Главная > Uncategorized > Чор рӯзе, ки 12 сол шуд

Чор рӯзе, ки 12 сол шуд

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти мамлакат 10-уми феврали соли ҷорӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Тоҷикистон ва мардуми он як дарси олии ватандӯстӣ гашт…

Ман дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар гармою сармо, шабу рӯз гурӯснаю таш­на бошам ҳам, бо халқҳои бародари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як тика нонро бо ҳам дида, оқибат фашистонро мағлуб намудем. Он вақт мардум бо ҳамдигар меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ доштанд, фиребу дурӯғгӯӣ, хиёнат гуноҳи азим ҳисоб мешуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, кӯдакони бепарастору ятим ҳамаҷониба кӯмак расонида, аз дигар мансабдорону курсишинҳо такрори ин амал­ро аз ҷонибашон талаб мекунад. Вале…

Ҳастанд амалдороне, ки ман аз онҳо ёр­дами молиявӣ намепурсам, балки ҳимояи ҳуқуқҳои хешро аз қаллобон, дуздон на як бору ду бор хаттию шифоҳӣ пурсидаам.

Дар прокуратура, суд ва ШКД-и шаҳри Ваҳдат ҳастанд шахсоне, ки президенти кишвар дар бораашон гуфтааст: «… Яке аз сабабҳои вазъияти ташвишовари баамало­мада ин муносибати сарсарӣ, фориғболонаи сохторҳои низомии кишвар дар иҷрои вазифаҳои хизматии ба зиммаашон қарордошта ва то андозае паст гардидани ҳисси масъулиятшиносии онҳо мебошад, ки гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва қувваҳои носолими ҷомеа аз чунин ҳолат истифода намуда, даст ба амалҳои террористӣ, кушторҳои ваҳшиёна ва амалӣ намудани мақсадҳои душманони миллату давлат зада истодаанд…».

Пеш аз ин дар ҳафтаномаи «Пайкон» доир ба беадолатии судҳо дар ҳалли қазияи баҳси манзил баромад карда будам, вале барома­ди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ман нерӯ ва умед ато кард, то ки ин масъа­ларо низ рӯйи коғаз оварам.

Ҳанӯз соли 2002 ба сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат Қ. Дӯстов чунин муроҷиати хаттӣ карда будам:

«Эҳтиромона ба Шумо маълум менамо­ям, ки ман дар моҳи октябри соли 2007 ба Суди шаҳри Ваҳдат бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани қарз муроҷиат карда будам. Аризаамро ман бо он асоснок карда будам, ки сокини деҳаи Ганҷбори ҷамоати деҳоти Р. Исмоилов Қаландаров Иззатулло дар моҳи сентябри соли 1999 аз ман маблағи калонро ҳамчун қарз гирифта, онро то ҳоло бар нагар­дондааст.

Суд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на­будани Қаландаров Иззатуллоро ба назар ги­рифта, барои ҷустуҷӯ кардани ӯ ба Шумо бо мактуби 1176 аз 19-уми октябри соли 2007 муроҷиат карда буд.

Аз муроҷиати суд ба унвонии Шумо вақти зиёд гузашта бошад ҳам, то ҳоло ягон маълу­мот дар бораи И. Қаландаров ба суд пешниҳод нагардидааст.

Оилаи И. Қаландаров дар деҳаи Ганҷбор сукунат дошта, бо ӯ доимо дар тамос ме­бошанд. Онҳо ҷойи буду бош ва зиндагии Қаландаров Иззатуллоро медонанд.

Бинобар ҳамин, аз Шумо хоҳиш менамо­ям, ки барои пайдо кардани И. Қаландаров ба ман кӯмак намоед».

Ба ҷойи кӯмак, собиқ корманди ШКД-и шаҳри Ваҳдат Довуд Гурезов (ҳоло вази­фадори ВКД-и ҷумҳурӣ) шиносномаи И. Қаландаровро бо баҳонаи ӯро аз рӯйи рас­маш пайдо кардан аз ман гирифту бо ҳамин И. Қаландаров аз Тоҷикистон рафт…

Баъд 10-уми майи соли 2010 ба Прези­денти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Прокуро­ри генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. О. Са­лимзода аризаи зеринро фиристодам:

«Ҷаноби Олӣ, аз Шумо хоҳиш мекунам, ки нисбати кушодани кори ҷиноӣ аз бо­лои Қаландаров Иззатулло (сокини деҳаи Ганҷбори ҷамоати деҳоти Р. Исмоилови шаҳри Ваҳдат) ба ман кӯмак расонед. Зеро И. Қаландаров бо фиреб ва сӯистифода аз боварӣ 16-уми сентябр аз ман 500 (панҷсад) ҳазор ва 23-юми сентябри соли 1999 боз 120 (як саду бист) ҳазор пули тоҷикӣ қарз гирифта, забонхат (замима мешавад) навишта буд. Аз байн 12 сол гузашта бошад ҳам, ӯ то ба имрӯз маро фиреб дода, гурехта гаштааст.

31-уми июли соли 2002 ба сардори ШКД-и шаҳри Ваҳдат К. Дӯстов дар ин бора ариза (замима мешавад) навишта будам, вале онҳо ягон чора надиданд.

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки нисбати И. Қаландаров бо дастрасии моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ) кори ҷиноятӣ оғоз карда шавад».

24-уми майи соли 2010 аз Прокуратураи Генералӣ ба номи прокурори шаҳри Ваҳдат, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 К. М. Муҳаббатов ва ман чунин нома омад:

“Ба Шумо барои баррасӣ намудан ва ан­дешидани чораҳои қонунӣ аризаи шаҳрванд П. Ашӯров оиди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ каши­дани И. Қаландаров фиристонида мешавад.

Хоҳишмандам ваҷҳҳои дар ариза овар­дашударо бо пуррагӣ санҷида, аз натиҷаи санҷиш ва чораҳои андешидашуда ба муал­лиф хабар диҳед.

Замима: ариза дар 4 саҳифа.

Сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти ВКД ҶТ ва дар АНМН мушови­ри давлатии адлияи дараҷаи 3 М. Х. Алиев”.

Аз забонхати И. Қаландаров маълум ме­шавад, ки ӯ маблағи қарзгирифтаашро пас аз чор рӯз бармегардонад, дар акси ҳол хонааш­ро фурӯхта, бо фоиз маблағи маро бармегар­донад. Лекин ин чор рӯз 12 сол шуд. Ман дар тӯл кашидани ин масъала пеш аз ҳама киро гунаҳкор шуморам?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои амният қайд на­муд, ки сафи кормандони тасодуфии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ин вазифа нолоиқанд, ба шаъни мақомот иснод меоранд.

Шояд акнун прокуратура, суду ШКД-и шаҳри Ваҳдат дафтари аъмоли И. Қаландаровро варақгардон карда, нишон диҳанд, ки шаҳр бедарвоза несту шаҳриёр дорад?

Пир АШӯРОВ,

маъюби гурӯҳи 2-и

Ҷанги Бузурги Ватанӣ,

сокини кӯчаи Саъдӣ 7-и

шаҳри Ваҳдат

Таснифи Ваҳҳоби ЛАТИФ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: