Главная > Ҷовид МУҚИМ > Демократияи БЕҲТАРИН — ДЕМОКРАТИЯИ тоҷикӣ

Демократияи БЕҲТАРИН — ДЕМОКРАТИЯИ тоҷикӣ

Баъзе кӯрдилон ва хоҷаҳои хориҷии онҳо аз дурӯғгӯияшон шарм надошта, Тоҷикистонро давлати низомаш автократӣ меноманд ва бо ин дар тамо­ми ҷаҳон табл мезананд, ки кишвари мо демократӣ нест. Ин «дӯстон»-и халқи тоҷик Сарқонуни Тоҷикистонро нодида мегиранд, ки дар моддаи якуми он омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давла­ти соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон ша­роити зиндагии арзанда ва ин­кишофи озодонаро фароҳам меорад».

Ана ҳамин моддаи тақдирсоз асоси бунё­ди демократия дар Тоҷикистон аст ва он чун рӯзи рӯшан маълум аст, ки амалӣ мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки маънои калимаи «демократия» ин халқ аст ва маънои идораи давлатро аз ҷониби халқ дорад. Касе ки ки­тоби сиёсатшиносӣ хонда бошад, медонад, ки демократия ду категория дорад: мустақим ва намояндагӣ. Дар категорияи мустақим мардум бевосита дар идораи давлат иштирок мекунанд, яъне дар қабули қарорҳо худ овоз медиҳанд. Чунин категорияи демократия дар идораи ҷомеаҳои хурд, ки ҳама якҷоя метаво­нанд ҷамъ шуда, масоили заруриро баррасӣ кунанд, роиҷ аст. Албатта, ба қавли сиёсатши­носон, категорияи мазкурро дар ҷомеаҳои бу­зург ба мисли идораи ҷумҳурӣ наметавон ис­тифода бурд. Зеро ҳамаи раъйдиҳандагонро наметавон дар як вақт дар якҷо гирд овард ва масъалаи мавриди таваҷҷӯҳро баррасӣ кард. Бинобар ин дар ҳолатҳои мазкур категорияи дигари демократия — намояндагӣ истифода мешавад. Яъне мардум барои идораи давлат намояндаҳои худро ба маҷлисҳои маҳаллӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва Маҷлиси намо­яндагон интихоб мекунанд. Минбаъд ваки­лони интихобкардаи мардум аз номи онҳо дар идораи давлат саҳм мегиранд. Албатта, шакли беҳтарини идораи давлат ин ба таври мустақим иштирок кардани мардум дар идо­раи давлат аст, ки демократияи воқеиро таъ­мин мекунад.

Таҷрибаи солҳои охири демократияи Тоҷикистон собит кард, ки мардум метаво­над ба таври мустақим дар идораи давлат иштирок карда, тақдири худро бо дасти худ бинвисанд. Баррасии умумихалқии лоиҳаи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2007, маблағгузории НБО-и «Роғун» дар соли 2009-2010 ва ниҳоят баррасии омма­вии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз 20-уми де­кабри соли гузашта идома дорад, ин гуфтаи моро тасдиқ мекунад. Худ бубинед, ки (аз телевизор) чӣ қадар мардуми мо фаъол аст, ҳамагон аз чӯпону говдӯш сар карда, то про­фессорону мансабдорон галстукро таранг баста, дар назди «микрофони озод» қатор меистанд, то чеҳраи зебои онҳоро ақаллан як маротиба бепул аз телевизион намо­иш диҳанду садояшонро ҳамсояҳо шунида, аз ҳасад торс кафида муранд. Мардум ба тақдири худ бетараф нестанд, ҳамин аст, ки барои «микрофони озод» ҳамеша навбат аст. Мардумро «микрофонҳои озод»-и пешина фа­ъол кард, онҳо тарзи сухангӯиро омӯхтанд ва акнун беибо ҳар як касу нокас, дузду порахӯр (бубахшед, онҳо низ узви ҷомеаи мо ҳастанд ва ҳуқуқи сухангӯӣ доранд) ҳам метавонанд озодона фикри худро баён кунанд. Чунин демократияро магар касе ёд дорад? Магар пеш касе сухани як коргари одиву деҳқони хокпошро дар бораи идораи давлат ё қабули ягон қонуну қарори сиёсӣ гӯш мекард? Албат­та не!

Бояд бигӯям, ки чунин таҷрибаи барра­сии лоиҳаи қонунҳо на дар ҳамаи мамлакатҳо роиҷ аст. Баъзе давлатҳои рушдкардаи демократӣ низ ҳоло аз таҷрибаи мо омӯхта истодаанд. Ҳатто дар Русияи абарқудрат, ки баъзе кӯрдилон вайро «бародари калонӣ»-и мо меноманд, чунин тарзи оммавии барра­сии қонунҳо, ки дар он ҳамаи қишрҳои ҷомеа иштирок кунанд, дида намешавад. Давлатҳои ҳамсоя бошад, дар амалӣ кардани демокра­тия аз мо фарсахҳо ақиб мондаанд. Бовар кунед, демократияе, ки дар мо ҳаст, ҳатто дар Америкае, ки таърихи демократияаш беш аз 230 сол дорад, дида намешавад. Масалан, мардуми Тоҷикистон Президентро худ ба тав­ри мустақим интихоб мекунанд. Дар ИМА, ки «гаҳвораи демократия» меноманд, интихоби президент ба таври зинагӣ сурат мегирад: раъйдиҳандагон аввал интихобкунандаҳоро муайян мекунанд, пасон онҳо ба номзади маснади президент овоз медиҳанд. Дар ин ҳол албатта, наметавон гуфт, ки ин демокра­тияи воқеӣ аст.

Баррасии умумихалқии лоиҳаи қонунҳо бори дигар собит кард, ки мардум метаво­нанд худ бевосита, мустақиман дар идораи давлат ширкат кунанд. Дар ин ҳол ҳоҷат ба институти маҷлисҳои маҳалливу ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва Маҷлиси намояндагон намемонад. Функсияи онҳоро худи мардум метавонанд иҷро кунанд. Аз ин рӯ, мантиқан масъалаи бастани институтҳои мазкур ба миён меояд. Воқеан, аз ин ҳисоб даҳҳо мил­лион сомонӣ пули буҷет, ки ба интихоботу баъдан маблағгузории онҳо харҷ мешавад, сарфа мегардад. Шояд суоле пайдо шавад, ки қонунҳоро кӣ имзо мекунад, ҳисоботи ҳукуматро кӣ мешунавад? Албатта, мо боз Маҷлиси Олӣ дорем, ки бе ин ҳам ҳамаи қонунҳо дар он ҷо баррасиву ба тасвиб мера­санд ва ахиран баъди онҳоро имзо кардани Президент ҳукми амал мегиранд. Агар сухан дар бораи баррасии Қонуни буҷаи давлатӣ равад, ки онро Маҷлиси намояндагон анҷом медод, ин мушкилот надорад. Аз таҷрибаи андӯхтаи солҳои охир илҳом гирифта, бар­расии онро оммавӣ мекунем, бигзор мар­дум маблағҳояшонро худ тақсим кунанд. Ин воқеан ҳам, демократӣ мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар асри моҳворавӣ ва Интернет (аз рӯи маълумоти расмӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони он ба 1 миллион нафар мерасад) барои амалӣ кардани категорияи мустақими демократия дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо мавҷуданд. 4 телевизиони ҷумҳуриявии сартосарӣ, телевизионҳои вилоятӣ сарбаландона аз ӯҳдаи вазифаи мазкур мебароянд. Агар ин кам бошад, дар баррасии қарору қонунҳо аз радиоҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ низ метавон истифода кард.

Хотирнишон мекунам, ки барҳам додани институтҳои зикргардида чанд аҳамият до­ранд:

1. Маблағи зиёде аз ин ҳисоб сарфа гардида, онро барои рушди иқтисоди кишвар равона кардан мумкин аст.

2. Ҳама гуна ошнобозиву тақаллубкориҳо дар раванди интихобот аз байн мераванд. Яъне дигар ҳизбҳои сиёсӣ даъво намекунанд, ки тақаллубкорӣ шудааст.

3. Дигар касе аз бадхоҳон давлати моро ба он мутаҳҳам намекунад, ки гӯё «пор­лумони мо кисагӣ» аст ва аз хати кашидаи ҳукумат намебарояд.

4. Аз ҳама муҳимаш, яке аз рукнҳои муҳими демократия — идораи давлат аз ҷониби халқ амалӣ мешавад.

5. Ин аввалин таҷриба буда, онро мур­рихон дар таърихи навини ҷаҳон бо ҳарфҳои заррин менависанд ва ҳамаи кишварҳо Тоҷикистони моро чун байрақбардори де­мократия эътироф мекунанд. Ҳамчунин, давлатҳои дигар аз таҷрибаи мо сабақ гириф­та, онро дар кишварҳои худ ҷорӣ менамоянд. Ҳамин тавр, дар як муддати кӯтоҳ, бе ҷангу ҷидол ва аз ҳама муҳимаш, бе хунрезӣ тамо­ми кишварҳои олам демократӣ мешаванд.

Мансабдорону сиёсатмадорон, боз ин идеяи маро дуздида аз номи худ пешниҳод накунед! Ман ба он патент гирифта, ҳуқуқи муаллифӣ дорам. Бас аст ба шумо маслиҳати бепул додан, бародарони азизу гиромӣ!

Воқеан, барои баррасии навбатии оммавӣ пешниҳод шудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи одоби воли­дон» мантиқан дуруст мебуд, зеро худ баъзе волидон аз одоби ҳамидаи инсонӣ фарсахҳо дуранд. Бигзор дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур дар қатори калонсолон кӯдакон ҳам (агарчи ҳуқуқи овоздиҳӣ надоранд) иштирок намоянд.

Ҷовид МУҚИМ

Рубрики:Ҷовид МУҚИМ
  1. Март 7, 2011 в 8:52 дп

    barodari giromi Jovid,

    Man xud tojik hastam va 5-sol boz shud dar Amriko tahsil va zindagi mekunam, va siyosatshinosi xatm kardam dar injo.
    In maqolae ki shumo dar borai demokratiya navishted bisyor ghalatu puch hast. Safsata guyam meshavad, bemalol. ba haqiqat hatto nazdik nest. Mo tojikon hama medonem dat TJ chi guna demokratiya hast. chizeki ayon hast hojat ba bayon nest.

  2. Равшанфикри TJ
    Март 9, 2011 в 7:02 дп

    Э гап нест демократияи точик ба!!! Хаке аст ки номи ХХДТ ба Хизби Демократияи Точикии Точикистон иваз кард.))) Ачоиб мешавад … Бовар кунед хамаи мо гов, гусфанд шумо одам)))Мо на гуш дорем, на чашм, на акл …. узр хайр мо хама бесаводем ку…)))

  3. Surush
    Март 9, 2011 в 12:02 пп

    Ба бародар Точик! Шумо Човидро нафахмидед, у бо танз гуфтааст. Он чизеро, ки мо дар мавриди дар Точикистон вучуд надоштани демократия дар назар дорем, у ба лахни киноя ва танз гуфтааст. Офарин Човид! Илохи каламатон хамин тур доимо бурро бошад.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: