Главная > Uncategorized > Ба капитани милиса чанд зан равост?

Ба капитани милиса чанд зан равост?

Ва ё дар тӯй кӯҳи Сешох ҷунбид

Моҳи августи соли 2007 капитан Заробиддин Расулов, ки ба ҳайси боз­рас оид ба ташфиқот ва тартиботи шӯъбаи корҳои Раёсати бозрасии давла­тии автомобилии ҷумҳурӣ кор мекард, ба Файзобод меояд ва Дилором Оди­наеваро дидан замон гӯё ошиқи вовайло мешавад.

Капитан Заробид­дин Расулов ба ӯ мегӯяд, ки дӯсташ медорад ва мехоҳад хонадор шавад. Азбаски аз фикрҳои Заро­биддин Расулов Дилором Одинаева бехабар буд, ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки ба хонаи падарам Одина­ев Мирзо рафта дар бо­раи тӯю маъракаи арӯсу домодӣ гапзанон мекунед. Агар падарам розӣ шавад, ман тайёрам ба шавҳар бароям. Капитан Заро­биддин Расулов Мирзо Одинаевро дар манзилаш пайдо мекунаду дар бораи безаниаш арзи дил меку­над. ӯ оқибат Мирзо Оди­наевро ба дом афтонида розияш мекунад. Мирзои фиребхӯрда 4-уми августи соли 2007 духтарашро ба капитан Заробиддин Расу­лов ба шавҳар медиҳад.

Заробиддин Расулов, ки худ зодаи деҳаи Бун­гакиёни ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Фай­зобод аст, алҳол дар деҳаи Тезгари поёни ҷамоати деҳоти Гулистон ноҳияи Рӯдакӣ умр ба сар меба­рад. ӯ арӯси наваш Дило­ром Одинаевро ба хонааш меорад, тӯйи дабдабанок доир карда, ёру дӯстонро ба тӯй даъват мекунад. ӯ аз хурсандии арӯси нав ги­рифтанаш чунон мерақсад, ки кӯҳи Сешох меҷунбад. Капитан Заробиддин Ра­сулов ҳамроҳи арӯси на­ваш хона и истиқоматӣ, оғилхонаю ҳаммом бунёд карда, мавриди истифода қарор медиҳад. Баъдан ӯ ба арӯси наваш мегӯяд, ки инак хонаи истиқоматӣ, оғилхонаю ҳаммом тай­ёр шуд, ман зану фар­занд дорам, чор тарафат қибла, ба куҷое, ки рафта арз мекунӣ, кардан гир! Дилором Одинаева бо чашмони гирён ба хонаи падараш Мирзо Одинаев меояд.

Аз капитан Заробид­дин Расулов духтарчае дар таърихи рӯзи 11уми июни соли 2008 ба дунё меояд. Модари фиребхӯрда ба ӯ Озар ном монда, бо номи Одинаева Озар Заробид­диновна шаҳодатномаи таваллуд мегирад.

— Капитан Заробиддин Расулов бо як зан қонеъ нашуда, дар кӯчаи Мая­ковский 46/2, ҳуҷраи 10 зани дуюм, дар деҳаи Тезгари поёни ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ зани сеюм дошта­аст,- мегӯяд Дилором Оди­наева.

Модоме ки корман­ди милитсия Заробиддин Расулов ба қонуншиканӣ роҳ медиҳад, аз деҳқони одӣ чӣ гила? Дар бораи қонуншикании капитан Заробиддин Расулов Ди­лоров Одинаева ва Мирзо Одинаев ба Прокурату­раи ноҳияи Рӯдакӣ 4-уми майи соли 2009 бо ари­заи даъвогӣ муроҷиат ме­кунанд. Прокурор бе ягон тафтишоти пешакӣ ҷавоби аризаро гардонда ва гуф­тааст, ки 4-уми майи соли 2009 аризаи даъвогӣ бо дастрасии талаботи мод­даи 5 банди 2 КМҶ ҶТ рад карда шуд. Нисбати ҷавоби қонеънакунандаи прокурори ноҳияи Рӯдакӣ аз 4-уми майи соли 2009 таҳти рақами 1159 Дило­ром Одинаева ба Проку­рори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи даъвогӣ дар бораи сезана­гии капитани милиса Заро­биддин Расулов муроҷиат мекунад, аммо ҷавоби рад мегирад.

Саволе ба миён мео­яд, ки дар ҳоле маоши моҳонаи капитани мили­са Заробиддин Расулов 468 сомонӣ мебошад, ӯ аз кадом ҳисоб хонаҳои дакаданг ва соҳиби 3 зан шудааст? Инро ба виҷдони танобкашон ҳавола ме­кунем. Тавре мегӯянд, «бори каҷ ба манзил на­мерасад». Боварӣ дорем, ки рӯзе фаро мерасаду ҳақиқат рӯйи об мебарояд ва қонуншикании капи­тани милиса Заробиддин Расулов ошкор мешавад. Дилором Одинаева барои адолату ҳақиқат мубориза бурда истодааст.

Мирзо АМИН,

ноҳияи Файзобод

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: