Главная > Меҳронаи САБО > Садриддини Наҷмиддин: «Вазорати фарҳанг наметавонад…»

Садриддини Наҷмиддин: «Вазорати фарҳанг наметавонад…»

Одатан сарояндаҳои навроҳ ё онҳое, ки мебинанд эътиборашон дар миё­ни мардум коста шудааст, бо ин ё он васила мехоҳанд худро реклом кунанд. Ин буд, ки даъвати рӯзноманигорон ба як нишасти хабарӣ аз ҷониби овоз­хони шинохта Садриддини Наҷмиддин барои бисёриҳо тааҷҷубангез намуд. Дар аввал ташкилгарони конфронс зиёд шудани овозаҳоро нисбати саро­янда асоси ташкили нишасти хабарӣ унвон карданд. Вале чун ҳеҷ овозаву далел пеш оварда нашуд, хабари ба хориҷа сафар доштани Садриддини Наҷмиддин гумони ҳозиринро, ки ин ҷамъомад таблиғи овозхон асту бас, ба воқеият пайваст. Ба ҳар сурат, сӯҳбат бо овозхон ва ташкилкунандаи консерташ — ширкати бритониёвии «Kiyom Entertainment» дар хориҷи кишвар ба зиёд саволҳои мубрами дунёи шоу-биз посух гуфт.

Муҳоҷирон — таблиғгари овозхонҳо

Маълум шуд, ки овозхони шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин ҳамроҳи ҳунарманди узбекистонӣ Севинч бо ташкилотчигии шир­кати бритониёвии «Kiyom Entertainment» ба шаҳри Новосибирск барои баргузории кон­серти ҳунарӣ мераванд. Дар назар аст, ки си­пас ин ҳунармандон дар шаҳри Ростов консерт намоиш диҳанд. Табиист, ки вақте дар Русия барномаи консертии ҳунарманди тоҷикеро ба нақша мегиранд, маҳз муҳоҷирони меҳнатиро ёд мекунанд. Зеро, ағлаби тамо­шогарон аз ҳисоби онҳо хоҳад буд. Бояд са­рояндагони тоҷик иқрор кунанду сипосгузор ҳам бошанд, ки аз Вазорати фарҳанг дида, нақши муҳоҷирони тоҷик дар таблиғи ҳунари онҳо дар Русия ва фурӯшу паҳн кардани саб­ти сурудҳояшон бештар аст. Худо хайрашонро диҳад!

Бозор-саҳнаи Фарзонаи Хуршед ҷойи Садриддин?

Дигаронро намедонам, аммо ҳар гоҳе, ки дар бораи баргузории консерти овозхо­ни тоҷике дар Русия сухан мекунанд, маро саҳнаҳои фаҳшолудаи Фарзонаи Хуршед дар як гӯшаи чиркини Черкизбозор ба ёд мео­яд. Аз ин лиҳоз, бароям мароқангез буд, ки оё Садриддини Наҷмиддин ҳам дар бозор консерт медода бошад? Маълум шуд, ки не. Тавре раиси ширкати «Kiyom Entertainment» Шафиқуллои Қиём изҳор дошт, ӯ мехоҳад консертҳои Садриддинро на дар кадом як бозор, балки дар толорҳои барҳаво ва бо шароити баланд доир намояд. Табиист, ки муҳайё кардани шароити мусоиду кохи бошукӯҳ маблағи зиёдеро талаб мекунад ва тавре ташкилгарони консерт изҳор медо­ранд, нархи чиптаҳо низ аз бо мутобиқат ба сарфу харҷ муайян мегардад. Кош ин сарфу харҷ ба кисаи муҳоҷири тоҷик мутобиқат ку­над, то як рӯзу як соат ҳам бошад, тавонад роҳат бо забону ҳунару фарҳанги диёр бипай­вандад. Лоақал аз забони худи Садриддин бо боварӣ метавон гуфт, ки ӯ дар Русия на чун бархе овозхонҳо бо забони шикастаи русиву англисӣ, балки тоҷикӣ суруд хоҳад хонд.

Чаро маҳз Севинч?

Маълум аст, ки Садриддин дар Русия мухлиси кам надорад ва муҳоҷирони тоҷик ба ӯ бетаваҷҷӯҳ нахоҳанд буд. Аммо ин са­вол посух мехоҳад, ки чаро маҳз дар ин са­фар Садриддинро намояндаи Узбакистон Севинч ҳамроҳӣ мекунад, на сарояндаи давлати дигар? Дар посух ба ин суол раиси ширкати «Kiyom Entertainment» Шафиқуллои Қиём гуфт: «Мақсади аслӣ ин аст, ки чун дар шаҳри Ростов консертро ба нақша гирифтем, муҳоҷирони Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва Узбекистон инҷо зиёданд. Сабаби интихо­би Садриддин ин буд, ки ӯ дар миёни мардуми ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистону тамоми форсизабонон маҳбубият дорад. Яъне, вақте Садриддин ҳасту ҳама хостаҳои мову тамо­шогарон бароварада мешавад, ман зарурат намедонам, ки ба як овозхони афғон ё фор­сизабони дигар муроҷиат кунам ва маблағи бештаре сарф кунам. Дар мавриди овозхо­ни узбекистонӣ бошад, мардуме аз Русия ба ман имейл заданду хоҳиш карданд, ки чаро як овозхони узбекистонӣ намеояд инҷо? Мақсад, он узбекистониҳое ҳам, ки дур аз диёр ҳастанд, мехоҳанд садои ҳамдиёри ху­дро бишнаванд. Аз ин дархостҳо тасмим шуд, ки Севинч Садриддинро ҳамроҳӣ кунад».

Чунин тарзи масъалагузорӣ саволҳои ди­гареро ба бор овард, ки чаро дархосткунан­дагон ба продюссерҳои узбекистонӣ имейл намезананд, то аз онҳо тақозои ташкили консертҳои сарояндагони Узбакистонро би­кунанду ин талабро аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон мекунанд? Шафиқуллои Қиём дар посух додан ба ин суол оҷиз монд ва гуфт, ки инро бояд аз худи онон пурсид.

Шояд ба миён омадани ин савол бесабаб ҳам набошад. Чун тасмими ташкили консер­ти сарояндагони Узбекистон дар Тоҷикистону хориҷ аз ҷониби ширкатҳои фаъол дар киш­вари мо дар замоне иттифоқ меафтад, ки ширкатҳои узбекистонӣ чунин ташкилотчи­гиро дар мавриди ба хориҷа бурдани саро­яндагони тоҷик роҳандозӣ намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки барои тоҷикони муқими Узбекистон ҳангоми қайди миллат дар шинос­номаашон ва сухан гуфтан бо забони тоҷикӣ монеаҳо мегузоранду бозори овозхонҳои узбек дар Тоҷикистон гардон аст. Инҷо он нуқтаи назар низ садо дод, ки чаро бештар дар сояи сарояндаҳои маъруфи Тоҷикистон овозхони узбакистоние консерт медиҳаду ҳунармандони афғон ё Ҳиндустон ҷалб наме­шаванд?

Шафиқуллои Қиём, ки ташкилгари консертҳои овозхонҳои зиёди эрониву узба­кистонист, аз ҳамкории зичаш бо овозхони афғон Фарҳоди Дарё ва нақшаи минбаъд дар Аврупо бо иштироки ӯву Садриддин ташкил додани консерте ёдовар шуда, гуфт: «Баъ­зе нофаҳмиҳое, ки байни давлатҳои ҳамсоя — Тоҷикистону Узбакистон ҳастанд, ин ба фарҳангу ҳунари мо ҳеҷ дахле надорад. Баръ­акс, эҷодкорон ният доранд, ки марзро аз байни ду кишвари ҳамсарҳад бардоранд».

Шафиқулло гуфт, ки ин интихоб ба рай­ъи ӯву шахсияташ дахл надорад ва даъвати овозхонҳо бо назардошти талаботи мардум ба роҳ монда мешавад.

— Масалан, ман, ки аслан афғонам, бояд афғонҳо камон бардоранд сӯям, ки чаро овозхонҳои афғониро даъват намекунам?,- дар баробари гумагуҳое, ки раиси ширкати «Kiyom Entertainment» Шафиқуллои Қиём узбактаборасту бештар ба овозхонҳои узбак мароқ зоҳир мекунад, суол гузошт ӯ.

Садриддин худро муаррифӣ намуд ё телевизион ӯро?

Ба андешаи Садриддини Наҷмиддин, ба­рои сароянда муҳим он аст, ки барномагузор кӣ аст ва чӣ гунаву дар кадом сатҳ барномаи консертияшро ташкил мекунад:

— Ман тайи чанд сол бо «Kiyom Entertainment» ҳамкорӣ дорам ва шахсан ба роҳбари он эътимод дорам, ки аз ӯҳдаи кори худ мебарояду барномаи мо дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Шахсан барои ман муҳим нест, ки паҳлӯям кадом ҳунарманд аст. Муҳим он аст, ки ӯ ҳунарманди пазируфта бошад ва консерт хуб гузарад, фарқ надорад, ки ӯ аз ка­дом давлат аст.

Дар мавриди он, ки оё намешавад чун як сарояндаи шинохта Садриддини Наҷмиддин паҳлӯи худ як санъаткори навроҳи тоҷикро би­гирад ва барояш шоҳроҳ кушояд, ӯ гуфт, ин во­бастааст на ба ӯ, балки ба роҳбарияти ширкат ва ташкилкунадагони консерт, чун онҳо пеш аз ҳама манфиати тиҷоратии худро мадди на­зар доранду он овозхонҳоеро ҷалб менамо­янд, ки мухлис дошта бошанд, консертро нағз гузаронанд ва ба ширкат низ нафъ биёранд.

Гуфтанист, бояд худи ҳунармандон талош кунанду бо истеъдоди худ таваҷҷӯҳи ширкатҳои саҳмгузорро ҷалб намоянд.

Дар зимн, роҳбари ширкати «Kiyom Entertainment» изҳор дошт, ки бешубҳа ӯ пеш аз ба нақша гирифтани ҳар барномаи консертӣ ва ҷалби ин ё он овозхон то кадом андоза суд ёфтани худро меандешад, ки ба изҳораш, хоси кори ҳар як ташкилот аст. Аммо ӯ мегӯяд, ният дорад дар барномаҳои баъдӣ як чеҳраи наверо, ки ҷое баромад накарда бошад, аз миёни тозаистеъдодҳои ҳунарманд пайдо ва муаррифӣ намояд.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо Садриддини Наҷмиддин изҳор дошт, ки муваффақ шудани ҳунарманд ба худи ӯ вобаста аст ва гилагузорӣ намуд, ки «шахсан маро касе дастгирӣ накар­даст, худам меҳнат кардаму шинохта шудам. Худам ширкати «Kiyom Entertainment»-ро ёф­таму ҳамроҳашон консертҳоямро ба роҳ мон­дам. Ҳамааш кӯшишҳои худам буд».

Аммо, бархилофи иддаоҳояш ӯ он нуқтаи назарро, ки маҳз тавассути телевизиони дав­латии Тоҷикистон миёни мардум шинохта шуд, рад накард.

Шабнам — супер фонограмахон

Дар ин миён баҳси муайян кардани овозхонҳои фонограмахон низ ҷолиб буд. Зикр шуд, ки аксарият аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳам овозхонҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бо лабхонӣ, яъне фонограма баромад мекунанд. Дар ҳоле, ки тамошобин бо биле­ти гарон — 100 сомонӣ ё ҳатто беш аз он во­риди толор мешавад, бархе аз онҳо ин чиз­ро як намуди нақзи ҳуқуқи худ меҳисобанд. Чаро чунин аст? Барои зинда сароидан дар муҳити Тоҷикистон чӣ чиз монеа буда метаво­над? Ва оё он консертҳое, ки ширкати «Kiyom Entertainment» дар Лондону Канада барпо карданист, ҳамин гуна, яъне бо фонограма баргузор мегардад? Дар ҷавоб ба ин суолҳо Шафиқуллои Қиём сири чандин сарояндаро кушоду бебаҳс Шабнамро пеши тамошогаро­ни ҳунараш шармсор кард. ӯ аз ҷумла гуфт: «Овозхон то овозхон дорад. Агар шумо дар ҳар куҷо ки баромади Шабнамро бибинед, ҳама мефаҳмад, ки фонограма мехонад. Ҳар касе мехоҳад, ки ӯро зинда бишнавад, пеш аз оне, ки билет бихарад, бояд нахарад. ӯ зинда намехонад. Валӣ низ болои музик мехонад. Агар ӯ зинда бихонад, он коре, ки рӯи саҳна мекунад, карда наметавонад. На Шабнам, на Валӣ чунин ҳунар надоранд. Уно хез меза­нанд, рақс мекунанд, бо мардум сӯҳбат мена­моянду таҳти фонограма ҳаракат. Овозхонҳое, ки мо инҷо овардем, хелешон зинда хонданд. Муин, Фарҳоди Дарё, Афшин, Бенямин… Инҳо касоне буданд, ки консертро мукаммал зинда доданд. Садриддин касест, ки агар бигуӣ, ки лабхонӣ кун, мегӯяд «ин кори ман нест!». Вале Севинч агар зинда бихонад, мардум мегӯянд, ки ту рақсатро бикун, мо мерем. ӯ фонограма мехонад, то бирақсад. Барои ҳаминам, дар Растов Садриддин зинда суруд хоҳад хонду Севинч бо фонограма».

Нотавонии Вазорати фарҳанг

Дар мавриди он, ки чаро Садридди­ни Наҷмиддин ҳамеша такя ба ширкатҳои тиҷоративу хусусӣ дорад ва чӣ мушкил вуҷуд дорад, то дар ҳамкорӣ бо мақомоти Вазорати фарҳанг сафарҳои ҳунарии худро дар хориҷ ба роҳ монад, овозхон гуфт:

— Вазорати фарҳанг имрӯз он тавонеро на­дорад, ки барномаҳои консертии сароянда­гони машҳурро дар сатҳи баланд ва бо табъи дили мо дар хориҷа ба роҳ монад. Агар ҳар ташкилоти давлатие, ки битавонад дар хориҷ барномаи моро ташкил кунад, мо омодаи ҳунарнамоием.

Тавре Садриддини Наҷмиддин изҳор дошт, ӯ айни замон бо Вазорати фарҳанг ҳамкорӣ доштаву барои ин сафар низ бо сохтори ва­зорат ҳамоҳангӣ шудааст ва монеае вуҷуд надорад.

Дар робита ба мушкилоти овозхонҳо барои баргузор намудани консертҳояшон дар дохили кишвар продюссери Садриддин — Қамариддин Мирзоев набудани толорҳои калону бештари консертӣ ва нархи гарони онҳоро асос донист.

— Мо дар Тоҷикистон ҳамагӣ як толори ка­лон дорем — Кохи Борбад, ки ҳамагӣ 1900 на­фар одам мебарад. Як-ду ҳафта пеш як зумра меҳмонони хориҷӣ омада буданд, то барои даъвати як теъдод овозхонҳои дигар мусоидат кунанд. Онҳо мехостанд бо иштироки Садрид­дину Шабнам ва дигар сарояндаҳои форсиза­бон консерти ҷадиде гузоранд. Вақте ки ома­данд, масрафи кохро ҳисоб кардем, 18 ҳазор доллари амрикоӣ мешуд. 9 ҳазор доллар ме­гирад, чунин шароит пешниҳод мекунад: ба зали холӣ даро, ки зали Борбади мо аз берун хунуктар аст. Барф буду вақте он сармоягузо­рони хориҷӣ толор даромаданд, гуфтанд, ки биёед берун бароем, берун гармтар аст. Ҳозир як ҳафта пешакӣ, билет нафурӯхта, рӯзу соати консертро маълум накарда, бояд хароҷоти залро пардохт кунӣ. Онҳо 9 ҳазор долларро ба пули тоҷикӣ баргардониданд ва баъд ҳар як нишастгоҳи Кохи Борбадро ҳисоб карданд. Пеш аз оне ки ҳунарманд рӯйи саҳна биёяду дигар масрафашро карда, консерт диҳад, як сандалии ҷойи нишаст аз 55 сомонӣ болотар мешавад. Ин барои Садриддин 9 ҳазор дол­лар. Ҳол он ки, дар севуним ҳазор доллари дигар бояд Садиддин таҷҳизоти садоафканӣ биёрад то зинда сарояд,- изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Қамариддин Мирзоев, ин харҷ барои даъвати овозхонҳои хориҷӣ гаронтар меафтад, чун масрафи роҳ худаш 5 ҳазор дол­лар омаду баргашт мешавад. Баъдан, ҷойи хоб, хурду хӯрок ва чандин масрафоти дигар, ки ройгон касе таъминат намекунад.

Ногуфта намонад, ки ширкати «Kiyom Entertainment» аз рӯи қарордоди ҳамкорӣ бо Садриддини Наҷмиддин дар оянда гузаро­нидани барномаи консертиро бо иштироки Валӣ ва Садриддин дар Канада ба нақша гирифтааст. Табиист, ки онҷо низ Валӣ бо фо­нограма суруд мехонаду Садриддин зинда ме­сарояд. Ҳамчунин, тасмим аст, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки сарояндагони се кишвар — Тоҷикистон, Эрон ва Узбекистон як консерти муштарак дар Кохи Борбад ташкил намоянд.

Меҳронаи САБО

Рубрики:Меҳронаи САБО
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: