Главная > Акаи Ҷалил > Шер бо шер, қурбоққа бо қурбоққа

Шер бо шер, қурбоққа бо қурбоққа

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Худам чойи кабута баҳузур фурт кашида, дар курсии мулоимам мешинаму кнопкара зер мекунам, ки сар диҳед хушомадгӯра. Баъд хушомадгӯ аз ҳамон ҷое, ки рангу раҳмашта намебинам, ба зону зада омадан мегирад. То пеши ман омадан зонуҳош лақ ки шуд, ба чорғовравӣ медарояд. Ана акнун боз тасав­вур кунед, ки ҳамин хел қафонокӣ рафтанаш даркор. Тамошош кайф дорад бачаҳалока. Ин тарзи қабул фақат барои хушомадгӯҳо, то ин ки шояд аз хушомад сер шаванд баъди ин.

Додарҳои лахти ҷигар, боз нагӯед, ки акаи Ҷалилмон муҳобот мекунаду гоҳ-гоҳ аз ҳад мегузаронад. Барои таҷриба худтон но­маълум карда, дар ҷойи кортон овоза паҳн кунед, ки ягон вазифаи калон мегиред. Ана баъд меоянду мераванде… Аҷоибаш боз дар он аст, ки хушомадгӯҳо ҳамаш гӯё аз як тухм баромадагӣ, ба гуфти русҳо дабраволес. Ман­саби вазнинтар, ки дошта бошӣ, мехоҳӣ ё не, омада вазифашона иҷро кардан мегиранд. Чунон таърифу тавсифат мекунанд, ки ҳайрон мемонӣ. Агар мансаби аз ҳад даркорӣ дошта бошӣ, болот ҷангу талош мекунанд, гапҳои коғазпечу културнӣ меёбанду меган, якди­гаршона бад мебинанд, сиёҳ мекунанд. Гӯё мактабша хондаанд: дар вақташ хушу балеву туғрӣ гуфтан, туфлира тоза кардану пеши по мондан, таъзим, табассум, хандидан, анекдо­ди хуб гуфтан, гапи калона об додан, баробари ӯ зиқ шудан, пуштнокӣ рафтан, сар хам, фук то болои ноф, хулласи калом — дар таги пӯст ҷо шуда тонистану агар имконаш бошад, рулша ин тарафу он тараф тоб додан. Бачаҳалокҳо ранги пӯсти пиёзанд. Хӯҷаин мардума чунон мепечонанд аз ҳар тараф, ки дигар ҳавоера нафас мекашад, ки ҳамин атрофиҳо нафас кашидан мехоҳанд, гаперо мешунавад, ки ҳамин атрофиҳош шунавидан мехоҳанд.

Мана дар шаҳр, дар ҳамсоягии писарам директори ким-кадом корхонае зиндагӣ ме­кунад. Уҳу, дар байни се-чор рӯзи шаҳр буда­нам, чӣ чизҳоера мушоҳида накардам… Баъд писарам гуфт, ки корхона кайҳо тарака шуда­ву ҳозир ба номаш вуҷуд дорад…

Чанд вақт пеш дар шаҳраму як шиноси писарам дар бораи ҷанозаву маъракаи ким-кадом кампире бисёр ҷиддӣ гап мезанад. Аз оҳанги гапаш ман гумон кардам, ки ягон ода­ми наздикаш аст. Ман ҳам як дуо хондаму ба­чаро дилдиҳиву дилбардорӣ карданӣ шудам.

— Не амакӣ,- гуфт ӯ,- кампир ягон хеш-пешам нест. Кампир ирунда! Ғараз аз даво­дави ман дар маросиму маъракаи ӯ наздик шудан бо домодаш аст. ӯ одами калон, дар ҳамин хел рӯзҳо ба чанг нағалтад, дигарбора ёфтану ҳамроҳаш маслиҳат кардан мушкил…

Хайр, гуфти ӯ бача, бало ба паси ин кам­пир ҳам. Аслан мақсади акатон аз ин қадар гич кардани майнаҳои шумо ба хотир овар­дани як ҳодиса буд. Дар солҳое, ки мисли шумо ҷавон будаму ҷигити чор кас медидагӣ, Ҷумъа гуфтанӣ як ҷӯра доштам. Бачаи баақл, мефаҳмидагӣ, чаққон, лекин як ода­таш ҳич ба ман маъқул набуд. Ҳамин исқотӣ хушомадгӯиву калонбозира бисёр дӯст ме­дошт. Корера ки бе ягон мушкилӣ ҳал мешуд, ҳатман чанд каса воситаву боз чанд каси ди­гара страхофка мекард. Баъди кор буд шудан ҳар кадомаш чашминтизор, ки ин бача фикри мора дошта бошад ё не. ӯ чӣ кор мекард? Се-чор пули ҷамъкардагиша бозорӣ мекарду меовард ҳамаи ин шикамчаронҳора хонаш. Баъди рафтани онҳо медавид чор тараф ба­рои қарзу фарз. Кӯдакҳош дар хона гӯшна. Чанд бор фаҳмондамаш, бефойда, пашораш мебурд.

Як рӯз гуфт, ки як одам вазифа гирифтаст, ӯ қатӣ часпондан даркор. Пас аз чанд рӯз дар бозори шаҳр ҳамроҳем, ки ҳамон одама дид. Ана акнун кори мара бало зад. Барои бачу кач ду-се чиз хариданӣ будам, нашуд. Мега, ки ҳозир бояд як илоҷ карда, ба ӯ часпонам. Он одам ҳамроҳи се-чор нафари дигар буд. Меравем аз қафошон соя ворӣ. Ҷумъа пеш-пешу ман аз ақиби ӯ. Мансабдор ягон чиз ха­ридан мехоҳаду даррав одамҳош серҳаракат мешаванд, ҳар кадом баақливу кордониша нишон доданӣ. Ҷумъаи мо ҳам ҷӯр мешавад ҳамроҳшон. Яке бинам, ки Ҷумъаи мо гӯё аз ҳамон гурӯҳ бошад: гап медиҳад, механдад, хандонданӣ мешавад.

Ҳамаш ҳамин хел нағз мерафту яке буд, ки кор расво шуд. Дар як ҷойи серодам ким-чи чизи қимата савдо мекарданд. Боз як каллағафи дигар чӣ даъвое дошт бо соҳиби мол. Ин гурӯҳи мо аз думколаш будагӣ ҳам ба савдо қуш шуд. Намедонам дар байн чӣ бигӯбигӯву бидорбидоре шуду хест ҷанҷол. Ин каллағафси гуфтагимон дар атрофаш боз чанд каси дигар доштаст. Дар ҳамин вақт Ҷумъаи мо хост худша нишон диҳад. Чизе гуфту чӣ ақлакие кард, ки на ба ин тараф маъқул шуду на ба он тараф. Шуд ҷанҷолу кашокаш. Аз ду тараф ҷӯраи мора чунон таги мушту лағат ги­рифтанд, ки қиёмат қоим шуд. Аҷибаш он буд, ки каллағафс мега ин одами шумост, мансаб­доре ки Ҷумъа часпонданӣ буд, нӣ ҳамин гапа мега. Ҷумъаи тарит шудагӣ дар як кунҷ базӯр-базӯр нолиш дорад. Ман ки аз ин кор хеле мазза карда будаму таги дил механдидам, ба даъвогарон гуфтам, ки ин дӯсти ман аст, ка­сали рӯҳӣ дорад, табобат кор надод, мумкин ҳамин мушту лағати хӯрдагӣ фойда кунад. ӯҳо гапи мара ҷиддӣ фаҳмида, раҳмшон омад. Ҳамоне ки ҷӯрамон часпонданӣ буд «барои дору-пору» гуфта, пул ҳам дод. «Аз хук мӯе» — гирифтаму ба ҷебаки Ҷумъа тиқондам.

Лекин чӣ меген додарҳои ҷон, ки феъли бад ба ҷони ширин мебаромадаст. Баъди ин ҳам ҷӯрамон ин феълша напартофту ман ҳам гузаштам аз баҳраш. Шер бошӣ бо шерон би­гард, қурбоққа бошӣ дар пеши ҳамон ҳавзаки худат ваққос зан-да. Акатон шер буду шер монд, гардани ӯра ки Худо худаш тоб надиҳад, ҳич куҷо хам намешавад.

Биёед яктогӣ партоем таги забон аз ҳамин неъмати ҷонбахш. Бачаҳалока кайфаш чунон зӯре ҳаст, ки тамоми вуҷудта қавса мекунад.

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: