Главная > Иқболи САИДЗОД > Табартақсими оби минтақа

Табартақсими оби минтақа

Самарқанду Бухороро бахшидем, акнун навбати Сиру Омӯст?

Ширкати швейтсариягии «Poyry Energy» барандаи тендери тарҳи эколо­гии «Роғун» гаштааст. Ба иттилои масъу­лини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ин тендер ё музояда соли гу­зашта баргузор шуда, дар он чор ширкат, аз ҷумла «Poyry Energy»-и Швейтсария, «Foster Wheeler», «Sterling International Group»-и Амрико ва «Associates Ltd»-и Ҷопон иштирок доштанд. Зимнан, тарҳрезии барномаи фаннӣ ва иқтисодии сохтмони «Роғун»-ро консорсиуми байнал­милалии иборат аз се ширкат: «Coyne et Bellier Consulting Enggineers»-и Фаронса, «Electroconsult»-и Италия ва «IPA Energy Water Consulting»-и Британия бар ӯҳда доранд. Агар натиҷаи ташхиси экологӣ ва фанниву иқтисодӣ ба нафъи Тоҷикистон тамом шавад, дар он сурат Бонки ҷаҳонӣ муваззаф аст барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» консорсиюми байналмилалӣ таш­кил кунад ва сармоягузор пайдо намояд.

Баҳс сари баррасии тарҳи сохтмони «Роғун» аз ҷиҳати экологӣ, техникӣ ва иқтисодӣ аз оғози тасмими Тоҷикистон барои бунёди ин нерӯгоҳ шурӯъ шуд. Ба­рои бовар кунонидани кишварҳои поёно­би минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бунёди «Роғун» ҳеч асари манфие ба бор нахоҳад овард, Тоҷикистон тасмим гирифт барра­сии комил дар мавриди ин нерӯгоҳ сурат гирад, то паёмадҳои он омӯхта шавад. Бонки ҷаҳонӣ баррасии тарҳи экологӣ, фаннӣ ва иқтисодии «Роғун»-ро ба ӯҳда гирифт ва то кунун идома дорад. Вале ба наздикӣ созмонҳои экологиву захоири оби Узбекистон аз Бонки ҷаҳонӣ дархост карданд, ки бояд баррасии «мунсифо­нае» дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» анҷом диҳад. Ба иддаои онҳо, Бонки ҷаҳонӣ аз бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҷонибдорӣ мекардааст ва барои корҳои сохтмонӣ сармоя ҷудо кардааст. Вале ин дархости созмонҳои экологии Узба­кистонро Бонки ҷаҳонӣ рад кард ва гуфт, ки аллакай баррасии ҳаматарафаи тарҳи ин нерӯгоҳ бо дархости худи Тоҷикистон шурӯъ шудааст ва Бонки ҷаҳонӣ бидуни мавқеъгирӣ, мунсифона онро бозрасӣ хоҳад кард.

Ҳоло мавзӯи муҳим ин аст, ки натиҷаи бозрасӣ чӣ мешавад ва нерӯгоҳи «Роғун» кай бунёд хоҳад шуд? Зеро аз оғози бу­нёди нерӯгоҳ то имрӯз Узбекистон му­холифи бунёди он аст ва рӯйрост даъво мекунад, ки то охир зидди бунёди «Роғун» хоҳад монд. Пас аз тасмими Тоҷикистон дар мавриди сохтани нерӯгоҳи мазкур муносибати ин ду кишвар то андозае сард гашта, баҳсу мухолифатҳо сари ин мавзӯъ тезутунд мегаштанд. Дар ниҳояти кор Узбекистон интиқоли ҳама гуна молу масолеҳи сохтмониро, ки тавассути қатора аз қаламрави кишвараш ба хоки Тоҷикистон ворид мешуд, манъ кард. Аз охирҳои соли 2009 то нимаи соли 2010 беш аз 2000 вагони молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷик дар қаламрави Узбе­кистон бо баҳонаи сохтаи масъулини роҳи ин кишвар, ки гӯё як қисмати роҳи оҳанро сел вайрон кардааст, боздошта шуд. Вале натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки хароб шудани роҳи оҳани ҳамсоякишвар баҳонае беш нест ва танҳо ҳадаф аз ин фишор овардан ба Тоҷикистон аст, ки аз тасмими бунёди нерӯгоҳи «Роғун» даст кашад. Дар ин марҳила ба иқтисоди Тоҷикистон аз сабаби интиқол наётани молу маҳсулот тавассути қатора зарари калон расид. Вале баъд аз ҳушдори раи­си ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Узбакистон розӣ шуд, ки вагонҳои молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷикро, ки ба бунёди «Роғун» ҳеч рабте надошт, иҷозаи интиқол диҳад. Вале ба таври рӯшан эъ­лом дошт, ки ҳар вагони молу маҳсулоте, ки марбут ба сохтмони «Роғун» аст, иҷозаи гузаштан нахоҳад дод ва то имрӯз чунин ҳолат идома дорад. Ҳатто дар як маврид Тоҷикистон ба қисмҳои электрикӣ эҳтиёҷ пайдо кард, ки барои «Роғун» зарур буд ва онро ноилоҷ тавассути ҳавопаймо во­риди кишвар сохт. Дар ин муддат Узбеки­стон аз ҳама гуна фишангҳое истифода мебурд, то ба Тоҷикистон фишор оварад ва аз раъйаш дар мавриди сохтмони «Роғун» бозгардонад. Замоне эътирозҳои ба ном «мардумӣ»-ро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ташкил кард, ки онҳо аз за­рари экологии корхонаи алюминии Талко изҳори нигаронӣ мекарданд ва дархости барҳам додани онро талаб мекарданд. Иддао мекарданд, ки гӯё фаъолияти ин ширкат дар назди марз ҷони мардуми наздисарҳадии ӯзбекистонро ба хатар мувоҷеҳ сохтааст. Аммо дар асл бо дале­ли он ки аз куҷое маълумот дарёфт карда­анд, ки гӯё ширкати «Талко» барои «Роғун» масолеҳи сохтмонӣ ворид мекунад, ин намоишро ташкил кардаанд. Даъво ме­карданд, ки корхонаи алюминийи тоҷик экологияи онҳоро вайрон мекунад, аммо дар Бекободи Узбекистон корхонаи ме­таллургие фаъолият дорад, ки экологияи қисмати шимоли Тоҷикистонро хароб карда истодааст ва мардуми тоҷикро марг таҳдид намекунад, аммо мардуми узбак бошанд, аз кашидани дуди ғализи корхонаи алюминий «ҷон» медиҳанд. Пас аз оғози бозрасии тарҳи «Роғун» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ фишори дигари Узбекистон эҳсос мешуд. Тоҷикистон барои се ноҳияаш — Панҷакент, Айнӣ ва Масчоҳ тариқи шартнома аз Узбакистон бо қимати 4-сентӣ нерӯи барқ ворид мекард, аммо аз соли нав арзиши онро кишвари ҳамсоя ба 4,7 сент боло бур­да, мардумро ба танг овард. Тоҷикистон маҷбур шуд, ки аз истифодаи нерӯи барқи гарони Узбекистон даст кашад ва мардуми ин навоҳиро аз ҳисоби барқи дохилӣ, бо тартиби як рӯз пас (через день) муваққатан таъмин намояд. Дар фелентоне журналист Сафват Бурҳонов фишорҳои Ислом Каримов — президенти Узбекистонро алайҳи Тоҷикистон кори хубе арзёбӣ карда буд, ки боиси пеш­рафти он соҳа дар мо хоҳад шуд ва ин то андозае воқеият дорад. Масалан, агар Узбекистон аз системаи воҳиди энергетикӣ ҷудо шуд, Тоҷикистон талош кард, ки бо барқи худӣ мардумро таъмин намояд, ё агар Каримов сарҳадро баст, Тоҷикистон маҷбур ба кушодани нақб оғоз кард ва ҳамин тавр дар ҳар бахше, ки Каримов монеа эҷод менамояд, он бахш рушд мекунад. Ҳатто аз ташрифи Пан Ги Мун — дабири кулли Созмони мил­лали муттаҳид ба Осиёи Марказӣ Кари­мов ба манфиати худ истифода кардан хост ва дар Қароқалпоқистон мардумро ҷамъ оварда, ба пешвози Пан Ги Мун на­моиши эътирозӣ доир кард. Як мӯйсафед дар он ҷо бо нигаронӣ «спектакл» иҷро кард, ки гӯё аз сабаби бунёди «Роғун» ва кам шудани об тамоми киштзорҳои онҳо хушк шудаву аз беобӣ сӯхта рафтаанд. Вале Пан Ги Мун дар ҳайрат буд, ки ҳоло «Роғун» бунёд на­шуда, чӣ гуна дар хушк шудани об Тоҷикистонро муқассир медонанд. Дар асл ба хушк шудани киштзорҳои Қароқалпоқистон пахтазорҳои худи даштҳои Узбекистон сабаб гаш­таанд, ки барои нигоҳубини онҳо оби зиёд масраф мешавад. Ҳатто гуфта мешавад, ки Узбекистон аз оби дарёҳои Сир ва Омӯ дар қаламраваш нерӯгоҳҳои зиёд сохта ба истифода додааст ва аз ин ҳисоб оби баҳри Арал кам гаштааст. Яъне Узбекистон барои истифодаи об аз касе иҷоза намепурсад ва ба кам­шавии оби Арал худаш муқассир аст, аммо айбро ба гардани дига­рон бор кардан мехоҳад.

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чу­нин фишоровариҳо ба охир мерасад ё боз идома пайдо хоҳад кард? Дар ин бора коршиносон назароти мух­талиф доранд. Ба эътиқоди Абдуғанӣ Маҳмадазимов — таҳлилгари ма­соили сиёсӣ, тарҳрезии барномаи экологӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи «Роғун» аз сӯи ширкати маъруфи швейтсариягӣ ба иддаоҳои Узба­кистон монеа шуда наметавонад. Вай мегӯяд, то замоне, ки агрегати аввали нерӯгоҳи «Роғун»-ро ба исти­фода надиҳем, гурӯҳҳои алоқаманд дар Узбекистон аз номи ҳукумат ва ё ҷунбиши экологӣ иддаоҳои худро ироа мекунад. Вале замоне, ки агрегати аввали ин нерӯгоҳ ба ис­тифода дода шуд ва бебозгаштии ин раванд собит шуд, Узбекистон барои истифода аз захираҳои оби минтақа ва обёрии заминҳояш бо Тоҷикистон сари мизи гуфтугӯ хоҳад нишаст.

Аммо иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки Узбекистон то лаҳзаҳои охирин алайҳи бунёди «Роғун» мухолифат нишон медиҳад ва эҳтимолан, дар сурати мустаҳкам кардани равобити ҳамкориҳояш бо ҷаҳони Ғарб мехоҳад сари тасмими нерӯгоҳи «Роғун» таъсиргузор бо­шад. Коршиносон мегӯянд, ки сиё­сат — ин пеш аз ҳама манфиат аст ва шояд Каримови як вақтҳо дар Ғарб чун диктатор «имиҷ» касбкарда бо­вар дорад, ки дар давраи бозрасии тарҳи «Роғун» ба кишварҳои Ғарб, Аврупову Амрико ва созмонҳои бо­нуфуз худро наздик кунад ва нишон диҳад, ки манфиати онҳоро метаво­над бароварда созад ва бозрасиро ба фоидаи худ анҷом диҳад.

Вале дар ҳамин ҳол корши­носи тоҷик Шамсиддин Ҳалимов мегӯяд, ки бозрасии тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» ба ӯҳдаи Бонки ҷаҳонист ва ин созмон иброз доштааст, ки мавқеъгирӣ нахоҳад кард, балки мунсифона натиҷаи бозрасиро эъ­лом хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ягона роҳ эътимод кардан ба қавли масъулини Бонки ҷаҳонӣ аст, ки метавонад сарнавишти минбаъ­даи рушди иқтисоди Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказиро муай­ян кунад.

Аммо мавқеъгирии иддае аз коршиносони хориҷӣ ба манфиати Узбекистон дар ҳоли ҳозир то андо­зае ба мушоҳида мерасад. Маса­лан, як коршиноси рус дар рӯзномаи «Независимая газета» гуфтааст, ки масъалаи об дар Осиёи Марказӣ марбут ба ҳамаи кишварҳои ин минтақа аст ва Тоҷикистону Қирғизистон ҳеч тасмимеро бидуни иҷозаи кишварҳои поёноб гирифта наметавонанд. Аммо тааҷҷубовар аст, ки Тоҷикистон дар саргаҳи об қарор дошта, танҳо 5 дар сади онро истифода мекунад ва Узбекистон бидуни иҷозаи кишварҳои минтақа аз оби дарёҳо нерӯгоҳ месозад ва боқимондаи онро тавассути каналҳо ба пахтазораш мекашад ва бо ин роҳ оби Аралро хушк ме­кунаду боз Тоҷикистонро муттаҳам карданист, ки барои тар кадани ҳалқ бо як чакра об иҷоза лозим аст ва ин як чакра боиси хушксолӣ дар минтақа мегардад. Ба назар чунин мерасад, ки дар тақсими об ҳам аз усули «табартақсим» кор бурданианд. Замони Шӯравӣ ҳангоми тақсимоти миллии марзҳо пантуркистон ва дастандаркоро­ни рус аз чунин усул кор гирифта, Тоҷикистонро аз Самарқанду Бухо­ро, ки маркази тоҷикони асил ба шумор мерафт, маҳрум сохтанд. Ҳамакнун мехоҳанд дар истифо­даи об ҳам аз усули «табартақсим» кор гирифта, Тоҷикистонро аз ис­тифодаи ҳамон 5 дар сади об ҳам маҳрум кунанд. Намедонам, инро чӣ гуна бояд қабул кунам: Чанбарак дар дасти ронандаи тоҷик аст, аммо дигарон мехоҳанд хатсайри мошин­ро муайян кунанд, яъне онро идора намоянд.

Ҳоло Тоҷикистон тасмим до­рад, ки дар сурати анҷом шудани бозрасӣ ба манфиаташ соли 2013 ду агрегатро мавриди истифода қарор диҳад. Мақомот мегӯянд, ки корҳои барқарокунии сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ идома дорад ва давлат дар соли ҷорӣ барои идомаи ин корҳо ҳудуди 850 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

  1. Dilovar
    Март 9, 2011 в 12:14 пп

    Barodaron ba firkam az intikhobi in shirkat allakay mo Tojikon bokhtem.Dar dokhili kishvar ki az in shirkat tarafdori namudaast nomalum.
    Dukkhtari Islom Karmimuff muovini vaziri korhoi khoriji mebohad.Ayni zamon safiri dar Jeneva ast .KAYHO ONROHO YANI IN FIRMARO rozi karddast

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: