Главная > Пӯлод Абӯев > Дод аз дасти ақл ва ё «Хуршед на ҷинсест, ки ҷӯӣ ба чароғаш»

Дод аз дасти ақл ва ё «Хуршед на ҷинсест, ки ҷӯӣ ба чароғаш»

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Асари адиби барҷастаи рус Александр Грибоедов “Дод аз дасти ақл” ном дорад, ки бо ҳамин як асараш шумораи классикони ҷаҳониро зиёд намуд. Қаҳрамони асар Чат­ский фақат бо сабаби дорои ақл буданаш аз ҷомеае, ки ягон нафар ӯро намефаҳмид, рон­да мешавад.

Дар ин бора ба чанд мисраи Саъдии бу­зург рӯ меорем, ки гуфтааст:

Чу он роҳи рост пешашон каҷ буд,

Роҳи рост дар чашмашон каҷ намуд.

Ки мард арчи донову соҳибдил аст,

Ба назди бедонишон ҷоҳил аст.

Дар ин дунё аз рӯзи бинояш, аниқтараш аз оғозшавии ҷомеаи ғуломдорӣ, ки аз асри XVI пеш аз мелод дар таърих дохил шуда­аст, то ҳоло ки асри XXI-и мелодӣ аст, ақлро фиръавнҳою шоҳону вазирону попу эшону муллоҳо ва дигарон душмани худ эълон кар­данд. Сохти имрӯза, ки бозорӣ меноманду дар асос капиталистӣ аст, худ чун сохти феодалӣ давоми сохти ғуломдорӣ мебошад. Чунки дар замони капиталистӣ фақат капитал — доллар барои ҳокимону хонҳо мавқеъ дорад. Имрӯз бошад, дар кишварҳои ҷаҳони нобаробар, ки ин нобаробарӣ асоси беадолатию истисмори одам аз тарафи одам аст, барои намоиш до­дан калимаҳои демократия ва ҳуқуқбунёдро дохил намуданд. Оё бо шакар гуфтан даҳон ширин мешавад? Оё аз дур деги ошро дида, марди гурусна сер мешавад?

Маҳз ҳамаи ҳамин нобаробариҳо, беадолатиҳо, ки аз тарафи ҳокимону хонҳо нисбати ғуломон, мардуми одӣ дида мешуд, ҳанӯз дар Миср, Хитой, Юнону Рим ва дигар кишварҳо нобиғагонеро ба миён овард, ки онҳо ба ин ҷабру ситам тоқат карда натавони­станд. Овоз баланд карданд, ки соҳибони ин овозҳои баландшударо соҳибони ақли солим меномиданд. Барои ин гуна овозбаландкунӣ, ҳақиқатро баён намудан ин ҳокимон, ба мо­нанди Афлотун, Суқрот, Гомер, Арасту, Диоген, Геродот, Демокрит ва дигарон, ки чун шафақ дар ҷомеаи тираву тори ғуломдорӣ пайдо шу­данд, ба ғуломдорону ҳокимон чун устухон дар гулӯ буданд. Маҳз ҳамин нобаробарии шадид, ки дар ҷомеа пойдор шуда буд, нобиғаҳоро ба фикр фурӯ бурд. Аз ҳамин вақт сар карда, ҳокимон барои аз даст надодани мансабу сарват ба муқобили ин бузургон ҷанги беа­монро сар карда, онҳоро ба таҳдиду таҳқир гирифтор менамуданд.

Барои дорои ақли солим будан ва адолату ҳақиқатро ба худ парчам намудан Суқротро ба марг ҳукм карданд. Ақл — Арастуро дар охирҳои умраш гуруснагию бенавоӣ аз ин дунё бурд.

Искандари Македонӣ дар вақти ҳукмронияш дар бораи мутафаккири барҷаста — Диоген хабар ёфта, ба назди ӯ омад. Искан­дар дид, ки Диоген қашшоқтарин одам аст. Шоҳ ба мутафаккир ёрии худро пешниҳод намуд. Вақте ки Диоген таклифи Искандарро рад намуд, Искандар сарашро дошта, «афсӯс, ки ман Искандарам, агар Искандар намешу­дам, албатта Диоген мешудам» гуфту рафт. Ақл ба Диоген имкон надод, ки аз шоҳ мадад пурсад.

Бедил гуфтааст: «Хуршед на ҷинсест, ки ҷӯӣ ба чароғаш». Ақл ин чизе нест, ки бо пулу ман­саб харида шавад. Бузургон, соҳибдилон аз дасти ҳокими золим, ки аз нохуни по то фарқи сар аз хуни мазлумон пур буд, нон хӯрданро барои худ марг ё гадоиро ба худ авлотар медонистанд. Ақли солим, ки ихтироъҳояш чун гавҳар ба авлоди башар то он даме, ки дунё вуҷуд дорад, қадршиносӣ карда меша­вад, соҳибонашро ҷовидонӣ мегардонад. Шоҳу хонҳои золим ҳам ба мисли фиръавнҳо, консулҳои Риму Юнон, Чингизу Темур, Гит­лер аз ёди мардум намераванд, аммо ёди соҳибони ақли солим аз ин золимон фарқи азим дорад.

Ақл — ин ҳавосанҷи дунёст. Ақл ҳар як чизи сиёҳи дидаашро сафед, ё баръакс намегӯяд.

Инҷо чанд сатри шеъриро пеш овардани­ем:

Ҳавосанҷии олам ақл, ақл аст,

Ба дарди алам ақдам ақл, ақл аст.

Бихонад макруф ҳар сармоядоре,

Фақат манзур ба одам ақл, ақл аст.

Агар номе ба ин дунё бишуд дун,

Аз ин дарде ба мотам ақл, ақл аст.

Ҳазорон сол аз ин пешу ба то ҳол,

Зи ҳикмат бору сархам ақл, ақл аст.

Зи дасти ҷоҳилу дун ходимоне,

Ба сад таҳдид дамодам ақл, ақл аст.

Ақл Рӯдакиро кӯру дар охир бенаво кард.

Ақл Синоро тамоми умр сарсону овораю гуреза кард.

Ақл Беруниро асири Маҳмуди Ғазнавӣ гар­донд.

Ақл Аҳмади Донишро ба чӣ азобҳо оварда расонд.

Бо ҳамаи ин азобу уқубат, ки ин нобиғагон аз дасти ин олами дун диданд, номи онҳо дар дунё ҳамчун нури хуршед ҷовидонист.

Дар асрҳои миёна бошад, мутафаккиро­ни бузург Николай Коперник, Галелео Галилей фақат барои ақли худододи худ гирифтори ҷазо аз тарафи дини католикӣ гаштанд.

Дар хусуси набарди беамони ақлу ҷаҳолат Бедили бузург гуфтааст:

Бедил, замона душмани арбоби ғайрат аст,

Тарсам, ба дасти ҳез диҳад ихтиёри мард.

Ақл мафҳуми беохир аст.

Ақл пояю сарчашмаи илму ҳикмат аст.

Ақл чун дастгоҳи ҳавосанҷӣ аҳволу ахлоқи ҷомеаро аз рӯйи хирад месанҷад.

Ақл ҷомеаро чӣ гуна ки қарор дорад, ҳамон хел тасаввур намуда, онро таҷассум менамояд.

Ақл ҳар як дидаро аз ғалбер мегузаронад.

Ақл беадолатиро заҳр ба ҷони ҷомеа ме­шуморад.

Ақл бо ҳақиқатгӯию мардумпарварию адолатпарастияш ҳамеша гирифтори таҳдиду таҳқир қарор мегирад.

Ақл асоси норасоиҳоро ба бесаводии мардум, ба ҷоҳилӣ ва сар додани нафс аз та­рафи ҳокимон мебинад.

Ақл ояндаро пешгӯӣ мекунад.

Ақл офатест, ки оламро равшан меку­над, аммо ҳокимон ин офтобро бо домон пӯшонданӣ мешаванд, ки албатта ғайриимкон аст.

Ин дунёро ҳанӯз нобиғагони қадим дунёи ҷоҳилу дун номиданд. Агар ин дунёро дунёи оқил меномиданд, албатта кору амали ин ҷомеа ранги дигар мегирифт.

Пӯлод АБӯЕВ,

узви иттиҳоди байналхалқии

журналистон

(Давом дорад)

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: