ҳатто доруҳои камёфти мардумиро низ барояш муҳайё мекарданд, вале фоидае надошт. Рӯз ба рӯз лоғар мешуд. Бо ин қадар дард боз таҳаммул ме­кард, вале то дами маргаш ҳатто симҳои жемпирбофияшро раҳо намекард. Вақте касе мегуфт, ки «парто ин шуғлатро, бемор ҳастӣ, хаста мешавӣ», ҷавоб медод: «Ин кор таскиндиҳандаи қалби ман аст. Агар ин корро накунам, ғаму ғусса маро мехӯрад». Ҳамин тавр, ду сол пайваста шашмоҳпас табобат на­муд, вале охирон маротиба аз табо­бат баргашту гуфт: «Бас аст, дигар беморхона намеравам, шояд сиҳат шавам!». Аммо пас аз чанд моҳ аз беҳоливу камқувватӣ ҷон дод.

Вале касе исбот карда натаво­нист, ки оё ӯ дар ҳақиқат аз бемо­рии сил фавтид ва ё бемории дига­ре низ ба ин дард пайвасту аз пой афкандаш?

Пас аз як сӯҳбат

Шояд хонандаи гиромӣ дар тааҷҷуб афтад, ки чаро дар мавриди фавти Садорат шубҳа пеш овардем? Ин шубҳа дар мо низ баъдан пайдо шуд, дақиқтараш баъди сӯҳбат бо сардухтури беморхонаи Мачитон Саидаҳтам Рустамов, ки лозим ме­донем фишурдаашро инҷо биёрем:

— Дар маркази Шумо шумораи на­фарони дармондаи сил ба чанд нафар мерасад?

— Айни замон дар беморхонаи мо 232 нафар бистарӣ ҳастанд.

— 232 нафар мубталои як беморӣ ҳастанд, ё ин ки беморияшон гуно­гун аст? Чун мегӯянд бемории сил намудҳо дорад.

— Дар ин ҷо касалиҳои шушӣ ва ғайришушӣ бистарӣ шудаанд. Касалиҳои шушӣ танҳо ба бемории шуш шомиланд ва ба касалиҳои ғайришушӣ сили устухон, сили ғадудҳои пешобдон, сили органҳои занона ва ғайра дохил мешаванд. Вале дар беморхонаи мо бештар беморони шуш ва беморони сили устухон, баъдан сили нирфардомалӣ бистарӣ ҳастанд.

— Кадоме аз ин беморҳо зуд табобат меёбанд?

— Ҳамон бемороне, ки таҳти на­зорат бошанд ва доруҳоро сари вақт истеъмол намоянд. Албатта танҳо ҳамон доруҳоеро, ки табиб ба бемор фармудааст. Баъдан шароити хуб барои ӯ муҳайё карда бошанд. Ҳолати санитарӣ-эпидемиологии бемор риоя карда шавад, зудтар та­бобат меёбад. Доруҳои фармудашу­даро як-ду моҳ истеъмол намудану баробари беҳтар шудани саломатӣ онро қатъ кардан боиси хурӯҷи ин беморӣ хоҳад гашт. Масалан, кате­горияи аввали табобати бемории сил шаш моҳ буда, агар бемор ка­тегорияи муайяншударо нагузарад, табобат ёфтанаш амри маҳол аст.

— Бештар кадоме аз ин намудҳои беморӣ ирсӣ ҳастанду кадомашон си­рояткунанда?

— Ягон бемории сил ирсӣ нест. Ҳамаи намуди ин беморӣ сироятку­нанда ҳастанд.

— Ба воситаи чӣ сироят мекунанд?

— Бештар тариқи сулфа кардан, гап задан мегузаранд. Шахсе, ки сили фаъол дорад, яъне дар шушаш сурохиҳо пайдо шудаанд, чун сари вақт ба духтур муроҷиат накарда­аст, вақти сулфа карданаш ҳамон чӯбчамикроби сил хориҷ мешавад ва дигар одамонро сироят мекунад. Яъне дар ҳамин ҳолат одамони сиҳат ҳам метавонанд ба ин беморӣ муб­тало шаванд. Одамоне, ки беморо­ни мубталои силро муддати тӯлонӣ нигоҳубин мекунанд, имкони ба ин дард гирифтор шуданашон мавҷуд аст. Масалан, аз сад нафари сиро­ятшуда, агар сари вақт табобат на­карда ва ба духтур муроҷиат нана­моянд, худ аз худ ҳафт нафарашон ба бемории сил гирифтор меша­ванд. Организми боқимондаашон шояд бо микробҳо мубориза бурда, онҳоро бартараф кунад. Вале ҳамон ҳафт нафар ҳатман касал меша­ванд.

— Агар рӯшантар гӯем, бештар кадо­ме аз онҳоро хавфи гирифтории бемо­рии сил таҳдид мекунад?

— Ҳамон одамонеро, ки гириф­тори ягон бемории дигар ҳастанд. Масалан, беморҳои қанд, вируси норасоии масунияти бадан (СПИД), бемориҳои саратон, ё ин ки сигор­каш, майзада, нашъаманд ва нафа­роне, ки хонаву дар надоранд, ша­роити иҷтимоияшон вазнин аст, ба ҳамин беморӣ гирифтор мешаванд. Ин гуна одамон микробро зуд ба худ қабул мекунанд.

— Ҳолатҳое шудааст, ки бемор як муддати тӯлонӣ инҷо табобат гирифта­ву пас аз чанде дубора ба беморхонаи Шумо муроҷиат карда бошад?

— Бале, бемороне ҳастанд, ки табобат ёфта, дар давоми сол боз муроҷиат кардаанд. Ҳастанд бемо­роне, ки категорияи якумро гузаш­таву табобат нагирифтаанд ва бори аввал дар онҳо бемории силро да­рёфтаанд. Ин гуна беморон баъд аз он, ки балғамашон тоза шуд, чор моҳи дигар табобат мегиранду сиҳат шуда мераванд. Лекин агар шарои­ти зиндагияшон паст бошаду худро хуб нигоҳубин карда натавонанд, имкон дорад боз ба ҳамин беморӣ гирифтор шаванд.

— Ин беморӣ метавонад шахсро ба марг оварда расонад?

— Аз сад нафаре, ки ба бемории кӯҳнашудаи сил гирифторанд, тибқи омори ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳолати 15 нафарашон вазнин ме­гард, 85 нафари дигарашон бояд ҳатман сиҳат шаванд.

— Ба андешаи Шумо, гирифторони бемориҳои сил нисбат ба дигар солҳо чи қадар кам ё зиёд шудааст?

— Нисбат ба он солҳое, ки бемориҳои вазнини сил ба бемор­хона ворид мешуданд, хеле коҳиш ёфтааст. Дуюм ин ки, бемории сил аз соли 2002 барномаи миллии пешгирии бемории сил то соли 2010 ба қайд гирифта шуд ва дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ духту­рони силшинос омода намуданд. Онҳоро аввал омӯзонданд, кор­мандони лабараторӣ ташкил на­муданд. Дар лабаратория молиши балғамро омӯзонданд. Ҳоло ошкор намудани бемориҳои сил дар ҳамаи ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирии Вазорати тандурустии ҶумҳурииТоҷикистон бемороне, ки дар байни халқ, аз ҷумла дар деҳот, ноҳия ва шаҳр ҳастанд, зуд ошкор шуда, сари вақт табобат мегиранд. Аз ин рӯ, нисбат ба солҳои гузашта бемориҳои вазнини сил кам шу­даст.

— Ҳоло дар беморхонаи Шумо хизматрасонӣ ройгон аст, ё пулакӣ?

— Ҳамаи беморхонаҳои сил бо дастгирии мӯҳтарам прези­дент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири тандурустӣ ройгон амал мекунанд. Ҳама доруҳои зиддисилие ки ҳаст, ройгон дода мешавад. Аз тарафи Фонди глобалӣ барои 80 нафар бе­мор дар як рӯз панҷ маротиба ғизои хуб дода мешавад. Доруҳояшонро низ кормандони фонд оварда медиҳанд ва таҳти назорати доимӣ ҳастанд. Барои бемориҳои дигар бошад, се маротиба хӯроки гарм ва доруҳои зиддисилӣ, рентген ройгон аст.

— Чун ин беморӣ сирояткунанда аст, ҳангоми аёдати беморон нафарони со­лим чӣ гуна бояд вориди беморхона гарданд?

— На ҳамаи бемориҳои сил сиро­яткунанда ҳастанд. Онҳое, ки сиро­ятшаванда ҳастанд, берун намеба­роянд. Наздикони ин намуд беморӣ ба назди бемор намедароянд. Аз ҳамон берун ба воситаи посбони беморхона ғизои овардаашонро месупоранд.

— Айни замон бо кадом ташкилотҳои зидди бемориҳои сил ҳамкорӣ карда истодаед?

— Мо ҳоло бо Бонки рушди Олмон, бо Фонди глобалӣ, Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид, Барно­маи озуқавории СММ ва ғайраҳо ҳамкорӣ дорем. Ҳамчунин, бо Донишгоҳи тиббӣ низ барои тайёр намудани мутахассисон ҳамкории қавӣ дорем. Ҳатто мутахассисонро дар дохил ва хориҷи кишвар тарбия карда истодаем.

Фарангиси МУЗАФФАР,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: