Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > Айб: дар «ош», ё «мош»? Шояд дар «кадбону»?

Айб: дар «ош», ё «мош»? Шояд дар «кадбону»?

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамаааш аз он оғоз меёбад, ки Абдуқодир Қурбоналиев ба бе­мории саратон гирифтор шуда, барои табобат қисми ҳавлиашро фурӯхтанӣ мешавад. Ба хонаи фурӯхташуда 18500 доллари ИМА нархгузорӣ мекунанд. К. Тӯйчиев хонаро хариданӣ шуда, дар ҳузури шоҳидон маблағе медиҳад. Пас аз додани маблағ, аз моҳи сентябри соли 2008 то ба ин дам писари К. Тӯйчиев ба хонаи баҳсӣ кӯчида омада, бо аҳли оилааш зиндагӣ до­рад ва биноҳои ёрирасон месозанд. Пас аз вафоти соҳибмулк Абдуқодир Қурбоналиев (7-уми апрели соли 2010), аниқтараш баъди гузарон­дани маъракаи чил, хонахарон ба Суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аризаи даъвогӣ менависанд. Аввал бо аризаи даъвогӣ даъвога­рон Тӯйчиев К. ва Абдуқодирова У. «оид ба рӯёнидани қарз ба маблағи 72967,95 сомонӣ» муроҷиат меку­нанд. Баррасии парванда оғоз ме­гардаду дар мурофиаи судӣ баён на­мудаанд, ки гӯё марҳум Абдуқодир Қурбоналиев аз онҳо қарз гириф­тааст. Чанд рӯз мурофиаи судӣ да­вом мекунаду даъвогарон ба суд аризаи даъвогии иловагӣ «оид ба рӯёнидани маблағи пулӣ 72967.95 сомонӣ» пешниҳод мекунанд, ки онҳо қисми хонаро харида буданд.

Аз аризаи даъвогӣ маълум ме­шавад, ки гӯё даъвогарон моҳи авгу­сти соли 2008 аз марҳум Абдуқодир Қурбоналиев як қисми хонаи истиқоматиашро ба маблағи 16500 доллари ИМА харидаанд. Мувофиқи созиши тарафайн аз ҷониби даъво­гарон маблағи пулӣ 16500 доллар ба фоидаи Абдуқодир Қурбоналиев дар ҳузури шоҳидон пардохт карда шудаасту забонхатро Умеда Эш­матова тартиб додаааст ва дар он марҳум Абдуқодир Қурбоналиев ва шоҳид Абдуазим Азимов имзо гузоштаанд. Ҷавобгарон ваъда до­даанд, ки баъди ду ҳафта бо тариқи нотариалӣ хариду фурӯши хонаро ба расмият медароранд. Пас аз гузаштани мӯҳлати ваъдаи додашу­да, ҷавобгарон бемории вазнини падарашонро баҳона карда, тартиб додани ҳуҷҷатҳои нотариалиро ба дигар рӯзҳо мондаанд.

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро даъвогарон ба «баҳона»-и соҳибони хона бовар карданд? Чаро ҳангоми дар қайди ҳаёт будани соҳиби хона ба суд ё ягон мақомоти салоҳиятдори дигар муроҷиат на­карданду пас аз марги ӯ? Барои чӣ аввал ба суд барои рӯёндани қарз ариза доданду пас аризаи даъво­гиашонро дигар намуданд?

Аз маводҳои дар даст доштаа­мон маълум аст, ки воқеан он манзили баҳсӣ бо арзиши 18500 доллар нархгузорӣ шуда будааст. Ҳангоми баррасии парванда шоҳид Абдувоҳид Қурбоналиев баён кар­дааст, ки бо марҳум Абдуқодир Қурбоналиев бародар мебошад. Бародараш гуфта будааст, ки хонаи баҳсиро ба маблағи 18500 доллари ИМА фурӯхтааст.

Шоҳиди дигар Абдуғанӣ Ёқубов дар мурофиаи судӣ баён кардааст, ки ҳамчун харидори хона ба назди Абдуқодир Қурбоналиев омада бу­даасту фаҳмидааст, ки хона аллакай ба маблағи 18500 доллари ИМА ба Тӯйчиев А. фурӯхта шудааст. Акнун талаби маблағи дар аризаи даъвогӣ таъкидшударо (16 500) бо нархи хона муқоиса намоед (18500). Магар сабаби ҳангоми дар қайди ҳаёт будани соҳибхона ба расмият надаровардани шартномаи хариду фурӯшу ба ягон ҷой даъво накар­дани хонахарон ҳамин маблағи 2 ҳазор доллари насупорида нест?

Аризаи даъвогиро судяи Суди ноҳияи Спитамен С. И. Атоева ба истеҳсолоти худ гирифта, баррасии масъала шурӯъ карда мешавад. Санаи 5-уми сентябри соли 2009 ҳайати суд барои дидани хонаи баҳсӣ мераванд. Даъвогарон дар аввал хонаеро нишон медиҳанд, ки ба баҳс ягон алоқамандӣ надо­рад. Баъдтар маълум мегардад, ки хонаи баҳсӣ дар дигар тараф буда, даромадгоҳи алоҳида дорад ва пи­сари даъвогарон бо аҳли оилааш дар он ҷо зиндагӣ карда истодааст. Бо сабабҳои номаълум баъди ин ҳодиса парванда баррасӣ карда на­мешавад. Пас аз гузаштани 5 моҳ боз ба баррасии масъала шурӯъ мекунанд. Ба ҳайати суд забонхат дар бораи додани маблағ пешниҳод карда шудааст, ки тамоман нофаҳмо мебошад. Аз рӯйи гуфтаи даъвогарон, гӯё онҳо 10 ҳазору 500 долларро дар ҳузури шоҳидон дода бошанду маблағи боқимондаро ба келин ва писари ҷавобгарон дода­анд. Дар забонхати пешниҳодшуда бошад, бо рақам на 10500, балки 100 500 доллари амрикоӣ гирифтам гуфта, имзо гузошта шудааст. Дар ҷойи дигараш 6000 ҳазор доллар ( 6000 минг доллар) додам навишта шудааст. Аз ҷониби ҷавобгар Умеда Эшматова дархост карда мешавад, ки оид ба ин масъала санҷиши су­дии хатшиносӣ гузаронида шавад. Вале он аз ҷониби суд беасос рад карда мешавад. Забонхат, ки як ма­води асосӣ барои муайян намудани баҳс аст, ба мазмуни баёнотҳои даъвогарон мувофиқат намекунад. Шоҳид Азимов А., ки дар забонхат имзояш меистад, умуман наме­донад аз куҷо дар забонхат нархи хона 16500 доллари ИМА пайдо гардидааст. Хонаи баҳсиро марҳум Абдуқодир Қурбоналиев фурӯхтааст, вале дар забонхат «Ман Эшматова Умеда 4с ҳавлиро фурӯхтам гуф­та, навишта шудааст?».Ҷавобгар Ишматова Умеда дар мурофиаи судӣ баён намудааст, ки падари шавҳараш Қурбоналиев Абдуқодир азбаски бемори вазнини саратон буд, қисми хонаро ба фурӯш монда­аст. Даъвогарон омада хонаро ба нархи 18500 доллари ИМА савдо карданд ва ӯ ҳамчун шоҳид дар за­бонхате, ки аз ҷониби даъвогарон ҳамон вақт тартиб дода шуда буд, имзо гузоштааст. Баъд аз он ки Эш­матова Умеда забонхатро дар му­рофиаи судӣ аз назар мегузаронад, маълум мегардад, ки забонхат ди­гар аст. Дар забонхати даъвогарон ба суд пешниҳодкарда имзои ӯ нест. Даъвогар Умраҳма Абдуқодирова ба забонхат имзо гузоштанашро нақл мекунад. Вале умуман дар за­бонхат имзои ӯ намеистад.

Дар мурофиаи судӣ санаи 12-уми феврали соли 2010 даъвогар Куйдимурод Тӯйчиев аризаи даъ­вогии иловагиашро пурра дастгирӣ карда баён намудааст, ки санаи 12-уми сентябри соли 2008 хонаи баҳсиро аз Абдуқодир Қурбоналиев харидааст ва аз ӯ пурсидааст, ки ҳуҷҷатҳои хонаро нишон диҳад. Лекин Абдуқодир Қурбоналиев ҳуҷҷатҳои хонаро нишон надодаасу гуфтааст, ки писараш аз Русия бар­гардад, хонаи баҳсиро ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Дар назди шоҳид Абдуа­зиз Азизов 10500 доллари ИМА додааст, боқимонда 6000 доллари ИМА-ро пайдарҳам се бор ба да­сти Умеда Эшматова ва Абдушукур Қурбоналиев додааст. Забонхатро Эшматова Умеда тартиб додааст.

Санаи 19-уми феврали соли 2009 бошад, Куйдимурод Тӯйчиев дар мурофиаи судӣ баёноташро дигар карда, баён намудааст, ки забонхатро Эшматова нею ху­даш тартиб додааст, ҷанҷоли хо­наи баҳсӣ баъд аз вафоти марҳум Абдуқодир Қурбоналиев сар шуда­аст. Боқимонда 6000 доллари ИМА-ро бошад, худи марҳум Абдуқодир Қурбоналиев ва дигар писарарӯсаш Наргиза гирифтааст. Эшматова Умеда ҳамон вақт дар беморхона бистарӣ будааст.

Судя ба ин масъала уму­ман таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад. Баҳои ҳуқуқӣ намедиҳад, ки чаро баёнотҳои даъвогарон ба ҳамдигар мухолиф аст. На танҳо ба ин масъа­ла, ба дигар далелҳое, ки барои холисона ба масъала баҳо додан асос буда метавонистанд, аҳамият дода намешавад. Дар баёноти даъ­вогар Тӯйчиев. К навишта шудааст, ки марҳум Қурбоналиев Абдуқодир манзили баҳсиро қаблан ба Арсло­нов М. ном шахс ба маблағи 16500 доллари ИМА фурӯхтааст, аммо аз худсарона будани сохтмон огоҳӣ ёфта, маблағҳояшро бозпас талаб карда гирифтааст. Вале шоҳид Арс­лонов М. ба суд даъват карда на­мешавад. Дар ҳоле нисбат ба ин масъала ҷавобгарон дархост карда будаанд. Аз тарафи ҷавобгарон оид ба худсарона сохтани хона ба суд да­лел пешниҳод шуда буд, ки сохтмони ҳавлӣ ба қонунгузорӣ мутобиқ гар­донда шудааст. Аз ҷониби марҳум Абдуқодир Қурбоналиев замини 138 м2 ишғол шуда, хонаи худса­рона, ки соли 1998 сохта шудааст, тибқи моддаи 7 Кодекси замини ҶТ ва мутобиқи моддаи 20 Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» санаи 5-уми июни соли 2009 таҳти № 113 раиси ноҳияи Спитамен бо қарори худ литери ЗА1/М масоҳати умумии фоидано­каш 22.90 м кв, ёрирасонаш 9,0м кв ва иморатҳои ғайриасосиро ба Абдуқодир Қурбоналиев вобаста кардааст. Дар мурофиаи судӣ раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Спита­мен Мадалиев А. ва директори КДФ «Заминҳои нав» Рустамов Эркин баён намуданд, ки аз тарафи марҳум Қурбоналиев Абдуқодир дар замини ишғолкардашуда сохтмони худсаро­на бунёд шудааст. Лекин онҳо аниқ ягон чиз гуфта наметавонанд, чун­ки ҷойи баҳсиро надидаанд. Қайд намудаанд, ки агар замини худса­рона ишғолкардашуда дар ҳаҷми 138 м2 бо қарори Ҳукумат вобаста карда шавад, ба мақсад мувофиқ мешавад. Ин ҳолатро намояндаи КФББТ-и ноҳияи Спитамен Усмонов М. тасдиқ кардааст. Пас метавонад соҳибмулки хона марҳум Абдуқодир Қурбоналиев бошад.

Дар ҳалнома судя хулоса меку­над, ки ба қисми замини худсарона ишғолгардида хешовандони назди­ки ҷавобгарон талабу даъво доранд. Лекин бародари А. Қурбоналиев дар суд иброз намудааст, ки қитъаи замин 1.9 метри мураббаъ аз они ӯ мебошад, ба ин замин ягон талабу даъво надорад.

Шартномаи даҳонии хариду фурӯши хонаро даъвогарон бо марҳум Абдуқодир Қурбоналиев ба­стаанд ва то вафоти марҳум писари ӯ Абдушукур Қурбоналиев дар наз­ди даъвогарон ягон ҷавобгарӣ на­дошт. Чунки тибқи моддаҳои 1150 қисми 1, 1162 КГ ҶТ марҳум ҳамаи молу мулкашро ба писараш васият кардааст ва писараш танҳо баъд аз вафоти падараш ҳамчун соҳибмулк эътироф карда мешавад.

Судя бо вуҷуди мавҷуд будану норавшан мондани ин масъалаҳо аризаи даъвогиро қонеъ мекунад. Ҷавобгарону адвокатҳои онҳо ба зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ аризаи шикоятӣ ме­нависанд. Аризаи онҳо беқаноат мононда мешаваду боз ба зинаи назоратӣ шикоят мекунанд. Дар зинаи назоратии Суди вилояти Суғд ҳам ваҷҳҳои овардаи ҷавобгаронро ба инобат намегиранд. Касе на­мепурсад, ки даъвогарон аз сен­тябри соли 2008 то инҷониб дар хонаи баҳсӣ зиндагонӣ мекунанд, иншоотҳои ёрирасон сохтаанд, боз талаби маблағ кардаанду судҳои ви­лояти Суғд онро қонунӣ мекунанд. Дар ҳолати рӯёндани маблағ чаро писари даъвогарон дар он хона зиндагӣ карда истодааст?

Намедонем, айб дар чӣ ва ё кӣ бошад? Кайҳо боз судиҷрочиёни ноҳияи Спитамен амволи писари хонафурӯшро ба ҳабс гирифта, ба­рои рӯёндани маблағи дар ҳалнома таъкидшуда ҷаҳд карда истодаанд. Баъзе амволи ғайри манқулро алла­кай гирифтаанд. Аниқ аст, ки дар ин минтақа касе аз қонун наметарсад. Наход, аз Худо ҳам наметарсида бо­шанд?!

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ,

Душанбе-Спитамен-Душанбе

Рубрики:Ҷумъаи ТОЛИБ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: