Ним сол баъди «ПОБЕГ»
Аз он рӯзҳои наҳс, аз он замони ошӯбзо, ки 25 нафар маҳбус аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) фирор кардаву баъдан фоҷеа бар сари чандин афсари мақомоти қудратии кишвар омад ва мардуми тоҷик то ҳадде дар парешонхотириву таҳлука афтод, ним сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат чанд тан аз фирориён куштаву чандеи дигар дастгир шуданд. Аммо бархеи дигар ҳанӯзам мавриди ҷустуҷӯянд ва маълум нест, ки куҷо паноҳ бурдаанд, кай ва бо кадом шева дастгир ва ё кушта мегарданд…
РӯЙХАТИ ФИРОРИЁНИ МАҲБАСХОНАИ
КДАМ ҶТ
1. Абиев Низами Русланович, санаи таваллуд 18-уми августи соли 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Табасарински Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, тибқи моддаҳои 32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум шудааст.
2. Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 16-уми январи соли 1977, зода ва истиқомакунандаи деҳаи Пастироғи ҷамоати Сағирдашт, тибқи моддаҳои 187 қисми 2 ва 306-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси якумра маҳкум гардидааст (10.09.2010 дастгир шуд).
3.Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 24-уми апрели соли 1972, зодаи ноҳияи Панҷ, участкаи Орджоникидзе, собиқ хизматчии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рашт, тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 181 қисми 3, 104 қисми 2, 328 қисми 2, 306, 195 ва 375 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси якумра маҳкум гардидааст (26.09.2010 кушта шуд).
4.Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич («Малыш»), соли таваллудаш 8-уми июни соли 1975, зодаи ноҳияи Панҷ, колхози Правда, участкаи Трактор, тибқи моддаҳои 170, 187 қисми 2, 306, 328 қисми 2, 195 қисми 3, 32 қисми 1, 335 қисми 2 ва 245 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум гардидааст (аз рӯи маълумоти мақомоти амнияти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир гардид ва ба ихтиёри КДАМ ҶТ супорида шуд).
5. Алиев Алӣ Магомедович, соли таваллудаш 5-уми сентябри соли 1983, шаҳрванди Федератсияи Русия, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Радужный, вилояти Тюмени Федератсияи Русия, тибқи моддаҳои 32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум гардидааст (17.09.2010 дастгир шуд).
6. Ахмедов Магомед Магомедрасулович, соли таваллудаш 15-уми октябри соли 1979, зодаи шаҳри Буйнакски Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, тибқи моддаҳои 32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум гардидааст (10.09.2010 дастгир шуд).
7.Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, соли таваллудаш 1969, зодаи деҳаи Кагнии улусволии Даркад, вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 200 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шудааст (04.10. 2010 кушта шуд).
8. Джабраилов Казбек Джабраилович, санаи таваллуд 30-юми марти соли 1986, зода ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, шаҳри Махачкала, кӯчаи А. Султана, хонаи 8 Б ҳуҷраи 28, тибқи моддаҳои 32 қисми 1, 335 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум гардидааст.
9. Зиёев Азамшо Аҳтамович («Панҷара»), санаи таваллудаш 4-уми декабри соли 1969, зодаи колхози 1-майи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, нафақахӯри Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, қишлоки Чилдара, тибқи моддаҳои 170, 187 қисми 2, 306 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шудааст.
10. Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, соли таваллудаш 8-уми феврали соли 1979, истиқоматкунандаи участкаи Тугул, ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ, тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 306, 328 қисми 2 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шудааст.
11. Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович, санаи таваллуд 2-юми марти соли 1960, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, хонаи 91/2, ҳуҷраи 6, тибқи моддаҳои 36 қисми 5, 187 қисми 2, 36 қисми 5, 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 сол маҳкум шудааст.
12. Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, санаи таваллуд 10-уми марти соли 1980, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, қишлоқи Ёнч, муҷаррад, тибқи моддаҳои 36 қисми 5, 187 қисми 2 ва қисми 5, 335 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шудааст.
13. Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, санаи таваллудаш 1987, зодаи деҳаи Кагнии улусволии Даркад, вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 20 сол маҳкум гардидааст (аз рӯи маълумоти мақомоти амнияти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир шуд — дар Афғонистон).
14. Маҳмадвалӣ валади Тозагул, санаи таваллудаш 1977, зодаи деҳаи Майдапатаи улусволии Даркад, вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 200 қисми 4-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 25 сол маҳкум гардидааст (аз рӯи маълумоти мақомоти амнияти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир шуд — дар Афғонистон).
15. Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим, соли тавалудаш 1981, зодаи деҳаи Кагнии вулусволии Даркад, вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 104 қисми 2, 199 қисми 4-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси якумра маҳкум шудааст (аз рӯи маълумоти мақомоти амнияти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир шуд — дар Афғонистон)..
16. Мирзоев Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1-уми апрели соли 1958, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, гузаргоҳи 3-юми кӯчаи Кутузов, хонаи 12, тибқи моддаҳои 216, 135 қисми 1-и КҶ ҶТ (таҳрири соли 1961), 131 қисми 2, 334 қисми 2, 131 қисми 2, 248 қисми 4, 181 қисми 2, 334 қисми 2, 291 қисми 2, 340 қисми 2, 195 қисми 2 ва 306-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум гардидааст (06.09. 2010 дастгир шуд).
17. Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14-уми октябри соли 1977, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, дехаи Пагула, тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 306, 328 қисми 2 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум гардидааст (12.09. 2010 дастгир шуд).
18. Насриддинов Иброҳим Раҷабович («Қорӣ Иброҳим»), санаи таваллуд 1974, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, вилояти Хатлон, тибқи моддаҳои 104 қисми 2, 195 қисми 2, 32 қисми 3, 104 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 23 сол маҳкум шудааст (02.09. 2010 дастгир шуд).
Назар