Главная > Пӯлод Абӯев > Дод аз дасти ақл ва ё «хуршедна ҷинсест, ки ҷӯӣ ба чароғаш».

Дод аз дасти ақл ва ё «хуршедна ҷинсест, ки ҷӯӣ ба чароғаш».

Хабарҳои ба наздикӣ паҳннамудаи Викиликс, ки асосгу­зораш Асанж мебошад, чун бомбае буд, ки ба сари мансабдорон афтод. Мансабдороне, ки фақат ба манфи­ати шахсии худ амал мекунанд. Бе хабари Викиликс ҳам соҳибони ақли комил аз ин пай мебурданд. Аммо Викиликс ҳокимонро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ фош намуд.

Имрӯз ҳам, яъне дар асри XXI ба монанди асри X ҳамон тавр ақли солим, ки ҳақиқатпарвар аст, аз тарафи мансабдорон зери таҳдиду таҳқир гирифта мешавад. Мо боха­барем, ки маҳз барои фошгардо­нии сирҳои ҳокимони дунё аз болои асосгузори Викиликс кори ҷиноятӣ ҳам дар Амрико ва ҳам дар Швет­сия кушода шудааст.

Викиликс дар бораи кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф, яъне қашшоқ хабар дода, мегӯяд, ки саба­би асосии қашшоқии ин кишварҳо коррупсия, таъсиси давлатҳои оила­вию маҳаллӣ, парлумонҳои кисагӣ, вайрон кардани ҳуқуқи инсон, бекорӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Дар чунин кишварҳо мансабу унвон дар фурӯш асту сохти судии одилӣ қатъиян вуҷуд надорад. Ман­сабдорони чунин кишварҳо барои аз даст нарафтани мансабу сарват ба тамоми макру фиреб, дурӯғу зӯроварӣ даст зада, ба ақлҳои со­лим, ки ба ин чораҳои ғайриинсонӣ бетараф нигоҳ карда наметаво­нанд, азобу шиканҷаро раво меби­нанд. Яке аз чунин чораҳои ҳокимон маҳдудиятҳо барои озодӣ ва ҳуқуқи инсон мебошад.

Мо ҳам маҳдудиятҳоеро, ки солҳои охир бениҳоят афзун шуда­анд, шоҳидем. Масалан, танзими тӯю маросимҳо, маҷбурӣ харидани лампочкаҳои каммасраф, маҷбурӣ ба гардани хонандагону донишҷӯён бастани галстук, маҷбурӣ пулғункунӣ барои “Роғун”, пулакӣ намудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, риштарошии маҷбурӣ, маҷбурӣ аз мамлакатҳои хориҷӣ баргардо­нидани донишҷӯёни донишгоҳҳои исломӣ, бастани масҷидҳо, қонуни масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд. Баъд аз ин маҳдудиятҳо ҳукуматдорону парлумони мардумӣ боз кадом маҳдудиятҳоро фикр мекарда бо­шанд, ҳоло маълум нест.

Аз кӯдак то пири кӯҳан хуб та­саввур менамояд, ки ҳамаи ин маҳдудиятҳо фақат барои миллионҳо мардикорону аробакашон, қашшоқон равона карда шудааст. Ин қонунҳо барои ҳокимону оилаю наздикони онҳо тамоман амал на­мекунад. Магар барои ин норасои­ро дарк намудан оқилу доно будан зарурият дорад? Ба ҳамагон ин чун рӯз маълум аст. Маълум аст, ки қариб ягон ҳомии қонун, сардор, устоди донишгоҳ, ҳокиму ҳокимчаҳо бе пора имрӯз ягон корро иҷро на­мекунанд.

Ин ҳақиқати талхи замон аст. Қашшоқӣ, бекорӣ мардумро дар чорроҳаи ҳаёт ба азоби рӯҳӣ гириф­тор намудааст.

Ақл ҳамаи ин норасоиҳои ҷиддиро, ки ҷомеаро ба як ҳолати ногувору ғайричашмдошт меорад, мебинад ва ҳаматарафа месанҷад. Барои онро гуфтан ҷуръат пайдо ме­кунад. Ҳанӯз дар вақташ Аристотели бузург гуфта буд: «Афлотун устоди ман аст. Афлотун барои ман азиз аст, аммо ҳақиқат азизтар аст».

Олими барҷастаи рус Миха­ил Ломоносов чунин суханҳоро гуфта буд: «Барои ҳақиқат ман ба муқобили падари худ мехезам».

Ақл аз ин рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Ленинро овард, ки аз сохтори ҷамъиятии капиталистӣ, ки фақат ба манфиати капиталистон кор ме­кард, наҷот диҳад мардумро. Ҳанӯз дар Рими қадим Спартакро овар­да буд, ки муқобили ғуломдорон муборизаи шадид оғоз кард. Маъ­нии шиори асосии коммунистон дар «Манифасти коммунистон» — «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед» буд.

Мутафаккирони бузург, ки ояндаи ҷомеаро аз имрӯзи он мефаҳмиданд, фикрҳои худро баён менамуданд. Масалан, дар вақташ мутафаккири бузурги Хитой Ляо-Тзи гуфта буд: «Дар кишваре, ки маҳдудиятҳо зиёд мешаванд, дар ин давлат қашшоқӣ ҳукмрон мешавад. Дар кишваре, ки қонуну қарорҳои зиёд мешаванд, дар ин давлатҳо беқонунӣ, дуздӣ, коррупсия дар авҷи аъло мерасад».

Ба касе пинҳон нест, ки уме­ди ягонаи имрӯзаи Тоҷикистон ба Русия аст. Бисёр «мунаққидони миллатдӯстдор»-и имрӯза Русия ва русҳоро зери танқид мегиранд, мардумро барои дар кишвари худ кор кардан даъват менамоянд. Ба чунин «сиёсатмадорон»-и бе ақли сиёсӣ гуфтаниям, ки ҳамон кору музд дар куҷост, ки ду миллион тоҷики мардикор кор ёфта худашу аъзоёни оилаашро таъмин намояд!? Қариб 60 фоизи аҳолии коршоями Тоҷикистон бекоранд. Худо накуна­ду ягон кас аз оилаҳои қашшоқон бемор шавад ё ин ки ягон кораш ба органҳои ҳимоятгари ҳуқуқ аф­тад. Дар ин муассисаҳо бо ҳазору ду ҳазор доллар дарашонро ба рӯйи кас намекушоянд.

Ақл ватандӯстию миллатпар­вариро аз рӯйи мансабу сарват ба инобат намегирад, чунки ин қабилон фақат барои сарват худро ватандӯст меҳисобанд. Агар ин қабил ватандӯстон чун аро­бакашу мардикор бо аъзоёни оила­ашон гурӯсна бошанд, баъд ба онҳо бо диққат нигоҳ кунед!

Ақл шаҳрвандиро на аз рӯйи пешниҳоди ҳокимон, ки худро ватандӯст, миллатпарвар мешино­санд, балки аз тарозуи ақл барка­шида, маълум мекунад.

Ақл аз он, ки мардум мудом кӯрсаводӣ, бетарафии ҷомеа, но­расогии чун рӯз аёнбударо дида бетарафиро ихтиёр мекунанд, дар таҳлука аст.

Ақл медонад, ки гӯшнагони ман­сабу сарват, савлату салтанат то дами марг аз моли дунё серӣ надо­ранд.

Ақл ба сардорони гуногункурсии имрӯза, ки дар вақташ коммуни­стони содиқ буданду баъд ба ҳизби наҳзати исломӣ қасам хӯрданду ҳоло ба ҳизби ҳокимон аз дилу ҷон содиқанд, ба кадом маъно менига­рад, маълум аст.

Аз рӯйи хабарҳои Викиликс, ҳамаи давлатҳои қашшоқи махсу­сан дар қитъаҳои Осиёю Африқо ҷойдошта ба як касалӣ гирифто­ранд. Сардорони ивазнашаван­даю якумраи чунин давлатҳо, ки бо аъзоёни оилаю хешу таборҳои худ сарвати давлатҳои худро идо­ра мекунанд, пора, коррупсия, паёпай вайрону поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандонро ба миён мео­ранд. Аммо дар чунин кишварҳо калимаҳои бодабдабаи демократия, ҳуқуқбунёд, қонун ва дигару дигарҳо баланд садо медиҳанд. Бе шакку шубҳа, ин намоишҳою намудбозиҳо барои гумроҳ намудани мардуми бе ин ҳам бесаводу кӯрони ақл аст. Ақлҳои солим бошанд, аз ҳамаи ин демократияю ҳуқуқбунёдиҳои фақат бо ному дар асл бенишон бохаба­ранд. Воқеаҳои дар Қирғизистон ва Тунис рӯйдодаро мо ҳама шоҳидем. Дар воқеаҳои бо Тунис рӯйдода хизмати Викиликс калон аст. Тавас­сути хабарҳои Викиликс мардум фаҳмиданд, ки дар Тунис сардо­ри давлат ба чӣ корҳо машғул аст. Сардорони давлатҳои номбурда давлатҳои оилавӣ таъсис намуда, бо парлумонҳои якҳизбии худ чӣ амалҳое, ки ба сарашон меомад, иҷро мекарданд.

Дар ҳамаи кишварҳое, ки сар­дорони дарозумр доранд, намоиш, ҳисоботҳои дурӯғ, ҳамду саногӯӣ ба ҳаққи сардор мавқеи асосӣ дорад.

Ҷаҳон кӯр асту аз ойинаи дил ғофил афтодаст,

Вале чашме, ки бино шуд, нигоҳаш бар дил афтодаст.

Ё ин ки:

Аз ғуломӣ дил бимирад дар бадан,

Аз ғуломӣ рӯҳ гардад бори тан.

Аз ғуломӣ базми миллат фард-фард,

Ину он бо ину он андар набард.

Ё худ:

Зи ман гир ин, ки марди кӯрчашме,

Зи биноӣ ғалатбине накӯтар,

Зи ман гир ин, ки нодори накӯном,

Зи донишманди бедине накӯтар.

Давом дорад

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: