Главная > БМСТЖ > Моро таҳдид мекунанд

Моро таҳдид мекунанд

Ҳар як ҳодисае, ки дар ҳаёти ҷомеа ба амал меояд ва аҳамияти иҷтимоию сиёсӣ дорад, мавриди тадқиқоти журналистӣ қарор гирифта, он дар саҳифаи ҳафтанома нашр карда мешавад. Пас аз ба ҳабс ги­рифта шудани директори ҶДММ “Мовароуннаҳр”мо якчанд маводро нашр намудем. Аз он ҷумла маво­деро бо номи “Мовароуннаҳр”-ро кӣ ба наҳр пар­тофтанист?”, ки бо имзои Ҷ.Т.Охонов нашр гардид. Баъди нашри мақола масъулини ҳафтаномаро ба Прокуратураи генералӣ даъват намуда, баёнот ги­рифтанд, ки мақола чӣ хел нашр шуду ҳадаф чист. Чун посух додем, ки ягон ҳадаф надорем ва тибқи самти пешгирифтаи ҳафтанома масъулияти далелҳо бар дӯши муаллифон аст, аз мо маводҳои дар асоси он ин мақола таълифшударо талаб намуданд. Азба­ски пешниҳод намудани мавод боиси ошкор гарди­дани номи шахси ахборотдиҳанда мегардад, тибқи талаби қонун, посух додем, ба суд муроҷиат кунанд. Ба мо чунин дархост фиристоданд:

«Ба директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ Толибов Ҷ. Ҷ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби дархостӣ аз 11.02.2010. таҳти №18/19693 аз Шумо хоҳиш намудааст, ки нусхаи ҳуҷҷатҳои сарчашмавӣ барои мақолаи «Мовароуннаҳр»-ро кӣ ба наҳр партофта­нист?, ки дар шумораи № 03 аз 01.02.2011 соли БМСТЖ-и «Пайванд» чоп шудааст, пешниҳод намоед.

Дар мактуби ҷавобии Шумо таҳти № 12 аз 12.02.2011 сол қайд гардидааст, ки тибқи талаботи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва ди­гар воситаҳои ахбори омма» бе қарори суд сарчашмаи мақолаи мазкур фош карда намешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар банди 1-и моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва ди­гар воситаҳои ахбори омма» қайд гардидааст, ки идораи воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорон ҳуқуқ надо­ранд, номи шахсеро зикр намоянд, ки бо шарти ифшо нашудани номи вай ахбор додааст, ғайр аз мавридҳое, ки суд талаб кунад.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз Шумо ифшо намудани номи шахси ахбордодаро талаб накарда, танҳо пешниҳод намудани маводҳои барои наш­ри ин мақола ҷамъовардашударо дархост намудааст.

Дар ҳолати аз тарафи Шумо бо хоҳиши худ пешниҳод нагардидани ин маводҳо мақомоти тафтишот дар доираи салоҳияти дар қонун пешбинишуда метавонад ба воси­таи гузаронидани ҳаракати тафтишотии ёфта гирифтан ва дар ҳолати зарурияти ниҳоӣ бо воситаи гузаронидани ҳаракати тафтишотии кофтуков маводҳоро дастарс на­мояд.

 

Сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои

махсусан муҳими Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1.

Сангов Ҷ.М.»

 

Пас аз гирифтани ин дархост ҳайрон мондем. Чунки ба мо аз Прокуратураи гене­ралии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02.2010. мактуби дархостӣ дохил нашудааст ва ба “Пайванд” ягон алоқамандӣ надорем. Аз ин лиҳоз нусхаи ҳуҷҷатҳои сарчашмавӣ ба­рои мақолаи «Мовароуннаҳр»-ро кӣ ба наҳр партофтанист?,-ро, ки дар шумораи № 3 аз 1-уми феврали соли 2011 «Пайванд» чоп шу­дааст, пешниҳод карда наметавонем.

Рубрики:БМСТЖ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: