Главная > Нилуфари СОБИР > Истамой Мадалиева: «Ман соҳибкорам, аз оянда умеди калон дорам!»

Истамой Мадалиева: «Ман соҳибкорам, аз оянда умеди калон дорам!»

Рушди соҳибкорӣ аз ҳадафҳои муҳими ҳукумати кишвар аст, ки президенти ҷумҳурӣ бамаротиб дар суханрониҳояш ин нуктаро таъкид намудааст. Ҳамчунин дар марҳилаҳои муайян мулоқоти раиси ҷумҳур бо соҳибкорон ҷараён мегирад ва зимни ин мулоқот соҳибкорон аз фаъолияти худ гузоришҳо дода, аз мушкилоту муваффақиятҳои кори худ ҳарф мезананд. Дархосту пешниҳодҳои мухталиф ба раиси ҷумҳур аз ҷониби соҳибкорон садо медиҳад. Аммо ҷанбаи дигари муҳим расидани занон ба соҳибкорӣ ва муваффақ шудан дар ин ростост, ки ба гуфтаи коршиносон, кори саҳле набуду нест! Барои намуна мусоҳибае анҷом додем бо хонум Истамой Мадалиева, соҳибкор ва директори генералии Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Бунёд-авиа-трейвел», ки мӯҳтавои ин сӯҳбатро пешкаши хонандагон мегардонем.

— Хонум Истамой, лутфан бигӯед, ки фаъолияти худро аз куҷо оғоз карда­ед ва кай ба соҳибкорӣ рӯ овардед?

— Ман пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ (собиқ Донишкадаи педагогӣ) дар мактаби миёнаи рақами №61-и шаҳри Душанбе ав­вал ба ҳайси сарпионервожатий ва баъдан ҳамчун ташкилотчии макта­би мазкур фаъолияти худро оғоз кар­дам. Пас аз чанде омӯзгори ҳамин мактаб шудам. Кор бо шогирдону устодони мактаб бароям хеле ҷолиб буд. Ҳамеша кӯшиш мекардам, то ба шогирдон намунаи ибрат бо­шам. Мудирияти мактаб низ аз ман изҳори розигӣ мекарданд. Ҳамин тавр солҳо паси сар шуданд.

Солҳои аввали навадуми асри гузашта таври маълум, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ ҷомеаи мо мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба мушкилиҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашт. Мардум ҳам аз маводи хӯрока ва ҳам пӯшокӣ танқисӣ ме­кашиданд. Бекорӣ ҳукмфармо шуда буд. Ман, ки то андозае ба корҳои ташкилотчигӣ ошно будам, қарор додам, ки як корхонаи дӯзандагӣ таъсис диҳаму ба ин васила ҳам занонро ба кор таъмин кунам ва ҳам барои оилаҳои ниёзманд либосҳои кӯдакона дӯхта пешкаш намоям. Корхонаи дӯзандагии мо ба кор шурӯъ кард. Мо маҳсулоти худро ба мағозаҳои ҳамон вақт кооперативӣ бо нархи муносиб ба фурӯш мебаровардем. Занҳои кор­гар бо ҷойи кор ва маош таъмин шуданд. Батадриҷ корхонаи мо муваффақ шудан гирифт. Сипас, бо гузашти айём ба ман муяссар гашт, ки охири солҳои навадум на­хустин бор ба Ҷумҳурии исломии Эрон ба саёҳат равам. Пешравиҳои иқтисодӣ ва зебоиҳои ин кишварро дида, ҳасад мебурдам. Маҳз дар ҳамин сафари худ ман ба хулосае омадам, ки як ширкати сайёҳӣ таъ­сис диҳам, то ки ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хориҷа фиристам ва ҳам хориҷиёнро ба Тоҷикистон ба саёҳат биёрам. Ҳамин тавр, Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Бунёд»-ро ташкил кардам. Пас аз он ки корхонаи мо масъулияташ боз густурдатар шуд, ба худ номи «Бунёд-Авиа_Трейвел»-ро гирифт.

— Лутфан дар бораи ҳадафу вазифаҳои корхонаатон ба хонандагон маълумот медодед?

— Самти асосии Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Бунёд-Авиа-Трейвел» сайёҳӣ мебошад. Мо бо ширкатҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ, амсоли Аморати Муттаҳидаи Араб, Чин, Малайзия, Олмон, Ко­реяи ҷанубӣ тариқи шартнома ҳамкорӣ дорем. Дар асоси дар­хост ва муроҷиат хоҳишмандону мутаваҷҷеҳонро аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон барои саёҳат мео­рем ва баръакс шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишварҳо ба саёҳат мефиристем. Ҳадафи аслии мо муаррифии зебоиҳои табиат ва мавзеъҳои табобатии Ватан ба хориҷиён мебошад. Тавре ҳама огоҳанд, баланд бардоштани соҳаи туризм аз барномаҳои муҳимми давлату ҳукумати мост. Бар замми ин, туризм як василаи ҷалби сар­мояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар низ мебошад. Бубинед, оё кам аст маконҳои табобатии Тоҷикистон, ки ба таҷдиду бозсозӣ ниёз доранд? Истифода аз сармояи хориҷӣ барои азнавсозии чунин мавзеъҳо ва уму­ман бунёди меҳмонхонаҳо барои хориҷиён ба манфиати иқтисоди кишвар аст. Корхонаи мо беш аз 22 нафар шаҳрвандро бо ҷойи кор ва маош таъмин мекунад.

Вазифаи дигари «Бунёд-Авиа-Трейвел» ин барои истироҳат ва ҳамзамон барои кор ба хориҷа фиристодани донишҷӯёни кишвар мебошад. Яъне донишҷӯён ҳангоми таътили тобистона метавонанд бо кӯмаки корхонаи мо ба кишварҳои мутараққии хориҷ барои дарёф­ти маблағ тариқи шартнома бо коргоҳҳои ниёзманд сафар кунанд. Дар ин муддат онҳо ҳам таътили ху­дро бо саёҳати ин кишварҳо мегу­заронанд ва ҳам вақти холии худро беҳуда сарф накарда, дар коргоҳҳои он кишварҳо ба коре машғул шуда, маблағи хуб ба даст меоранд. Албат­та дар шароити имрӯза ин беҳтарин амалест барои ҷавонони ниёзман­ди кӯмаки молӣ. Имрӯз ҳастанд ҷавононе, ки аз ҷониби корхонаи мо аз рӯи ин барномаи кориву истироҳатӣ ба мамолики хориҷ раф­таанду ба маблағи ҳатто то 10000 доллар музди кор гирифта баргаш­таанд. Соати корӣ дар кишварҳои мутараққӣ аз 10 то 15 долларро ташкил медиҳад. Мо омодаем, ки ба ҳама ҷавонони хоҳишманд кӯмаки худро расонем.

— Мегӯянд бидуни дастгирӣ муваффақ шудан хеле мушкил аст. Бигӯед, ки дар оғози соҳибкорӣ Шуморо кӣ дастгирӣ карда буд, то имрӯз ба ин дараҷаи фаъо­лият комёб шудед?

— Дуруст аст. Дар оғози фаъолияти соҳибкориям барои таъсиси авва­лин корхонаи дӯзандагиям, ки дар аввали сӯҳбат қайд кардам, ба ман бародарам кӯмаки молӣ карда буд. Охир, ман, ки омӯзгор будаму ба ҷуз маош дигар ҳеҷ даромади пулӣ на­доштам, аз куҷо метавонистам кор­хонаи хусусӣ таъсис диҳам? Ақидаи бунёди як корхонаи дӯзандагӣ ба бародарам маъқул шуд ва ман низ дар тасмими худ устувор будам. Би­нобар ин, он кас ба ман як миқдор маблағ кӯмак карданд ва ин корхо­на ба кор шурӯъ карду Худоро шукр, ки то имрӯз фаъолияташ идома до­рад. Бузурге дар ин маврид фарму­дааст:

Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард!

Хурсандии ман бештар аз он аст, ки корхонаи дӯзандагӣ қисме аз занҳои шаҳрро бо ҷойи кор таъ­мин кардааст.

— Зимни мулоқоти Пре­зиденти кишвар бо соҳибкорон Шумо гуфта будед, ки барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати хусусӣ гардонидани кони ангиш­та «Санғалт» воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба мушкилӣ дучор шудаед ва аз раиси ҷумҳур хоҳиш намудед, то дар ин масъала ба Шумо кӯмак расонад. Бигӯед, ки ин хоҳиши Шумо чӣ натиҷа дод?

— Бале, ман дар мулоқоти раиси ҷумҳур бо соҳибкорон чунин хоҳиш карда будам ва ин хоҳиши ман аз ҷониби мӯҳтарам Президенти киш­варамон дастгирӣ ёфт. Ташаккур ба Ҷаноби Олӣ! Баъдан бо супориши раиси ҷумҳур масъалаи гирифтани иҷозатнома барои хусусӣ гардо­нидани кони ангишти «Санғалт» аз ҷониби мақомоти дахлдор мавриди санҷиш қарор гирифт. Бояд гуфт, ки пас аз санҷишу баррасӣ тамоми ниҳодҳои марбута, амсоли Вазора­ти рушди иқтисод ва савдо, Вазора­ти молия, Вазорати адлия, Вазорати энергетика ва саноат, Кумитаи дав­латии сармоягузорӣ ва идораи ам­воли давлатӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ пешниҳоди моро дасгирӣ карда, ба ҳуҷҷатҳои рас­мии КММ «Бунёд-Авиа-Трейвел» дар мавриди хусусигардонии кони ан­гишти «Санғалт» аз ҷониби корхонаи мазкур имзо гузоштанд. Аммо ҳанӯз масъала ба пуррагӣ ҳалли худро на­ёфтааст. Зеро ҷавоби ниҳоӣ ба кор­хонаи мо аз тарафи Оқил Оқилов — Сарвазири ҶТ гардонида нашудааст. Ҳуҷҷатҳои расмии пешниҳодкардаи корхонаи мо то ҳол зери назорати Сарвазир қарор дорад. Аммо ман умед дорам, ки мӯҳтарам Оқил Оқилов санҷишҳову натиҷагириҳои мақомоти дахлдорро ба назар ги­рифта, иншооллоҳ кӯмаку дасгирии худро аз КММ «Бунёд-Авиа-Трейвел» дареғ намедорад. Ба ҳар ҳол, умед бастан ба ояндаи нек асоси ривоҷи кор аст, зеро маҳз боварӣ ба оян­да соҳибкоронро водор месозад, ки нақшаҳои беҳтару судмандтаре­ро дар идомаи кори худ роҳандозӣ кунанд. Ман ҳамчун соҳибкор ва ҳамчун зан ҳамеша кӯшиш меку­нам, ки ба боварии раҳбарияти киш­вар ва мардуми соҳибтамаддуни тоҷик сазовор бошам.

— Ташаккур ба Шумо барои сӯҳбат, муваффақ бошед!

Мусоҳиб нилуфари СОБИР

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: