Главная > Uncategorized > Ба ҷои Охонов кӣ ба мардум ҷавоб медиҳад?

Ба ҷои Охонов кӣ ба мардум ҷавоб медиҳад?

Дар халқ гуфторе хаст «Вақте ки дил сухт, аз чашми кӯр хам ашк мерезад». Маро пешравии ҷомеа ва мехру муҳаббате, ки ба Ватан ба миллат дорам, ором нагузошт. Хостам андешаҳоямро ба мардум расонам. Шояд ба бисёриҳо гуфтаҳои ман қобили қабул набошад. Вале аз хақиқат ҷои гурез нест. Ҳақиқат офто­бро мемонад ва ба фармудаи расули Акрам «Ҳақиқат боло меравад».

Мурод аз ин пешгуфтор он аст, ки аз боздошт гардидани директори ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷ.Т. Охонов тавассути Воситаҳои ахбори омма огоҳ гардидам ва идомаи масъаларо тавассути рӯзномаҳо му­толиа мекунам.Аслан, ман ин нафарро на­дидааму намешиносам ва бо ягон масъала ба наздаш нарафтааму подошеро интизор нестам. Вале мегӯянд, ки «Мӯъмин бародари мӯъмин» аст. Модоме чунин бошад, пас чаро ором меистем?

Хондам, ки ширкати «Мовароуннаҳр» шир­кати хусусӣ будаасту дар асоси маблағҳои супоридаи мардум фаъолият доштааст.Ҳатто дар навиштаҳои худи директории ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷ.Т.Охонов ҳам қайд ме­шавад, ки ба ӯ озодӣ диҳанд ё тартиби боздошташро тағйир диҳанд, омода аст хонаҳои мардумро сохта диҳад. Пас, барои чӣ ба ӯ чунин имконият дода намешавад? Мақсад аз Ҷ.Т.Охуновро дар паси панҷара нигоҳ доштан чист? Ҳарчанд ягон мактаби ҳуқуқшиносиро нахондаам ҳаёт, мубориза маро ҳуқуқшинос кардааст. Аз соли 1964 инҷониб бо ноадолатиҳо мубориза меба­рам.Тибқи талаботи қонун чораҳои дигари ғайри ҳабсӣ муқаррар карда шудааст. Чаро мақомоти тафтишот аз он истифода намеба­ранд? Охир, сардори як ширкати калон терро­рист ё ҷинояткори хавфнок нест, ки дар паси панҷара нигоҳ дошта шавад. Бовар кунед, вақте ки акси хонаҳои сохтаву ба истифода супорида ва иншоотҳои нотамоми ин ширка­тро тавассути рӯзнома дидам, ба ҷаҳду талоши ин ҷавонмард аҳсан гуфтам. Агар 10 нафари дигар чунин шахсон бошанд, Тоҷикистон обо­ду мардум шод мегардад. Вале афсӯс, ки ба соҳибкорон имконияти пурра дода намеша­вад, ки озодона фаъолият кунанд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки соҳибкорон такрор ба такрор аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш менамоянд, ки онҳоро дастгирӣ намояд.

Пас аз ба ҳабс гирифтан директории шир­кат тамоми моликияти ин корхона бесоҳиб истодааст. Дар маҳаллае, ки ман зиндагӣ до­рам, ду бинои ин ширкат қомат афрохтааст. Худ шоҳидам, ки баъзе чизҳоро алакай ба яғмо бурда истодаанд. Охир, ин ҳама молики­яти танҳо ин ширкат нест. Моликияти мардум мебошад, ки барои дараҷаи зиндагиашонро беҳ намудан маблағе супоридаанд.

Вақте ки нафареро ба ҳабс мегиранд, моликияташ он тараф истад,ҳатто чизҳои дар ҷайбаш бударо санад тартиб дода мусодира менамоянду то ба ҳукми қонун даромадани санади судӣ аз тарафи давлат ҳимоя карда ме­шавад.Дар мавриди ширкати «Мовароуннаҳр» бошад, касе худро масъул ҳисоб намекунад. Охир, ҳамаи маблағи дар сохтмони биноҳо сарф шуда ва воситаҳои истеҳсолот аз пули мардум мебошад. Пас чаро ин масъала ка­серо ба ташвиш намеорад? Агар вазъият ба чунин минвол давом кардан гирад, муфлис­шавии ин корхона ногузир аст.

Дар тамоми вохӯрию муроҷиатҳояш Пре­зиденти мамлакат таъкид мекунад, ки барои ободӣ, пешравии Тоҷикистон ҷаҳду талош на­моед. Масъулинро вазифадор менамояд, ки барои пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд. Ҳама бояд дар доираи қонун амал кунанду аз рӯи нишондоди он чора андешанд.Вале, мутаасифона, на ҳама вақт гуфтаҳои Сар­вари кишвар ҷомаи амал мепӯшад. Баъзе соҳибмансабон гумон мекунанд, ки рафто­рашон ба касе ё чизе таъсир намерасонад. Аммо бехабаранд, ки ҳар як амали ноҷо бо­варии мардумро ба Ҳукумати Тоҷикистон за­ъифтар мегардонад.

Ниҳоят, ман ба ҳамаи онҳое, ки ба ин қазия алоқаманд ҳастанд, муроҷиат наму­да, иброз менамоям, ки бояд ҳама ғуломи қонун бошем. Бигзор, директори ин ширкат Ҷ.Т. Охонов, агар гуноҳе содир карда бошад, тибқи талаботи қонун ҷавоб гӯяд. Вале ба ӯ имконият дода шавад, ки хатогиашро ислоҳ намояд. Мақомоти тафтишот тавассути ВАО иброз намуданд, ки ширкат фаъолият карда истодааст. Вале аз матбуот огоҳ гардидам, ки то ҳол мӯҳри ин ширкатро надодаанд. Магар бе мӯҳр корхона фаъолият карда метавонад? Мутмаинам, ки аз кашокашӣ ягон муроде ҳосил намешавад. Бояд ақли солим тантана кунад. Умедворам, ки бо дастгирии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала роҳи ҳалли ху­дро меёбад. Даҳҳо нафар касони камбизоат соҳиби хона мешаванд, ки аз ин дида кори хайру савоб нест.

Қ.Ғоибов,

сокини шаҳри Душанбе

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: