Главная > Uncategorized > Барои раис чухтакӣ!

Барои раис чухтакӣ!

Гап ҳамин ки додарҳои лахти ҷигар, баъзе шабҳо аз андешаи бисёр қариб хобам намебарад.

Мана ду сол пеш раи­си ҳамин хоҷагии мо иваз шуд. Пеш як мардаки ғафсу ёғапаи баландакӣ буд, сараш хам, ба сояш гап мезаду бо ҳар хел одам не. Камгап, му­лоим. Одами бад набуд, хайр феълаш ҳамин хел. Хуб буд ё ганда – корша карда мегашт. Ҷамъият-да, ёфт шуданд одамҳое, ки бадгӯиш карданд, аз пушташ навиштанд. ӯ одме буд, ки ҳич гоҳ қаҳраш наме­кард. Як рӯз ҳамара дар клу­би колхоз ҷамъ карду гуфт, ки дар ҳамин шабу рӯз ҳар касе ки набошад ҳамин қадар кор мекунад. Агар ман маъқул на­бошам, рафтам, дунё васеъ аст.

Ду-се ақлаке ки нависона­виса аз пушташ ташкил кар­да буданд, хеста гуфтанд, ки раис, мо ҳама тарафдори ту, раисӣ зеби ту дорад, ягон кас беақлӣ карда бошад, бахши­дан даркор. Лекин он мардак ҷавобшон дод, ки беҳуда зӯр назанед, ман ҳамаша медо­нам. Баъд папкаша таги каш карду аз ҳамон ҷо баромада рафт.

Як ҳафта гузашта буд ё не, ки боз ҳамара дар ҳамон ҷанҷолхонаи колхоз ҷамъ кар­данд. Ин дафъа одам ду баро­бар зиёдтар омада буд. Худтон медонед, ки дар хоҷагиҳо кор нест, свет ки нест телевизор нӣ нест, ки мардум ягон чиза тамошо кунаду гир шавад. Ҷамъ шудаст мардуми би­сёр, занаку мардаку кампиру мӯйсафед раиси нав диданӣ.

Яке буд, ки омаданд га­ластукдору баақли бисёр. Як қисмаш поин шишту чор-панҷ каси баақлтараш бари болора гирифт. Баъд сар шуд насиҳату гапи бисёр. Хула­си калом, сари очаи гап ома­данд. Ба фикри ҳамоне, ки гуфтанд аз боло омадагӣ, дар ин бару гузари мо раисзеб на­будаст. Барои ҳамин як одами кора медонистагиву сиёсата мефаҳмидагира оварданд. Баъд хезонданшаш, ки бине­маш. Вазифагир ҳам баъзе вақтҳо мисли зангир мешу­даст. Сараш хам, мунҷур за­даст раисшав. Хайр, мардака дар хиҷолат намонем гуфта, аз ҳамон рядҳои пеш як кас «ҳозир ку мешавад, рангу рӯш бад нест, лекин кору борша дидан даркор» гуфт.

Ҳамин гап ба гӯши намо­яндаи боло расида, ки гуфт:

— Ҳозираш, ки хуб бошад, ояндаш ҳам нағз мешавад. Зид ки набошед ба овоз мемо­нем.

Кӯтоҳи гап, соҳиби раиси нав шудем. Маҷлис гузашта буд, ки сар шуд байни марду­ми бекор гапу гапча. Вазифа­дораш ба тарзи худашу бева­зифаш мувофиқи дили худаш муҳокима мекард. Як дам на­гузашта буд, ки раиси ноши­нос чанд хешу табору кундаву реша пайдо кард.

Чӣ меген, ки раиси нав на он баҳаёву шармгине будаст, ки рӯзи раисшавӣ дида бу­дем. Чунон нағмаву нағомоте дорад, ки ақли сар ҳайрон ме­монад. Дар ин байн ҳар вази­фагиру ғами зиндагӣ доштагӣ як бору ду бор пеши раис тоб хӯрда баромад. Даромадаги­ву баромадагӣ аз пеши раис – ҳама ҳайрон. Меган ки дар вақташ агар назди раиси пе­шина медаромадагӣ гапта батамкин гӯш мекарду баъд як «ҳа» ё «не» мегуфт, хотират ҷамъ аз пайи корҳот мешудӣ. Инша ҳич фаҳмида намеша­вад.

Як рӯз дар як маърака ҳамин гап мехезад. Чанд кас гап мезанад. Баъд якташ мега, ки ҳозир таъриф кардан модда шудагӣ, ҳамин раиса ба ягон маърака даъват мекуне­му чорта таъриф, баъд меби­нем реаксияша. Агар таърифӣ бошад лой ворӣ ҳал мешавад.

— Ҳамин директори мак­таб аз бекорира шоир шу­даст. Аз ҳисобчиву биргат сар карда, то калонҳои район дар васфи ҳамашон шеър на­вишт. Хайр, ҳаминаш ҳам дар қатори ҳамонҳош. Ҳамин шаб як шеъраш менависад, ки дар хобаш нашунида бошад. – Гап мепартояд Салими муш.

Пагоҳаш дарак ёфтем, ки раиса бурданду аз бари боло шинонданд. Дар ҳамин ша­роити вазнин аз чанд на­муда арақу коняк сар карда, то кабки бирёну гӯшти қайла – майдачайдаи бисёр дар бо­лои дастархон раҳ намеёбад. Шиштанду сар карданд таъ­рифи раиса. Ин директори мактуб Шамсуф-ку гӯё чор сол пеш омадани ҳамин раиса ме­донистасту шеъра пешакӣ на­вишта монда будаст. Шеъра ки хонд дигар гап намонд. То шеърхонии Шамсуф аллакай ҳама калкот, кайфҳо баланд.

— Барои раис чухтакӣ! – Дод мезад Салими муш. Ҳама аз ҷо хеста, холӣ мекунанд пиёлаҳора.

Баъд чӣ меген додарҳои ҷон, ки ин «барои раис чухтакӣ»-ш модда шуд. Дар тамоми маърака раис аз боло қорту дар аторфаш ҳамон ҳафт-ҳашт кас дежурнӣ. Ба гуфти Абдулфайзи ҷӯрамон хар ба тӯй даъватнома ги­рифту гуфт, ки он ҷо ҳезум тамом шудааст. Ин мардуми хушомадгӯ ҳам вазифаи худ­ша хуб медонист. Дар куҷое ки мешиштанд медонистанд вазифаҳошона. Салими муш ҳар дафъа ягон тости нав ме­баровард, аз шеърнависии би­сёр ручкаи директори мактаб кунд шуд. Хулоса, ҳар боре мебинанд, ки кайфи раис дар дозаи даркорӣ омад ба як овоз «барои раис чухтакӣ» гуфта, ҳама аз ҷо хеста, холӣ меку­нанду баъд коғазу қалами пешакӣ тайёркардагишона медавонанд. Аз раис фақат як имзо мемонад, ки дар як миҷа задан медавонаш. Ин раис вақте арақа мезанад дар имзокунӣ бисёр усто.

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: