Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Танҳо дертар ақоиди ӯ бо баъзе тобишҳои рангоранг дар эҷодиёти Абуҳаёни Тавҳидӣ, Абулало Мааррӣ (973-1057) ва рубоиёти ҷовидонии Умари Хайём рух намудаанд. «Қуръон» ва дигар китобҳои муқаддасро танқид кардани Ибни Ровандӣ пояи устуво­ри илмӣ-мантиқӣ дошта, назар ба шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ дар дили пайравони динҳо, аз ҷумла ислом, тухми шубҳа ва озодан­деширо парокандааст. «Мумкин аст, ки яке аз қабилаҳои араб аз дигар қабилаҳо дорои за­бони равону фасеҳтаре бошад,- навиштааст Ибни Ровандӣ дар китоби «Зумуррад»-аш, ки онро сарчашмаҳо раддия ба «Қуръон» шумо­ридаанд,- ва гурӯҳе аз ин қабила аз дигар аъ­зоёни он фасеҳзабонтар бошанд. Аз байни ин гурӯҳ яке аз дигарон дар фасоҳат баландтар бошад. Акнун тасаввур кунед, ки ҳамин шах­си фасеҳзабон забони худро дар байни ҳамаи арабҳо паҳн намуд. Дар ин ҳолат фасоҳати он ба форсҳо чӣ муносибате дорад, дар су­рате, ки форсҳо забони арабро тамоман на­медонанд? Он шахси фасеҳзабон чи далеле барои форсҳо дошта метавонад?! Илова ба ин гуфтаҳо донишманди машҳур Муҳаммад Шаҳристонӣ (1096-1153) дар китоби «Ал-Милал» аз номи Ибни Ровандӣ ҳикоят меку­над, ки гуфтааст: «Ба ақидаи Ҷоҳиз, Қуръон ҷасадест, ки метавонад як бор ба шакли мард ва бори дигар ба шахси ҳайвон мубад­дал гардад».

Ибни Ровандӣ китоби худ «Зумуррад»-ро дар қидами (абадӣ будани) олам таълиф на­муда, офаридгори оламро рад менамояд. ӯ кӯшидааст, ки мазҳаби даҳриёнро ислоҳ ва мазҳаби аҳли тавҳидро инкор кунад. Дар ҳафтдаҳ ҷои китоби мазкур ба танқид ва таъ­наи пайғамбари ислом — Муҳаммад пардохта, ӯро дурӯғгӯй шуморидааст ва ба «Қуръон» хурдаҳо гирифтааст. Аз ин ҳам гузашта барои яҳудиён ва насрониён китобе тартиб дода, дар он пайғамбарии Муҳаммадро ботил эъ­лон кардааст.

Нуқтаи назари Ибни Ровандӣ дар пайдои­ши таълимотҳои динӣ ва пайғамбарони гу­ногун ва махсусан пайғамбарони Муҳаммад аз бисёр ҷиҳат ҷолиби диққат буда, бо дақиқназарии материалистиаш аҳамиятнок аст.ӯ сабабҳои асосии пайдоиши назариёти диниро дар оҷизии одамон дар шарҳу ҳалли масъалаҳои табиат ва ҷамъият, тарсу ваҳм, охират ва монанди онҳо мебинад. Ин нуқтаҳо ба назарияҳои муосири илмӣ оид ба пайдои­ши дин, сабабҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва решаҳои психологии он ҳамовозанд. Барои мисол ба ду асари ӯ муроҷиат менамоем. Ибни Ровандӣ дар «Наът-ул-ҳикма» («Дар ситоиши фалсафа») нишон додааст, ки абадӣ мондани гунаҳкорон дар дӯзах эътиқоди қабеҳест, зеро аз ин кор ба Худо ва бандагон манфиате нест. Шахси ҳаким ва доно кори бефоидаро пешаи худ намекунад. Агар дидаву дониста ин кори бефоидаро пеша кунад, ин далели ҷоҳилии вай хоҳад буд. Ибни Ровандӣ дар китоби ди­гараш «Ал-Домиғ» («Далели қотеъ») овардааст, ки ягона даъвое, ки Худо дорад, он ҳам қатл аст. (Ин гуфтаҳоро бо ҳикмати машҳури «Тарсу ваҳм худоҳоро офаридааст», ки олимони муо­сир дар сабаби пайдоиши дин меоварданд, муқоиса карда, ба вусъат ва амиқии афкори илмии Ибни Ровандӣ дар танқиди ҷаҳонбинии динӣ пай бурдан мумкин аст). Қатл — ин кори душманони бадкирдор мебошад. Дар ин ҳолат Худоро ба китобу пайғамбарон чи ҳоҷат аст?! Дар васфи ҷаннат дар «Қуръон» омадааст, ки «дар он дарёҳое аз ширу занҷабил ҷорианд, ки таъмашон тағйир намеёбад». «Шир ҳамон шир аст,- мегӯяд Ровандӣ,- онро ба ғайр аз одами гурусна касе майли нӯшидан надо­рад. Дар китоби худ (Яъне Қуръон) дар бо­раи ас-судус (навъе аз ҳарир) ва ал-истабрақ (дебои дурушт) сухан рондааст, ки аввалиро намепӯшанд, балки дар фарш паҳн мекунанд ва дуввумӣ дебои дурушт аст. Касе тасав­вур кунед, ки дар ҷаннат ин дебои дуруштро мепӯшад ва ширу занҷабил (як навъ шароб) менӯшад, барҳақ худро ба арӯсони курдӣ ва набатӣ мубаддал кардааст!».

Академик И. Крачковский доир ба озодан­дешии Абулалои Мааррӣ дар асараш «Доир ба дастхатҳои арабӣ», ки солҳои Ҷанги Бузур­ги Ватанӣ иншо гардида, сазовори Мукофо­ти Давлатии СССР шуда буд, навиштааст, ки шояд бо ким-кадом тасодуфе ӯро мутаассибо­ни дин пӯст накандаанд. Агар таълимоти Ибни Ровандиро васеътар баррасӣ намоем, он гоҳ бо ҷасорати ин файласуфи озодфикр дар он давраи тираву тор ва ҷаҳолат ангушти ҳайрат мегазем. Яке аз файласуфони асримиёнагӣ Ибни Ҷавзӣ (ваф. 1201 мелодӣ) дар китобаш «Ал-мунтазам фи-т-таърих» (нашри с. 1938 дар Ҳайдарободи Ҳинд) Ибни Ровандиро дар ду­нёи маънавии инсоният «пойдевори мулҳидон ва зиндиқон» номида, таъкид кардааст, ки ӯ на танҳо беасосии таълимоти «Қуръон» ва ну­бувватии Муҳаммад, балки «Таврот»-и яҳудиён ва пайғамбарии Мӯсоро низ беасос дониста­аст. Ибни Ровандӣ ба яҳудиён чунин муроҷиат кардааст: «Шумо ҳам аз номи Мӯсо гӯед, ки вай мегуфт: «Ман охирин пайғамбар ҳастам!». (Ҳамон китоб, саҳ. 153). Бо ин ақидааш Ибни Ровандӣ ба он нуқта ишора намудааст, ки пайғамбари ислом худро «хотим-ул-анбиё» («охирин пайғамбар») мехонд. Ибни Ровандӣ ин фикрро пеш ронда, бо як тир ду нишон задааст: ҳам таълимоти мутаассибони оини яҳудӣ ва ҳам исломро масхара кардааст. Дар таърихи таълимоти даҳригии асримиёнагии ҷаҳон монанди Ибни Ровандӣ кам файласу­феро ёфтан метавон, ки бо чунин далелҳои мантиқӣ ва илмӣ назарияҳои теологии як­чанд динро яку якбора мавриди хӯрдагирӣ ва танқид қарор дода бошад. Ба шаҳодати муаллифи асри ҳафти ҳиҷрӣ (асри ХIII мелодӣ) Ибни Абуҳадид, ки дар китобаш «Наҳҷ-ул-балоға» (нашри Қоҳира, с. 1952, ҷ. 3) овар­дааст «касе аз оқилони дунё ба ин ақида на­рафтаанд, ки вуҷуди парвардигори оламро тамоман инкор кунанд. Вале қавме мақолае таълиф намудаанд, ки мазмунаш чунин аст: ин ҷаҳон бехудост ва аслан офаридгоре надо­рад. Балки ин дунёи ҳамин тавр ҳамеша буд ва бе худову бе соҳиб боқӣ хоҳад монд. Ибни Ровандӣ ин мақоларо гирифта, мазмуни онро дар китоби хеш бо номи «Китоб-ут-тоҷ» такмил дода, тарғиб ва ташвиқ намудааст».

Интиқоди Ровандӣ аз динҳо ва муборизаи ӯ бар зидди хурофотпарастӣ, ки дар он замон мардуми заҳматкашро таҳти қайду асорат нигоҳ медошт, зарбаҳои нишонрасе бар пояи таълимоти динӣ ва сиёсати он аср ворид сох­тааст. Ровандӣ аз муборизони хастагинопа­зири тафаккури илмӣ буд, ки ба қонуниятҳои объективӣ эътиқод дошт ва дахолати ҳар гуна қувваҳои фавқуттабииро дар протсесҳои табиӣ инкор мекард. Ровандӣ на танҳо дар улуми ақлии замонаш, балки дар тамоми улу­ми табиӣ низ устод ва ягонаи даврон будааст. ӯ зарурати табииро ҳамчун қонуни умумӣ ба шакли куллӣ дар назар дошта, дар тамо­ми аносир ва падидаҳо вуҷуд доштани онро эътироф мекард. ӯ пайдоиш ва такомули худбахудии (худҳаракатии) гиёҳ ва ҳайвонро дар мавриди инсон низ содиқ медонад ва мӯътақид аст, ки инсон низ бидуни ҳеҷ гуна омили хориҷӣ (худо) худбахуд ба вуҷуд омада, инкишоф ёфта ва ба камол расидааст.

(Давом дорад)

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Бисёр мешуд, ки дар бозор ду нафар як нафарро бо гуноҳ ё бе гуноҳ мезананд, ҳамин ки шахси солис (сеюм) дар сари даъво ҳозир мешавад, ин низ ба тарафи ду нафари зӯр гузашта, бе таҳқиқу тафтиш ҳамон бечораро задан мегирад. Агар чаш­ми ибрат боз аст, ин як далели кофист ба аҳволи рӯҳияи мардуми Бухоро. Валҳосил (хулоса), маслаки ман ин буд, ки «Аввал тан­вири (равшан намудани) афкор ва нашри улум лозим аст, сонӣ ислоҳот худ ба худ ба иҷбори афкори умумӣ хоҳад шуд. Хулоса: Илм чу ояд, ба ту гӯяд, ки кун». Соири (ҳамаи) тараққипарварон нуқтаҳои фавқро (болоро) дар назар наоварда, гумон мекарданд, ки ҳамин ки дар ҳукумати Русия инқилоб воқеъ шуд, тарди (барҳам задани) идораи ҳукумати Бухоро ҳам ба андак кӯшиш мунқалиб (сарнагун) хоҳад гардид. Ҳатто баъзе сода­дилон мегуфтанд: «Модом ки матлаби мо мувофиқи шариат аст, модом ки муроди мо ободии мамлакат аст, модом ки мудда­ои (мақсади) мо рафоҳияти (некӯаҳволии) раия (омма) аст, чаро уламо ба мо раҳбарӣ накунанд? Чаро аҳоливу раия ёрмандӣ на­намоянд? Модом ки ғарази мо таъмини истиқболи ҳукумат аст, модом ки орзуи мо эҳзору (расидан) ба шавкат ва ҳашаммати ояндаи давлат аст, чаро ҳукумат дар сари ислоҳот наояд? Чаро худ бонии ислоҳот на­шавад? Чаро амири мо ба Николай тақлид кунанд? Чаро хатти ҳаракати императори Ёпунро ба худ сармашқ иттихоз (қабул) наку­нанд? Валҳосил (хулоса), ба ҳамин далелҳои мухолифи илми аҳволи рӯҳ (психология) ва ба ҳамин «чаро»-ҳои зидди қонуни табиат, дар иҷрои ислоҳот яқин доштанд: ба андак ташаббус худро соҳибу роҳбари ислоҳот ба қалам доданӣ буданд, ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо». Чун фақир дар ҳар кор дурбиниву дурандеширо одат карда будам, дар масоили муҳима зиёда диққату эҳтиёт мекардам, фикри ман бо аф­кори соири тараққипарварон ҳамеша мухо­лиф меафтод, лиҳозо (аз ин сабаб) ташаб­бусоташонро аз ман пинҳон медоштанд. Баъзеашон маро баддилу ҷаббон (тарсу) мегуфтанд. Баъзеашон муҳофизакор, бал­ки муртаҷеъ (иртиҷоӣ) меномиданд. Шабе дар хонаи яке аз дӯстон ҳарфи ислоҳу танзи­ми Бухоро ба миён омад, ҳар кас ба тарзи ислоҳот орзуву хаёли худро мегуфт. Фақир гуфтам: «Агар ҳукумат худ дар сари ислоҳ бо­шад ва аз ман суол кунад, ки барои ислоҳоти Бухоро чӣ кардан лозим аст, мегӯям: Ду чиз: Мактаб! Ҷарида!». Соҳибхона ба тарафи ман шӯриш карда гуфт: «Шумо аз аҳволи раия хабар надоред; муомилоти қуззоту ҳуккомро намедонед. Дар ҳар гӯшаи мам­лакат раияи муштипар (заъифу нотавон) дар дасти чанд нафар бедодгар гирифтортар аст, ирзу номусашон дар маърази талаф, молу ҷонашон дар мавқеи тороҷ ва яғмост (ғорат); барои зироат об нест; барои тиҷорат роҳ нест; барои табобат ҳаким, дорухона ва бемористон нест; барои айтолу аҷаза (яти­мону маъюбон) дорулайтом (ятимхона) ва дорулаҷаза (пансионат) нест. Чӣ гуна ақл қабул мекунад ва чӣ тавр виҷдону инсоният розӣ мешавад, ки ҳамин қадар матолиби муҳимаро дар як тараф гузошта, дар паси мактубу ҷаридаи (рӯзнома) шумо гардем ва аз ҳамин Инқилоби Кабир ба ҳамин ҳад қаноат кунем?».

(Давом дорад)

 

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: